Фанни Педагогика

Моҳият ва мазмуни раванди тарбия

Хусусиятҳои раванди тарбия

Дар яклухтии раванди педагогӣ ҷараёни тарбия ҷои махсусро ишғол мекунад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсиатиаш ҳам фаҳмидан мумкин аст (ниг. нақшаи 12). Дар он қисме, ки ташаккули шахсият идоракунандааст, характери назорат дар он ҷое, ки одамон шууронагии азмро роҳбарӣ доранд, он ҷо амалиёт на стихиявӣ, балки ба нақшаи пешбинишуда мувофиқи вазифаҳои гузошташудаи тарбия сурат мегирад. Тарбия ин раванди мақсадноки ташаккулёбии шахсият аст. Ин идорашаванда ва назоратшавандаи ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон, ки мақсади ташаккул додани шахсиятро барои ҷомеа зарур ва муфид мебошад, махсусан ташкил карда мешавад. Дар адабиёти педагогии солҳои пеш нисбати раванди тарбия чунин тавсия паҳн шуда буд – ин муташаккилона, мақсаднок роҳбарӣ кардан ба тарбияи мактабиён мувофиқи мақсади гузоштаи ҷомеа. Сустии муайянкунии мазкурро мо бедушворӣ намоён мекунем, муқоиса кардани моҳияти мафҳуми «ҳамкорӣ» ва «роҳбарӣ» фарқ дорад. Ҳамкорӣ, чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, инъикоси мураккаби тарбиятгар ва тарбиягирандаро ифода намуда, билохира ба нақши фаъол мебарад, вале роҳбарӣ онҳоро ҳамчун объекти бефаъолияти роҳбарии педагогӣ мебарад. Дар фаҳмиши ҳозиразамон раванди тарбия маҳз зимни ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон ба мақсади гузошташуда самараи дилхоҳ медиҳад.

Раванди тарбия чандин хусусият дорад. Пеш аз ҳама ин раванд аз мақсаднокӣ иборат аст, зеро самарабахшии онро бештар ташкилкунии он таъмин мекунад. Махсусан мақсади тарбияи ягона бо ҳамкории тарафайн дар ҷараёни тарбияи амалӣ ба миён меояд.

Раванди тарбия – ҷараёни бисёромил, ба он оилахои объективии сершумор ва далелҳои субъективӣ намудор мегардад, ки бо маҷмӯи амалиётҳои бениҳоят мураккаби худ ба он мутобиқат мекунанд. Муқаррар шудааст, ки омилҳои субъективӣ ба таври мувофиқ талаботи ботинии шахсиятро ифода мекунанд, дар шароити объективӣ, ки шахсият зиндагӣ дорад ва ташаккул меёбад, бомуваффакият ба ҳалли вазифаҳои тарбияаш ёрӣ мерасонанд. Ҳар қадаре, ки ба майлу мазмуни худ фаъолияти ташкилкунии тарбия ва шароити объективӣ мувофиқ ояд, ҳамон қадар ташаккулёбии шахсият боло меравад. Хусусияти раванди тарбия ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки фаъолияти тарбиятгар ҷараёнро хуб идора кунад, ба қонунияти объективӣ мувофиқат гардонад. Ин ба дараҷаи муайян санъатест, ки ба хусусияти тарбиядиҳанда нисбати тарбиягиранда хос бошад.

Мураккабии раванди тарбия аз он иборат аст, ки натиҷаи он ноаён, ҳиснашаванда ва чун раванди омӯзиш зуд маълум намегардад. Шахсият дар зиндагӣ ба падидаҳои мусбӣ ва манфӣ дучор мегардад, зеро умури (амри) тарбия хеле динамикӣ, муҳаррик ва тағйирёбанда аст. Аз ин лиҳоз дуруст муайянкунии тарбияёбии он душвор мегардад.

Ҷараёни тарбия барои он давомдор, ки тамоми умр – аз гаҳвора то нафаси вопасин идома меёбад. Тарбияи мактабӣ дар хотири шахс нақши чуқур мегузорад, зеро дар хурдӣ системаи асаб қобилияти гироии баланд дорад. Аммо дар шароити дуруст ташкилкунии раванди тарбия ҳам зуд ба комёбиҳои зиёд умед бастан мумкин нест.

Яке аз хусусуияти муҳими раванди тарбия ин пайдарҳамӣ, бефосилагии он аст. Ин раванд дар мактаб таҳти ҳамкории тарбиятгар системанок, мунтазам ва комплексона сурат мегирад. Комплексонии тарбия ба ин маъност, ки дар он бо ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, шакл ва методҳои тарбия карда мешавад, то ки тамоми талаботҳои педагогӣ дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шавад. Раванди тарбия хусусияти тағйирёбӣ дорад. Ҳар фард дар андозаи қобилият, фаҳмишу зарурияти худ тарбия мегирад, вале вазифаи тарбиягари мактаб ҷараёни тарбияро ба маҷрои дуруст равона кардан аст.

Бояд донист, ки раванди тарбия хусусияти дуҷониба дорад: аз тарбиягар ба талаба, ки инро алоқаи рост (мустақим) меноманд ва аз тарбиягиранда ба тарбиягар алоқаи бозгашт меноманд. Ана ба ҳамин алоқаи бозгашти тарбиягирандагон эътибори ҷиддӣ бояд дод, зеро ки он талаботи муфиди писанддидаи умумист.

Диалектикаи раванди тарбия

Раванди трабия диалектикист. Ин бо он ифода меёбад, ки он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, муттаҳаррик, тағйирёбанда аст, он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад.

Диалектикаи раванди тарбия дар мухолифатҳои ботинӣ ва зоҳирӣ зоҳиру ошкор меёбад. Маҳз мухолифатҳо ҷараёни нерӯи динамикиро пайдо мекунанд. Яке аз асостарини мухолифати ботинӣ, ки дар тамоми ҳаёти шахсият арзи вуҷуд мекунад, пайравии мухолифати нав – қонеъгардонии имконияти он мебошад. Ин талаботи нав шахсро рӯҳафзоӣ намуда, барои ба он ноилшавӣ фаъол мегардонад, то ки рафтору муносибати худро ба он мувофиқ бинмояд. Майли ноилгардӣ ба ин сифатҳои нав аз шароитҳои гуногун вобастагӣ дорад: фаъолият, ҷуръат, вазъияти ҳаётии шахсият. Вазифаҳои тарбия ин  дуруст ба роҳ мондани ташаккули шахсият, вале ин дар асоси донишҳои амиқ, мотивҳо, талабот, нақшаҳои ҳаётӣ ва арзандагии тарбия амали мегардад.

Мухолифатҳои зоҳирӣ ҳам ба майли натиҷаҳои раванди тарбия таъсири зиёд мерасонанд. Мухолифатҳои номуносиби байни мактабу оила нисбати баъзе талаботҳои педагогӣ, мухолифатҳои зиёди ахборот ба ин мисол шуда метавонанд. Биноан тарбиягар бояд ба мухолифатҳои ботину зоҳири дастпарварони худ эътибор диҳад, барои бартарафкунии онҳо чораҳои муфидона андешад, дар акси ҳол вай ба зоҳирпарастӣ дода мешавад. Мухолифату талаботҳо бояд дар сатҳи тайёрии тарбиягирандагон асос ёбанд.

Шахсияти тарбиягар

Шахсияти тарбиягар яке аз омилҳои муҳими объекти тарбия аст. Ягон китоби илмӣ мисли ҳамкории таъсирбахши тарбиягар қобили қабули инъикоси муносибаткунии рӯҳи инсонӣ нозукии тобишҳои муносибати байни шахсиро гирифта наметавонад.

Нақши тарбиягар дар раванди тарбияи муосир нафақат тамоми таъсири тарбия ва роҳбариро ба дасти худ фаро гирифтан, балки ташкил кардан ва роҳбариро ба тариқи демократӣ ҷорӣ намудан аст. Зеро ҳар қадаре, ки  раванди тарбия аз ҷониби дастпарварон бо майли демократӣ сурат гирад, ҳамон қадар озодӣ ва фаъолияти эҷодӣ ангезиш меёбад. Тарбиятгар ҳамон вақт ба комёбиҳо ноил мегардад, ки агар шароит ва вазиъиятро ба ҳисоб гирад. Вай бояд рафтору фаъолияти амалии дастпарваронро бо диққат таҳлил кунад ва аз онҳо  хулосаҳои даркорӣ барорад. Фаъолияти амалии худи дастпарварон – дасти гирои тарбиягар   гардад.

Дар бабати камбудиҳои ҷиддии тарбияи мактаби ҳозира хеле зиёд гуфта шудаанд дар онҳо нафақат шароити номусоид, танбалии талабаҳо, беэътибории волидайн айбдор дониста мешаванд, инчунин муаллимон ва тарбиягарон ҳам бояд дар ин бӯҳрон қисман айби худро ба гардан гиранд. Дараҷаи пасти кордонӣ, ки аз педагогикаи авторитарӣ (ҳукмравоӣ) сар задааст, сабаби дуршавӣ ва бегонагардии талабаҳо аз мураббияи худ гаштааст. Аз нав ташкил кардани ҳамкории педагогогии ҳақиқиро дар пояи демократиконӣ ва гуманистии мактаб, аз нав бавуҷудории ҳиссиёти инсонӣ – ғамхорӣ ба кӯдакон раҳму шафқат ба онон басо лозим аст. Зеро гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Система ва таркиби раванди тарбия

Раванди тарбия – системаи мураккаб, динамикӣ ва ҳар қисмати ин система дар навбати худ ҳамчун система ва мазмуни қисматҳои худро дорад. Мувофиқи принсипи системаи иерархӣ (дараҷаҳо) ҳар система фақат аз як қисми хеле возеҳ иборат аст. Масалан, ҳар кадом марҳалаи раванди тарбия нисбатан ҳамчун унсур муносибат дорад, вале худаш дар худ низ система ва дар як вақт системаи ояндаи маълумот мебошад, ки бештар дар нақши унсури система баромад мекунад. Ҳар кадом система бидуни муҳити муайян вуҷуд дошта наметавонад, он метавонад фақат дар якҷоягӣ амал кунад. Ана барои ҳамин ҳам рафти система ба таҳлили раванди тарбия ҳатман алоқаманд бо муҳит омӯхта мешавад. Пештар дар бораи зарурати омӯзиши унсури системаҳои муайяни зиёд гуфта шуд, вале инро дар ҳолате кардан мумкин аст, ки мо ин унсурҳо ва системаро дар амал бинем. Ин ба он хотир, ки ҳатман иштироки онҳоро дар раванди тарбия, яъне мунтазам тағйирёбии онҳоро сари вақт қайд намоем. Аз ин рӯ раванди тарбия ҳамчун системаи динамикӣ дониста мешавад. Раванди тарбияро дар динамикӣ дида истода – яъне муайян кардани чӣ тавр он тавлид гашт, инкишоф ёфт, ва роҳҳои минбаъдаи инкишофи он кадомҳо бояд бошад муайян кард. Вақти таҳлили раванди тарбиявӣ нафақат раванд, инчунин ҳамаи марҳалаи ба он тайёрӣ ҳам омӯхта мешавад.

Ба мо маълум, ки мувофиқи татбиқи ҷудокунии меъёр система ва таркиби гуногунро ҳосил кардан мумкин аст. Меъёрҳое, ки бо онҳо системаҳо ҷудо карда мешаванд, онҳоро дар раванди тарбия бояд таҳлил намуд, ки хеле бисёранд. Дар назарияи педагогикаи муосир бештари маълумоти онҳо намунаи системаҳои раванди тарибя, ки бо меъёрҳо сохта шудаанд, аз инҳо иборатанд: мақсад ва вазифаҳо, мазмуни раванди тарбия, шароити ҷоришавии раванд, ҳамкории тарбиягарон ва тарбиягирандагон, истифодабарии методҳо, шаклҳои фаъолияти тарбиявӣ, марҳалаҳои раванди инкишоф ва дигарҳо. Баъзеи онҳоро дида мебароем.

Ба меъёри мақсаднокӣ сохти раванди тарбия ҳалли маҷмӯи вазифаҳои гузоштаи раванд пешниҳод мегардад. Дар шароити ҳозираи раванди тарбия мактаб инҳо гузошта шудаанд:

  • яклухт ташаккул додани шахсият бо назардошти мақсади рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият;
  • ташаккул додани сифатҳои ахлоқии шахсият дар асоси арзишҳои
  • миллӣ ва башарии умуми инсоният, ба мотивонӣ нигаронидашудаи иҷтимоӣ дар соҳаҳои мутаносиби зеҳнӣ ва инкишофи иродавии шахсият;(инсони комил)
  • шинос кардани мактабиён бо арзишҳои волои инсонӣ xамъиятӣ дар соҳаи илм, маданият, санъат;
  • тарбияи мавқеи ҳаёти мувофиқи азнавсозии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқ ва вазифадории шахсият;
  • инкишофи майл, қобилият ва ҳавасмандии шахсият бо назардошти имконият ва хоҳиш, инчунин бо талаботи ҷомеа;
  • ташкили дарки фаъоляити мактабиён, ки шуури инфиродӣ ва иҷтимоиро инкишоф медиҳанд;
  • ташкили арзишҳои иҷтимоии шахсият, фаъолияти гуногун, ташаккули ҳавасмандонӣ ба мақсади тарбияи сифатҳои мувофиқи шахсият;
  • иникшофи вазифаҳои муҳими гуногуни иҷтимоии шахсият -робита дар шароити фаъолияти меҳнатии тағйирёбанда ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ.

Сохти навбатӣ ба ҷудокунии марҳалаҳои асосии раванди тарбиявӣ тааллуқ дорад. Меъёр пайдарҳамии марҳалаҳо, ки аз байни онҳо албатта бояд раванди тарбия гузарад, вазифаҳои гузошташуда ҳалли босифати худро ёбанд. Сохти мазкур барои чуқур фаҳмонидани қонунияти ягонагӣ ва ба тадриҷии раванди тарбия ниҳоят зарур аст (Нақшаи 13).

Талаботи норма ва қоидаҳои рафторро фаҳмидани тарбиягирандагон ин марҳалаи муҳими раванди тарбия аст. Бечунин ташаккулдиҳӣ ҷамъи вазифаҳои рафтори шахсият натиҷаҳои дилхоҳ дода наметавонад, бисёри системаҳои тарбиявӣ, аз ҷумла тоҷикии тоинқилобӣ, ба марҳалаҳои гузашта кам ё тамоман эътибор намедоданд ва ё калон шавад, худаш фаҳмида мегирад, — мегуфтанд. Ин гуна одамон ҳоло ҳам ҳастанд. Ҳатман бе ҳеҷ гуна мусоҳилакорӣ рафторҳои муфид, ки ба арзишу анъанаҳои миллӣ табдил ёфтаанд, амал бояд кард. Мактабиён дар иҷрои онҳо ҳар қадаре зиёд хато кунанд, ҳамон қадар сари вақт ислоҳ кардани онҳо аҳмияти калони тарбиявӣ дорад, аз хурдӣ ба одат табдил меёбад. Чунончи, пагоҳӣ баъди дастурӯйшӯӣ ба аҳли хонавода (хурду калон) салом додан на дар ҳамаи оилаҳо ба ҳукми одат даромадааст.

Аммо он чизе, ки мақбули талаботи давр нест, таҳаммул бояд кард. Дар мактабҳои пештара камбудиҳои кӯдакон бо ҷазои ҷисмонӣ – «хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» ислоҳ карда мешуданд. Зиндагӣ исбот кард, ки чунин ислоҳкунӣ хатои маҳз аст. Ҳоло хатоҳои мактабиён бо воситаи сeҳбатҳои этикӣ, панду насиҳат, фаҳмондан, маслиҳат ва uайра  сари вақт ислоҳ карда мешаванд.

Дониш бояд ба эътиқод гузарад – чуқур фаҳмидагирии моҳияти ҳар рафтор ва муносибаткунӣ ҳаминро тақозо мекунад. Мафҳуми «эътиқод» дар принсипҳои муайян ва назарияҳои ҷаҳонбинӣ устувор асосонида шудааст, ки ҳамчун дастури зиндагӣ хизмат мекунад. Бидуни эътиқод раванди тарбия суст иникшоф меёбад, зеро маҳз итминони комил (эътиқод) такягоҳу ҷуръатбахши матиниродагии шахсият аст. Агар шахс сабабҳои табиии хусуфи Офтоб ва Моҳро чуқур донад, дар исботи онҳо бидуни калавиш, бо қатъият дар ақидааш истодагарӣ мекунад ва гуфтаҳои ғайриилмиро дилпурона рад карда метавонад.

Ташаккули ҳис  боз як қисми зарурӣ ва басо муҳими раванди тарбия ба шумор меравад. Бидуни эҳсосот ҷустуҷӯи ҳақиқат нест ва шуда ҳам наметавонад. Тарбиягар фақат бо роҳи тунду тез кардани эҳсосот ва ба он такя намуда, ҳисси дарки дурусти норма ва қоидаҳо зуд ба натиҷаҳои барҷаста ноил шуда метавонад, зеро эҳсосот асос ва поягузори тамоми донишҳост.

Аммо, албатта марҳалаи асосии раванди тарбия  фаъолият аст. Ҳар қадаре, ки фаъолияти педагогӣ гуногун ва хуб ташкил карда шавад, ҳамон қадар самаранокии тарбия возеҳ мегардад.

Сохти навбатии ҷудо кардани пайдарҳамии раванд ҳам ба ҳамин марҳала мансуб аст, вале бо меъёри дигар – алоқамандӣ ва вобастагии байни қисматҳо, ки самарабахш ҷоришавии равадро таъмин мекунанд: а) лоиҳакашии раванд, ки дар худ мақсад ва вазифаҳои муайяни аниқи тарбияро мегирад; б) ташкили мавод (меҳнатӣ, хифзи табиатӣ), иҷтимоӣ (коллективӣ, ташкилию идоракунӣ, робитакунӣ), рӯҳӣ (ҳисси пуртаъсир, фаҳмидагирӣ, арзишҳои нигаронӣ), фаъолият; в) танзими алоқаи байниҳамӣ ва ислоҳи камбудиҳои он дар раванди асосии намудҳои фаъолияти тарбиявӣ; г) назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои банақшагирифташуда, таҳлили комёбиҳо ва камбудиҳо ва uайра.

Ба сифати меъёр барои ҷудо кардани марҳалаҳои раванди тарбия амалиёти педагогии пайдарҳамиро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Он гоҳ дар сохти тарбия қисматҳои зайл пайдо мешаванд: 1) шиносоӣ бо норма ва талаботҳои умумӣ; 2) ташаккули муносибат; 3) ташаккули ақидаҳо ва эътиқод; 4) ташаккули майли умумии шахсият[1]. Дар ибтидои марҳала ҳамчун намунаҳои пештара мактабиён талаботи мафҳум, норма ва қоидаҳоро фаҳмида мегиранд. Сипас муносибати бачаҳо ба норма ва қоидаҳои пешбаришуда ҷалб карда мешавад. Дар асоси муносибати ташаккулёбӣ – дарки азхуд кардани норма ва  қоидаҳо  ҳатмист. Ин  муқоисакунӣ  ва  фаҳмидагирӣ ба коркарди муҳокимаи навъи – одилона – ғайриодилона, хуб – бад, судманд бефоида меорад. Шакли бештар баланд инкишофи онҳо – эътиқод аст. Бештар роҳи дуруст ташаккул додани эътиқодҳо ва мустаҳкам кардани онҳо – барпо кардани вазъияте, ки ҳоҷати мавқеи худ пайдо гардад[2].

Билохира, майли ташаккули умумии шахсиятро тамоми раванди  тарбия фаро мегирад – ин коркарди одатҳои устувори рафтор, ки ба норма табдил меёбанд. Системаи одаткардаи амалиёт, рафтор тадриҷан ба нишонаҳои хислати шахсият табдил мегардад.

5.Қонуниятҳои умумии раванди тарбия

Худуди амалиёти қонуниятҳои умумӣ дар тамоми системаи раванди тарбия паҳн карда мешавад. Қонуниятҳои умумӣ алоқаи байни қисматҳои бештар муҳиму зарурии раванди мазкурро ифода мекунанд. Қонуниятҳое, ки алоқамандии қисматҳои  равандро  муайян   мекунанд,  ҷузъ   (аниқ)   ном доранд. Раванди тарбия ба қисми бештари раванди педагогикаи умумӣ, ба қонуниятҳои раванди мазкур итоат мекунад. Ба ғайр аз ин дар он пайдо мешаванд ва хусусияти бо дигар системаҳо низ алоқамандӣ доранд, ки инкишоф ва ташаккулёбӣ мебошад. Аз ин боз нисбати мураккабӣ ва бисёрсоҳагии раванди омӯхтаистода хулоса баровардан мумкин аст. Табиист, қонуниятҳое таҳлил карда мешаванд, ки ҳамаи алоқаҳоро ифода намекунанд, онҳо фақат қисми хурди таҳлилшавандаи системаи тааллуқдор мебошанд.

Барои таҷрибаи тарбия аз ҳама муҳимаш алоқаманд кардани муносибати қонуниятҳои самарабахши (сермаҳсули) раванди тарбия ба он қисматҳояш, ки ба сифати тарбия бештар таъсир мерасонанд.

Самарабахшии тарбия вобаста аст:

  1. Аз муносибатҳои ҷамъшудаи тарбия. Таъсиррасонӣ ба шахсият тавассути муносибати он ба тамоми атрофиён, аз он ҷумла таъсири педагогӣ ҳам расонда мешавад. Дар рафти раванди тарбия тадриҷан ақидаҳои тарбиягирандагон мавқеи ҳаётии онҳо, мотивҳои рафтор – ҳамаи он комплекси сабаб ва шароитҳо, муносибат ба тарбия ном дорад, ташаккул дода мешаванд. Ташкилкунии тарбия дараҷа ва муфидонагии ҳамкории педагогиро муайян карда, ба рафт ва натиҷаҳои он таъсири бузург мерасонад. Аввало муносибатҳои манфиро бояд ислоҳ кард, сипас ба он такя намуда, ба ноилгардии мақсад пардохт. Тарбиягирандае, ки фавран мавқеъ ва талаботи тарбиягарро қабул мекунад, ба он одат менамояд ва онҳоро бидуни радкунӣ оқилона мепиндорад.
  2. Аз имдоди мувофиқаткунии мақсад ва ташкили амалиёт ба матлуб расидан. Мафҳуми «ташкилкунӣ» ба худ ҳамаи маҷмӯи амалиёт, муносибат, шароит, шакл ва методҳои корро фаро мегирад. Дар раванди тарбия таъсири махсус, бетарафӣ, вале зуд – зуд пешгирӣ кардани рафторҳои манфии тарбиягирандагон ҳам ташкил карда мешавад. Агар ташкилкунӣ ба мақсад мувофиқ наояд, раванди тарбия ба комёбиҳо ноил шуда наметавонад. Ва баръакс ҳар қадар бо шаклҳо, воситаҳо ва методҳои гуногун ташкил карда шавад, ба вазифаҳои гузошташуда мувофиқат кунад ва ҳамон қадар самарабахшии раванди тарбия боло мегирад.
  3. Аз мувофиқаткунии таҷрибаи иҷтимоӣ ва характери (равонакунӣ, мазмуни) таъсири тарбиявӣ ба тарбиягирандагон. Раванди тарбиявӣ бо он ҳамроҳӣ менамояд, ки одам фикр ва амал мекунад, дониш мегирад ва таҷрибаи амалӣ ҳосил менамояд ва ҳамоно онҳоро дар таҷриба месанҷад. Агар он дониши гирифтааш ба ҳаёти тарбиягиранда мувофиқат накунад, вой бар ҳоли он – ноумеду маъюс мегардад.
  4. Аз маҷмӯи амалиётҳои объективӣ ва субъективии омилҳо. Ба омилҳои субъективӣ инҳо мансубанд: тарбиягар ва тарбиягиранда, ҳамкории байни онҳо, муносибатҳои ба миён омада, иқлими психологӣ ва ғ. омилҳои объективӣ ба воситаи шароити тарбия (маводи техникӣ, иҷтимоӣ, санитарию гигиенӣ ва ғ.) ифода мегарданд. Ҳар кадом ба тарбия ҳодисаҳои печдарпечи омилҳои маълумотии характери такрорнашавандагии худро медиҳанд. Барои муфидона тарбия кардан шароити мусоид бояд барпо кард.
  5. Аз барои сермаҳсулии тарбия ва худтарбиякунӣ. Худтарбиякунӣ – ин фаъолияти одам, ки барои такомулоти шахсияти худ равона карда мешавад. Дар ҷараёни худтарбиякунии шахсият ҳамчун субъект раванди тарбия баромад мекунад. Худтарбиякунӣ бевосита аз мазмуни зиндагии мактабиён, майлу рағбат, муносибат, қавииродагӣ ва хусусияти синну сол вобаста аст. Барои бомуваффақият худтарбиякунӣ муҳимаш донистани қадру қимати худ, пай бурдани бурдборӣ ва камбудиҳо ва бо қавииродагӣ бартараф намудани душвориҳо, фатҳи қуллаи мурод лозим аст.
  6. Аз фаъолона иштироккунӣ дар ҳамкории педагогӣ. Мазмуни ин қонуният кайҳо як миқдор дар боло – ҳангоми таҳлили ҳамкории педагогӣ кушода шуда буд.
  7. Аз таъсирбахшии равандҳои ба он иловашуда – инкишоф ва омӯзиш. Инкишофи шахсият тибқи фаъолияти ташаккулёбӣ, дигаргуншавии хислату сифатҳои нави психологӣ ифода мегардад. Аз назарияи умумии идоракунӣ маълум аст, ки агар ду раванд бо ҳам алоқаи узвӣ пайдо кунанд, он гоҳ пастравӣ ё болоравии таъсирбахши яке аз онҳо ҳатман нисбати дигаре рӯй медиҳад. Тарбияро инкишоф, беҳтар мегардонад, инишкоф барои баланд бардории тарбия роҳ мекушояд. Агар ин алоқамандӣ вайрон шавад, он гоҳ душвории ҷиддӣ рух медиҳад, ки ин бо худи инишкофу омӯзиш, дар ҳамин қатор ба тарбияи шахсият ҳам таъсири бад мерасонад.
  8. Аз сифати таъсирбахшии тарбия. Таъсири педагогии тарбиягар нисбати тарбиягирандагон фаъолияти мақсаддор, бо равобит, системанок иникшофдиҳии зеҳнӣ, таъсирбахш, дар соҳаи иродавӣ ва мувофиқи мақсади гузошташуда ташкил кардани раванди тарбияро тақозо мекунад. Дар адои ин нақши иҷтимоии ҳамаи онҳо баробар нест – тарбиягиранда бо тарбиягар шуурона ҳамкорӣ мекунад, ки ин мувофиқи қонунияти раванди тарбия мебошад.
  9. Аз сермаҳсул таъсиррасонӣ ба «соҳаи ботинии» тарбиягиранда. Мафҳуми «соҳаи ботин» системаи мотивҳо, талабот, эҳсос, зеҳн, шахсият, ки дар маҷмӯъ ҳамчун ягонагии ифодагари олами ботинианд, фаҳмида мешавад. Таъсири фарогирифта ба воситаи таҷриба бо дархосту талаботи шахсият инъикос меёбад. Махсусан дар раванди тарбия таъсири зоҳирӣ ба табдили комёбии ботинии талаба мегузарад. Агар таъсиррасонӣ хеле зӯр бошад, ба талаботи ӯ ҷавобгӯ мегардад ва агар онҳо талабаро ба фаъолонагӣ ҳидоят кунанд, он гоҳ тағйирёбии мақсад дар мотивҳои худи шахсият хеле сабук ва тез мегузарад.
  10. Аз якҷокунии таъсиррасонии педагогӣ ва сатҳи инкишофи лафзӣ ва ҳисси дарккунии раванди тарбиягирандагон. Дар раванди тарбия қонуни нобаробарии инкишоф амал мекунад, ки инро мо пештар дида будем. Таҷриба нишон медиҳад, ки потенсиали (иқтидори) зеҳнии тарбиягиранда зуд – зуд ба нутқи лафзӣ ё ба параметри инкишофи ҳаракаткунандаи дарк кардан мувофиқат намекунад. Ана барои ҳамин ҳам мо шоҳиди он мешавем, ки талабае, ки сабук ва озодна ба назарияи фаҳмидагирӣ пайравӣ дорад, ноқулай ва лаванд мегардад, амалиётҳои оддитаринро иҷро кардаистода, зебоии муҳити атрофро ҳис карда наметавонад.
  11. Аз сермаҳсулӣ ва сифати робитаи дутарафаи (алоқаи) байни худи тарбиягирандагон. Ҳамдигартарбиякунӣ ба шахсият барои он таъсирбахш мешавад, ки ҳамсолон ва дӯстон тарбия мекунанд. Дар чунин ҳолат мақсад ва мазмуни тарбия на фақат беҳтар фаҳмида мешавад, инчунин бидуни танқид ва зуд қабул карда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. Моҳият ва мазмуни раванди тарбия аз кадом китоб аст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *