Фанни Педагогика

Фаъолият ва ақидаҳои педагогии Василий Александрович Сухомлинский (1918 – 1970)

Нақша:

1. Фаъолияти педагогии В. А. Сухомлинский.

2. В. А. Сухомлинский дар бораи дарс.

3. В. А. Сухомлинский дар бораи коллектив.

4. В. А. Сухомлинский дар бори ҷараёни таълиму тарбия.

5. В. А. Сухомлинский дар бораи тарбияи меҳнатӣ.

6. В. А. Сухомлинский дар бораи илми педагогка.

Василий Алексадрович Сухомлинский дар деҳаи Василевский назди Херсом дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти педагогии ӯ аз соли соли 1935 сар шудааст. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ политруки ротаи амалкунанда буд. Соли 1942 захмдор мешавад. Баъди табобат ба Кировоград баргашта мудири шӯъбаи маориф шуда кор мекунад. Аз соли 1948 то охири умраш директории мактаби ба номи Павлиш шуда кор кардааст.

Дар асоси таҷрибаҳои педагогиаш асарҳои зерини педагогӣ навиштаас: «Ҷонам фидои тифлон», «Мусоҳиба бо директори ҷавони мактаб», «Тавлиди гражданӣ», «Мактаби миёнаи Павлиш». Диққати Сухомлинскиро тарбияи фикрӣ, ғоявӣ – сиёсӣ, шаҳрвандӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ҷисмонӣ ба худ ҷалб карда буд.

Сухомлинский ба масъалаҳои соҳаи дидактика низ мароқи калон зоҳир карда буд ва дар ин соҳа низ диққати ӯро ҷиҳатҳои тарбиявии дарс ба худ ҷалб кардааст. Ӯ дуруст қайд карда буд, ки дуруст ташкил кардани ҷараёни таълиму тарбия ба тараққиёти ҳаматарафагии шахсият ёрии калон мерасонад.

Сухомлинский махсусан ба дарс ва таҳлили он диққати ҷиддӣ додааст. Ӯ қайд намудааст, ки дарс соҳаи асосии таълиму тарбия мебошад, ки дар он муаллим ҳар рӯз масъалаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳандагии хонандагонро ба амал мебардорад. Натанҳо аз худ кардани, балки тарбияи ҷаҳонбинии илмӣ, эътиқоти илмӣ, муҳаббат ба илму дониш, эҳтиром ба сарватҳои маънавии инсоният низ ба сифати дарс вобастааст. Дарс бояд дар маркази диққати директори мактаб истад. Иштирок дар дарс ва таҳлили дарсҳо кори муҳими директории мактаб аст. Агар директории мактаб мунтаъзам ба дарсҳо дарояд, онҳоро таҳлил кунад, вазъияти кор дар мактаб тамоман дигар мешавад.

Тамоми системаи талаботу тавсияҳои Сухомлинский дар атрофии масъалаи тарбияи шаҳрвандӣ муттаҳид гардидааст ва он мақсаднокӣ дар тарбия ахолқи пок, фаъолияти иҷтимоӣ, ватандӯстӣ, интернатсионализм, муносибати бошуурона ба меҳнат, сифатҳои ахлоқию эстетикиро дар бар мегирад. Сухомлинский гуфтааст, ки шаҳрванди ҳақиқӣ дар сурати ба ҳам зич алоқаманд намудани таълими мактаббачагон ба меҳнати фоиданокӣ ҷамъиятӣ ташаккул меёбад.

Сухомлинский дар бораи ташкил кардан ва тарбия намудани коллективи мустаҳкаму устувори хонандагон низ диққати калон додааст. Ӯ навиштааст, ки бузургтарин саодати инсонӣ зистан барои дигарон аст. Он касе зебо ва хушбахт аст, ки ҳаёти худро ба муборизаи роҳи меҳнаткашон бахшидааст. Сухомлинский коллективро воситаи тавонои тарбия медонист чунин мешуморид, ки коллектив ҳамеша иттиҳодияи ғоявист.

Бо сохти муайяни ташкили системаи системаи ахлоқӣ бо ҳам пайвастагии тарафайн ёрии ҳамдигарӣ серталабӣ, тартибу интизом ва масъулияти як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас ташкил ёфтааст. Ба туфайли таъсиррасонии ҳамаҷонибаи байни ҳамдигарӣ ҳам коллектив ва ҳам байни ҳар як фард бой мегардад.

Барои ақидаҳои педагогии Сухомлинский ягонагии ҷарайни таълиму тарбияи хонандагон хос аст. Ӯ ба масъалаи дар мактаббачагон инкишоф додани муносибати бошуурона ба таҳсил ва аз худ кардани донишҳо ҳамчун талаботи муҳимтарини ҳаёт диққати махсус додааст. Сухоилинский ба масъалаи тарзи ба роҳ мондани таълим диққат дода таъкид кардааст, ки ҷараёни таълимро тарзе ба роҳ мондан лозим аст, ки вобаста ба имкониятҳои давраи синну соли хонандагонро ҷалб намояд, фикри эҷодкориашонро тараққӣ диҳад, хонандагон ба қувваю қобилияти худ боварӣ пайдо кунанд, ба онҳо шодиву хурсандӣ оварда тавонад.

Ба ақидаи Сухомлинский агар дар хонанда майлу хоҳиши хондану дониш гирифтан набошад ягон воситаи педагогӣ натиҷа намедиҳад. Майлу хоҳиш ба хонандагон бошад дар суръати дар хондан мувафақият ба даст овардан пайдо мешавад.

Сухомлинский ба масъалаҳои ба ҳисобгирии дониши хонандагон одилона баҳо додан ба дониш ба чунин ташкили кор диққат медод ва мегуфт, ки баҳо хонандаро ба пешравӣ ҳавасманд гардонад ва мукофоте барои меҳнаташ бошад.

Сухомлинский тарбияи меҳнатиро бо таълим зич алоқаманд намуда бад. Ӯ чунин мешуморид, ки масъалаи ба меҳнатӣ, ҷисмонӣ наздиксозии меҳнати фикрӣ ҳанӯз дар солҳои таҳсили мактабӣ ҳал карда шавад. Меҳнатдӯстӣ ҳамчуни симои маънавӣ чи дар раванди меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва чи дар раванди ҳаёти интелектуалии эмотсионалӣ ва пурҷӯшу хуруши мактаббачагон тарбия карда шаванд. Тарбияи меҳнатӣ ва ҷараёни таълим бо ҳам зич алоқаманд мебошанд. Аз баски хониш дар ҳаёти кӯдак ҷои асосиро ишғол мекунад тарбияи меҳнатиро низ бояд аз он сар кард.

Сухомлинский чунин ақида дошт, ки педагогика на танҳо илм, балки санъат, яъне санъатвории олии бар донишҳои назариявӣ ба истифодабарии бошууронаи қонунияти объективии тарбия асос ёфтааст, ки он дар айни замон зуҳуроти хусусиятҳои фардии муаллим, мураббӣ ва рӯҳбаландӣ, ташаббуснокӣ, ӯҳдабароӣ, ботадбирии ӯро тақозо дорад.

Адабиётҳо:

1. Н. А. Константинов, Е. Н. Медынский. М. Ф. Шабоева. Таърихи педагогика соли 1982.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *