Фанни Педагогика

Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти ғуломдорӣ

Тарбия ва мактаб дар ҷамъияти ғуломдорӣ

Зермавзўъхо:

  1. Мактаб дар мамлакатҳои Шарқи қадим.
  2. Мактабҳои муншигӣ ва мактабҳои хизматчиҳо.
  3. Тарбия ва мактаб дар Юнони қадим (ш. Спарта ва Афина)
  1. Мактаб дар мамлакатҳои Шарқи қадим.

Дар давраи ғуломдорӣ аввалин мактабҳо дар Ҳиндустон пайдо шуда буданд, ки  «Мактаби ҷамоа», ном доштанд ва онҳо  аз тарафи чамъияти дехконони оддӣ дар қишлоқҷойҳо ташкил карда шуда буданд, амал мекард. Дар шаҳр бошад мактабҳо дар назди ибодатхонаҳо таъсис ёфта буданд. Дар Африка ва Миср низ мактабҳо инкишоф ёфтанд.  Дар ин давра аввалин шуда илмҳои астрономия, геометрия, арифметика ва тибб пайдо шуданд, соддатарин мошинаҳо – дастгоҳҳо сохта шуданд, ки маълумотҳо оиди онҳо дар дасти табақаи ҳукумрон буданд.

Баъдан дар заминаи ин мактабҳо, мактабҳои маҳдуди кохинӣ ё назди дарборӣ ташкил ёфтанд.

 

  1. Мактабҳои муншигӣ ва мактабҳои хизматчиҳо

Ин мактабҳо ба мақсади идоракунии давлат ва хоҷагӣ таъсис дода шуданд. Дар Миср дар мактабҳои кохинӣ (хизматӣхатӣ — нероглифӣ мураккаб  (мукаддас) — ро меомузонданд, дар мактаби муншиҳо бошад, аз хати содда кардашуда (иератики)- ро  истифода мебурданд, ки он оҳиста ҷои хатти мактабҳои кохиниро мегирифт.

Дар Хитои қадим мактабҳои поёнӣ ва олӣ мавҷуд буданд. Дар мактабҳои олӣ фарзандони одамони имтиёзманд бо усули нероглифӣ мехонданд, фалсафа ва ахлоқ характери диннӣ дошт. Дар дастнависҳои давлатҳои Хитой, Ҳиндустон, Миср ва ғайра оиди тарбия, талабот ба муаллим ва тарбиягиранда фикрҳои пурқиммат мавҷуданд. Интизом дар мактабҳо, махсусан дар мактабҳои муншиҳо хеле сахт буд, ҷазои ҷисмонӣ васеъ истифода бурда мешуд. Бисёр фарзандони одамони камбағал ва ғуломон дар мактабҳо таҳсил намекарданд.

 

3.Тарбия ва мактаб дар Юнони қадим (Спарта ва Афина)

Дар  Юнони  қадим  дар  (шаҳрҳои)  давлатҳои  Лакония  (ш.Спарта)  ва

Аттика ( ш.Афина) системаи тарбияи спратанӣ ва афинагӣ ташаккул ёфта буд.

        А) Системаи тарбияи спартанӣ:

                 Дар ин мактабҳо таълиму тарбия чунин ба роҳ монда шуда буд:

  1. Бачаҳои спартаниҳо аз синни 7 солагӣ ба муассисаҳои тарбиявии навъи махсуси давлатӣ, ки «АГЕЛЛАМА» ном доштанд, то синни 18-солагӣ таълим ва тарбия меёфтанд.
  2. Шахсони ба ҳукуматдорон маълум, ки «ПЕДАНОМ»  ном доштанд роҳбари ин муассиса  таъин мегардидиданд. Онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ, машқҳои харбӣ — гимнастикии бачагон диққати махсус дода, онҳоро обутоб медоданд,. Ҳамин тавр онҳоро ба хунукӣ, гуруснагӣ, ташнагӣ ва дар гузаронидани дардҳои касалиҳои гуногун тобовар мекунонданд. Спартаниҳоро дар руҳияи бераҳмӣ нисбати ғуломон тарбия карда ба онҳо илми зафар ёфтанро меомузонданд.
  3. Ҷавонони 18-20 сола дар гуруҳҳои махсуси «Эфебҳо» таҳсил када дар онҷо хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд.

Дар мактабҳои спартанӣ ба тарбияи харбӣ ва ҷисмонии духтарон низ аҳамияти калон дода мешуд, то инки дар вақти набудани мардон ҷои онҳоро иваз карда тавонанд.

           Б). Системаи тарбия дар давлати Аттика (ш. Афина).

Дар мактабҳои давлати Аттика (ш. Афина) тарбия ба тариқи зайл ташкил карда шуда буд :

  1. Мактаби «ГРАММАТИСТӢ» — дар ин мактаб хондан, навиштан ва ҳисобро аз сини 7 то 13 – 14 солагӣ ба бачаҳо таълим медоданд.
  2. Мактаби «КИФОРИСТӢ» — дар ин мактаб низ ба писарбачаҳо аз сини 7 то 13 – 14 солагӣ маълумоти адаб, эстетикӣ, мусиқӣ, сурудхонӣ таълим медоданд.
  3. Дар мактабҳои «ГРАММАТИСТӢ» ва «КИФАРИСТӢ» машғулиятҳоро муаллимон — дидаскалҳо («дидаско», ки маънояш меомўзонам, ёд медиҳам мебошад, ки баъдтар «дидаско» — и назарияи таълим  — дидактика ба вуҷуд омадааст) мегузарониданд. Писарбачаҳоро яке аз ғуломон , ки онро «педагог» меномиданд, ба мактаб бурда меовард. Педагог номи худро аз калимаи юнонии  «пайдагогос» ( «пайда» — бача ва «гогос» —  баранда ) гирифта шуда маънояш – бачабар мебошад.
  4. Муассисаи таълимии «ПАЛЕСТР» (мактаби гуштин). — дар ин мактаб писарбачаҳо аз синнӣ 13-14 солагӣ, ду се сол системаи (машқҳои ҷисмониро) «панчҳарба»-ро (давидан, ҷаҳидан, гуштин, сангпартоӣ, найзабозӣ)  меомухтанд.
  5. Муассисаи таълимии «Эфебия» дар ин мактаб ҷавонмардони 18-20  таълим гирифта корҳои ҳарби ва сиёсатро меомухтанд. Бағайр аз ин ба онҳо сохтани истеҳкомҳо, идора кардани мошинаҳои ҳарбӣ ва корҳои баҳрнавардиро ёд медоданд.

Адабиёт

1.Атахонов Т., Сулаймонӣ  С. Тамаддун. Китоби 1, Тамаддуни бостон/

Муҳаррири масъул.-Исоматов М.- Душанбе: Ирфон, 2003.-324с.

2.В.П. Алексеев «Ташаккулёбии одам» М.,1984

3.А. И. Пескунов «Таърихи педагогика ва маълумот» М., 2001

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *