Фанни Педагогика

Ақидаҳои педагогии Ҷон Локк

Ақидаҳои педагогии Ҷон Локк

Зермавзўъҳо:

1.Ҳаёт ва фаъолияти Ҷ. Локк.

2.Ақидаҳои ичтимоию сиёсӣ ва философию педагогии Ҷ. Локк.

  1. Тарбияи ҷентелменӣ (ҷавонмардӣ)

4.Назарияи  зиддидемократии Ҷ. Локк дар бораи «Мактабҳои коргарон».

  1. Ҳаёт ва фаъолияти Ҷ. Локк.

Ҷон Локк соли 1632 дар оилаи адвокати англиси музофоти иштирокчии револютсия таваллуд шудааст. Ў дар мактаби кўҳнаи  Вестминистерии қадим хонда, маълумоти миёнаи схоластикӣ мегирад. Баъдан ба университети Оксфорд дохил шуда, асарҳои олимони бузург: Демокрит, Бекон, Нютонро меомўзад. Дар онҷо ў ба илмҳои табиатшиносӣ рағбат пайдо карда ба илми тиб шуғл меварзад. Локк баъди хатми университет ҳамчун муаллими забон ва адабиёти юнонӣ дар онҷо мемонад. Соли 1667 духтури хонагӣ – мураббии набераи ходими сиёсӣ – Либерал Лорд Шефтсбери мешавад. Азбаски Либерал Лорд бо ҳамроҳии буржуазия зидди шоҳ мебарояд, бинобар ин онҳо ба ғазаби шоҳ гирифтор шуда ба Голландия муҳоҷират мекунанд.

Соли 1688 ба Англия баргашта дар ҷамъияти буржуазӣ ҷои фахриро ишғол мекунад ва  соли 1704 дар онҷо   вафот мекунад.

 

  1. Ақидаҳои ичтимоию сиёсӣ ва философию педагогии Ҷ. Локк.

 А). Ҷ. Локк назарияи пайдоиши давлат ва назарияи «Ҳуқуқи табиӣ»-ро тарафдорӣ карда аз баробарҳуқуқии одамон ҳимоят намудааст. Аз ин чунин бармеояд, ки соҳиби ҳокимияти олӣ халқ мебошад ва халқ метавонад, ҳокимияти як вактҳо ба дасти монарх додаашро, агар уҳдадориҳои худро ба ҷо наоварад, баргардонад.

Б.) Аз тарафи Локк танқид кардани идеяҳои модарзодӣ, дар муборизаи материализм бо идеализм нақши мусбат бозид. Ў як қатор масъалаҳои психологиро, ки дар худмушоҳидакунӣ асос ёфтаанд, кор карда баромад. Вай аҳамияти махсус доштани хиради инсонро, ки ба чизҳои хостаи мо баҳо медиҳад, ҳар он чизи ба одам бахт ва манфиат оварандаро муайян менамояд, таъкид мекард. Ҳамин тавр ў ба тарбияи хирад аҳамияти махсус дод.

В). Этикаи (хиради) Локк дар инкори модарзодӣ будани идеяҳои ахлоқи асос ёфтааст. Ҷ. Локк мавҷудияти худоро ҳамчун офаридгор инкор намекунад ва мафҳуми худоро дар кўдак хеле барвақт мустаҳкам ҷо кунонидан лозим медонист.

Локк ақидаҳои педагогии худро дар китоби «Андешаҳо дар бораи

тарбия» (1693) баён кардааст.

 

 

  1. Тарбияи ҷентелменӣ (ҷавонмардӣ)

Аз ҳамаи одамоне, ки мо бо онҳо вомехурем аз даҳ нуҳ нафарашон, чунон ки ҳастанд ҳамон хел мемонанд (нек ё бад ).  Ў вазифаи тарбияро аз тарбияи одамони одди не балки аз тарбияи ҷентелменӣ иборат медонист, ки ба онҳо дворяннасабон «Дар муомила бонафосат», аз дигарон фарққунанда дар айни замон сифатҳои корчалони буржуазиро низ бояд соҳиб бошанд.

Ҷентелмен бояд тарбияи ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва фикрӣ гирад. Ин намудҳои тарбияро ў на дар мактаб, ки дар он ҷо ҳар тоифа мехонад, балки «Ҷентелмени хақиқӣ» бояд онро дар хона гирад. Аз рўи ақидаи Локк «Ҳатто камбудиҳои тарбияи хонагӣ аз дониш ва малакаҳои дар мактаб гирифташаванда фоиданоктар мебошад». Ў ба таҷрибаи оилаҳои аристократӣ такя намуда, ба дасти мураббии хуб супоридани тамоми корҳои тарбияи ҷентелменро тавсия кардааст.

А).Тарбияи ҷисмонӣ – «Тан солим бошад – руҳи инсон ҳам солим мешавад». Аз ин лиҳоз бачаро аз хурдсолӣ обутоб дода, онро ба ҳар шароит тобовар намудан лозим аст. Тарбияи ҷисмонӣ ба ташаккули дурусти бадан мусоидат мекунад. «Ҷентелмен аз ҳисоби ҷисмонӣ чунон бояд тарбия ёбад, ки дар вақти лозимӣ аслиҳа гирифта ба сарбоз шудан омода бошад ».

Б). Тарбияи ахлоқӣ – қоидаҳои ахлоқии худро дар асоси принсипи фоида ба манфиати хар шахс кор карда баромадааст. Ҷентелмени хақиқӣ касест, ки ба хушбахтии шахсии худ комёб шуда, ба ҷентелменҳои дигар халал намерасонад. Одам бояд оқилона рафтор карда, ҳиссу рағбати худро идора карда тавонад ва худро ба дархости ақл тобеъ намояд. Ташаккули хислат инкишофи ирода, боинтизомии маънавӣ муҳимтарин вазифаи тарбияи ахлоқӣ мебошад. Тарбия намудани одам аз хурдсолӣ барои пешравии ахлоқ аҳамияти калон дорад. Дар тарбияи ахлоқ хусусиятҳои фардии бачаро бодиққат омухтан лозим.

Ҷазои ҷисмониро дар тарбияи ахлоқӣ ҷоиз надониста чунин мегуяд: «Интизоми ғуломона хислати ғуломона пайдо мекунонад» вале барои бачаҳои якрав ва гапнодаро онро ҷоиз медонад.

В). Тарбияи фикрӣ – мураббӣ бо тарбиягиранда машғулият гузаронда, мароқи ўро ба илм бедор намояд ва шавқу ҳавасашро нисбати дониш бояд инкишоф диҳад. Илм ва ҳунаромузӣ набояд дилгиркунанда бошад. Балки он ба қобилияти фикрӣ ва эҷодкории ў таъсири мусбӣ расонад. Ба саволҳои бачагон бодиққат муносибат карда, ҷавобҳои дуруғ додан лозим нест.

Г). Тарбияи меҳнатӣ – Ҷ. Локк ба ягон ҳунар (дуредгарӣ, ҳарротӣ, боғдорӣ, корҳои атторӣ, пардоздихӣ ва кандакорӣ) машғул гардидани ҷентелменро низ талқин мекунад. Ў зарурати тарбияи меҳнатиро бо он асоснок мекунад, ки дар ҳавои кушод меҳнат кардан барои саломатии кас фоиданок аст.

Аз рўи таълимоти Локк ба ҷентелмен хондан, навиштан, расмкашӣ, забони модарӣ, франсавӣ, лотинӣ, география, арифметика, геометрия, астрономия, хронология, этикаро ҳатман омузонидан лозим аст.

  1. Назарияи зиддидемократии Ҷ. Локк дар бораи «Мактабҳои коргарон».

Ҷ. Локк таъсири «Оммаи дағал» аз бачагони мардуми оддӣ, ки ба фикри вай онҳо «Фақат ба ҷустуҷу чолокона ва моҳирона дуздидани меваи боғҳо қобилият доранд, ҷудо нигоҳ доштани ҷентелмени ояндаро зурур ҳисоб мекард.

Ба фикри Ч. Локк  «Бачагони мардуми оддӣ», ки бар души ҷамъият бори гаронанд, барои онҳо дар ҳар як маҳалла «Мактабҳои коргарон» кушода, бачагони аз 3 то 14 сола фаро гирифта шаванд. Онҳоро нон дода, дар вақтҳои сармо ба хуроки онҳо шавла илова  намоянд. Бачагон бар ивази хурокашон, ба корҳои ресандагӣ, бофтан, тоза кардан ва ғайра машғул шаванд. Маҳсулоти тайёркардаи бачаҳоро фурухта, ҳаққи хароҷотро баргардондан лозим аст.

Муҳимаш, ин ки мегуяд Локк, таҳти назорати муаллим бачагонро аз мактаб ба калисо бурда овардан хеле осон мешавад, ки ин ҷиҳати асосии тарбия мебошад. Устоҳои берун аз мактаб музди муайяне гирифта бачагонро ба шогирди қабул карда метавонанд. Ҳамин тавр бачаҳо зери назорати устоҳо ва фабрикантҳо кор карда метавонистагӣ мешаванд.

Адабиёт

  1. А. А. Джуринский, «Таърихи педагогика» М-1999
  2. И.А. Пескунов «Таърихи педагогика ва маълумот», М-2001.
  3. Таърихи педагогикаи ҷаҳон, Н. А. Константинов М-1982

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *