Фанни Педагогика

Ақидаҳои педагогии К. А Гелветсий ва Д. Дидро

Ақидаҳои педагогии К. А Гелветсий ва Д. Дидро

Зермавзўъҳо:

1.Ақидаҳои  педагогии  Клод Адриан Гелветсий (1715-1771).
  1. Ақидаҳои педагогии Денни Дидро (1715-1784 ) .
  1. Ақидаҳои педагогии  Клод Адриан Гелветсий (1715-1771).

Соли 1758 китоби машҳури Гелветсий «Дар бораи ақл» руи  чоп баромад. Ҳукуматдорон ин китобро ҳамчун китоби  зидди динӣ ба муқобили ҳукумат  маҳкум намуда  сўзониданд. Ў маҷбур шуд, ки аз Фаронса ба хориҷа рафта  дар  он ҷо асари  нави худ «Дар бораи одам,  қобилияти фикрӣ  ва тарбияи  ўро»,  нависад,  ки он соли 1773 нашр гардид.

Гелветсий идеяҳои  модарзодиро инкор намуда ҳамчун сенсуалист (равия дар назарияи маърифат, ки ҳиссиёти одамро ягона манбаи идрок медонад) ақида дошт, ки ҳамаи тасаввурот ва мафҳумот дар одам  дар натиҷаи  идроки ҳиссӣ пайдо мешавад. Ў нақши  таъсири муҳит  ва сохти ҷамъияти сиёсиро дар ташшукул ёфтани одам ҳатми меҳисобид. Калисо гўё  хислати одамонро вайрон карда,  дин бошад ба шахс  ахлоқи риёкорона  ва ғайри инсонӣ медиҳад.  Вой бар ҳоли миллате, ки – хитоб менамуд Гелветсий- тарбияи гражданинҳои худро бовар карда ба дасти арбобони дин месупоранд.

Олим манфиати ҷамиятиро аз мавқеи буржуазӣ  танқид карда,  асоси нобаробарии онро дар моликияти хусусӣ медид. Ў  мегуфт, ки  барои ҳамаи гражданинҳо  мақсади ягонаи тарбия  сурат гирад ва ватандустоне тарбия карда шавад, ки онҳо дар муттаҳид намудани  манфиати шахсӣ  ва манфиати миллат қодир бошанд. Гелветсий мегуфт, ки  ҳамаи одамон дар маълумотгирӣ ба андозаи баробар ҳуқуқ доранд, чунки онҳо аз модар ба қобилияти маънавии якхела  тавваллуд меёбанд. Ин даъвои вай ба назарияи идеологҳои  дворянии замонаш,  ки натиҷаи  нобаробарии иҷтимоии  онҳоро   тарғиб менамуданд зарба зад.  Аммо  дар байни одамон  ҳеҷ  гуна   тафовути табиӣ нест гуфтанаш  нодуруст  буд.

Ў   чунин ҳисоб мекард, ки  одам танҳо  бо таъсири муҳит  ва тарбия ташшакул меебад, «Ҳар чизе, ки мо шудаем,  ба туфайли тарбия шудаем». Гелветсий  мегуфт, ки  мактаби схоластикӣ,  ки   майнаи бачагонро ба дин гиҷ мекунад, ба тарбияи одами солимақл  қудрат надорад. Аз ин лиҳоз,  ба куллӣ   аз нав  сохтани мактаби  дунявӣ ва давлатӣ кардани он,  барҳам додани монополияи   шабакаи имтиёзноки дворянҳоро  талаб карда  ба тарбия намудани одамон  баромад кардааст.

Гелветсий  умед дошт, ки  дар натиҷаи  маърифатнок намудан   ва тарбия кардани одами аз хуруфот озод,  атеистӣ хақиқӣ,   ватандўст, шахси  ба манфиати миллатро ба воя расонидан мумкин аст.

  1. Ақидаҳои педагогии Денни Дидро  (1715-1784).

Денни Дидро  намояндаи барҷастаи  материалистони асри XVII – и  Фаронса  мебошад.  Баъди аз чоп баромадани  асари  Дидро «Мактуб дар бораи нобиноён,  ибрат барои биноён» ба ҳабс гирифта шуд.  Баъди аз ҳабс озод шуданаш  ў «Энсиклопедияи илм, санъат   ва ҳунарҳо» ном китоб навишт.

Дидро ба роли тарбия баҳои баланд дода ақидаҳои Гелветсиро  дар бораи ба ҳамаи чиз  қодир будани тарбияро инкор менамуд.  Ў   чунин мешуморид, ки   ба воситаи тарбия  ба бисёр мақсадҳо  ноил шудан мумкин аст, вале он фақат қобилияти ба бача додаи табиатро инкишоф медиҳад бас. Ақидаи Дидро дар бораи инкишофи  одамон  аҳамият доштани фарқияти табиӣ  хусусиятҳои ташшакули  ҷисмонии бача  шоистаи дастгирист. Вале назарияи ў дар бораи  табиати одамӣ гўё ҳамчун як чизи  тағйирнаёбандаи беҳаракат мебошад  нодуруст аст.

Нишондодҳои истеъдоди табиӣ  гуфтааст Дидро: «Ҳеҷ  вақт танҳо хоси одамони,  асилзода нест вай баръакс,  нисбат  ба намояндагони аёну  ашрофон  дар байни халқ бештар  мавҷуд будани  истеъдодҳоро исбот кардааст».

Ў мегўяд, ки аксари вақт истеъдодҳои оммаи халқ  нобуд мешаванд, чунки бо айби сохтори  нодурусти ҷамъият  фарзандони онҳо аз тарбия  ва маълумоти дуруст гирифтан  маҳрум мегарданд.

Дидро  тарафдори маърифатнок гардонидани  ҳамаи халқ буд  ва нақши озодихоҳонаи онро эътироф мекард.  Бо гуфти вай: «Маърифат ба одам қадру қиммат мебахшад»,  ва ба туфайли маърифат ғулом ҳам ҳис мекунад, ки вай барои ғуломӣ зоида нашудааст.

Ў  ақидаи Гелветсияро тарафдори намуда  системаи тарбияи феодалиро  танқид карда мегуфт, ки  мактабҳои ибтидоӣ дар дасти руҳониён мебошанд, аз ин лиҳоз онҳо дар мактабҳои имтиёзнок бо илм  ҳисси нафрат доранд. Бинобар ин «Тарзи ба халқ таълимдиҳиро»  аз решааш дигаргун сохтан лозим аст.

Зарур аст, ки  ҳамаи бачагон  қатъи назар аз мансубияташон  ба ин ё он табақаи ҷаъмият бояд дар мактаб хонад.  Мактабҳоро аз  тобеъияти  руҳониён  гирифта  ба мактабҳои давлати табдил додан зарур аст. Маълумоти ибтидоӣ бояд бепул ва маҷбурӣ бошад, дар мактабҳо  ҳўроки ҷамъиятӣ  муқаррар карда  шавад.

Дидро соли 1773 бо таклифи Екатерина ба Петербург меояд ва дар инҷо қариб як сол зиндагӣ мекунад. Екатерина он вақт худро «Арбоби бомаърифат» ва пуштибони философҳои таъқибкунанда меномид.

Ў   соли 1775 «Нақшаи Универстет барои Россия» — ро тартиб дода дар асосҳои нав ташкил намудани маорифи халқро пешниҳод намуд.  Екатерина онро дар амал тадбиқ накард.

                                           

Адабиёт.

1.Н. А.  Константинов  «Таърихи педагогикаи  ҷаҳон» М.-1982

  1. А.И.Пискунов «Хрестоматия по  истории    зарубежной

педагогики» М. Просвешение 1981.

  1. И. А. Пескунов «Таърихи педагогика ва маълумот», М-2001.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *