Фанни Педагогика

Инкишофи педагогика ва мактаб дар давраи шуравӣ

Инкишофи педагогика ва мактаб дар давраи шуравӣ

Зермавзўъҳо

  1. Инкишофи мактаб ва маориф дар давраи шўравӣ.
  2. Системаи маълумоти мактабӣ.
  3. Тарбияи ҷамъиятӣ — сиесии талабагон. Ташкилотҳои пионерӣ ва комсомолӣ.
  4. Баркароршавӣ ва инкишофи педагогикаи шўравӣ. ( Василий Александрович Сухомлинский).
  1. Инкишофи мактбу маориф дар давраи шўравӣ

Инкишофи маорати халқ дар давраи шўравӣ таърихи бисёрсола дорад.

То давраи Шўравӣ мактаб ва маориф дар хизмати синфҳои ҳукумрон буд. Ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба халқҳои ғайрирус сиёсати русикунониро гузаронида ба тараққиёти маданияти  миллӣ монеъ мешуданд. Ин сиёсат ба бесаводии мардум бурда расонид. Мувофиқи баҳисобгирии соли 1897 шахсони саводноки аз 9 то 49 сола 28, 4% буданд, аз он ҷумла: аҳолии саводнок дар байни қирғизҳо 0,6%, туркманҳо 0,7%, тоҷикону узбекҳо 1,6%,  қазоқҳо 2% — ро ташкил мекард.

Мувофиқи декрети қабулкарда «Оид ба мавҳи бесаводӣ», ки 26.12. 1920 дар назди комиссарияти халқии РСФСР (Республикаи Советии Сотсиалистии Федеративии Россия ) қабул гардид, вазифаи он нест кардани бесаводии халқ буд. Дар ҳама ҷо мактабҳо барои калонсолон пунктҳои (марказҳои)  мавҳи  бесаводӣ ташкил мешуданд.

Вазифаи асосии маорифи халқ мувофиқи барномаи  соли 1919, ки дар създи VIII — партияи коммунистии (болшивекон) қабул шуда буд, аз инҳо иборат буд:

  1. Ҷори кардани таълими бепул ва маҷбурии умумӣ барои ҳамаи писарону духтарони то синни 17 сола.
  2. Барпо кардани муассисаҳои то мактабӣ: яслиҳо, боғчаҳо, ба мақсади беҳтар кардани тарбияи ҷамъиятӣ.
  3. Комилан ба ҳаёт тадбиқ кардани принсипҳои мактаби ягонаи меҳнатии ғайридинӣ, барои  писарону духтарон якҷоя хондашуда.
  4. Аз ҳисоби давлат хонандагон, бо хўрок, пўшок, пойафзол ва маводҳои дарсӣ — таъмин кардан .
  5. Тайёр кардани кадрҳои нави коркунони маориф, ки дар руҳияи иделҳои коммунисти тарбия ёфта бошанд.
  6. Фаъолона иштирок кунонидани аҳолӣ — меҳнаткашон ба кори маориф ва инкишоф додани «Шўроҳои маорифи халқ».
  7. Расонидани ёрии ҳаматарафаи давлатӣ барои худомузӣ ташкил кардани китобхонаҳо мактабҳои калонсолон, хонаҳои халқ, университетҳои халқӣ.
  8. Васеъ намудану инкишоф додани таълими касбу ҳунар барои шахсони аз 17 – сола боло.

Дар асоси декрети Шўрои комиссарияти халқ, ки солҳои 1918-1919 қабул шуда буданд, ҳамаи мактабҳои таълимоти умумӣ — умумихалқӣ гардонида шуд, мактабҳои хусусӣ манъ гардид, таълими бепул, таҳсили якҷояи писарону духтарон ҷорӣ карда шуд. Мактаб аз дин, дин аз давлат ҷудо карда шуд, ҷазои ҷисмонии бачаҳо абади барҳам дода шуд. Ҳамаи миллатҳо ҳуқуқи ба забони модарӣ хонданро пайдо намуданд. Қоидаҳои нави қабул ба мактабҳои олӣ ҷори гардид, ки дар он ҳамаи фарзандони коргарону деҳқонон ҳуқуқи дохил шуданро доштанд.

Органи умумироссиягии роҳбари ба маорифи халқ. Комиссарияти халқии маъориф таъсис ёфт, ки муассисаҳои таълимии ҳамаи идораҳо ба ихтиёри он гузаштанд. Июни соли 1918 «Низомнома дар бораи ташкили кори маъорифи халқи Россия» қабул гардид.

30-юми декбри соли 1922 Иттифоқи СССР ( Республикаҳои Советӣ Сотсиалистӣ )  таъсис ёфт, ки Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон буда ба он дохил мешуд. Солҳои 20-ум, 30-юм барои ҳамаи халқу халқиятҳо иттиҳод  шароит дода шуд, ки бо алифбои худ таҳсил намоянд узбекҳо, тоҷикҳо, қазоқҳо, туркманҳо, озорбоҷонҳо аввал ба алифбои арабӣ, лотинӣ ва баъд ба алифбои кириллӣ — русӣ гузаштанд. Мазмун ва усули кори тарбия дигар шуд, таҳияи барнома  ва китобҳои таълимӣ — дарсӣ оғоз ёфт. Соли 1949 таълими ҳатмии 7 — сола ҷорӣ гардид.

Соли таҳсили 1978-79  ба намудҳои гуногуни таълим 95,5 млн нафар фаро гирифта шуд, ки аз он:  44,7 млн дар мактабҳои таълими  умумӣ, 1,9 млн дар омўзишгоҳҳои касби техникӣ, 47,7 млн дар техникум ва донишкадаҳои махсуси миёна 5,1 млн дар мактабҳои олӣ таҳсил мекарданд.

Дар соли 1962-63  тамоми мактабҳои 7-сола ба мактабҳои 8-сола табдил дода шуда маълумоти умумии ҳатмии 8-сола муқарар гардид.  30-юми декабри соли 1977 унвони «Муаллимаи халқии СССР» таъсис ёфт,  30-юми январи соли 1978 «Оиди истифодаи бепули китобҳои дарсӣ»  қарор қабул карда шуд.

Сохтори маориф дар мамалакатҳои шўравӣ чунин буд:

1.Муассисаҳои  то мактабӣ — бачагони аз 3 то 6,7 соларо дарбар мегирифт.

2.Мактаби ягонаи ҳатмӣ   бо мўҳлати 8,9,10 сола.

  1. Донишгоҳи таълимие, ки дар базаи мактаби ҳатмӣ мактабҳои миёна ва типҳои гуногуни мактабҳои касбӣ ташкил карда шуда буданд.

Системаи маорифи халқи давраи шўравӣ ҳамаи типҳои муассисаҳои таълимии мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ, миёнаи касбии донишкадаю донишгоҳҳо, муасисаҳои тарбиявии то мактабӣ ва берун аз мактабӣ, нашрияҳои педагогӣ, мактабҳои мусиқӣ, варзишӣ ва ғайраро дар итоати худ нигоҳ медошт.

Мафҳуми системаи маорифи халқ чист? —  маҷмўи муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ  мебошад, ки сиёсати давлатро дар соҳаи   маориф ҷорӣ менамояд.

2.Системаи маълумоти мактабӣ.

Системаи маълумоти мактабие, ки соли 1918 қабул шуда буд, факултетҳои коргарӣ, мактаб, клубҳо барои коргарон – наврасон, мактаби ду сола барои наврасон ва монанди инҳоо ташкил карда шуда буданд.

31 декабри соли 1921 ба ҷои мактаби нўҳсолаи ду дараҷадор ба сифати типи  асоси муқарар кардани мактабҳои ҳафтсолаи ду косентрадошта:  аввал чорсола,  дуюми сесоларо ташкил карданд.

Соли 1922 мактаби ибтидоӣ муддати таҳсилоташ  4 сол, мактаби асосӣ маълумоти умумии ҳафтсола ва мактаби умумии дараҷаи боло, ҷамъи таълимаш  9 — 10 сола буд.

Аз соли таҳсилоти 1923 – 24  сар карда дар деҳот мактабҳои ҷавонони қишлоқ ташкил ёфтанд.  Онҳо то соли 1934 ба тариқи мактабҳои асосии  маълумоти умумӣ дар деҳот вуҷуд доштанд.

Соли 1925 аввалин мактабҳои ҳафтсолаи  фабрикӣ — заводӣ ташкил ёфтанд,  ки онҳо дар охири соли 1930 — 34 мактабҳои асосии маълумоти умумӣ гардиданд.

14-уми августи соли 1930 комиссариати халқии СССР «Дар бораи таълими ҳатмии умумии ибтидоӣ» қарор қабул кард,  ки вазифаи он  барҳам додани бесаводӣ буд.  Ҳамин тариқ, тамоми бачагони ба синни мактабӣ расида инчунин наврасоне, ки бо ин ё он сабаб пеш ба мактаб ҷалб карда нашуда буданд, бояд ҳатман мехонданд.

Қонун оиди масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекарданд, барои иҷро накардани ин вазифа ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Мақоми муаллим баланд бардошта шуда барои ба корҳои тарбиявӣ, роҳбарӣ намудан —  вазифаи групповод, аз соли 1934 бошад вазиифаи роҳбарони синфӣ таъсис дода шуд.

Роҳбари синф кист? —  муаллимест, ки баробари аз рўи тахассус дарс додан дар синфи аз тарафи шўрои педагогӣ ба ў вобаст карда шуда корҳои таълиму тарбиявӣ мебарад ва ба ташкили корҳои тарбиявии коллективӣ хонандагон машғул аст.

4-уми июли соли 1936  «Дар бораи вайронкориҳои педалогҳо», фаъолияти зарарноки онҳо қарор қабул намуда, омўзиши он манъ карда шуд. Онҳо мегуфтанд, ки тақдири  бача ба омилҳои биологӣ ва иҷтимоӣ вобаста буда, наслият тағйирнопазир аст.

Ба муносибати афзудани шумораи мактабҳои 7- сола ва миёна соли 1933 барои тайёр кардани муалллимони синфҳои V- VII институтҳои  дусолаи муаллими таъсис дода шуд. Таълими ғоибонаи педагогӣ низ ҷорӣ гардид. Барои баланд бардоштани ихтисоси муаллимон институтҳои такмили ихтисос ташкил карда шуд.

Дар соли 1940 унвони фахрии муаллими хизматнишондодашуда таъсис ёфт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  дар назди мактабу муаллимон вазифа гузошта шуда буд, ки хонандагонро ба асосҳои илм омода намуда онҳоро дар руҳияи ватандўстӣ, меҳнат кардан, корҳои оммавӣ — мудофиявӣ  тарбия намоянд.  Дар солҳои 1941 — 45 аз буҷети давлат барои сохтани биноҳои нави мактаб як миллиард сум ҷудо карда шуд.

Дар соли 1944 — 45 таълими ҳатмии бачагон аз сини 7- солагӣ муқарар гардид.

Соли 1949 таълими ҳатмии 7 — сола қабул карда  шуд, ки он  ба ҳамаи республикаҳои иттифоқи ҳамон вақта дахл дошт. Миқдори мактабҳои 7- сола дар  солҳои 1942 – 52,  3446  ва мактабҳои миёна то 1838 зиёд шуданд.

Соли 1958 таълими 8 — сола қабул карда шуда, солҳои 1962 — 63 тамоми мактабҳои ҳафтсола ба мактабҳои ҳаштсола табдил дода шуданд.

Соли 1972 «Дар бораи ба охир расидани гузариш ба таълими умумии миёнаи ҷавонон ва минбаъд ҳам тараққи додани мактаби маълумоти умумӣ»  қарор қабул  гардид.

3.Тарбияи ҷамъияти  – сиёсии талабагон .

(Ташкилоти комсомолӣ ва пионерӣ).

  1. Комсомол — дар кори инкишофи фаъолиятнокии сиёсӣ ва тарбияи ҷамъиятӣ-сиёсии хонандагон ташкилотҳои комсомолоӣ ва пионерӣ нақши муҳим мебозид.

Иттифоқи ленини  коммунистии ҷавононии умумииттифоқ (ВЛКСМ) ташкилоти ҷамъиятии мустаъқиле буд, ки дар сафҳои худ оммаҳои васеъи ҷавонони пешқадами шўравиро муттаҳид менамуд. Ин ташкилот 4 — ноябри соли 1918 ба номи  Иттифоқи коммунистии ҷавонони Россия (РКСМ) ташкил ёфт ва соли 1924 ба он номи Ленин дода шуд. Ба муносибати ташкил ёфтани СССР  соли 1922  комсомол марти соли 1926 Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони умумииттифоқ (ВЛКСМ) табдил ёфт.

Комсомол  ёрдамчии фаъол ва вориси (КПСС) Иттифоқи ленинии коммунистӣ буд. Он ҷавонони аз 15 то 28 соларо дар сафҳои худ фаро мегирифт. Хизматҳои комсомол дар назди собиқ СССР ниҳоят калон буд, онҳо дар  ҳамаи соҳаҳои истеҳсолот саҳм мегузоштанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941 — 45  3,5 ҳазор узви комсомол ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 3,5 млн нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.

  1. Пионер — ташкилоти оммавии худфаъолиятии бачагон ва наврасон — ворис ва ивазкунандаи комсомол буд, ки он 19 маи соли 1922   таъсис ёфт. Ба ташкилоти пионерӣ бачагон ва наврасони синашон аз 10 то 15 қабул мешуданд.
  2. Дар отрядҳо ва дружинаҳои пионерӣ  барои бачагони 7-9 сола гуруҳҳои октябрятҳо ташкил карда шуданд. Вазифаи асосии пионерон ин ба шефи  гирифтани октябрятҳо, ба онҳо дар таълиму тарбия ёрӣ додан буд. Ба ғайр аз ин дар вақтҳои фориғ аз дарс ба дармондагону пиронсолон ёрӣ медоданд.
  3. Барқароршавӣ ва инкишофи педагогӣ.

Дар давраи Шўравӣ нақши ҷамъиятӣ ва вазифаҳои педагогика муайян гардид, ки он аз инҳо иборат буд:

  1. Вазифаҳои педагогикаи нав —  фаъолияти муаллимиро бо вазифаи ташкили  ҷамъияти сотсиалистӣ вобаста кардан буд.
  2. Дар таҳкурсии педагогикаи нав хишти аввалро роҳбари маорифи халқи (Россияи) шўравӣ Н.К. Крупская, А.В. Луначарский, А. С. Макаренко ва дигарон гузоштанд. Н. К. Крупская китоб бо номи «Маорифи халқ ва  демократия» — ро  навишт.
  3. Дар солҳо 20-ум доир ба педагогика нахустин дастурҳои шўравӣ ба миён  омад.  Дар  инкишофи  педагогикаи  Шуравӣ  Павел  Петрович

Блонский (1884-1941) саҳми босазо гузошта китобҳои «Педагогика» (1922) «Асарҳои педагогика» — ро (1925) навишт. Дар ин солҳо А.П. Пинкевич низ «Педагогика» навишт.

  1. Стонислав Геофилович Шатский  (1878-1934) якумин стансияи таҷрибавӣ ташкил намуд. Ў тарбияи меҳнатии бачагонро ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ алоқаманд кард. Дар ин солҳо масъалаҳои назариявии таълим дар ҳамаи звенаҳо аз нав дида баромада шуд.
  2. Дар соҳаи тарбия  А. С. Макаренко ҳиссаи калон гузошта «Дар аввали солҳои 30-юм «Достони педагогӣ» менависад, ки ў дар бораи колонияҳои бачагон аз нав тарбия кардани  бачагони ба балоғатрасидаи ҷинояткор, дар образҳои бадеӣ тасвир менамояд.

Дар байни муаллимон таҷрибаи пешқадами педагог Василий Александрович  Сухомлинский (1918 -1970) вусъати калон ёфта, эҷодкориҳои педагогии ў барои ба илми педагогӣ ҷалб кардани муаллимони беҳтарин мадад расонид. Ў муаллими мактаби деҳаи Павлиши вилояти Кировоград (Украина), аъзо — кореспонденти Академияи фанҳои педагогии СССР, муаллими хизматнишондода, қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ буд,  ки дар он таълимгоҳ роҳбарӣ намуда, дар коҳои таълиму тарбия ба комёбиҳои калон ноил гардид.

Эҷодиёти педагогии Сухомлинский бо инсондўстии амиқ, муҳаббати гарму ҷушон нисбат ба бачагон, аз самимӣ қалб ғамхорӣ кардан барои ҳаматарафа инкишоф ёфтани онҳо саршор аст.

Таҷрибаи корҳои эҷодии коллективи педагогии мактаб аз тарафи В.А. Сухомлинский дар китобҳояш «Тавлиди гражданин», «Ҷонам фидои тифлон», «Мактаби миёнаи Павлиш» дарҷ ёфтааст, ки онҳо китоби рўимизии муаллимон ва  роҳнамо барои онҳо дар корҳои тарбиявӣ гардиданд.

Сухомлинский  28.09.1918 дар қишоқи Васильевкаи Херсон таваллуд шудааст, соли 1938  институти педагогии Полтаворо хатм карда ба зодгоҳаш бармегардад ва аз забони украини дарс медиҳад. Соли 1941 ба фронт рафта  дар ҳимояи Москва ҳамчун роҳбари тарбиявӣ (Политруки хурд) хизмат мекунад ва захмдор шуда ба зодгоҳаш (1942) бармегардад. Аз соли 1948 то охири умраш директори мактаби Павлиш шуда кор мекунад.                                           

Адабиёт

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷилди III –Д., 1981
  2. Н.А. Константинов, Таърихи педагогика. Д., 1982
  3. М.И. Анисов. Хрестоматия по истории советской школы. М.,

«Просвещение»,  1972.

4.В.А.Сухомлинский. Павлышская средняя школа. М., «Просвещение»,

1969

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *