Мавзухои точики

Иди қурбон

Иди қурбон

Иди Қурбон яке аз ду иди мусалмонҳои тамоми дунёст, ки ҳамасола дар санаи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамари баргузор мегардад. Ин ду ид бо ду аркони ислоӣ пайванд мебошанд, мусалмонон ин ду идро ҷашн мегиранд, ки аз ду ибодати муҳим фориғ мешаванд: иди Фитр баъдӣ як моҳи рӯзадорӣ ва иди Қурбон баъди иҷрои маросими ҳаҷ. Барои тоҷикон идҳои мазкури сунати ҳамчун як ҷузъи ҳувияти динӣ ва фарҳанги миллӣ дар тули асрҳо хизмат карда омадааст.

Анъанаи қурбонӣ намудан дар фарҳангӣ эронитаборон решаҳои тоисломӣ дошта, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва фарҳангии бостонӣ зикр шудаанд. Чунончи, эрониёни қадим ба фариштагону эзатҳо гушту шир, гиёҳу меваҳоро пешкаш мекарданд.

Иди Қурбон бо номи паёмбар Иброҳими халилуллоҳ ва қиссаи қурбонӣ кардани Ӯ писараш Исмоилро марбут аст. Чихелеки дар як байти халқи зикр шудааст:

Иди Қурбон омаду қурбони кардан лозим аст.

Ин тариқи ёдгор аз ҳазрати Иброҳим аст.

Дар Қуръони маҷид, дар сураи ҳаҷ, оятҳои 26-28 низ ба ин ақида ишораҳо омадааст: “ Ва макони Хонаро барои Иброҳим ошкор кардем ва гуфтем:” “(26) Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва рокеъону соҷидон покиза бидор”. (27) Ва мардумро ба ҳаҷ фаро хон то пиёда ё савора бар шутурони такида аз роҳҳои дур назди ту биёянд. (28) То судҳоеро, аз они онҳост, бибинанд ва номи Худоро дар рӯзҳое муайян ба ҳангоми забҳи чорпоёне ,ки Худо ризқи онҳоро сохта, ёд кунанд. Па аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ итъом кунед. Сипас дар ҳамин сура, дар ояти 34 гуфта мешавад,ки: “ Барои ҳар уммате расми қурбонӣ кардане ниҳоде, то бад-он сабаб,ки Худо аз чорпоён рӯзиашон додааст, номи Ӯ ро бар забон ронанд”.

Субҳи рӯзи ид мардҳоӣ тоҷик шустушӯ намуда, либосҳои наву тоза мебушанд ва ба намозгоҳ, масҷиди ҷомеи наздиктарин барои хондани намози идона мераванд. Пеш аз намоз маъмулан воизон дар бораи таърихи пайдоиши иди мазкур, савобу самараи қурбони кунӣ ва хайру саховат ривояту қисаҳро нақл намуда, аҳли ҷамоатро бароҳи неку хайр ҳидоят мекунан.

Занҳо дар хонаҳо бо оаростани дастархон ва ба кӯдаконеки идгардак мекунанд, тӯҳфаҳо ба монанди тухм, қанду себу чормағз ва ё кулчақанду сақич медиҳанд. Маросими қурбонӣ паас аз адои намози идона шуруъ мешавад. Аҳли ҷамоат баъди навоз аввал ба гӯристонҳо рафта ба арвоҳи гузаштагон ва сипас ба хонаҳои одамоне, ки яке аз аҳли оилаашон фавтидааст, омада дуо мехонанд ва аз Қурони карим сураву оёт тиловат мекунанд

Қурбонӣ кардан ба шахсе, ки имконияти молявии кофӣ дорад, дуруст аст. Барои қурбонӣ, асосан гӯсфандро забҳ мекунанд, аммо дар баробари он баъзеҳо гову бузро низ қурбонӣ менамоянд. Чорпои қурбонишаванда бояд солим буда, нуқу айб надошта бошад, яъне харобу лоғар , ланг ва ё кӯр набошад. Ин чунин барраи гӯсфанд набояд аз шашмоҳа ва бузу гӯсола дусола хурдтар бошанд. Баъзе аз мардум гӯшти ҳайвони қурбони шударо ба камбағалон бенавоён тақсим мекунанд в аба ятимхонаҳо бурда медиҳанд.

Иди Қурбон натанҳо аз ибодату қурбоникунӣ иборат аст, балки дорои хусусиятҳои мутаҳидгароии мардум, тарғиби ахлоқи ҳамида ва аркони динӣ , дастгирии камбағалону барҷо мондагон, ҳидояти равиши солими ҳаёт ва ёдоварӣ аз гузаштагон мебошад.

Дар фолклори тоҷик дар бораи иди Қурбон таронаву рубоиҳои зиёде эҷод шудаанд, ки аз эҳтирому арҷгузори мардум ба арзишҳои исломӣ ва инсон парварию тарғиби ғояҳои ахлоқӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Иди Қурбон омаду аз ҷамоли ёр дорам орзу.

Ман тавофи Каъбаро бисёр дорам орзу,

Гар Худо лоиқ бинад, як бор бинам Каъбаро.

Ин умед аз Холиқи Ҷаббор дорам орзу.

Дар баъзе рубоиҳо омадааст, ки дар рӯзи ид бояд мо устодони худро фаромуш накунем, зеро маҳз онҳо дарҳои донишу маърифатро ба рӯи мо боз намуда, беҳтарин арзишҳои ҳаётро муарифи кардаанд.

Иди Қурбон омаду қурбони кунем .

Ҷон фидои ҳазрати Раҳмон кунем,

Ҳоҷиён адар тавофи Каъбаанд.

Мо ба устодони худ эҳсон кунем.

Ҳамин тариқ иди сунати Қурбон бо ҷумлаи бовару этиқод, арзишҳои алоқӣ, силсилаи рубоиву таронаҳо дар мағзи фарҳанги милии анъанавии мардумми тоҷик ҷой гирифтааст,ки бегуфтугӯ як ҷузъе ҳувияти миллии моро ташкил медиҳад.

Рамазон сунату ойинҳои он

Моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр дар байни халқи тоҷик ҳамроҳ бо расму ойинҳо, бовару муътақидот, шеъру таронаҳо ва пазирои махсус садсолаҳои зиёд аст, ки ба ҳукми онъана даромадааст. Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат Ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.

Миёни мардум боваре низ ҳаст, ки ҳар кӣ бо омадани моҳи шарифи Рамазон шоду хурам гардад, Худои таоло уро аз оташи дузах наҷод медиҳад.

Бархе аз мардуми доно Рамазонро ҳамчун моҳи санчиш иродаи инсон ва идоракунии нафси саркаш мешуморанд ва аз нигоҳи улуми муосир, махсусан тибби имрӯз, манфиатҳои рӯза дориро ба дигарон шарҳ медиҳанд.

Дар миёни мардумони навоҳии мухталифи Тоҷикистон пазироӣ ва омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон аз фасли тобистон шуруъ мегардад ( агар он дар фаслҳои ғайри тобистон омада бошад). Мардум барои суфраи рамазонӣ аз ҳаргуна меваҳо мурабою ширинӣ, талқон ( кӯфтаи ганду ё тути хушк), мавизу зардолуи хушк, пистаю бодом чормағз, донашӯрак ва амсоли инҳоро захира мекунанд. Инчунин анвои сабзавот: карам, помидор, бодринг, қаламфур, боимчон, ва ғайраро дар намак об бо иловаи адвияҳо мехобонанд, то ки дар моҳи Рамазон ҳамчун ғизои табиӣ тановул кунанд.

Дар рӯзҳои ин моҳи шариф субҳ мардум барои тановули ғизо хоб бо истифодаи соатҳои зангуладор ва имрӯзҳо тавасути телефонҳои ҳамроҳиву воситаҳои дигари техникӣ бедор мешаванд. Чун дар қанрҳои ин дастгоҳҳо набудаанд мардум дар вақти матлубро аз рӯйи гардишӣ ситораю сайёраҳои осмон ва бонги хурӯсу рафтори дигар ҷонваро муайян мекарданд . бархе аз мардум шабзиндадори карда, дар соати муайян ҳамсояҳоро низ садо мекарданд.

Хуроки субҳонаро бо истилоҳи “авсарӣ” ном мебаранд,ки тақрибан шакли кӯтоҳи ибораи “афқоти саҳарӣ”, яъне ғизои саҳари мебошад. Бархе аз одамон онро “ саҳар хурак” ё “ саҳар хӯрӣ” низ меноманд. Одатан субҳгоҳҳо мардум хӯроки серғизо, ба монанди оши палав, манту, кашк,кабоб, ва ғайраро истеъмол мекунанд ва баъзе ширчойро хушдоранд. Дар вақти рӯзакушоӣ ё хуроки шом ғизоҳои нисбатан сабукро тановкл мекнанд, ко ки дар вақти хуфтан ӣа ба бадан гаронӣ ва нораоҳатӣ ҳис накунанд.

Пас аз хӯрдани ғизои субҳона нияти рӯза бандӣ мекунанд. Баъзе аз мардум бо такя бо китобҳои динӣ нияти рӯзабандиро бо забони арабӣ мехонанд, аммо берхе дигар гунаи тоҷикии он ниятро, ки байни мардум хеле маъмул аст, ба забон меоранд. Масалан, баъзе мардуми ноҳияи Ҳисор мегӯянд: рӯза гирифтам дар моҳи шарифи Рамазон, тавфиқ бидеҳ то намози шом. Пас аз ин ният себор мегуян: хуш омади моҳи шарифи Рамазон.

Интихоби ғизоҳо дар моҳи Рамазон шеваи хоси худро дорад. Пас аз ним рӯзи кадбонуҳо дар тарадуди таҳияи ғизои шом мешаванд. Яке аз таомҳои лазизи гарм: палав ва ё манту, мошкичириӣ кашк , қурутоб, шакароб, ширбиринҷ ва амсоли инҳоро рӯи суфра мегузоранд. Бояд тазакур дод, ки дар Рамазон мардум таомҳои нисбатан сер ғизоро бештар тановул мекунанд. Аз ин хотир байни мардум баъзе шерҳои ҳазломез оид ба таъомҳо мавҷуданд,ки сифату ғизонокиҳои хӯрокҳоро як навъ табақабандӣ мекунанд.

Чунончи:

Шӯла то остона, ордов то паси хона.

Ҷон палави мастона, ба манзил мерасона.

Найзадастакум угро,

Нахунсузакум шӯрбо.

Асолому алайкум мирзо палав,

Арвоҳ занад оталаро .

Илова ба таом дар суфраҳо нону чой, меваю салатҳо, қанду шириниҳо мегузоранд. Яке аз шириниҳои хеле маъруфи рамазонӣ нишалло ( нғшҳавло) мебошад, ки аз қанду сафедии тухми мурғ ва пояи гиёҳе бо номи бехӣ таҳия месозанд.

Рӯзакушоӣ якчанд бовару шугунҳои худро дорад. Бархе аз марум бар он боваранд,ки рӯзаро бояд бо пораи себ кушоянд, зеро тибқи мӯътақидот, себ меваи биҳишти ҳисоб мешавад. Баъзеҳо рӯзаро бо намак мекушоянд,баъзе бо об, ва чанде бо хурмои арабӣ ва мегуянд, ки савобаш бештараст. Гуруҳи дигар бо ҳар ғизоки рост омад.ба мисли нону чой, ангур ё таоме нияти рӯза кушоиро хонда, ифорро оғоз мекунанд.

Як одати маъмулии моҳи Рамазон рабимангӯйи бачагон мебошад, ки дар бисёр ноҳияҳо иҷро мешавад. Дар шабҳои Рамазон баъд аз ифтор бачагону наврасон гурӯҳ шуда , хона ба хона мегарданд ва суруди “ Раби манро” даста ҷамъона бар дари ҳар хона вода рафта мегуянд.

Раби ман, ё раби ман, ё Рамазон,

Раби ман , Аллоҳ моҳи Рамазон.

Раби ман, чанд рӯз меҳмони манаст,

Шабако ошаки яғони ман сат.

Ҳамин тавр, баъди тарона сарои аз ҳар хонадон ба бачагон қанду кулча ё мева ё мавизу ғулинг медиҳанд. Бачагон пас гирд гаштани хонаҳои деҳа ба хонаи яке аз дустон рафта, ғизои чамъшударо мебинанд.

Ҳамин тариқ рӯзадорӣ як моҳ давом меёбад. Дар даҳрӯзаи сеюми моҳи Рамазон , ки онро даҳа ваё арафаи ид меноманд, мардум ба хонаҳои як дигар рафта дуову фотиҳа мехонанд, тиловаати оёти Қуръони карим намуда, ба арвоҳи гузаштагон мебахшанд. Махсусан дар ин кор мардон масъулиятро бештар ба душ доранд. Аз ҳама пеш ба хонаи онҳое мераван, ки ба истилоҳ мурдаи тоза доранд, яъне яке аз аҳли он хона вода ҳамон сол вафтида бошад. Намунаи дуъоеки дар ин маврид мехонанд.

Илоҳо омин ! Хайрияти қадам, ободи макон, муборакбодии моҳи шарифи Рамазон, худованди кари мавроҳи гузаштаҳоро шод гардона, а дар ин хонадон файзу баракат ато кунад. Омин Оллоҳу акбар!

Сипас сурае аз Каломи шариф хонда, ба арвоҳи ҳамон манзилумако мебахшанд.

Анъанаи дигари ҷолиб шабзиндадори дар шаби қадр ба шумор меравад, ки бо номи лайлатурқадр маъруф аст. Оиди ба шаби битуҳафтуми моҳи Рамазон,ки дар он Қуръон онзилшудааст, дар байни мардум тоҷикривояту боварҳои зиёде мавҷуданд.

Якруз қабл аз иди саиди Фитр хонумҳои хона вода ба пухтани ҳар гуна хӯрданиҳои идона шурӯъ мекунанд. Онҳо анвоинон, ҳалво ,самбӯса ва монанди инҳо таҳия мекунанд.

Иди фитр ё иди Рамазонро хурду калон бесаброна интизор мешаванд ва оид ба фаро расии ин ид суруду таронаҳои зиёде дар фарҳанги мардуми тоҷик мавҷуданд, ки дар шабу рӯзҳои Рамазон бисёр садо медиҳанд.

Иди Рамазон омад аз суйи биҳишт,

Овард ба мошоми мӯъминон бӯйи биҳишт.

Ҳар кӣ дар ин моҳ дилозорӣ кунад,

Не бӯйи биҳишт бинад, нерӯйи биҳишт.

Иди Рамазон ба ҳақ расонад ҳамаро,

Аз шарбати маърифат чашонад ҳамаро .

Ин моҳ ғанимат, аст соле як бор,

То соли дигар Худо расонад ҳамаро.

Як рӯз пеш аз фарорасии ид, яъне рӯзи охирини моҳи Рамазон, баъзе куҳнасолон ба таври маҷоз мегуфтаан,ки Рамазон пайтобаю чоруқашро пӯшида, пагоҳ баъди хондани намози ид ба роҳ баромада, ба ватанаш меравад.

Алиф, шариф муборак!

Тухмҳо ба кали ёрак,

Мурғҳо ба кали ёрак.

Иди шариф муборак!

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *