Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Мафҳум ва нишонаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣсанадҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мебошанд, ки аз ҷониби субектони босалоҳият (мақомоти давлат, шахсони мансабдор, халқ) қабул шуда, меъёрҳои ҳуқуқро муқаррар, тағйир ва қатъ мекунанд.

Мафҳум ва низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» (с. 2003) муйян мешавад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои як қатор нишонаҳоянд.

  1. Онҳо аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори босалоҳияти давлат қабул мешаванд.
  2. Санадҳои меъёрӣ бо шаклҳои махсуси дар қонун пешбинишуда қабул мешаванд.
  3. Тартиби махсуси қабули санадҳои меъёрӣ пешбинӣ шудааст.
  4. Санадҳои меъёрӣ мутобиқи қоидаҳои махсусанд, ки амали онҳоро дар вақт, фазо ва нисбати ашхоси ҷудогона муайян мекунанд.
  5. Ин санадҳо на барои ҳалли як масъалаи мушаххаси ҳаётӣ, балки танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва барои як давраи тӯлонӣ қабул мешаванд.
  6. Санадҳои меъёрии ҳуқукӣ низоми мартаботии худро доранд, ки эътибори ҳукукии ҳар як санади меъёрии ҳуқуқиро муайян мекунад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри с. 2003 (м. 6), низоми санадҳои меъёрии ҳуқукии Точикистон аз санадҳои зерин иборат аст: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои тариқи раъйпурсӣ қабулшуда; қонунҳои конститутсионии ҶТ; қонунҳои ҶТ; қарорҳои якҷояи Мачлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ; қарорҳои Маҷлиси миллӣ; қарорҳои Маҷлиси намояндагон; фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; қарорҳои ҳукумати ҶТ; санадҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ; санадҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо ва ш. Душанбе; санадҳои раисони ВМКБ, вилоятҳо ва ш. Душанбе; санадҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо; санадҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо; санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот. Тибқи ҳамин Қонун, яке аз намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – ин кодекс аст (м. 18).

Санадҳои меъёрӣ вобаста ба қувваи ҳуқуқӣ ба қонунҳо ва санадҳои зериқонунӣ ҷудо мешаванд. Қонунҳо қувваи баланди ҳуқуқӣ дошта, дар асоси онҳо санадҳои зериқонунӣ қабул мешаванд. Санадҳои зериқонунӣ мутобиқи қонун мебошанд.

23.2. Мафҳум ва намудҳои қонун

Қонунсанади (ҳуҷҷати) меъёрии ҳуқуқии мақоми қонунгузори давлат ё бевосита халқ аст, ки бо тартиби махсус қабул гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро танзим мекунад ва эътибори баланди ҳуқуқӣ дорад.

Қонунҳо якчанд нишонаҳо доранд: 1) танҳо аз тарафи мақомоти олии қонунгузор (парламентҳо) ё шаҳрвандон қабул мешаванд; 2) бо тартиби махсус (дар маҷлисҳои парламент тавассути овоздиҳӣ ё дар раъйпурсӣ) қабул мешаванд; 3) эътибори баланди ҳуқуқӣ доранд; 4) муҳимтарин муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд; 5) барои ҳамаи одамон ва ташкилотҳои онҳо ё субъектҳои тобеи қонун баробар паҳн мешаванд; 6) барои шиносоии мардум интишор мешаванд.

Қонун намудҳои гуногун дорад. Вобаста ба эътибори ҳуқуқӣ қонунҳо ба ду намуд ҷудо мешаванд; 1) қонунҳои конститутсионӣ ва 2) қонунҳои оддӣ. Аз рӯи обекти танзими ҳуқуқӣ қонунҳо ду хел мешаванд: 1) қонунҳои умумӣ (якчанд намуди ё ҳамаи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд, масалан, қонуни интихобот) ва 2) қонунҳои махсус (соҳаи ҷудогонаи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд, ба монанди, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура» ва ғ.). Намуди алоҳидаи қонун – кодекс мебошад, ки як соҳаи муайяни ҳаёти ҳуқуқиро бо усулҳои махсус танзим мекунад.

Қонунҳо ҳамчунон соҳавӣ (қонунҳои маъмурӣ, гражданӣ, ҷиноӣ ва ғ.) ва байнисоҳавӣ (қонунҳои тандурустии иборат аз меъёрҳои маъмурӣ, гражданӣ ва диг.) мешаванд.

Конститутсия – қонуни асосии давлат, санади ҳукуқии таъсиси кишвар аст. Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри с. 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Конститутсия аз қонунҳои дигар бо чунин хислатҳояш фарқ мекунад: 1) ба тариқи махсус қабул мешавад (масалан, Конститутсияи Тоҷикистон аз тарафи халқ қабул шудааст): 2) эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, аз ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии зериқонунӣ болотар меистад; қонунҳо ва санадҳои меъёрии зериқонунӣ, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд; 3) ягон мақоми давлат ё шахси мансабдор ҳуқуқи тағйир додани Конститутсияро надоранд; тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад (м. 98, қ. 1 Конститутсия): 4) ҳуҷҷати ҳуқуқии таъсисӣ аст, ҳуқуқу озодиҳои инсонро, шакли давлатдорӣ, низоми судӣ ва дигар асосҳои ҷомеаро муайян (муқаррар) мекунад.

Қонунҳои конститутсионӣ доир ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудаанд. Масалан, моддаҳои 7, 15, 47, 48, 59 ва дигари Конститутсияи Тоҷикистон қабули қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ мекунанд. Қонунҳои оддӣ доир ба масоили ҷории ҳаёти ҷомеа қабул мешаванд. Қонунҳои оддӣ мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ мебошанд.

Кодекс (аз калимаи лотини codex – маҷмӯаи қонунҳо) – намуди мустақили қонун аст. Кодексҳо одатан қонунҳои кодификатсионӣ, санадҳо-кодексҳо мебошанд.

Кодексқонуни ягона ва мураттабгаштаи дорои сатҳи баланди муайянияти мантиқӣ ва фаъолияти кодификатсионӣ аст, қи тавассути он як гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, ҳаматарафа ва низомнок танзим мешавад.

Ҷараёни қабули қонун қонунэҷодкунӣ ном дорад. Қонунэҷодкунӣ аз зинаҳои зерин иборат аст:

1) ташаббуси қонунгузорӣ, яъне ба амал баровардани ҳуқуқи конститутсионӣ ба таклиф оиди қабули қонун ва пешниҳоди лоиҳаи қонун ба мақомоти қонунгузор; ин ҳуқуқ дар ҷумҳурии мо ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон тааллуқ дорад (м. 58 Конститутсия);

2) муҳокимаи лоиҳаи омодагаштаи қонун;

3) қабули қонун аз ҷонби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ;

4) ҷонибдории қонун аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ;

5) имзои қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) интишори расмии қонун; қонунҳо пас аз интишори расмӣ амал мекунанд (м. 10, қ. 4 Конститутсия); қонунҳои қабулшуда баъди имзои Президент расман дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», инчунин дар «Маҷмуаи қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон» ва «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор мешаванд.

23.3. Санадҳои меъёрии зериқонунӣ

Санадҳои меъёрии зериқонунӣ он санадҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар асос ва бо мақсади иҷрои қонунҳо қабул шуда, меъёрҳои ҳуқуқро муқаррар мекунанд. Ин санадҳо хислатҳои зерин доранд:

1) аз ҷониби мақомот ва ашхоси мансабдорӣ босалоҳияти давлат бо тартиби пешбиникардаи қонун қабул мешаванд; ин ҳуқуқ ба Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроия, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор мансуб аст;

2) шаклҳои махсуси ифодаи расмӣ доранд (фармони Президент, қарори Ҳукумат ва ғ.);

3) нисбат ба қонунҳо эътибори пасттари ҳуқуқӣ доранд; эътибори ҳуқуқии санади мақомоти (ё шахси мансабдори) болоӣ нисбат ба санади мақомоти (ё шахси мансабдори) поёнӣ бонуфузтар аст;

4) низоми муайяни мураттабгаштаро ташкил медиҳанд; дар он ҳар як санади мақомоти давлатӣ (ё шахси мансабдор) вобаста ба вазъи ҳуқуқиаш ҷои муайянро соҳиб аст; санади мақомоти давлатӣ мутобиқи ҳам қонун ва ҳам санади макомоти болоӣ аст;

5) эътибори ҳуқуқиашон гуногун аст; эътибори ҳуқуқии санад аз ҷои мақомоти давлатӣ (ё шахси мансабдор) дар дастгоҳи давлат ва салоҳияташ бармеояд;

6) барои иҷроиш ҳатмӣ мебошанд; хислати ҳатмии ҳар як санад аз мавқеъ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ (ё шахси мансабдор) вобаста аст;

7) меъёрҳои қонунро мушаххас мегардонанд; иҷроиши воқеии қонунҳо (қонунияти воқеиро) таъмин месозанд.

Санадҳои меъёрии зериқонунӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) санадҳои умумидавлатӣ (санадҳои Президент, Ҳукумат); 2) соҳавӣ ва байнисоҳавӣ (санадҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ); 3) маҳалливу локалӣ (санадҳои мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроия, маъмурияти корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо).

23.4. Санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи соҳаи андоз

Санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи соҳаи андоз қарори расмии мақомоти молияи давлатӣ оид ба парвандаи мушаххаси ҳуқуқиест, ки амри давлатии омиронаро дошта, ба танзими инфиродии муносибатҳои соҳаи андоз равона шудааст.

Санади татбиқи меъёрҳои ҳуқуки соҳаи андоз чунин нишонаҳо дорад: аввало, ин қарори мақомоти молияи давлат буда, ваколат дорад, ки меъёрҳои ҳуқуқи андозиро дар соҳаи муносибатҳои андозӣ амалӣ гардонад; дуюм, амри давлатии омиронаро дорост, ки барои иштироккунандаи мушаххаси муносибатҳои ҳуқуқии андоз ҳатмист ва бо қувваи маҷбурии давлат таъмин карда мешавад;, сеюм, намунаварақи муайяни муқаррарнамудаи КА ҶТ-ро дорост; чорум, барои танзими инфиродии андоз равона шудааст. Дар ин ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқии субъектҳои мушаххас қатъӣ фардӣ кунонида (мушаххасонида) мешавад.

Санадҳои инфиродии таъмини ҳуқуқ дар соҳаи андозбандӣ самараи фаъолияти мақомоти андоз, гумрук ва дигар мақомоти молиявии давлат аст. Ғайр аз ин онҳо метавонанд ба фаъолияти мақомоти судӣ, ваколатдори баррасии парвандаҳо оид ба қонуншикании соҳаи андоз вобаста бошанд. Шумораи санадҳои татбиқи ҳуқуқи андоз бағоят бисёр аст. Ин вобаста ба он аст, ки дар КА ҶТ тартиби татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андоз хеле муфассал матраҳ шуда, санадҳои инфиродие, ки ба сифати амри ҳуқуқӣ рӯи кор омада, муносибатҳои ҳуқуқи андозро эҷод менамоянд, тағйир медиҳанд ва ё қатъ мегардонанд, муайян карда шудаанд. Ба онҳо, аз ҷумла инҳо мансубанд: шаҳодатнома дар бораи гузаштан аз қайди мақомоти андоз; қарори мақомоти андоз дар бораи ситонидани андоз; қарор дар бораи ситонидани андоз аз ҳисоби молумулки андозсупоранда; талаби пардохти андоз; бозхонди шахс ба сифати шоҳид, коршинос (эксперт) ва ғайра.

Санадҳои инфиродии ҳуқуқҳои молиявӣ дар соҳаи андозбандӣ бешумор аст ва, аз ин рӯ, онҳоро метавон бинобар асосҳои гуногун тасниф намуд.

Аввало, вобаста ба субъектҳои онҳоро қабулкунанда ба қабулкунандагон ҷудо мешаванд:

-мақомоти андоз. Аксари санадҳои пешбининамудаи КА ҶТ чунинанд;

-мақомоти гумрук. Ба ҷумлаи ин гуна санадҳо қарорҳо дар бораи тағйир додани мӯҳлати пардохти андоз ва боҷу хироҷе, ки бояд ба муносибати аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол пардохта шаванд ва ҳамчунин санадҳои дигар дохил мешаванд. Масалан, мутобиқи мод. 95 КА /Т мақомоти андоз дар бораи ба ҳабс гирифтани амволи ташкилоти андозсупоранда қарор қабул мекунад.

-мақомоти фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ. Қарорҳо дар бораи тағйир додани мӯҳлати пардохти андоз ва боҷу хироҷ ба фонди ғайрибуҷетӣ, ҳамчунин дигар санадҳое, ки мутобиқи қонунгузории андоз қабул карда мешаванд, аз ҷумла чунин санадҳоянд;

-мақомоте, ки барои татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозпардозӣ ваколатдоранд (аз ҷумла, мақомоти судӣ низ).

Санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозиро вобаста ба мақсаду вазифаашон ба ду гурӯҳи калон – муҳофизатӣ ва танзимӣ ҷудо кардан мумкин аст. Ба ҷумлаи санадҳои танзимии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозӣ санадҳои зерин шомиланд: талабномаи мақомоти андоз дар бораи пардохти андоз; огоҳиномаи андозпардозии мақомоти андоз; шаҳодатнома дар бораи гузаштан аз қайди мақомоти андоз ва ғайра.

Дар навбати худ санадҳои муҳофизатиро ба санадҳои татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозпардозӣ ва санадҳои татбиқи чораҳои муҳофизатӣ ҷудо намудан мумкин аст (чораҳои қатъкунанда ва пешгирикунанда).

Санадҳои татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозпардозӣ аз дигар санадҳо бо нишонаҳои зерин фарқ мекунанд: ба мавҷудияти муносибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии андозпардозӣ далолат мекунанд; ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии андозпардозиро аниқ мегардонанд; муносибатҳои ҳуқуқии ҷавобгариро ба «ҷунбиш» меоваранд; асоси мурофиавии татбиқи муҷозоти меъёрҳои ҳуқуқи соҳаи андоз мебошанд. Ин намуди санадҳои ҳуқуқтатбиқкунӣ дар иҷрои вазифаҳои танзимӣ, ҷазодиҳӣ, пешгирӣ, барқарорсозӣ ва тарбиявӣ ва ба мақсадҳое кор фармуда мешавад, ки ба ин вазифаҳо мувофиқанд. Ба ҷумлаи санадҳои татбиқи чораҳои ҷавобгари андозпардозӣ қарорҳои зеринро нисбат додан мумкин аст: қарори роҳбари мақомоти андоз оид ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани андозсупоранда барои қонуншикании соҳаи андоз; қарори судӣ дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншикани соҳаи андоз.

Санадҳои қатъкунанда ва пешгирикунандаи татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозӣ ба пешгирӣ ва қатъи қонуншикании соҳаи андоз ва ҳамчунин ба таъмини татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозпардозӣ нигаронида шудаанд. Баъзан санадҳои қатъкунанда ва пешгирикунанда пеш аз санадҳои татбиқи ҷавобгарии андозпардозӣ қабул карда мешаванд. Чунончӣ, ба ин санадҳо қарори мақомоти андозро дар бораи боздоштани амалиёт оид ба суратҳисобҳои андозсупоранда (мод. 94 КА /Т); қарори мақомоти андоз ё гумрукиро дар бораи ҳабс кардани молумулки андозсупоранда (мод. 95 КА /Т) ва ғайраро нисбат додан мумкин аст.

Санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуки андозпардозӣ вобаста ба аҳамияти худ дар ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ метавонанд фаръӣ – ёрирасон (масалан, қарор дар бораи таъин кардани экспертизаи ҳуҷҷатӣ) ва асосӣ (қарори роҳбари мацомоти андоз дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан) бошанд. Санади фаръӣ – ёрирасон дар ин маврид ба муқаррар намудани ҳақиқати қазия равона карда шудааст, зеро дар рафти экспертиза метавонад қонуншикании андозпардозӣ ошкор гардад, вале қарори ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда санади асосӣ хоҳад буд.

Санадҳои татбиқи ҳуқуқи андозпардозӣ шаклан ба санади алоҳида (қарори ҳабс кардани молумулки андозсупоранда), резолютисия (иҷозати мақомоти баланди андоз барои иҷрои амалиёти муайян) ва дар ҳолатҳои оддии муқаррарӣ шифоҳӣ (талаби корманди мақомоти андоз барои монеъ шудан ба гузаронидани тафтиши андозпардозӣ) тақсим мешаванд.

Шакли (сохти) баёнот имконият медиҳад, ки санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозӣ ба санадҳои мураккаб ва содда ҷудо карда шаванд. Масалан, сохти қарори кашидан ба ҷавобгарии андозпардозӣ мураккаб буда, аз чор қисмат иборат аст: муқаддима, тавсиф, далел, хулоса. Санади ба қайд гирифтан дар мақомоти андоз аз ду қисм – муқаддима ва хулоса иборат аст, ки ин намуди содда мебошад. Дар баъзе мавридҳо санади татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозӣ метавонад ба ҷуз қисми хулосавӣ, масалан, огоҳномаи ҳозир шудан ба мақомоти андоз умуман ин хусусиятҳоро надошта бошад. Мавҷудияти меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозӣ, ки расмиёти соддаи татбиқи меъёрҳои ҷавобгариро раво медонанд, асос медиҳад, ки меъёрҳои татбиқи ҷавобгарӣ бо асоси дигар ба гурӯҳҳо тақсим карда шавад. Чунончӣ шакли соддаи қабули санади татбиқи ҳуқуқ аслан аз як расмиёт иборат аст. Қабули дигар санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозиро бисёр расмиётҳои хурд хос мебошад. Аз ин мебарояд, санадҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи андозпардозиро вобаста ба расмиёти қабули онҳо ба санадҳое ҷудо кардан мумкин аст, ки аз рӯи расмиёти мураккаб ва аз рӯи расмиёти содда қабул карда мешаванд.

23.5. Амали санадҳои меъёрии ҳукукӣ дар вақт,

макон ва нисбати ашхоси алоҳида.

Амали санади меъёрӣ дар вақт маънои онро дорад, ки санад дар як вақти муайян ба қувва даромада, мӯҳлати муайян амал мекунад ва дар як вақти муайян қатъ мегардад. Мавриди амал қарор гирифтани санад ба се принсипи асосӣ такя мекунад: 1) амали муқаррарии санад, 2) қувваи бозгашти санад, 3) рӯзгузаронии санад.

Амали санадҳои меъёрӣ дар макон амали ҳудудии онҳоро дар назар дорад. Санадҳои меъёрии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунанд. Ҳудуди Тоҷикистон аз хушкӣ, обҳои дохилӣ, фазои ҳавоӣ иборат аст. Ҳавопаймои Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар фазои ҳавоӣ парвоз мекунад, ҳудуди Тоҷикистон аст. Дар қаламрави Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ низ амал мекунанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, дар сурати ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқат накардани қонунҳои кишвар, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд (м. 10, қ. 3 Конститутсия).

Амали санадҳои меъёрӣ нисбати ашхоси ҷудогона. Чун қоидаи умумӣ санадҳои меъёрӣ нисбати тамоми ашхос, қи дар қаламрави давлат воқеанд, паҳн мешаванд. Ин ҷо истилоҳи «ашхос» шаҳрвандони давлат, шахсони бетабаа, ҳоричиён, ҳамчунон ташкилотҳои дохилидавлатӣ ва хориҷиро дар назар дорад. Вале ин қоидаи умумӣ нисбати ашхоси ҷудогона (бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо, талаботҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, хусусиятҳои макони зист, фаъолияти касбӣ ва ғ.) қоидаҳои истисноӣ муқаррар мекунад. Чунончи ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон қонунҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ паҳн намешаванд. Ба шахсони номукаллаф (м. 24 Кодекси ҷиноятии ҶТ) меъёрҳои қисми махсуси қонунгузории ҷиноӣ паҳн намешаванд. Ҳуқуқи интихобот (м. 27 Конститутсия) ба ашхоси то 18 сола, ғайри қобили амал ё дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумӣ нигоҳ дошта шаванда паҳн намешавад. Ашхоси хориҷӣ дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат намекунанд, дар мақомоти прокуратура, милиса, суд кор намекунанд.

23.6. Мураттабсозии санадҳои меъёрӣ

Мураттабсозии санадҳои меъёрӣ – ин ба як низоми муайяну муташаккил ва ягонаву муттаҳидона ворид намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ мебошад. Мураттабсозӣ ду шакли асосӣ дорад: 1) кодификатсия ва 2) инкорпоратсия.

Кодификатсия – шакли ба низомоварӣ аст, ки дар чараёни он санадҳои пештар амалкарда бекор карда шуда, меъёрҳои ҳуқуқ аз нав кор карда мешаванд ва санади нави ягона, умумигашта, мантиқан мукаммал, дорои сатҳи баланди ҳуқуқӣ эҷод мешавад. Кодификатсия як шакли ҳуқуқэҷодкунӣ буда, аз ҷониби мақомоти босалоҳияти давлат ва ба таври расмӣ мегузарад. Дар натиҷаи кодификатсия ғайр аз кодексҳо инчунин оинномаҳо ва низомномаҳо қабул мешаванд.

Инкорпоратсия – ин батартибоварии қонуну санадҳои амалкунанда бе тағйири мазмуни дохилии (ҳуқуқии) онҳо аст. Дар натиҷаи он санадҳо дар як маҷмӯа муттаҳид мешаванд

Вобаста ба аҳамияти ҳуқуқӣ инкорпоратсия ду шакли асосӣ дорад: 1) икорпоратсияи расмӣ ва 2) ғайрирасмӣ. Инкорпоратсияи расмӣ аз ҷониби мақомоти босалоҳияти давлат гузаронида шуда, дар натичаи он маҷмӯаи қонунҳо (дигар санадҳо) расман интишор мешаванд. Инкорпоратсияи ғайрирасмӣ аз тарафи нашриётҳо, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ гузаронида шуда, аҳамияти ахборотӣ дорад.

Намуди мустақили мураттабсозӣ муттаҳидгардонӣ (кон-солидатсия) мебошад. Дар натичаи он якчанд санандҳои ба як масъала бахшида шуда дар як санад муттаҳид шуда, эътибори ҳуқуқиашонро гум мекунанд. Муттаҳидгардонӣ дар мамолики хориҷӣ васеъ истифода мешавад. Дар Франсия санадҳои муттаҳидгардонӣ (консолидатсионӣ) қодексҳо ном дошта, дар соҳаи меҳнат, кишоварзӣ, нақлиёт, андозу гумрук амал мекунанд.

23.7. Техникаи ҳуқуқӣ

Техникаи ҳуқуқӣ – ин маҷмӯи воситаву қоидаҳои кор карда баромадан, шакл бахшидан, интишор ва мураттабсозии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мебошад. Техникаи ҳуқуқӣ ҳам санадҳои меъёрӣ ва ҳам санадҳои ҳуқуқии фардиро (санадҳои судӣ, маъмурӣ ва ғ.) фаро мегирад. Он воситаи такмили қонунгузорӣ ва истифодаи самараноки санадҳо аст.

Воситаҳо ва қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ чунинанд: 1) истилоҳоти ҳуқуқӣ; 2) таркибҳои ҳуқуқӣ; 3) қоидаи ифодаи мазмуни санадҳо.

Истилоҳоти ҳуқуқӣ маҷмӯи истилоҳҳои ҳуқуқӣ аст, ки дар санадҳои ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Истилоҳҳои ҳуқуқӣ гуфта ифодаҳои забонии мафҳумҳоеро меноманд, ки ҳангоми ифодаи мазмуни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ истифода мешаванд.

Дар матни қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ се намуди истилоҳ истифода мешаванд: 1) умумӣ истифодашаванда, ба монанди «бино», «иншоот», «таҷҳизот» ва ғ.; 2) махсуси ҳуқуқӣ (дорои маънои ҳуқуқӣ, аз қабили «даъво», «айбдоршаванда», «ҷавобгар», «гумонбар», «ихтиёрдорӣ» ва ғ.); 3) махсуси ғайриҳуқуқӣ (дорои маънои техникӣ, тиббӣ, иқтисодӣ, психологӣ, биологӣ, масалан, «корхонаи саноатӣ», «бемории рӯҳӣ», «эпидемия», «карантин», «ҳисоби бонкӣ», «шуур», «эҳсосот», «ҳаяҷон» ва ғ.).

Таркибҳои ҳуқуқӣ – ифодаи нусхавии ҳодисаҳои ҳуқуқӣ, воситаи танзими нусхавии ин ё он муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Дар санадҳо таркибҳои ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд. Масалан, таркиби ҷиноят, таркиби (сохти) шартномаи гражданӣ. Танзими ин қабил муносибатҳо маҳз истифодаи нусхаҳои ҳуқуқиро металабад.

Қоидаҳои ифодаи мазмуни санадҳои меъёрӣ дар баробари истилоҳоти ҳуқуқӣ ва таркибҳои ҳуқуқӣ қисми муҳими техникаи ҳуқуқӣ мебошанд. Онҳо намудҳои зерин доранд: 1) тарзҳо ва қоидаҳои ифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар санадҳо; 2) қоидаҳои услубӣ; 3) қоидаҳои забонӣ.

Ғайр аз ин тарзҳо боз қоидаҳои ифодаи меъёрҳои ҳуқуқ дар санадҳо ҳастанд, аз қабили: ифодаи муттасили (пайдарпаи) меъёрҳо; ифодаи ихчамии (зичи) меъёрҳо; ягонагии мазмуни меъёрҳо; набудани ихтилофоти байни меъёрҳо; мувофиқ будани мазмуни санад ба номаш; истифодаи меъёрҳои ишоравӣ бо мақсади истиснои нуқсонҳои санадҳо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *