Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун илм ва фанни таълимӣ

Нақшаи кор:

  1. Назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун илм
  2. Мавқеи назарияи ҳуқуқ ва давлат дар низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ
  3. Аҳамияти назарияи давлат ва ҳуқуқ барои илми ҳуқуқи молиявӣ
  4. Сохти илми назарияи ҳуқуқ ва давлат

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун илми ва фанни таълимӣ чиро меомӯзад?
    1. Назарияи давлат ва ҳуқуқ бо кадом илмҳои ҷамъиятӣ алоқаманд аст?

Рӯӣхати адабиёт:

  1. Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. — М., 1990.
  2. Венгеров А. Б. Теория государства и права. — М., 1998.
  3. Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  4. Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. — М., 1997.
  5. Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. — М., 1998.
  6. Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  7. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1) Назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун илм

Назарияи ҳуқуқ ва давлат – маҷмӯи донишҳои айнӣ ва мураттабгаштаи илмӣназариявӣ ва методологӣ аст, ки тавассути онҳо воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ дарк карда мешавад.

Мавзӯи назарияи ҳуқуқ ва давлатро қонуниятҳои умумии пайдоиш, инкишоф ва амали ҳуқуқу, давлат ва дигар ҳодисаҳои иҷтимоии бо онҳо алоқаманд ташкил медиҳад.

Ҳуқуқ ва давлат объектҳои умумии омӯзиши назарияи ҳуқуқ ва давлатанд. Аммо давлат ва ҳуқуқ аз ҷониби илмҳои дигар низ таҳлил мешаванд (масалан, фалсафа, сотсиология, илмҳои таърихии ҳуқуқӣ ва ғ.). Ин илмҳо ҳуқуқу давлатро аз нигоҳи худ, тавассути усулҳои махсус меомӯзанд. Масалан, таърихи ҳуқуқ ва давлати кишварҳои хориҷӣ таърихи ташаккулу инкишофи институтҳои ҳуқуқиву давлатиро таҳлил мекунад. Сотсиология ҷиҳатҳои сотсиологии ҳуқуқ ва давлатро бо истифодаи усулҳои сотсиологӣ меомӯзад. Назарияи ҳуқуқ ва давлат бошад қонуниятҳои умумии ҳуқуқ ва давлатро новобаста аз кишварҳои мухталиф ва бо истифодаи усулҳову принсипҳои методологӣ муайян мекунад.

Ҳуқуқ ва давлат объектҳои умумии назарияи муосири ҳуқуқ ва давлат буда, дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои дигари ҷамъиятӣ – сиёсат, маданият, шуур, психология, иқтисод ва ғ. тадқиқ мешаванд.

Назарияи ҳуқуқ ва давлат ҳамчун фанни таълимӣ маҷмӯи донишҳои ҳукуқиву давлатшиносӣ буда, воқеияти ҳуқуқиву давлатиро меомӯзад. Ҳамчун фанни таълимӣ аз донишҳои назариявӣ иборат буда, илман асосонок карда шуда, то имрӯз зинаҳои амалӣ ва иҷтимоиро гузаштаанд. Чунин донишҳо мазмуни зеҳнӣ дошта метавонанд, чунки аз шуур ва ҷаҳонбинии лектор вобастаанд.

2. Мавқеи назарияи ҳуқуқ ва давлат дар низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ

Назарияи давлат ва ҳуқуқ бо илмҳои зерини ҷамъиятӣ равобити фарҳангӣ дорад.

Фалсафа илмест дар бораи принсипҳои умумии ҳастӣ ва маърифат, муносибати инсон ба олам, қонунҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур.

Сотсиологияилмест дар бораи ҷамъият ҳамчун низоми ягона, институтҳо, равандҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ. Он бо дигар илмҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла назарияи ҳуқуқ ва давлат алоқаманд аст. Бисьёр усулҳои сотсиологӣ дар илмҳои ҷудогона истифода мешаванд. Дар донишкадаҳои илмии ҳукуқӣ, иқтисодӣ, психологӣ, сиёсӣ, тиббӣ ва ғ. тадқиқотҳои зиёди сотсиологӣ гузаронида мешаванд. Назарияи ҳуқуқ ва давлат низ аз усулҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебарад, зеро худи ҳуқуқ ва давлат ҳодисаҳои сотсиологӣ буда, обекти таҳлили сотсиологӣ мебошанд. Солҳои охир илми нав – сотсиологияи ҳуқуқ ва давлат ташаккул ёфта истодааст. Дар ин ҷабҳа тадқиқотҳои илмӣ-сотсиологӣ давом доранд.

Сиёсатшиносӣ илмест, ки сиёсат, муносибатҳои сиёсӣ, низоми сиёсиро меомӯзад. Масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ, низоми сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ то имрӯз дар собиқ субектҳои ИҶШС дар доираи фанни анъанавии назарияи давлат ва ҳуқуқ омӯхта мешуданд. Дар байни илмҳои ҷамъиятӣ сиёсатшиносӣ бо назарияи ҳуқуқ ва давлат наздиктар аст. Аз як тараф, як қатор масъалаҳои сиёсатшиносӣ пештар мавзӯи назарияи анъанавии давлат ва ҳуқуқро ташкил медоданд, ба монанди, низоми сиёсӣ, ҳокимият, демократия ва монанди инҳо. Этика – илми фалсафавӣ аст, ки ахлоқро чун шакли шуури ҷамъиятӣ, яке аз тарафҳои муҳими ҳаёти инсон, ҳодисаи махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ меомӯзад. Масъалаи ахлоқ дар илмҳои ҳуқуқӣ низ таҳлил мешавад. Таносуби ахлоқ ва ҳуқуқ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ҷавобгарии ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ масъалаҳои марказии назарияи ҳуқуқ ва давлат буда, дар ҳамаи давраҳои инкишофи он омӯхта мешуданд. Психология илмест дар бораи қонуниятҳо ва омилҳои ҳаёти психикии инсон ва ҳайвонот. Яке аз намудхои он психологияи юридикӣ аст, ки бо назарияи ҳуқуқ ва давлат вобастагӣ дорад. Ҳуқуқ, чи тавре маълум аст, танзимсозандаи рафтори одамон аст. Вале инсон дорои унсурҳои муайяни психикӣ аст, ки механизми психологии рафтори шахсро ташкил медиҳад (қобилият, тамоилҳои арзишӣ, тафаккури фардӣ ва ғ.).

Таърих, археология, этнография низ бо назарияи ҳуқуқ ва давлат алоқаманданд. Илмҳои таърихӣ қонуниятҳои пайдоишу инкишофи ҷамъияти инсониро меомӯзанд. Мавзӯи омӯзиши онҳо ниҳоят васеъ аст: таърихи маданият, санъат, адабиёт ва ғ. Таърихи пайдоишу инкишофи давлатҳои мухталифи ҷаҳон, сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ низ аз ҷумлаи обекти тадқиқи таърихианд.

3. Аҳамияти назарияи давлат ва ҳуқуқ барои илми ҳуқуқи молиявӣ

Пеш аз муайян намудани аҳамияти назарияи давлат ва ҳуқуқ аввало, ба мафҳум, предмет (мавзӯъ) ва методи (усули) илми ҳуқуқи молиявӣ сарфаҳм рафтан лозим аст. Дар истифодаи мафҳуми «ҳуқуқи молиявӣ» бояд ба ҳисоб гирифт, ки он се маънӣ дорад: а) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; б) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи илми хуқуқшиносӣ; в) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Ҳоло мо ҳуқуқи молиявиро ҳамчун соҳаи илми хуқуқшиносӣ баррасӣ хоҳем кард.

Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун илм маҷмӯи донишҳо, ғояҳо, тасаввурот, назариёт оид ба низоми меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, қонунияти инкишофи онҳо, амалияи татбиқ ва такомули муносибатҳое мебошад, ки дар ҷараёни таъсис додан, тақсим ва истифода кардани фондҳои маблағ аз тарафи давлат ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ба миён меоянд. Дар доираи ҳуқуқи молиявӣ соҳаҳои нисбатан мустақили илми ёуцуц; ҳуқуқи бонкдорӣ, ҳуқуқи муомилоти асъор, ҳуқуқи андозбандӣ, ҳуқуқи соҳаи буҷет ташаккул ёфтаанд, ки аз рӯи предмет (мавзӯъ) ва усули тадқиқот ба як илми доманадор муттаҳид гардидаанд.

Предмети (мавзӯи) илми ҳуқуқи молиявӣ меъёру институтҳои (тартиботи) ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои молиявию ҳуқуқӣ; қонунгузории молиявӣ; тамоили инкишофи танзими молиявию ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; таҷрибаи пешқадами хориҷии танзими молиявию ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.

Усулҳои илми ҳуқуқи молиявӣ. Ҳуқуқи молиявӣ барои идроки зуҳуроти молиявию ҳуқуқӣ усулҳои тадқиқоти расмии догматикӣ, мушаххаси сотсиологӣ, муқоисавӣ ва муқоисавии таърихӣ ва ҳамчунин усулҳои умумиилмиро татбиқ менамояд ва ба принсипу қонунҳои фалсафа асос меёбад.

Тамоили соҳаҳои илми ҳуқуқи молиявӣ бо назарияи давлат ва ҳуқуқ сахт алоқаманд аст, ки он ҳамчун илми бунёдгузор нисбати илми ҳуқуқи молиявӣ вазифаи методологиро баҷо меоварад. Чунончӣ, мафҳумҳои (меъёрҳои ҳуқуқ, намудҳои онҳо, муносибатҳои ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ, предмет ва усули танзими ҳуқуқӣ ва ғайра) муайянкардаи назарияи давлат ва ҳуқуқ асоси тадвини (эҷоди) мафҳумҳо ва категорияҳои дахлдори соҳавӣ мебошад.

Тамоми дониши ҳосилкардаи назария, ки қонунияти умумии рушду фаъолияти давлат ва ҳуқуқро муайян менамояд, дар тадқиқотҳои молиявию ҳуқуқӣ, қонунгузории молиявӣ ва китобҳои дарсӣ инъикос ёфтааст. Ҳамин тариқ, мазмун ва номгӯи принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ тағйир ёфт, андозҳоро бошад, на танҳо чун воситаи қонеъ гардонидани талаботи давлатӣ, балки умуман тамоми ҷомеа низ шинохтанд, муқаррар ва ҷорӣ намудани онҳоро илман асоснок карданд. Дар низоми қонунгузории молиявӣ меъёрҳое муқаррар шудан гирифтанд, ки барои шаҳрвандон на танҳо доир ба ҳуқуқи рафтори шаҳрвандон, балки ҳамчунин ҳуқуқи аз тарафи дигар талаб кардани муносибатҳои ҳуқуқии рафтори дахлдорро муқаррар менамоянд, ки дар ин консепсияи умуминазариявии масъулияти муштараки шахс ва давлат зуҳур ёфт.

Барои илми ҳуқуқи молиявӣ аҳамият доштани назарияи давлат ва ҳуқуқ ва алоқамандии онҳоро ба ин тарз нишон додан мумкин аст: назарияи давлат ва ҳуқуқ – ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун илм – ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Оқибат назарияи давлат ва ҳуқуқ на фақат ба илми ҳуқуқи молиявӣ, балки ба фанни дахлдори таълимӣ низ таъсири худро мерасонад. Чунончӣ, адабиёти таълимии молиявию ҳуқуқии нав «масъулияти молиявӣ», «масъулияти андозӣ», «фанни молия», «сиёсати молиявию ҳуқуқӣ», «сиёсати андоз», «ҳуқуқвайронкунии молиявӣ», «ҳуқуқвайронкунии андозӣ», барин мавзӯҳоро дар бар гирифтааст, ки солҳои пеш умуман арзи вуҷуд надошт.

4. Сохти илми назарияи ҳуқуқ ва давлат

Назарияи ҳуқуқ ва давлат ба ду қисми асосӣ тақсим мешавад: 1) назарияи умумии ҳуқуқ ва 2) назарияи умумии давлат. Назарияи умумии ҳуқуқ мафҳум, моҳият, шаклҳо ва функсияҳои ҳуқуқро меомӯзад. Мавзӯи назарияи умумии давлатро қонуниятҳои пайдоишу инкишофи давлат, шаклу нақши иҷтимоии он ташкил медиҳад.

Назарияи умумии ҳуқуқ дар навбати худ аз қисмҳои зерин иборат аст:

а) фалсафаи ҳуқуқ (методологияи ҳуқуқ, мафҳумҳои ҳуқуқ, консепсиву назарияҳои ҳуқуқ, фаҳмиши ҳуқуқ, арзиши ҳуқуқ ва ғ.);

б) сотсиологияи ҳуқуқ (ҳуқуқ ва ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, сабабҳои ҳуқуқшиканӣ дар ҷамъият);

в) назарияи позитивии ҳуқуқ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқӣ, амалишавии ҳуқуқ, татбиқи ҳуқуқ, маънидодкунии ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, таркиби ҳуқуқшиканӣ).

Солҳои охир дар натиҷаи истифодаи васеи усулҳои мантиқӣ, муқоисавӣҳуқуқӣ равияҳои нав ва вобаста ба онҳо қисмҳои нави илми муосири ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд:

г) мантиқи ҳуқуқ (истифодаи қоидаҳову қонунҳои мантиқи шаклӣ нисбати ҳуқуқ);

д) назарияи муқоисаи ҳуқуқӣ (омӯзиши институтҳои ҳуқуқии давлатҳои мухталиф бо истифодаи усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ).

Дар дохили равияҳои номбаргашта дар натиҷаи махсусгардӣ ва мушаххасгардии донишҳои умуминазариявӣ тамоилҳои хусусӣ пайдо шудаанд: кибернетикаи ҳуқуқӣ дар фалсафаи ҳуқуқ, психологияи ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ дар сотсиологияи ҳуқуқ, назарияи техникаи ҳуқуқӣ, маънидодсозии ҳуқуқ дар назарияи позитивии ҳуқуқ.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *