Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Ҷумҳурии тоҷикистон, сохт ва рукнҳои давлатдории он

1. Давлатдории халқи тоҷик дар замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав

Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад, ки таърихшиносон онро шартан ба замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҷудо кардаанд.

Бинобар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар ҳазорсолаи III пеш аз милод дар ҷанубу ғарби Эронзамин давлати Элам вуҷуд дошт, ки дар қатори давлатҳои тараққикардаи замони қадим — Бобул ва Шом (Ассирия) меистод. Дар асри ХVI пеш аз милод дар саргаҳи дарёҳои Даҷла ва Фурот давлате бо номи Митан, дар асри ХII пеш аз милод дар шимолу ғарби Эронзамин давлати Мана ба вуҷуд меоянд. Дар яке аз сарчашмаҳои мӯътамади адабиву таърихии халқи тоҷик — «Авасто» мафҳумҳои «даҳю» ба мазмуни вилоят ва «даҳюсасти» ба маънии иттиҳоди вилоятҳо дучор мешавад. Манбаъҳои асотирӣ пайдоиши аввалин нишонаҳои маъмурияти давлатиро ба давраи Кайқубод нисбат медиҳанд.

Дар асрҳои Х-IХ пеш аз милод подшоҳии Бохтар бо иқтидори иқтисодиву ҳарбиаш дар радифи давлатҳои Мод ва Ассирия қарор дошт. Давраи мушаххаси ташаккули аҷдоди халқи тоҷик дар ҳазораи якуми то солшумории мо, пеш аз ҳама дар каламрави аввалин давлати умумиэронии Ҳахоманишиҳо (соли 550 пеш аз милод) ҷараён ёфтааст. Дар ин давлат тамоми халқиятҳои қадими эронӣ, ки баъдан дар асоси онҳо халқи тоҷик ташаккул ёфт, — суғдиён, бохтариҳо, тахориҳо, хоразмиҳо, марғониён, портҳо, сакҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва асосгузорони ин давлат — Куруши Кабир ва Доро буданд. Ин давлат минтақаи хеле васеъро аз Халиҷи Форс дар ҷануб то дарёи Сир дар шимол, дар шарқ аз Бадахшон ва дар ғарб то баҳри Хазар ва Шарқи Наздик дар бар мегирифт. Мақсади лашкаркашиҳои Куруши Кабир, чунонки таърихшиносон хулоса кардаанд, на мақсади истилогарона, балки дар ҳайати як давлати мутамарказ муттаҳид намудани халқиятҳо ва қавму қабилаҳо буд. Сохти давлатдории империяи Ҳахоманишиҳо барои ҳамон давра намунаи олии давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳокимияти олӣ дар дасти шоҳаншоҳ буда, ҳукми ӯ тағйирнопазир ва иҷрои он ҳатмӣ буд. Шӯрои машваратӣ вуҷуд дошт, ки масъалаҳои фавқулоддаи давлатдорӣ, аз қабили эълони ҷангу сулҳ ва интихоби вориси тахту тоҷро ҳал мекард. Артиши доимамалкунандаро бевосита худи шоҳ идора мекард. Идораи маъмурӣ аз се девон ё вазорат — девони молия, суд ва артиш (корҳои ҳарбӣ) иборат буда, сарварони онҳоро худи шоҳ таъин менамуд. Тамоми қаламрав ба 24 воҳиди марзиву маъмурӣ тақсим мешуд, ки онҳоро хшатрапия ё сатрапияҳо меномиданд. Чунин сохтори сиёсиву маъмурӣ хеле самаранок буда, ба туфайли он империяи Ҳахоманишиҳо 200 сол арзи вуҷуд кардааст.

Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба Куруши Кабир тааллуқ дорад, ки таърихи 2500-сола дорад. Маҳз дар ҳамин санади қадимаи ҳуқуқӣ бори нахуст

арзишҳои башарие, аз қабили манъ будани ҷабру ситам, барҳам додани ғуломӣ, бе пардохти арзиши воқеӣ нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоби дину мазҳаб, фардияти ҷиноят ва ҷазо, ҳуқуқи озодона интихоб намудани ҷои зист, хусусияти инфиродӣ доштани амали ҷинояткорона ва сазовори ҷазо эътироф намудани танҳо шахси содирнамудаи ҷиноят ва ғайра инъикос шудаанд, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд. Меъёрҳои ин Эъломия бо ибораҳои «ман то рӯзе, ки зинда ҳастам» ё «то рӯзе, ки подшоҳ ҳастам» оғоз ёфта, сипас андешаҳои арзишманди марбут ба ҳуқуқи инсон ифода карда мешаванд.

Иқтибоси зерин аз матни Эъломияи Куруши Кабир ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорӣ аст: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад (интихоб кунад) ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад»1.

Дар ин меъёр се арзиши демократӣ — озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷои зист, поймол накардани ҳаққу ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст. Ин меъёрҳо мундариҷаи асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10-уми декабри соли 1948-ро ташкил додаанд, ки барои тамоми кишварҳои узви СММ сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

1 Матни Эъломияи ҳукуқи башари Куруши Кабир //Маҷаллаи фарҳанги Ориёно. Шумораҳои 7-8. — Душанбе, 2000

Аз ҷумлаи давлатҳои қадими аҷдодони мо — Бохтар буд, ки дар асрҳои VII-VI пеш аз милод вуҷуд дошта, қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, шимоли Афғонистон, хулоса, беш аз 27 шаҳр — давлатҳои хурдро дар бар мегирифт. Кишти ғалладона, боғу токпарварӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва обёрии сунъӣ шуғли асосии бохтариҳои қадим буданд.

Бохтар ба музофотҳои хурд-хурд тақсим шуда, ҳокимони он дар масъалаҳои идоракунӣ соҳибихтиёр буданд, аз номи худ пул сикка мезаданд ва дастаҳои ҳарбӣ низ доштанд. Дар асри IV милодӣ Бохтар аз ҷониби Искандари Мақдунӣ забт карда шуд ва дар ҳудуди он давлати Юнону Бохтар ба вуҷуд омад.

Тахминан дар як замон бо давлати Бохтар, яъне то аввалҳои асри VI пеш аз милод дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна давлати Суғд арзи вуҷуд дошт, ки то асри IХ милодӣ побарҷо буд. Ин давлат дар ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё воқеъ гардида, пойтахташ Мароқанд (Самарқанд) ба шумор мерафт. Шакли давлатдории Суғд конфедеративӣ буд, яъне Суғд аз иттиҳоди шаҳр — давлатҳое иборат буд, ки дар атрофи як марказ муттаҳид шуда буданд, ба монанди Мароқанд, Бухоро, Насаф, Яғноб, Масхо (ҳозира Мастчоҳ), Шош (Тошканд), Марғиён (Марғелон), Диззак ва ғайра. Шоҳи тамоми Суғдро ихшид меномиданд. Тарзу усули давлатдорӣ дар Суғд хеле пешқадам буд. Ташкили корҳои идорӣ ва хоҷагӣ дар асоси қонунҳои умумидавлатӣ сурат мегирифт. Тамоми фаъолияти идораҳо чи дар марказ ва чи дар маҳалҳо ба қайд гирифта мешуд, ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар хазинаҳои махсус — бойгониҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Қонунгузории ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва дуздӣ ҷазоҳои сахтро пешбинӣ мекард. Масалан, барои куштор на фақат худи ҷинояткор, балки тамоми авлоди ӯро ба қатл мерасониданд, барои дуздӣ дасту по мебуриданд ва ё бадарға мекарданд. Аз кӯҳи Муғ (ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Айнӣ) бисёр ҳуҷҷатҳо пайдо карда шудаанд, ки мувофиқи хулосаи таърихнигорон он ҳуҷҷатҳоро ҳокими Панҷакент — Деваштич ҳангоми ҳуҷуми арабҳо бо мақсади аз нобудшавӣ эмин доштани ба он ҷо бурда будааст. Яке аз намунаҳои аҳднома эмин доштан никоҳ, ки дар садаи ХХ дастоварди муҳими ҳуқуқи оила ба шумор меравад, аз ҳамин кӯҳи Муғ дарёфт шудааст. Эҳсоси ватанхоҳӣ ва ҷасорати суғдиён ба дараҷае буд, ки ҳатто Искандар бо урдуи бешумораш натавонист онро тасхир кунад. Оқибат ӯ духтари яке аз ашрофони бонуфузи Суғд Оксиарт — Рухшонаро ба занӣ гирифта, қаҳрамони мардумӣ Спитаменро ба воситаи як гурӯҳ массагетҳои хоин ба қатл расонид ва соли 327 Панҷакент — охирин паноҳгоҳи суғдиёнро ишғол кард.

Дар радифи Бохтар, Суғд, Хоразм ва Марғиён Уструшана (Сурушана, Истаравшан) низ давлати қадими аҷдодони тоҷик ба шумор мерафт, ки дар «Авасто» ҳамчун кишвари дурахшон зикр шудааст. Ин давлат аз қадим аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар чорраҳаи корвонгузар воқеъ гардида, дар давоми 1500 сол самти шимолии «Роҳи абрешим» аз ҳудуди он мегузашт.

Давраи муҳими таърихи давлатдории тоҷикон ба замони Сосониён (солҳои 226-651 милодӣ) рост меояд, ки 425 сол давом кардааст. Ин империяи бузург аз Халиҷи Форс то дарёи Ому доман паҳн карда буд. Давраи аввалини ташаккули забони адабии имрӯза — форсии дарӣ ва ташаккули халқи тоҷик дар қаламрави давлати Сосониён сурат гирифтааст. Шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Марв, Балху Ҳирот гаҳвораи ташаккули халқи тоҷик, забон, адабиёт, фарҳанг ва давлатдории миллӣ ба шумор мерафтанд. Маҳз дар ин давра Борбади Марвазӣ, ки соли 1990 1400-солагии зодрӯзаш дар кишварамон бошукӯҳ қайд карда шуд, гули сари сабади дарбори Сосониён буд. Матни пурраи «Авасто» низ дар ҳамин давра тартиб дода шудааст.

Давлати Сомониён — нахустин давлати мутамаркази тоҷикон (солҳои 819-999) ба шумор меравад. Саромади ин сулолаи ҳукмрон — Сомонхудот буда, набераҳои ӯ — Нӯҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чоч ва Истаравшан ва Илёс дар Ҳирот солҳои 819-820 ҳоким таъин шуда буданд. Ташаккул ва ба авҷи баланд расидани ин давлатдорӣ бо номи Исмоили Сомонӣ (Исмоил ибни Аҳмад (849-907) алоқаманд аст. Маҳз тавассути маҳорати баланди давлатдорӣ, адолатпешагӣ ва донишу заковат Исмоил тавонист, ки солҳои 892-907 давлати бузургеро барпо намояд, ки ба ҳайати он Мовароуннаҳру Хуросон, ҳавзаи дарёҳои Ому, Зарафшону Сир (аз Афғонистони Марказӣ ва Хуросони Эрон дар ҷануб, Хоразму Исфиҷобу Ҳафтруд дар шимол, дар

ғарб то баҳри Хазар, дар шарқ то Помиру Олой) ворид гаштанд.

Сомониён дастгоҳи мутамаркази давлатиро бунёд карда буданд, ки иборат аз 10 девон буда, идоракунии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, корҳои шаҳрвандию ҳарбӣ, хазинаи давлатӣ, алоқа ва ғайраро дар бар мегирифт ва сарвари девонҳоро «Ҳоҷиби бузург» меномиданд. «Савон-ул-ҳикмат» — китобхонаи бузурги аҳди Сомониён шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт. Зиндагӣ ва эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Берунӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик дар ҳамин айём сипарӣ гаштааст. Забони давлатӣ — забони тоҷикӣ буда, ҳатто баъди таназзули давлати Сомониён то асри ХIХ низ дар таркиби давлатҳои дигар ҳамчун забони коргузории давлатӣ мавриди истифода қарор доштааст.

2. Давраи шӯравии рушди давлатдории тоҷикон

Давраи дигари давлатдории тоҷикон аз нимаи дуюми асри ХIХ то соли 1991- марҳилаи нави эҳёи давлати миллии тоҷиконро фаро мегирад. Чунон ки дар боло зикр намудем, баъди таназзули Давлати Сомониён халқи тоҷик аз давлатдории миллӣ маҳрум монда буд ва дар ҳудуди давлатдориҳои бегона зиндагӣ мекард. То замони ҳамроҳ шудан ба Россияи шоҳӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ се давлати истибдодии феодалӣ — Аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хива вуҷуд доштанд ва аҳолии ин давлатҳоро асосан тоҷикон ташкил медоданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Россияи подшоҳӣ ба забти сарзаминҳои Осиёи Марказӣ машғул шуда, хонигарии Қӯқандро барҳам дод ва Аморати Бухоро ва хонигарии Хиваро вассали худ эълон намуд.

Соли 1867 дар заминҳои ба ихтиёри Россия ҳамроҳшуда генерал — губернатории Туркистон таъсис дода шуд. Ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва қисми зиёди Бадахшон, инчунин вилоятҳои Самарқанду Фарғона ба генерал — губернаторӣ муттаҳид шуда, Бухорои шарқӣ ва қисмати ғарбии Бадахшон ба ҳайати Аморати Бухоро ворид карда шуданд. Баъди шикасти Империяи Россия ва ғалабаи Инқилоби Октябр масъалаи эҳёи давлати миллии тоҷикон бо сабаби вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ҷанги дурударози гражданӣ ва афзалияти сиёсати пантуркистӣ, бесаводии қисми зиёди сокинони ин сарзамин ва паст будани худшиносии иҷтимоӣ зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд.

Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ соли 1918 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон ва соли 1920 ҷумҳуриҳои Халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис ёфтанд. Моҳи октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми Комитети Иҷроияи Марказии ИҶШС қарор кард, ки дар ин сарзамин бо мақсади ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ тақсимоти милливу ҳудудӣ гузаронида шавад.

Дар натиҷаи ин тақсимот бо қарори КИМ ИҶШС аз 27 октябри соли 1924 дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Туркманистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қазоқистон, вилояти мухтори Қароқирғиз (Қирғизистон) дар ҳайати ҶШСФР ва вилояти мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон таъсис дода шуданд.

Ҳамин тавр, санаи таъсиси ҶМШС Тоҷикистон 27-уми октябри соли 1924 мебошад. Ба ҳайати он вилоятҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент, Ӯротеппа, Ғарм (водии Рашти имрӯза) ва ВМКБ дохил шуданд ва ҳамон вақт аҳолии ҶМШС Тоҷикистон 739,5 ҳазор нафар ва масоҳаташ 135,6 ҳазор километрро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки дар ин тақсимоти милливу ҳудудӣ дар масъалаи ба назар гирифтани манфиат ва талаботи воқеии тоҷикон ба давлати миллӣ ва шумораи аслии тоҷикон ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода шуд. Сиёсати нодурусти миллӣ ба дараҷае буд, ки ҳатто Комиссариати корҳои миллии ҶМШС Туркистон барои амалӣ намудани тақсимоти миллӣ ба ҷуз шӯъбаҳои ӯзбекиву туркманӣ, қирғизӣ ва миллатҳои хурд ташкили шӯъбаи тоҷикиро раво надид[1].

Ҳамагӣ се рӯз пеш аз ҳалли тақдири миллати тоҷик Тоҷикистон бо овози машваратӣ дар ҳайати Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев ва М. Саидҷонов ба комиссияи тақсимот дохил карда шуд ва ба намояндагони зикршуда аз ҷониби пантуркистон фишори зиёд оварда мешуд.

Марказҳои фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик — Бухорову Самарқанд, сарзаминҳои дар тӯли садсолаҳо тоҷикнишин ба эътибор гирифта нашуданд, аҳолии тоҷикро дар баъзе шаҳрҳо дар ҳуҷҷатҳо саросар ӯзбек нишон дода, дар натиҷа ҳуқуқи мардуми тоҷик ба худмуайянкунии миллӣ поймол карда шуд.

26-уми ноябри соли 1924 дар Тошканд мақоми роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Мухтор — Кумитаи инқилобӣ дар ҳайати раис — Нусратулло Махсум ва муовинонаш — Б. Додобоев ва Р. Бобоҷонов таъсис ёфт ва Душанбе пойтахти ҷумҳурӣ интихоб карда шуд. Дар таърихи давлатдории нави тоҷикон санаи 28-уми апрели соли 1929 бо қабул шудани нахустин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон хотирмон аст. Инчунин дар моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Анҷумани III Шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон округи Хуҷанд бо ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодому Ашт ва Исфара ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил карда шуд ва бо ҳамин шумораи аҳолӣ ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расид, ки ин барои таъсиси ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ асос гардид. 16-уми октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкили ҶШС Тоҷикистон қарор ва изҳорот қабул намуд ва ниҳоят бо қарори Aнҷумани VI Шӯроҳои ИҶШС моҳи марти соли 1931 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати ИҶШС пазируфта шуд.

Аз моҳи октябри соли 1929 то рӯзи эълон шудани Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24-уми августи соли 1990 — марҳилаи инкишофи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бо вуҷуди набудани истиқлолияти давлатӣ дар ин давра ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар — илму маориф, фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт, сохтмон, тиб ва ғайра инкишоф ёфтанд. Таҳлили муфассали ин давраро Шумо метавонед аз китобҳои таърих мутолиа кунед. Аз ислоҳоти давра ба давраи ҳуқуқ танҳо ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба давраҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ИҶШС дар Тоҷикистон 4 маротиба — солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул шудааст.

Дар оғози солҳои 90-ум дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбиши истиқлолхоҳӣ ва мубориза барои бунёди давлатҳои миллӣ авҷ гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон низ аз ин ҳаракати умумииттифоқӣ дар канор намонд. Тоҷикистон бештар ба давлатдории нав эҳтиёҷ дошт, зеро баъд аз таназзули охирин давлати мутамаркази тоҷикон — Давлати Сомониён миллати тоҷик ҳазор сол аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов «мо дар тӯли ҳазор сол сиёсати давлатии ҳифзи тамомияти марз ва сиёсати ваҳдати миллӣ надоштем, зеро давлат надоштем. Дар чунин вазъ давлати мо ҳамон маҳалли мо буд ва сиёсати давлати мо ҳифзи якпорчагии маҳалли мо ва суннатҳои хоси маҳаллӣ буд»[2]. Ҳамин тавр, таърих имконияти хубе фароҳам овард, ки тоҷикон дубора соҳиби давлати миллии худ шаванд ва имрӯз мову шумо дар чунин давлати соҳибистиқлол, ки номаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зиндагӣ мекунем.

3. Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ — умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ — Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, асъори миллӣ — сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.

Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 700 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 350 км тӯл кашидааст. Дар шимол Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қисман бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҷанубу шарқ дар тӯли 430 км бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 1030 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 143,1 ҳазор километри квадратӣ буда, 93 фоизи онро кӯҳсор ва танҳо 7 фоизашро водиҳо ташкил медиҳанд.

Аҳолии Тоҷикистон қариб 7 млн. нафар ва пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист ва беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Шакли идоракунии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, сарварии давлатро Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба ӯҳда дорад, ки аз тарафи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ соли 1999 интихоб гардидааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хоса дошта, аз ҷониби беш аз 130 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар 15 давлати хориҷӣ сафоратхонаҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои 30 ташкилоти байналхалқӣ, 9 намояндагиҳои муассисаву ташкилотҳои СММ фаъолият доранд.

Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.

Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатӣ — «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт

гардид[3]. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба сӯи мустақилияти комил буд.

Бо вуҷуди он, ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, бо вуҷуди ин андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва боигариҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид.

Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамонвақтаи ИҶШС — шаҳри Москва, рух додани табаддулоти давлатӣ бо номи «ГКЧП» (Комитети давлатии вазъи фавқулодда) ва шикасти он ҳама ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи ИҶШС-ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҶТ аз 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шӯрои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд.

Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни ҶТ «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.

Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии Эъломияи истиқлолияти давлатии ҶТ ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд:

  • ҳукмравоии Конститутсия ва қонунҳои ҶТ дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
  • моликияти давлатии ҶТ эълон шудани ҳама корхонаву муассисаҳои давлатӣ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, муомилоти фондҳо ва дигар молу мулк.

Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хоса қайд мекунад ва ин рӯз тибқи қонун рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Маънии истиқлолиятро сарвари давлат мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов хеле дақиқ шарҳ додаанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист,

ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».[4]

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон: асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ

Аз соли 1991- соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 — қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. 24-уми ноябри соли 1991 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони давраи нав раъйпурсии умумихалқӣ барои интихоби Президенти кишвар баргузор шуд ва Раҳмон Набиевич Набиев аз ҷониби кулли шаҳрвандони мамлакат ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардид.

Дар назари аввал чунин менамуд, ки ҳокимияти сиёсӣ мувофиқи талаботи демократия барқарор ва суботи сиёсӣ дар кишвар таъмин шудааст, аммо муқовимати сиёсӣ хеле авҷ гирифта, гирдиҳамоиҳои моҳҳои апрел- майи соли 1992, таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, силсилаи зӯровариҳо ва фишорҳо ба Сарвари давлат ва вакилони халқ, ниҳоят задухӯрдҳои дохилӣ оқибат боиси сар задани ҷанги гражданӣ гардиданд. Моҳҳои май-ноябри соли 2 Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ қарор гирифта, бесомониву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.

Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард ва тавассути ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз барои хомӯш кардани оташи ҷанги гражданӣ замина гузошта шуд. Рӯзи 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия интихоботи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо тарафдории 186 вакил аз 197 вакили ҳузурдошта Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид.

Мардуми шарифи Тоҷикистон савганди Э.Ш.Раҳмоновро дар он лаҳзаҳои таърихӣ бо мароқи тамом шуниданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»

Натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Э.Ш.Раҳмонов буд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Минбаъд тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии Э.Ш.Раҳмонов 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки баъди он кишвар ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагӣ қадам ниҳод.

Аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудани Конститутсия саҳифаи дурахшони китоби таърихи давраи истиқлоли Тоҷикистон аст. Ба ҷонибдории Конститутсия 94,4 фоизи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ овоз дода, моҳиятан роҳи тараққиёти ояндаи худро муайян намуданд. Конститутсияи соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон назир надорад, чунки то ин вақт сохти давлатдорӣ тамоман дигар буд. Акнун Конститутсияро ба тарҳи биное шабоҳат додан мумкин буд, ки аз рӯи он сохтмонро оғоз кардан лозим меомад.

Конститутсия ҳаҷман як китоби начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ: шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса, муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.

Он аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат аст.

Дар муқаддима аз номи халқи Тоҷикистон қабул шудани Конститутсия зикр мешавад, ки комилан дуруст аст. Ин ҳуҷҷати тақдирсозро на гурӯҳи одамон, балки аксарияти мутлақи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ, яъне аз рӯи талаботи ҷомеаи демократӣ қабул кардаанд.

Боби аввал «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дошта, аз 13 модда иборат аст. Дар ин боб хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат, рамзҳои давлатӣ, масъалаҳои дахлнопазирии инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, сохти марзиву маъмурии давлат, кафолати гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравӣ, ҷудо будани дин аз давлат, эътибори олӣ доштани Конститутсия ва мустақиман амал кардани меъёрҳои он, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистонро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, гуногуншаклии моликият ва моликияти истисноии давлат муқаррар карда шудаанд.

Боби дуюми Конститутсия «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» ном дошта, дар он аз вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, роҳу усулҳои кафолати онҳо, инчунин вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд сухан меравад. Ин боб аз 34 модда иборат аст.

Боби сеюм «Маҷлиси Олӣ» ном дошта, аз 16 модда иборат мебошад. Дар он хусусиятҳои парламенти Тоҷикистон, роҳу усулҳои интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои аъзои парламент ва вазъи ҳуқуқии онҳо, шаклҳои фаъолияти ҳар яке аз палатаҳои парламент, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани маҷлисҳои якҷоя, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ, субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, роҳу равиши қабули қонунҳо ва ҷараёни қонунгузорӣ, инчунин, дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти қонунгузории парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудаанд.

Боби чаҳорум аз 9 модда иборат буда, ба вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) бахшида шудааст.

Боби панҷум масъалаҳои сохтор, тарзи фаъолият, ваколат ва мавқеи Ҳукуматро дар низоми ҳокимияти давлатӣ дар бар мегирад.

Боби шашуми Конститутсия вазъи ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллиро фаро гирифтааст.

Дар боби ҳафтум вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудааст. Ҷиҳати характерноки боби мазкур аз он иборат аст, ки Конститутсия танзими салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро ба қонуни алоҳидаи конститутсионӣ ҳавола кардааст.

Боби ҳаштуми Конститутсия ба яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ — суд бахшида шудаааст. Дар он принсипҳои муҳимтарини адолати судӣ, ваколати судяҳо ва мӯҳлати фаъолияти онҳо, шартҳо ва қоидаҳои интихоб ва таъин кардани судяҳо ба мақомоти гуногуни судӣ, салоҳияти Суди конститутсионӣ ва масъалаҳои марбут ба дахлнопазирии судяҳо инъикос ёфтаанд.

Боби нӯҳуми Конститутсия «Прокуратура» ном дорад. Ба мақомоти прокуратура бахшида шудани боби алоҳида шаҳодати мавқеи хоси он дар бобати таҳкими қонуният мебошад.

Ниҳоят, боби охирин ва даҳуми Конститутсия тартиби ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба он дар бар мегирад. Раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва пешрафти давлатро бо дарназардошти характери дунявӣ ва иҷтимоии он моддаи садуми Конститутсия кафолат медиҳад.

Воқеан, асосҳои сохти конститутсионӣ гуфта, чиро дар назар дорем? Инҳо принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Принсипҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.

Муҳимтарин хусусиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона. Маънои соҳибихтиёрӣ хеле васеъ аст, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ — роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.

Дар масъалаи соҳибихтиёрии халқ бояд дар ёд дошт, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист ва ҳокимияти худро бевосита (яъне дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Мафҳуми халқ дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия шарҳ дода шудааст, яъне тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чаро? Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии пуррааш вакили олии халқ аст. Аъзо ва вакили парламентро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.

Акнун дар хусуси демократия сухан меронем. Демократия калимаи юнонӣ буда, маънояш ҳокимияти халқ аст. Ҳокимияти халқ дар ду шакл зоҳир мегардад: дар шакли демократияи бевосита, яъне қабули қарору қонунҳо ё ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим дар интихобот ва раъйпурсиҳо ва дар шакли демократияи намояндагӣ, яъне ба воситаи мақомоти аз тарафи халқ бевосита интихобшудаи намояндагӣ.

Яке аз шаклҳои дигари демократия ҳамин аст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, ассосиатсияҳо, маҳфилҳо, гурӯҳҳо ва ғайраҳо муттаҳид шаванд ва ба ин восита дар амалӣ гардонидани ҳокимият иштирок намоянд.

Маънои давлати ҳуқуқбунёд низ хеле васеъ аст. Чунин тарзи давлатдорӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём аст. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки фаъолияти ҳама — ҳам давлату мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ мебошад. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва, пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти мақомоти давлатиро дорад.

Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсияи соли 1994 инҷониб давлати ҳуқуқбунёд месозад ва аллакай

бисёр нишонаҳои он дар ҳаёт татбиқ шудаанд. Хонандагони азиз агар танҳо ба номгӯи қонунҳое, ки дар китоби «Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» чоп шудаанд, бодиққат нигаранд, хоҳанд фаҳмид, ки ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат нест, ки оид ба танзими он қонун қабул нашуда бошад.

Яъне қонун ба ҳайси танзимгари муносибатҳои ҷамъиятӣ паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти мову шуморо мураттаб месозад. Масалан, барои хонандаи мактаби миёна ва донишҷӯи мактаби олӣ донистани Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» хеле зарур аст, чунки ин санадҳо ҳама масъалаҳои вобаста ба таҳсилро фаро мегиранд ва дар ин санадҳо ҳуқуқу манфиатҳои хонандагону донишҷӯён равшану возеҳ ифода ёфтаанд.

Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо, таҷзияи ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия, инчунин дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд.

Маънои дунявӣ чандон душвору мураккаб нест. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо аз ҳуқуқи баробари вуҷуд доштан бархурдоранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки ба

кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки беш аз 90 фоизи шаҳрвандон дини исломро пайравӣ мекунанд, лекин ин дин аз ҷониби давлат ҳамчун дини асосӣ ё расмӣ эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ҳуқуқи ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои диниро Қонун ба танзим медарорад.

Тоҷикистон давлати ягона мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як Конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона — мутамарказ ва ғайримутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъйин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқӣ пешниҳод менамояд. Мувофиқи моддаи 7-уми Конститутсия Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Дигар хусусияти давлати ягона аз

он иборат аст, ки қувваи мусаллаҳи ягона дорад, ки аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешавад.

Тоҷикистон дар қисми 2-юми моддаи -уми Конститутсияи Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Таъмини некӯаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ — принсипи асосии давлати иҷтимоист. Мафҳуми некӯаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад.

Дигар хусусияти асосҳои сохти конститусионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравист. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонад. Гуногунии мафкуравӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад назария ва ақидаҳои сиёсии худро бемонеа таҳия ва инкишоф диҳад, онҳоро тарғибу ташвиқ намояд. Ҳамон мафкурае роҳ дода намешавад, ки миллатгароӣ, нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хусумат, зӯран сарнагун намудани сохти конститутсионии Тоҷикистонро тарғиб намояд.

Дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятие ҳастанд, ки мафкураи онҳо комилан мухолифи якдигар аст,

масалан, Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби наҳзати ислом. Аммо азбаски онҳо дар доираи қонунҳои кишвар фаъолият мекунанд, ҳуқуқи озодона тарғиб кардани мафкураи худро доранд. Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент низ фаъолият мекунанд, онҳоро мардум аз рӯи ақидаҳои сиёсӣ ва мавқеашон дар ҷомеа ба сифати вакил интихоб кардаанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқи комил доранд, ки манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатҳое, ки қонун ба онҳо додааст, ҳимоя ва пешбарӣ кунанд.

Ниҳоят, яке аз хусусиятҳои дигар — принсипи иқтисоди бозорӣ. Баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асоси ин принсипро ташкил медиҳад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ — рамзҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд. Онҳо рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Ба дидани Парчаму Нишон ва шунидани Суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси маъсулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ бо қонуни ҷиноятӣ сазовори ҷазо дониста мешавад.

Рамзҳои давлатӣ дар низомномаҳои дахлдор инъикос ёфтаанд, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11 декабри соли

1999 тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки дар онҳо намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, чунончи қароргоҳи расмии Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо. Низомномаи мазкур истифодаи тасвири Парчамро ба мақсади ороишӣ низ иҷозат додаст, ба шарте ки ороиши он ба асли тасвири парчам мувофиқат кунад ва нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир карда нашавад.

Нишони давлатӣ аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз 7 ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд, иборат мебошад. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён рӯи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, ҳӯшаҳои гандум, китоб, курсӣ бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст. Бояд гуфт, ки мавриди истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчаму Суруди миллӣ васеътар аст, чунончи шиносномаҳои ҳар яки мову шуморо маҳз Нишони давлатӣ оро медиҳад, инчунин дар ҳама мӯҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишон ҷой дода шудааст.

Агар Парчаму Нишони давлатӣ танҳо ба дидан ҳисси эҳтиром ва ифтихори моро бедор намоянд, шунидани Суруди миллӣ ҳаяҷони касро дучанд мегардонад. Суруди миллӣ рамзи давлатдории миллӣ аст. Тибқи Низомномаи Суруди миллӣ, ки он бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз -уми декабри соли тасдиқ шудааст, эҳтироми Суруди миллӣ ва азёд донистани он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳар кишваре, ки соҳиби истиқлолияти давлатӣ аст, соҳиби пойтахт низ мебошад. Пойтахт мавқеи ҷойгиршавии мақомоти олии ҳокимият, маркази фарҳанг ва инчунин макони ҷойгиршавии намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 декабри соли 1996 шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳисоб меёбад.

Оиннома ва Нишони пойтахт аз мавқеи махсус доштани он дар ҳаёти кишвар гувоҳӣ медиҳад.

04

Забон муқаддастарин рукни давлатдории ҳар миллати дунёст. Маҳз бо шарофати истиқлол ва худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард ва дар Конститутсияи Тоҷикистон (моддаи 2) ба сифати забони давлатӣ эътироф гардид. Ёдрас шудан лозим аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳоест, ки забони хеле қадима дорад. Давраи ниҳоии ташаккули забони тоҷикӣ ба асрҳои IX-X рост меояд. Бо вуҷуди набудани давлатдорӣ дар тӯли асрҳои зиёд забони тоҷикӣ дар аксар кишварҳои Шарқ ба сифати забони коргузории давлатӣ истифода мешуд ва бузургтарин дастовардҳои илму адаби дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ бо ҳамин забон офарида шудаанд. Қабул шудани Қонуни забон дар таърихи 22 июли соли 1989 ба эҳёи фарҳанги нави давлатдорӣ мусоидат кард. Дар Қонуни мазкур манфиати миллатҳои ғайритоҷик оид ба истифодаи забони модариашон ба эътибор гирифта шуда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Асъори миллӣ — сомонӣ нишонаи дигари устувории истиқлоли давлатист. Асъори миллӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карда, муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медарорад. Вазъи мӯътадили иқтисодиёти кишвар дурустии иқдоми Сарвари давлатро дар хусуси ба муомила баровардани асъори миллӣсомонӣ собит мекунад.

Саволҳо:

1. Рукнҳои давлатдориро номбар кунед. 2. Давлатҳои қадимтарини аҷдодони мо кадомҳо буданд ва дар кадом минтақаҳо сукунат доштанд? 3. Сохти давлатдории империяи Ҳахоманишиҳо чӣ гуна буд? 4. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба кӣ тааллуқ дошт? 5. Давлатҳои Бохтару Суғд дар кадом асрҳо вуҷуд доштанд? 6. Давлати Сосониён чӣ гуна давлат буд ва чанд сол ҳукмронӣ кардааст? 7. Давлати Сомониён чӣ гуна сохти давлатӣ дошт? 8. ҶМШС Тоҷикистон кай ва дар чӣ гуна вазъи сиёсӣ ташкил ёфт? 9. Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС чанд маротиба Конститутсия қабул кардааст? 10. Таърифи мафҳуми истиқлолияти давлатиро тибқи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон шарҳ диҳед. 11. Конститутсияи соли 1994 аз чанд боб иборат аст ва кадом масъалаҳоро дар бар мегирад? 12. Хусусияти иҷтимоӣ доштани Тоҷикистонро шарҳ диҳед. 14. Ба фикри шумо, чаро рамзҳои давлатӣ муқаддас эълон шудаанд?


[1] Дар ин бора муфассал ниг.:Тахиров Ф.Т. История государства и права Таджикистана.Т.2,ч.1.(1917-1929); Набиева Р., Зикриёев Ф. Таърихи халқи тоҷик. — Душанбе: Сарпараст, 2001.

[2] Э. Ш. Раҳмонов. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ.Иборат аз 3 ҷилд. Љилди 2. — Душанбе, 2001. — С. 418.

[3] Эъломияи истиқлолияти Љумҳурии Тоҷикистон. //Маҷмўаи қонунҳои Љумҳурии Тоҷикистон.Љилди 1. — Душанбе, 2002.

– С. 8-10.

[4] Э.Ш. Раҳмонов. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ.Љилди 3. — Душанбе, 2001. — С. 668

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *