Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Ҳуқуқ дар низоми меъёрҳои иҷтимоӣ

Нақшаи кор:

  1. Меъёрҳои иҷтимоӣ ва техникӣ
  2. Тасниф ва намудҳои меъёрҳои иҷтимоӣ
  3. Ҳуқуқ ва ахлоқ Рӯйхати адабиёт:
  4. Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. — М., 1990.
  5. Венгеров А. Б. Теория государства и права. — М., 1998.
  6. Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  7. Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. — М., 1997.
  8. Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. — М., 1998.
  9. Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  10. Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1. Меъёрҳои иҷтимоӣ ва техникӣ

Меъёрҳои иҷтимоӣ гуфта қоидаҳои рафтори одамонро дар ҷомеаи инсонӣ меноманд. Азбаски ҳаёти ҷомеа аз соҳаҳои мухталиф ва мустақил иборат аст, меъёрҳои иҷтимоӣ намудҳои ҷудогона доранд: ҳуқуқӣ, сиёсӣ, динӣ ва ғ.

Агар меъёрҳои иҷтимоӣ муносибати байни одамонро танзим намоянд, пас меъёрҳои техникӣ – муносибати одаму табиат, одаму техника, одаму таҷҳизотҳои тахникиро ба низом медароранд. Масалан, қоидаҳои махсуси истифодаи телевизор, яхдон, воситаҳои нақлиёт ва ғ. вуҷуд доранд. Як қисми меъёрҳои техникӣ аҳамияти маишӣ доранд. Онҳо бештар дар ҳаёти ҳамарӯза (дар хона) риоя мешаванд. Қисми дигар умумиҷамъиятианд, аз қабили қоидаҳои истифодаи ҳавопаймоҳо, поезд, сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва м.и. Дар сатҳи аз ҳама баланд (аз нигоҳи манфиати инсон) меъёрҳои техникии дорои аҳамияти глобалӣ қарор доранд, ба монанди қоидаҳои истифодаи стансияҳои барқии атомӣ (АЭС), киштиҳои кайҳонӣ, дигар воситаҳои кайҳонӣ, киштиҳои обии ядроӣ ва м.и. Вобаста ба сатҳи муфидии меъёрҳои техникӣ хатари онҳо ба инсон меафзояд. Масалан, вайрон кардани қоидаҳои истифодаи яхдон дар хона ва стансияи барқии атомӣ мувофиқан ба оқибатҳои гуногун (маишӣ ва экологӣ) оварда мерасонанд. Бо пешрафти илмӣ-техникӣ ва такмили хизматҳои техникӣ хатари онҳо меафзояд. Бинобар он давлат меъёрҳои муҳими техникиро дар қонунҳо мустаҳкам карда, риояи онҳоро бо санксияҳои ҳуқуқӣ таъмин мекунад. Онҳоро меъёрҳои техникӣ-ҳуқуқӣ меноманд.

Меъёрҳои техникӣ-ҳуқукӣ дар соҳаи истеҳсолот ва идоракунӣ амал мекунанд, масалан, қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор, нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, сохтмон, таъмини барқ, нигоҳ доштани моддаҳои тарканда ва м.и. Ин қабил меъёрҳо тамоми хислатҳои меъёрҳои ҳуқуқиро пайдо мекунанд.

2. Тасниф ва намудҳои меъёрҳои иҷтимоӣ

Дар байни меъёрҳои иҷтимоӣ ҷои асосиро меъёрҳои ҳуқуқӣ ишғол менамоянд. Гарчанде ин меъёрҳо баъди меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ, одатӣ, дар ҷамъиятҳои муташаккили сиёсӣ пайдо шудаанд, онҳо дар танзими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҷои аввал мебароянд. Сабаб он аст, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ намудҳои муҳимтарини муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд (ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон, салоҳияти мақомоти давлат, шаклҳои моликият, сиёсати давлат ва м.и.). Ин меъёрҳоро давлат (бо назордошти талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ) муқаррар карда, иҷроиши онҳоро бо чораҳои ҳуқуқӣ тамин месозад.

Меърҳои ахлоқӣ – қоидаҳои рафтори одамон мебошанд, ки муносибатҳои байни онҳоро бо назардошти талабу арзишҳои ахлоқӣ (виҷдон, қадр, номус ва м.и.) танзим мекунанд. Азбаски ахлоқ ғайр аз меъёрҳо, боз принсипҳо, талаботҳо, арзишҳоро дар бар мегирад, дар адабиёт одатан мафҳуми «ахлоқ» ҳамчун як намуди меъёрҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Ахлоқ – ин маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо, арзишҳо, нуқтаи назар аст, ки муносибати одамро бо ҷомеа, давлат, оила, атрофиён танзим мекунанд. Илме, ки ахлоқро меомӯзад этика ном дорад.

Бо ахлоқ меъёрҳои эстетикӣ алоқаманданд. Онҳо қоидаҳо, меъёр ва дарки зебоиро дар ҳаёти ҷомеа ифода мекунанд. Меъёрҳои эстетикӣ дар соҳаи маишат, меҳнат, мафкура, сиёсат, ахлоқ, санъат амал мекунанд. Онҳо ба ҳиссиёт, тасаввурот, рафтори одамон таъсири тарбиявӣ ва танзимӣ мерасонанд ва ба ин тариқа дар ташаккули шакли мувофиқи ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ саҳми муайян мегузоранд. Арзишҳои эстетикӣ ба меъёрҳои дигари иҷтимоӣ таъсир мерасонанд.

Одатҳо – қоидаҳои рафтор мебошанд, ки бо сабаби истифодаи мунтазам риоя мешаванд. Одатҳо аз меъёрҳои ахлоқӣ (одатҳои ахлоқӣ), ҳаёти маишӣ (масалан, қоидаҳои тозагӣ, истеъмоли хӯрок) ва ҳуқуқӣ пайдо мешаванд. Агар ахлоқ дар шуури одамон вуҷуд дошта бошад, пас одатҳо бо психологияи аҳолӣ алоқаманданд. Ахлоқ рафтори одамонро дар асоси арзишҳои ахлоқӣ («некӣ», «бадӣ», «шарм» ва ғ.) танзим мекунад. Одатҳо бошанд дар натиҷаи дарки дохилӣ, эҳсоси рӯҳӣ, ба ҳайси як чизи муқаррарӣ риоя мешаванд. Қисми бештари аҳолӣ қонунҳоро ихтиёран дар асоси эҳсоси дохилӣ риоя мекунанд. Риояи ихтиёронаи қонунҳо одати муқаррарӣ аст. Аъзои ҷомеа дарк мекунад, ки иҷрои қонун як ҷузъи ҳаёти муқаррарӣ аст.

Анъанаҳо низ як намуди одатҳоянд. Вале онҳо бо ҳиссиёт, эҳсосот камтар вобастаанд. Анъанаҳо тавассути паҳн шудани ягон ҳодисаи (масалан, ид, маросим) намунавӣ пайдо мешаванд. Бо ёрии онҳо шаклҳои рафтори аҷдодони пештара нигоҳ дошта мешаванд. Анъанаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа риоя мешаванд, масалан, тӯй, қайд кардани тавлиди фарзанд, ҳимояи рисолаи номзадӣ, рӯзи таваллуд, синни нафақа, хатми мактаби олӣ ва ғ. Анъанаҳо бо ахлоқ (мазмуни ахлоқӣ доранд) ва одатҳо (бо психологияи аҳолӣ вобастаанд) робитаи наздик доранд.

Аммо давлат нисбати одату анаъанаҳо бетараф буда наметавонад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон онҳо тибқи қонун танзим мешаванд.

Меъёрҳои корпоративӣ – қоидаҳои рафтор мебошанд, ки дар ҳуҷҷатҳои (оиннома, низомнома ва ғ.) ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба дарҷ ёфтаанд. Ин меъёрҳо танҳо нисбати аъзоёни ин иттиҳодияҳо эътибор доранд. Онҳо муносибати байни аъзоёни иттиҳодияҳо ва иттиҳодияро бо давлат ва дигар такшилотҳо танзим мекунанд. Барои вайрон кардани меъёрҳои корпоративӣ чораҳои таъсиррасонии ҷамъиятӣ (на ҳуқуқӣ), ки дар ҳуҷҷатҳои онҳо пешбинӣ шудаанд, истифода мешаванд (сарзаниш, аз ҳайати ҳизб хориҷ кардан ва ғ.).

Меъёрҳои корпоративӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳар як иттиҳоди одамон фаъолият ва ҳуҷҷатҳои худро бо назардошти қонунҳо муқаррар мекунад. Аз ҷумла, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳоӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон дар асоси Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд (Конститутсияи Тоҷикистон, моддаи 8). Таъсису фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳоӣ сиёсӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ба такшили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст (м. 8, қ. 5 Конститутсияи Тоҷикистон). Меъёрҳои корпоративӣ таҳти назорати меъёрҳои ҳуқуқӣ ва давлат қарор доранд. Ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мақомоти давлатӣ (вазорати адлия, прокуратура, мақомоти молиявӣ) назорат мебаранд.

Меъёрҳои сиёсӣ бо меъёрҳои корпоративӣ алоқаи наздик доранд. Онҳо дар асоси ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон пайдо мешаванд (моддаҳои 27, 28, 29, 30 Конститутсияи Тоҷикистон). Ин меъёрҳо дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, дар ҷараёни таъсису фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дар маъракаи интихобот истифода мешаванд. Онҳо дар ҳуҷҷатҳои ҳизбҳои сиёсӣ мустаҳкам мешаванд. Қисми дигари меъёрҳои сиёсӣ дар фаъолияти давлат ҳангоми татбиқи ҳокимияти сиёсӣ пайдо мешаванд. Ин меъёрҳо бо савияи мадании сиёсатмадорон алоқаманданд. Як қатор меъёрҳои сиёсӣ чун одату анъанаҳои ҳаёти сиёсӣ инкишоф меёбанд. Онҳо бо ахлоқ, шуур, психологияи роҳбарони сиёсӣ, ходимони сиёсӣ вобастагӣ доранд, як ҷузъи амалияи сиёсӣ мебошанд. Меъёрҳои сиёсӣ бо сиёсати хориҷии кишвар низ алоқаманданд, дар фаъолияти созмонҳои сиёсии байналмилалӣ, шахсони мансабдор (вазири корҳои хориҷӣ, дигар роҳбарони давлат), намояндагони дипломатӣ, муассаҳои дипломатӣ (дар муносибати онҳо бо давлатҳои хориҷӣ) риоя мешаванд.

Меъёрҳои динӣ дар китобҳои муқаддаси динӣ (Библия, Қуръон, китобҳои буддоӣ ва ғ.) дарҷ гардида, рафтори одамонро танзим мекунанд. Дар давлатҳои динӣ (Ватикан, Арабистони Саудӣ, Эрон, Покистон ва ғ.) ин меъёрҳо расмӣ мебошанд ва дар қаламрави давлат риоя мешаванд. Дар давлатҳои дунявӣ (ШМА, Россия, Англия, Тоҷикистон ва ғ.) онҳо ғайрирасмӣ буда, дар фаъолияти ташкилотҳои динӣ (калисо, масҷид, мадраса ва ғ.) амал мекунанд. Меъёрҳои динӣ муносибатҳои байни диндоронро танзим мекунанд. Аммо қонун метавонад асосҳои ҳуқуқии озодии эътиқоди диниро муайян мекунад. Аз ҷумла, Конститутсияи Тоҷикистон (м. 26) муқаррар мекунад, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

Меъёрҳои оилавӣ – қоидаҳои рафтори одамон мебошанд, ки дар оила байни аъзоёни он дар ҳаёти ҳамарӯза пайдо шуда, низоми зарурии оилавиро таъмин мекунанд. Онҳо бештар мазмуни маишӣ дошта, ҳаёти муқаррарии дохили оиларо ва ҳар як аъзои онро дар алоҳидагӣ ба низоми муайян медароранд.

3. Ҳуқуқ ва ахлоқ

Байни ахлоқ ва ҳуқуқ таносуби муайян вуҷуд дорад, ки дар чор шакли асосӣ ифода меёбад: ягонагӣ, тафовут, равобит ва мухолифати эҳтимолии байни ҳуқуқу ахлоқ.

  1. Ягонагии ҳуқуқ ва ахлоқ дар он аст, ки ҳар дуи онҳо намудҳои ҷудогонаи меъёрҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чун меъёри иҷтимоӣ онҳо қоидаҳои рафтори одамонанд. Онҳо муносибатҳои ҷамъиятиро ба низом медароранд. Мақсади онҳо таъмини низоми устувори ҷамъиятӣ дар асоси адолат ва озодӣ аст. Ҳуқуқ ва ахлоқ асоси низоми ҷомеа буда, ҳадди рафтори имконпазир ва ҳатмии инсонро муқаррар мекунанд. Онҳо арзишҳои ҷомеа буда, дар хусуси пешрафти ҳуқуқиву мадании ҷомеаи инсонӣ шаҳодат медиҳанд.
  2. Тафовути ҳуқуқ ва ахлоқ дар шаклҳои гуногун ифода меёбад. Ҳуқуқро давлат тариқи фаъолияти махсус (ҳуқуқэҷодкунӣ) муқаррар мекунад. Ахлоқ бошад маҳсули инкишофи ҷамъият аст ва бидуни фаъолияти махсус, ба таври стихиявӣ пайдо мешавад. Ҳуқуқ дар шаклҳои махсус (қонунҳо, кодексҳо, қарорҳо, фармонҳо ва ғ.) эҷод мешавад. Ахлоқ чунин шаклҳо надорад. Он дар шуури аҳолӣ ҷой дорад. Вале ахлоқ дорои шаклҳои барои худ хоси ифодашавӣ дошта метавонад, ба монанди, асарҳои бадеӣ, рисолаҳои сиёсӣ, тазкираҳо, сарчашмаҳои динӣ. Масалан, «Қобусномаи» Кайковус теъдоди зиёди меъёрҳои ахлоқро инъикос мекунад. Ҳуқуқ бо чораҳои огоҳсозӣ, пешгирӣ, ҷавобгарӣ ва барқароркунӣ таъмин мешавад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ (суд, прокуратура, милиса ва ғ.) татбиқ мешаванд. Ахлоқ бо ин қабил чораҳо таъмин нест. Мақомоти давлат иҷроиши онро таъмин намекунанд. Барои вайрон кардани ахлоқ чораҳои таъсири ҷамъиятӣ (маҳкуми атрофиён, ҷомеа) истифода мешаванд. Барои татбиқи чораҳои маҷбурсозии ҳуқуқӣ тартиби махсуси мурофиавӣ пешбинӣ мешавад. Вале нисбати ахлоқ чунин тартиб нест. Ҳуқуқ муносибатҳои байни одамонро бо роҳи муқаррар кардани ҳуқуқу вазифаҳои тарафҳо, ахлоқ бошад бо истифодаи арзишҳои ахлоқӣ-тарбиявӣ (некӣ ва бадӣ, виҷдон ва бевиҷдонӣ ва ғ.) танзим мекунад. Ҳуқуқ танҳо муносибатҳои муҳимтаринро (моликият, адолати судӣ ва ғ.) мавриди танзим қарор медиҳад. Саҳми амали ахлоқ бошад васеътар аст. Масъалаҳои танзими ахлоқӣ аз дахолати ҳуқуқ берунанд. Масалан, ахлоқ дурӯғгӯӣ, фиреб, бевиҷдониро маҳкум мекунад, лекин барои ин қабил кирдорҳои зиддиахлоқӣ қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ намекунад.

3.Мухолифати эҳтимолии байни ҳуқуқ ва ахлоқ аз он бармеояд, ки онҳо усулҳои мухталифи танзими ҳуқуқӣ доранд, ба рафтори одам ҳар хел баҳо медиҳанд. Агар ҳуқуқ дар қаламрави кишвар ягона ва умумӣ бошад, пас ахлоқ чунин нест. Ҳар як табақа ё гурӯҳи иҷтимоӣ арзишҳои алоҳидаи ахлоқӣ дошта метавонад. Дар натиҷа ахлоқ манфиатҳои гуногуни иҷтимоиро инъикос мекунад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *