Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Усулҳои илмии назарияи ҳуқуқ ва давлат

2.1. Мафҳуми усули илм

Усули илм гуфта маҷмӯи принсипҳо, тарзу воситаҳои таҳлили воқеиятро меноманд.

Дар марҳилаи муосир бинобар мураккабии илм низоми усулҳои илмӣ низ мураккаб гардидааст, ки зарурияти таснифи онҳоро тақозо мекунад. Таснифҳои гуногун ҷой доранд. Ба сифати мисол тақсимотҳои зайлро овардан мумкин аст:

а) усулҳои фалсафавӣ ва махсуси илмӣ;

б) усулҳои сифатӣ ва миқдории воқеият;

в) усулҳои сабабият ва эҳтимолият;

г) усулҳои эксперимент; таҳлили маълумотҳои воқеӣ, сохти назарияи илмӣ ва ифодаи натиҷаҳои илмӣ.

Инкишофи илми муосир, ҷудошавӣ ва махсусгардии илмӣ, ташаккули илмҳои нав, боиси истифодаи усулҳои як илм дар илмҳои дигар мегардад. Вобаста ба ин масъалаҳои байниилмӣ пайдо мешаванд. Инкишоф, мураккабшавӣ ва ҷудошавии усулҳо ба пайдоиши усулшиносӣ, яъне таълимот дар бораи усулҳо оварда расонид.

Усулшиносӣ низоми принсипҳо ва тарзҳои ташкилу фаъолияти илмӣ ва амалӣ, ҳамчунон таълимот оиди ин низом аст. Усулшиносӣ ҳамчун таълимот роҷеъ ба усулҳо аз маҷмӯи донишҳои мукаммали илмӣ иборат аст, ба монанди, сохти назарияи илмӣ, мафҳумҳои илмӣ, усулҳои илмӣ, забони илм ва ғ.

Дар арафаи асри XXI болоравии тадқиқотҳои усулшиносӣ мушоҳида мегардад. Сабабаш инкишофи илми муосир, пайдоиши масоили нави глобалӣ (экологӣ, демографӣ, урбаникӣ, тадқиқи кайҳонӣ), ки зарурияти наздикшавии илмҳои ҷудогона, истифодаи умумии усулҳои онҳоро талаб мекунанд. Дар натиҷа умумигардии усулҳои алоҳидаи илмӣ рӯй медиҳад. Усулҳое ташаккул меёбанд, ки дар якчанд илмҳо татбиқ мешаванд, масалан, кибернетикаи назариявӣ, усули низомнокӣ ва ғ.

2.2. Усулҳои умумиилмӣ ва принсипҳои тадқиқи ҳуқуқу давлат

Дар назарияи ҳуқуқ ва давлат усулҳои зерини умумӣ татбиқ мешаванд.

  1. Усули диалектика, ки усули умумии ҳам илмҳои табиатшиносӣ ва ҳам ҷамъиятӣ аст. Назарияи ҳуқуқ ва давлат низ чун яке аз илмҳои ҷамъиятӣ аз усули қадимтарин, муосир ва универсалӣ – диалектика истифода мебарад. Дар ҷараёни таҳлили воқеияти ҳуқуқиву давлатӣ қонунҳои умумии диалектика, ки дар як маврид қонунҳои табиат, таърих ва тафаккуранд, васеъ истифода мешаванд. Гузаштани тағйиротҳои миқдорӣ ба сифатӣ, ягонагӣ ва муборизаи зиддиятҳо, инкори инкор аз ҷумлаи онҳоянд. Истифодаи бевоситаи онҳоро дар мисоли инкишофи ҳуқуқ дидан мумкин аст. Чунончи, тағйиротҳои миқдорӣ дар қонунгузорӣ (қабули санадҳои нави ҳуқуқӣ, такмили онҳо, кодификатсия) боиси дигаргунии сифатии қонунгузорӣ ва дар баробари ин, тамоми низоми ҳуқуқи мегардад. Инкишофи ҳаёти ҷамиятӣ, пайдоиши масоили нави муҳим, мураккабгардии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба зиддиятҳои нави ҷамиъиятӣ оварда мерасонад, ки дар навбати худ асоси инкишофи минбаъдаи ҳуқуқ мегардад. Санадҳои нави ҳуқуқӣ на дар асоси инкори мутлақи санадҳои пештара, балки такмили онҳо тавлид мегарданд. Ҳуқуқи нав низ тавассути истифодаи анъанаҳои мусбии ҳуқуқи пештара инкишоф меёбад.

Дар илми муосири ҳуқуқ ва давлат категорияҳои диалектика васеъ татбиқ мешаванд. Категорияҳои илмӣ гуфта мафҳумҳои умумӣ ва таърифҳои асосии шаклҳои ҳастӣ ва шуурро меноманд. Миқдор ва сифат, шакл ва мазмун, моҳият ва ҳодиса, сабаб ва натиҷа аз қабили онҳоянд. Чунончи, ҳангоми таҳлили давлат, аз як тараф, мазмуни дохилии он (мафҳум, нишонаҳо, моҳияти давлат), аз тарафи дигар, шаклҳои давлатдорӣ (идоракунӣ, сохтори давлатӣ, режими сиёсӣ) муайян карда мешаванд. Категорияи диалектикии сабаб ва натиҷа дар омӯзиши таркиби ҳуқуқшиканӣ татбиқ мешавад. Чунончи, алоқаи сабабии байни кирдори зиддиҳуқуқӣ ва оқибати он нишонаи муҳими тарафи обективии ҳуқуқвайронкунӣ аст.

  1. Усули материалистӣ. Аҳамияти материализм барои илми муосири ҳуқуқ ва давлат дар он аст, ки имконияти омӯзиши қонуниятҳои табиӣ, айнии пайдоишу инкишофи ҳуқуқ ва давлат эътироф мешаванд. Ҳодисаҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ танҳо дар асоси маълумотҳои воқеии ҷамъшуда омӯхта мешаванд. Дар баробари ин, илми имрӯза бо нуқтаҳои материализми марксистӣ маҳдуд намешавад.

Присипҳои умумиилмии таҳлили воқеияти ҳуқуқиву давлатӣ инҳоянд.

  1. Принсипи таърихият. Таърихият принсипи муҳими илми муосири ҳуқуқ ва давлат аст. Дар асоси он ҳодисаҳои ҳуқуқиву давлатӣ дар ҷараёни инкишоф омӯхта мешаванд. Муайян кардани шароитҳои таърихии пайдоиши ҳуқуқу давлат, марҳилаҳои инкишофи онҳо, алоқамандӣ бо ҳодисаҳои дигари иҷтимоӣ, ба инобат гирифтани таҷрибаи мушаххаси таърихӣ вазифаҳоянд, ки аз присипи таърихият бармеоянд.
  2. Принсипи таърихият ва мантиқият. Дар асоси принсипи таърихият ва мантиқият таърихи ҳуқуқу давлат танҳо ҷамъи хронологии маҷмӯи фактҳои таърихӣ набуда, диалектикаи инкишофи онро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, таърихи ҳуқуқ ва давлат мантиқи худро, қонуниятҳои ташаккулу инкишофро дорад. Агар илмҳои таърихӣ ҳуқуқ ва давлатҳои минтақаҳои ҷудогонаро омӯзанд, пас назарияи ҳуқуқ ва давлат бо истифодаи таърихият ва мантиқият қонуниятҳои умумии инкишофро, диалектикаи воқеияти ҳуқуқиву давлатиро равшан месозад. Дар акси ҳол таърих ба маҷмӯи ҳодисаву омилҳои тасодуфӣ табдил ёфта, қонуниятҳои умумии он муайян намешаванд. Маҳз барои ҳамин, якбора ду усул, – таърихият ва мантиқият дар якҷоягӣ истифода мешаванд.
  3. Принсипи илмият ва айният. Илмият дар он ифода меёбад, ки назарияи ҳуқуқ ва давлат чун илми мустақил низоми донишҳои назариявӣ аст. Ҳама гуна илм аз ду намуди донишҳо иборат аст: эмпирикӣ (амалӣ) ва назариявӣ. Донишҳои эмпирикӣ дар асоси мушоҳидаи воқеият ҷамъ мешаванд. Тавассути донишҳои назариявӣ бошад гипотезаҳои илмӣ, қонунҳо ва назарияҳо асоснок мегарданд. Яъне назарияи ҳуқуқ ва давлат бояд аз донишҳои мукаммали илмӣ-назариявӣ иборат бошад. Донишҳои беасос, тасдиқнашуда, тасодуфӣ вориди он шуда наметавонанд.

2.3. Усулҳои хусусии омӯзиши ҳуқуқ ва давлат

  1. Усулҳои мантиқӣ-забонӣ. Илми ҳуқуқшиносӣ яке аз шаклҳои инъикоси воқеият буда, бо объектҳои хаёлӣ сару кор дорад. Дар байни онҳо ҷои муҳимро ҳуқуқ соҳиб аст, ки шакли инъикоси ҳодисаҳои ҳуқуқӣ аст. Танзими ҳуқуқӣ низ ҷараёни мантиқӣ буда, истифодаи воситаҳои махсуси ҳуқуқиро металабад, ба монанди, меъёрҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳуқуқ, ҳуқуқҳои зеҳнӣ ва вазифаҳои ҳуқуқӣ, санадҳои фардии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ. Онҳо обектҳои хаёлӣ мебошанд. Ҳар як ҳуқуқшинос дар рафти фаъолияти амалиаш бо онҳо сару кор дорад (меъёри ҳуқуқро муайян мекунад, онро нисбати ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ татбиқ мекунад, санадҳои фардӣ қабул мекунад ва ғ.)

Хулоса, танзими ҳуқуқӣ, тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, мураттабсозии қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ истифодаи донишҳои забониро металабанд. Дар баробари ин забони илми ҳуқуқӣ ва забони ҳуқуқӣ фарқ доранд (масалан, забони илми ҳуқуқи гражданӣ ва забони қонунгузории гражданӣ). Забони илмӣ васеътар буда, ифодаву ибораҳои забониро дар бар мегирад, ки дар забони ҳуқуқӣ истифода намешаванд. Чунончи, мафҳуму ибораҳои забонии «мавзӯи ҳуқуқи ҷиноӣ», «таркиби ҷиноят», «обектҳои ҷиноят» дар илми ҳуқуқи ҷиноӣ омӯхта шуда, дар забони қонунгузории ҷиноӣ истифода намешаванд.

Азбаски объектҳои «олами ҳуқуқӣ» ифодаҳои мантиқиву забонианд, дар илми ҳуқуқшиносӣ истифодаи қоидаҳои зерини мантиқӣ зуруранд: мушоҳида, муқоиса, тасниф, таҳлил ва синтез, таъриф, абстраксия, нусхасозӣ, асосноккунӣ, тасдиқ ва инкор.

  1. Усулҳои сотсиологӣ. Онҳо аҳамияти назариявӣ амалӣ дошта, дар илмҳои ҷамъиятӣ истифода мешаванд. Дар илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ усулҳои мушаххаси сотсиологӣ татбиқ мешаванд: пурсиш, мушоҳида, эксперимент, таҳлили маълумотҳои оморӣ. Ҳуқуқшиноси муосир бояд аз онҳо воқиф буда, дар амалия васеъ истифода барад. Ин усулҳо алалхусус дар рафти тартиб додани лоиҳаи қонунҳои муҳим омӯзиши сабабҳову роҳҳои пешгирии ҷиноят, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд.
  2. Усули низомӣ-таркибӣ. Истифода ва зарурияти усули мазкур аз он бармеояд, ки ҳодисаҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ сохти дутарафа доранд. Аз як тараф, сохти дохилии хешро дошта, аз тарафи дигар, унсури таркибии низомӣ мураккабанд. Масалан, меъёри ҳуқуқӣ аз унсурҳои дохилӣ гипотеза, диспозитсия, санксия иборат буда, дар навбати худ унсури дохилии низоми ҳуқуқ аст. Низоми ҳуқуқ аз соҳаву институтҳои ҳуқуқӣ иборат буда, илова бар ин унсури таркибии низоми ҳуқуқӣ аст. Истифодаи усули қайдшуда ду вазифаи асосӣ дорад: а) омӯзиши унсурҳои таркибии обекти тадқиқ, муайянсозии функсия ва алоқамандии онҳо ва дар ин асос асоснок кардани мафҳуми умумӣ оиди ҳодисаи тахлилшаванда; б) равшансозии обекти омӯзиши дар байни унсурҳои низоми мураккаб. Чунончи, барои таҳлили илмии муносибатҳои ҳуқуқӣ аввало унсурҳои дохилии онҳо (субект, обект, мазмун, асосҳои пайдоиш, тағйирёбиву қатъшавӣ), сипас мавқеи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, алоқаи онҳо бо муносибатҳои ахлоқӣ, сиёсӣ, эстетикӣ ва ғ. муайян мегардад.
  3. Усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ. Дар илми муосир усули муқоисавӣ нақши муҳимро дорост. Дар асоси он илмҳои нав ташаккул ёфтаанд, ба монади, анатомияи муқоисавӣ, забоншиносии муқоисавӣ, психологияи муқоисавӣ ва ғ. Дар низоми илмҳои ҳуқуқшиносии ҷаҳонӣ илми мустақили муқоисаи ҳуқуқӣ пойдор гардидааст, ки дар адабиёти хориҷӣ ҳуқуқи компаративӣ ё компаративистикаи ҳуқуқӣ ном дорад. Мавзӯи асосии илми мазкур омӯзиши низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ тавассути усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ аст.
  4. Усули шаклӣ-ҳуқуқӣ барои таҳлили танҳо ҳуқуқ истифода мешавад. Дар доираи он ҳуқуқ бе назардошти алоқамандиаш бо дигар ҳодисаҳои иҷтимоӣ (сиёсат, ахлоқ, иқтисодиёт) омӯхта мешавад. Усули мазкур барои омӯзиши мафҳумҳову категорияҳои ҳуқуқӣ, сохти ҳуқуқ, меъёри ҳуқуқ, техникаи ҳуқуқӣ, тафсири ҳуқуқ истифода мешавад.

Ҳаёти иҷтимоии ҷамъиятҳои тодавлатӣ ва зарурияти пайдоиши давлат

Дар натиҷаи ривоҷи археология, этнография донишҳои нави илмӣ ҷамъ шуданд, ки барои омӯзиши пайдоши давлат аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Назарияи ҳуқуқ ва давлат дар ҳалли ин масъала аз маълумотҳои нави илмӣ-таърихӣ истифода мекунад, ки онҳоро ба тариқи зайл ифода мекунем.

  1. Дар асоси маълумотҳои нави археологӣ консепсияи «инқилоби неолитӣ» (аз калимаи «неолит» – асри нави сангин) эътироф шудааст. Ин мафҳумро археологи англис Г. Чайлд дар миёнаи асри XX вориди илми таърих намудааст. «Иқилоби неолитӣ» яке аз марҳилаҳои таҳаввули ҷамъияти тодавлатӣ, аниқтараш табаддулоти сифатии неолитӣ аст, ки ба ҳазорсолаҳои VII–VIII то солшумории мелодӣ рост меояд.
  2. Дар таърихи инсоният ду навъи асосии ҳаёти хоҷагӣ ҷой дорад: 1) хоҷагии азхудкунанда, вақто ки шаклҳои асосии фаъолияти хоҷагии одамон шикор, моҳидорӣ ва ҷамъи наботот буданд: мазмуни асосии фаъолияти инсонро азхудкунии маҳсулоти тайёри олами ҳайвонот ва наботот ташкил медод, устухони ҳайвонҳои азимҷусса ҳамчун олоти меҳнат истифода мешуданд; 2) иқтисоди истеҳсолкунанда, вақто ки шаклҳои нави хоҷагидорӣ (ҳунармандӣ, оҳангудозӣ) ва истеҳсоли маҳсулот пайдо мешаванд. Гузариш аз хоҷагии азхудкунанда ба иқтисоди истеҳсолкунанда дар асоси «иқилоби неолитӣ» рӯй медиҳад.

Ҳокимияти тодавлатӣ иҷтимоӣ буд. Институтҳои асосии ҳокимиятӣ пешвоёни ҷамоаи оилавӣ, шӯрои куҳансолон буданд. Принсипи асосии фаъолияти онҳо интихобӣ будан, ивазшавии мунтазам ҳисоб мешуд. Шакли ҳоикимият бошад потестарӣ (аз калимаи лотинии potestus – ҳокимият, қудрат) буда, ба обрӯву нуфузи пешво ва имконияти истифодаи маҷбурсозӣ асос ёфта буд. Ба вайронкунандаи қоидаи рафтор ҷазо дода мешуд. Аз ҳаёт маҳрум кардан аз ҷумлаи ҷазои сахт буд. Бо мақсади ҳалли баҳсҳои байни аъзоёни ҷамоаи оилавӣ шаклу роҳҳои ҷудогона истифода мешуданд. Баҳсҳоро худи хешовандон ё ин ки пешво, шӯрои кӯҳансолон ҳал карда метавонистанд.

Чунин ташкили ҳаёти иҷтимоии ҷамъияти тодавлатӣ фаолияти мӯътадили хоҷагии азхудкунандаро таъмин мекард. Вале 12–10 ҳаз. cол пеш бӯҳронӣ экологӣ рӯй медиҳад: иқлим ба таври куллӣ тағйир ёфта, маҳви олами ҳайвонот ва наботот, ки сарчашмаи асосии ҳаёт буданд, сар мешавад. Инсоният бо мақсади таъмини ҳастиаш шаклу тарзҳои нави вуҷудиятро ҷусутуҷӯ мекунад. Дар натиҷа гузариш ба иқтисоди истеҳсолкунанда оғоз мегардад, ки дар «иқилоби неолитӣ» ифода меёбад.

Дар ҳазорсолаҳои IV–III то солшумории мелодӣ иқтисоди истеҳсолкунанда пурра пойдор мегардад. Дар натиҷаи «иқилоби неолитӣ» дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Шарқи Наздик дар ҳазорсолаи VII то солшумории мелодӣ ҷамъиятҳои нахустини зироатпарварӣ пойдор мегарданд. Дар марҳилаҳои минбаъда, дар шароити болоравии иқтисодӣ (ҳазорсолаҳои IV–III то солшумории мелодӣ), аввалин тамаддунҳои инсонӣ – ҷамъиятҳои нахустини иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Онҳо дар водиҳои дарьёҳои калони Евфрат, Нил, Янсзы ва диг., яъне дар минтақаҳои дорои иқлими мусоиди зироатпарварӣ пайдо мешаванд. Дар ҳазорсолаҳои III–II то солшумории мелодӣ дар минтақаҳои калони байни баҳри Миёназамин ва соҳилҳои уқёнуси Ором якчанд тамаддунҳои инсонӣ ба вуҷуд меоянд, қи муҳити пайдоиши давлатҳои нахустинро ташкил медиҳанд.

Бӯҳрони экологӣ ва зарурияти ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳаёт боиси ривоҷи муносибатҳои иқтисодӣ мегарданд. Зарурияти селексияи растаниҳо, ромкунии ҳайвонот, чорводорӣ, заминдории обшоршаванда, ирригатсия пайдо мешавад, ки дар навбати худ ба маҳсулоти изофа оварда мерасонад. Дар натиҷа шаклҳои нави моликият (коллективӣ, гурӯҳӣ, хусусӣ) ва тақсимоти ичтимоии ҷамъият рӯй медиҳад. Табакаҳои болоӣ аз оммаи асосии истеҳсолкунандагон ҷудо мешаванд. Ҳамин тариқ «инқилоби неолитӣ» асоси тақсимоти ичтимоии одамон мегардад.

Дар пайдоиши давлат ғайр аз омилҳои экологӣ ва моддӣ равандҳои дигари ҳаётӣ низ нақши муҳим бозидаанд. Яке аз онҳо торафт зиёд шудани шумораи аҳолӣ омили демографӣ буд.

Ҳамин тариқ, аввалин ҷамоаҳои зироатпарвар ва дар ҳудуди онҳо нахустин давлатҳо пайдо мешаванд. Давлатҳои нахустин дар шакли шаҳр-давлатҳо пайдо шуда, ин шакли давлатдорӣ якӯмин зинаи таърихии ташаккули онҳо буд.

3.2. Қонуниятҳои пайдоиш, зарурияти таърихӣ

ва нишонаҳои давлат

Яке аз қонуниятҳои ба вуҷуд омадани давлатҳо пайдоиши нобаробари онҳо буда, аз консепсияи инкишофи нобаробари ҷомеа бармеояд. Мувофиқи он гурӯҳҳои алоҳидаи одамони қадим нобаробар, дар давраҳои мухталифи таҳаввули ҷамъият вобаста ба омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ пеш рафтаанд. Дар ин асос илми муосири ҳуқуқ ва давлат консепсияи «давлатҳои якумин, дуюмин ва сеюминро» эътироф кардааст, ки аз нигоҳи он давлатҳои нахустин дар минтақаҳои дорои шароити хуби иқлимӣ, пеш аз ҳама зироатпарварӣ, пайдо шудаанд. Сипас бо таъсири онҳо дар ҷараёни инкишофи алоқаҳои иқтисодӣ, маданӣ, ҳуқуқӣ давлатҳои дуюмин дар дигар минтақаҳои ҷаҳон пайдо мешаванд.

Барои пайдоиши давлатҳои нахустин шароити хуби иқлим зарур буд. Дар он минтақаҳое, ки барои зироатпарварӣ шароити мусоиди иқлимӣ ҷой надошт, пайдоиши давлат низ мушкил ва суст шудааст. Маълум мешавад, ки омили ҷуғрофӣ дар пайдоши нахустин давлатҳо нақши муҳим бозидааст.

Чи тавре қайд шуд, омили демографӣ ҳам дар пайдоиши давлатҳо нақши мӯҳимро дорост. Ҳанӯз Арасту дар Юнони Қадим муайян карда буд, ки давлат шакли мураккабгаштаи умумияти одамон буда, дар натиҷаи инкишофу муттаҳидшавии оилаҳо ва нуқоти аҳолинишин пайдо шудааст. Файласуфи намоёни Шарқ Форобӣ низ давлатро ҳамчун маҷмӯи одамон таҳлил карда, шаҳр-давлатро шакли асосии давлатдорӣ меҳисобид. Маркс бошад дар «Идеологияи немис» пайдоиши шаҳрҳоро яке аз сабабҳои пайдоиши давлат мепиндошт. Илми муосири ҳуқуқ ва давлат анъанаҳои афкори сиёсиву ҳуқуқиро давом дода, «таркиши демографиро» омили муҳими пайдоиши давлатҳо эътироф мекунад.

Мубориза баҳри ҳаёт сабаби асосии пайдоиши давлат буда, як зумра омилҳои дигарро ба миён меоварад, ба монанди, иқтисодӣ (гузариш ба иқтисоди истеҳсолкунанда, шаклҳои нави фаъолияти хоҷагӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, обёрии сунъӣ, танзими муносибатҳои мураккаби истеҳсолӣ), иҷтимоӣ (тақсимоти ҷамъият ба табақаву гурӯҳҳои мухталиф вобаста ба мавқеи молу мулки ва сиёсӣ), сиёсӣ (зарурияти таъмини идоракунии ҳаёти хоҷагӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ), ҳуқуқӣ-маҷбурсозӣ (ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ), хориҷӣ (мудофиаи давлат, танзими равобити байнидавлатӣ).

Синфҳо низ дар инкишофи давлатҳо нақши муайян доранд. Вале танҳо бо синфҳо ва муборизаи синфӣ пайдоиши давлатро маънидод кардан мувофиқи мақсад нест. Аз як тараф, синф ҳамчун гурӯҳи муташаккили одамон бо тамоми нишонаҳояш якбора пайдо нашудааст. Аз тарафи дигар, агар тақсимоти иҷтимоии ҷамъият, тавлиди аъёну ашрофон, табақаҳои махсуси идоракунандагон давлатро тақозо намоянд, пас худи давлат ҳам боиси боз ҳам ҷоннокшавии тақсимоти иҷтимоии одамон, торафт мустаҳкам ва аз ҷамъият дур шудани табақаҳои болоӣ мегардад. Тақсимоти иҷтимоии ҷамъият ва давлат вобастагӣ ва таъсири дутарафа, мутақобила доранд.

Тафовути пайдоиши давлатҳои Ғарб ва Шарқ низ маҳз дар он аст, ки агар дар пайдоиши давлатҳои ғуломдории Юнон ва Рим (ки шакли калассикии давлатҳои ғуломдорӣ ҳисоб мешаванд), нақши синфҳо ва муборизаи синфӣ ҳалкунанда бошад, пас худи вуҷудияти нахустин шаҳр давлатҳои Шарқ боиси тақсимоти синфии аҳолӣ гардидааст. Дар ин давлатҳо табақаи идоракунандагон дар доираи як синф муттаҳид шуда, чун синфи ҳукмрон минбаъд ташаккул меёбад. Бо ибораи дигар, агар дар Атиқа синфҳо давлатро пайдо карда бошанд (сабабаш ривоҷи моликияти хусусӣ, ки асоси иқтисодии ҷомеа буд), пас дар Шарқ давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои тарзи истеҳсоли осиё, ки асоси иқтисодии онҳо моликияти давлатӣ буд (на моликияти хусусӣ), синфҳоро тақозо намуданд.

Аввалин давлатҳое, ки ҷои ҷамъиятҳои тодавлатиро мегиранд, на ғуломдорӣ, балки давлатҳои нахустин буда, дар шакли шаҳр-давлатҳо инкишоф ёфтаанд. Онҳо ба таври таҳаввулӣ, яъне бе ягон таркиши иҷтимоӣ пайдо шудаанд. Баъдтар онҳо ба давлатҳои тарзи истеҳсоли осиё месабзанд. Давлатҳои ғуломдорӣ шакли намунавии давлатдорӣ буда, онҳоро шароитҳои мушаххаси таърихӣ талаб намудаанд. Дар Юнон ва Рим ғуломдорӣ шакли классики давлатдорӣ буда, вале дар дигар минтақаҳо (Олмон, Рус, нимҷазираи араб) ривоҷ наёфтааст. Давлатҳои тарзи истеҳсоли осиё шакли анънавии давлатдорӣ буданд. Давлатҳои феодалӣ бошанд бештар ба минатақаи Аврупо хос буданд. Маълум мешавад, ҷамъиятҳои нахустин давраи мустақили таҳаввули таърихии ҷамъияти инсонианд. Ҳамин тариқ, ҷараёни ташаккулу инкишофи давлатдориро чунин тасвир кардан мумкин аст. Шаҳр-давлатҳои нахустин, сабзида расидани онҳо ба давлатҳои тарзи истеҳсоли осиё, ба ғуломдорӣ (дар баъзе минтақаҳо), ба феодалӣ (асосан дар Аврупо).

Давлат чун иттиҳоди нави сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии одамон ба вуҷуд меояд. Давлат иттиҳоди нави таркибии одамон мегардад. Азбаски зарурияти идоракунии давлатӣ ба миён меояд, аз байни одамон гурӯҳи махсуси идоракунандагон ҷудо мешавад: кормандони роҳбарикунанда, сарлашкарон, баҳисобгирандагон, назоратчиёни иншоотҳои обёрикунанда, котиб ва ғ.

Давлат иттиҳоди нави ҳудудии одамон аст. Давлат одамонро дар доираи як ҳудуди умумӣ новобаста аз мансубияти авлодӣ муттаҳид мекунад. Шакли аввалини ташкили ҳудудии давлат шаҳр-давлат буд, ки ибодатхонаҳо, қасрҳо, заминҳо, иншоотҳоро дар бар гирифта, онҳоро моликияти хеш мепиндошт. Ҳудуд нишонаи муҳимтарини давлат мегардад. Ҳамаи ҷангҳо бо мақсади мудофиаи ҳудуди давлат ва васеъ кардани он бурда мешуданд.

Бо баробари пайдоиш давлат дорои як қатор нишонаҳои хос мегардад. Нишонаҳои давлат хусусиятҳои танҳо муносиби давлат мебошанд, ки ба он чун ҳодисаи нави ташкили ҳаёти ҷамиятӣ ишора мекунанд. Нишонаҳои давлатро ба ду гурӯҳ шартан тақсим кардан мумкин аст: 1) нишонаҳои давлатҳои нав ташаккулёфта ва 2) дар ҷараёни инкишофи минбаъдаи давлатҳо пайдошуда. Ба нишонаҳои гурӯҳи якум дохил мешаванд: а) муҳити ҳудудӣ, ки дар он ҳаёти хоҷагӣ ба роҳ монда мешавад (бо ақидаи баъзе одамон муҳити ягонаи иқтисодӣ низ нишонаи мустақил аст); б) гурӯҳи махсуси одамони шуғли идоракунии давлатӣ, ки дастгоҳи давлатиро бо мақсади иҷрои функсияҳои умумииҷтимоӣ (дар мавридҳои зарурӣ маҷбурсозӣ) ташкил медиҳанд; дар навбати худ ин дастгоҳ асоси ташкилии ҳокимияти сиёсӣ мегардад; в) низоми ягонаи давлатии андоз ва молия. Баъдтар давлат соҳиби нишонаҳои иловагӣ мегардад: а) забони муошират дар ҳудуди давлати муайян; б) низоми ягонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; в) низоми ягонаи нақлиёт, ахборот ва иқтисодиёт; г) сиёсати ягонаи мудофиа ва равобити хориҷӣ.

3.3. Назарияҳои асосии пайдоиши давлат

  1. Назарияи патриархалӣ. Яке аз назарияҳои қадимтарин буда, пайдоиши давлатро ҳамчун ҷараёни табии шарҳ медиҳад. Яке аз аввалинҳо шуда онро мутафаккири юнонӣ Арасту асоснок намудааст. Аз нигоҳи ӯ давлат дар натиҷаи таҳаввули тӯлонии оилаҳо, бе мудохилаи қувваҳои берунӣ, дар ҷараёни мураккабгардии шаклҳои умумияти одамон ба вуҷуд омадааст. Давлат шакли сиёсии умумияти одамон буда, натиҷаи ташаккулу муттаҳидшавии аввал оилаҳо ва баъдтар ҷамоаҳои деҳот аст. Ақидаи мазкурро стоячиёни юнонӣ (Зенон, Клеанф, Панетий ва диг.) низ дастгирӣ намудаанд. Аз нигоҳи онҳо асоси ҷамъияти инсониро умумияти одамон ташкил дода, давлат иттиҳоди на сунъӣ ё шартномавӣ, балки табии одамон аст.

Мутафаккири римӣ Сисерон ин ақидаҳоро инкишоф дода, зарурияти табиӣ доштани зинадгонии якҷояи одамонро сабаби асосии пайдоиши давлат меҳисобад. Назарияи мазкури пайдоиши давлат дар давраҳои минбаъдаи инкишофи ҷамият низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар асри XIV онро Марсилии Падуанӣ дастгирӣ карда, давлатро маҳсули мураккабгардии шаклҳои умумияти одамон мешуморад. Ҷараёни пайдоиши давлат чунин давраҳоро дар бар мегирад: оила, авлод, қабила, шаҳр ва дар охир давлат. Намояндаи афкори сиёсии Фаронса Жан Боден (асри XIII) давлатро маҳсули инкишофи табии оилаҳо, маҷмӯи ҳуқуқии онҳо мепиндорад.

Ақидаҳои пайдоиши табии давлат дар афкори сиёсии Шарқ низ назаррасанд. Аз ҷумла, намояндаи машҳури фалсафаи сиёсии Шарқ Форобӣ давлатро натиҷаи иттифоқи табии одамон бо мақсади қонеъ кардани талаботҳои онҳо мешуморад. Талаботҳои табии одамон, аз нигоҳи ӯ, асоси пайдоиши давлат мебошанд.

  1. Назарияи шартномавии пайдоиши давлат. Агар назарияи пайдоиши табии давлат онро маҳсули таҳаввули табии ҷамъият, ҳодисаи табиӣ шуморад, пас ин назария давлатро чун ташкилоти сунъӣ таҳлил мекунад. Назарияи шартномавӣ таърихи дароз дошта, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ мазмуну шаклҳои ба худ хос гирифтааст.

Афкори сиёсии Ҳиндустони Қадим ҷамъияти тадавлатиро ба ду давра тақсим мекунад: 1) ҳаёти хушбахтонаи одамон ва 2) анархия, нобаробариву зиддиятҳо. Маҳз давраи дуюм зарурияти давлатро ба миён овардааст. Ду роҳи пайдоиши давлат пешниҳод шудааст: офаридани давлат аз тарфи худо ва таъсиси давлат тавассути шартномаи байни одамон ва ҳоким. Баъдтар ақидаи пайдоиши шартномавии давлат дар Юнони Қадим инкишоф дода мешавад. Яке аз мутафаккирони юнонӣ Эпикур давлатро маҳсули шартномаи байни одамон дар хусуси таъмини бехатарии онҳо меҳисобад.

Дар давраи инқилобҳои буржуазӣ пайдоиши шартномавии давлат дар шакли назарияи «шартномаи ҷамъиятӣ» баромад мекунад (Спиноза, Гротсий, Локк, Руссо, Гобсс ва диг.). Мувофиқи он ҷамъияти инсонӣ ду марҳилаи таърихиро аз сар мегузаронад: 1) ҳолати табии, вақто ки давлат набуд ва 2) ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки давлатро талаб мекунад. Гузариши инсоният аз як марҳила ба марҳилаи дигар тавассути «шарномаи ҷамъиятӣ» рӯй медиҳад, ки он байни одамон ва сардори давлат баста мешавад.

Дар Шарқ пайдоиши шартномавии давлат бештар дар эҷодиёти олим ва ходими намоёни давлатии Аморати Бухоро Аҳмади Дониш зоҳир мегардад. Номбурда ҷамъияти инсониро ба ду марҳила тақсим кардааст: а) ҳукмронии адолат ва баробарӣ ва б) зӯровариву нобаробарӣ. Аз нигоҳи ӯ зарурияти таъмини адолат, баробарии молу мулкӣ давлатро тақозо мекунанд. Дар натиҷа одамон ҳокими худро барои хизмати хеш интихоб карда, дар назди ӯ вазифа мегузоранд, ки ҳуқуқҳо ва моликияти онҳоро ҳифз намояд. Одамон, дар навбати худ, андоз месупоранд, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ сарф мешаванд. Дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳо аз ҷониби ҳокими давлат чунин шартнома бекор карда мешавад[1].

  1. Назарияи илоҳии пайдоиши давлат. Агар назарияи табии давлатро натиҷаи таҳаввули табии ҷамъият ва равияи шартномавӣ онро ташкилоти сунъӣ шуморад, пас назарияи илоҳӣ давлатро маҳсули худо меҳисобад. Ақидаи мазкур дар ҷамъиятҳои қадим маълум буд. Аввалин донишҳои сиёсии одамон соҳаи мустақили илмиро ташкил надода, ҷузъи ҷаҳонбинии динӣ-мифологӣ буданд. Чунончи, аз нигоҳи ақидаҳои мифологии Миср, Хитой, Ҳиндустон, Бобулистон худо сарчашмаи асосии ҳокимияти заминӣ аст. Мувофиқи маълумотҳои мифологии яҳудиёни қадим бошад байни худо ва ҳалқи яҳудӣ шартномаи махсус ҷой дошта, дар асоси он худо идоракунанда ва қонунгузори (қонунгузории Мӯсо) бевосита аст.

Пас аз ҷудошавии донишҳои сиёсӣ аз ҷаҳонбинии мифологӣ ақидаи тавлиди илоҳии давлат боқӣ мемонад. Масалан, мувофиқи таълимоти зардуштӣ асоси оламро муборизаи қувваи некӣ Ормузд ва қувваи бадӣ Аҳриман ташкил дода, далат ифодаи заминии қувваи некӣ аст. Дар Юнонӣ Қадим бошад чунин тасаввурот ҷой дошт, ки муборизаи худоҳо барои ҳукмронӣ дар олам ва ивазшавии худоҳои олӣ (Уран, Крон, Зевс) боиси тағйироти куллии принсипҳои ҳокимияти заминӣ мешавад; пайдоиши давлатдорӣ бо муқарраргардии ҳокимияти худоҳо бо сардории Зевс алоқаманд аст. Файласуфи намоёни юнонӣ Афлотун аз он бармеояд, ки олам байни худоҳо тақсим шуда буд, вале дар натиҷаи табаддулоти кайҳонӣ худоҳо идоракунии як қисми оламро ба ихтиёри одамон гузоштаанд.

Дар асрҳои миёна назарияи илоҳии пайдоиши давлат дар ду шакл инкишоф ёфтааст: 1) назарияи насронӣ ва 2) назарияи мусулмонии пайдоиши давлат.

  1. Назарияи органикии пайдоиши давлат. Вобаста ба комёбиҳои илмҳои табиатшиносӣ, махсусан, таълимоти таҳаввулии Дарвин ба миён омадааст. Давлат ҳамчун организми биологӣ тадқиқ шуда, қонунҳои биологӣ нисбати пайдоишу инкишофи он паҳн карда мешаванд. Инсоният натиҷаи таҳаввули олами ҳайвонот аз намудҳои оддӣ ба олӣ буда, вобаста ба татбиқи қонуни «итихоби табиӣ» (мубориза бо қабилаҳои ҳамсоя) давлатро ба вуҷуд овардааст. Намояндагони ин назария Ворис, Прайс ва махсусан олими англис Герберт Спенсер (асри XIX) буданд. Аз нигоҳи Спенсер давлат мисли организми биологӣ давраҳои тавлидшавӣ, болоравӣ, кӯҳансолӣ ва маҳвшавиро дар бар мегирад. Давлат мисли организми биологӣ дорои ду ҷараён аст: тақсимшавӣ, ки дар натиҷаи он давлат торафт мураккаб гардида, ба навъи давлат оварда мерасонад ва махсусгардӣ, ки боиси ташкили мақомоти давлатӣ мешавад.
  2. Назарияи зӯроварии пайдоиши давлат аз он бармеояд, ки асоси пайдоишу инкишофи давлатро истифодаи зӯрӣ, забти қабилаҳои дигар ташкил медиҳад. Намояндагони он Л. Гумплович, К. Каутский, Е. Дюринг ва диг. буданд. Аз нигоҳи яке аз асосгузорони назарияи сотсиологии давлат Людвиг Гумплович (асри XIX) давлат натиҷаи зӯроварӣ, забти қабилаҳо буда, ягонагии унсурҳои ба ҳам зид аст, ба монанди, ҳокимон ва идорашавандагон, ҷанобон ва ғуломон, ғолибон ва мағлубшудагон. На шартнома, на қувваи илоҳӣ, балки маҳз зуроварӣ, ҷангҳо, мубориза, афзалияти қувва сарчашмаи ягонаи ба вуҷуд омадани давлат аст. Давлат ташкилоти бо роҳи зӯроварӣ пайдошудаи ҳукмронии як қабила нисбати қабилаи дигар аст. Дар натиҷаи чунин зӯроварӣ қабила аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳкам шуда, ба каста, табақа ва синфҳо табдил меёбад.
  3. Назарияи ирригатсионӣ. Онро олими муосири Олмон К.А. Виттфогел дар китобаш «Истибдоди Шарқӣ» асоснок намудааст. Моҳияти асосии ин назария он аст, ки зарурияти таърихӣ истеҳсолӣ ва амалияи сохтмони иншоотҳои ирригатсионӣ сабаби асосии пайдоиши давлатҳои Шарқ эътироф мешавад. Дар натиҷаи ривоҷи фаъолияти ирригатсионӣ (сохтмони обанборҳо, каналҳо ва ғ.) бо мақсади обёркунии замин синфи махсуси бюрократӣ ташаккул меёбад, ки онро Виттфогел менеҷментҳо номидааст. Ин синф бар болои тамоми ҷамъият меистад. Давлати истибдодӣ ташаккул мегардад, ки он тамаддуни гидравликӣ ё агроменеҷерӣ номида мешавад.
  4. Назарияи марксистӣ пайдоиши давлатро бо тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, моликияти хусусӣ, пайдоиши синфҳо ва муборизаи синфӣ вобаста мекунад. Онро баъдан илми советӣ ба асос мегирад. Ин назария омилҳои моддиро дар пайдоиши давлат аввалиндараҷа мешуморад. Ҳамчунон омилҳои синфӣ низ ба асос гирифта шуда, мафҳуми синфии давлат ва аз ин лиҳоз муваққатӣ будани он ҷонибдорӣ мегардад.

3.4. Қоидаҳои рафтори ҷамъияти тодавлатӣ

Ба қоидаҳои рафтори тодавлатӣ якчанд хусусиятҳо хос буданд.

Якӯм, онҳо шакли ифодаёбии мифологӣ доштанд. Ҷаҳонбинии мифологӣ шакли асосии шуури одамони қадим буда, функсияҳои мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва танзимсозиро иҷро мекард, яъне қоидаҳои рафтори одамонро инъикос ва таъмин мекард, тарзҳои тайёр кардани олотҳои меҳнат, қоидаҳои истифодаи оташ, аҳамияти ҷуғрофии нуқоти алоҳидаи заминро муқаррар мекард, тарзи тафаккури одамони қадим буда, дар хусуси кайҳон, мавқеи инсон дар табиат донишҳои муайянро дар бар мегирифт.

Дуюм, ин қоидаҳои рафтор аввал ягона (мононорма) буданд, яъне ҳоло ба меъёрҳои ахлоқӣ, одатӣ, динӣ тақсим нашуда буданд. Танҳо баъдтар тақсими онҳо ҷараён мегирад. Ин меъёрҳо мунтазам аз ҷаҳонбинии мифологӣ ҷудо мешаванд.

Сеюм, онҳо маҳсули бевоситаи ҷамъият буда, вобаста ба талаботҳои он вазифаҳои мӯайянро иҷро мекарданд: а) намудҳои ҷудогонаи ҳайвоноти шикоршаванда, гиёҳҳои истеъмолшаванда, сарчашмаҳои об, муносибатҳои никоҳиро муайян мекарданд; б) бо мақсади истифодаи дурусти манзилгоҳ, оташ, олотҳои меҳнат, табиат ӯҳдадориҳои ҷудогонаи одамонро муқаррар мекарданд; в) рафторҳои алоҳидаи одамонро қатъиян манъ мекарданд; азбаски ҷаҳонбинии мифологӣ ҳукумрон буд, вайрон кардани қоидаҳои рафтор ба ҳайси зарари ҷиддӣ ба кайҳон пиндошта мешуд. Бинобар он, бо мақсади нагоҳдории муҳити табиӣ, мувозинати байни инсон ва табиат ин қоидаҳои рафтор дар шакли қоидаҳои манъкунандаи мифологӣ ахлоқӣ амал карда, барои вайрон кардани онҳо ҷазои сахт (аз авлод рондан, ҷазои қатл ва ғ.) пешбинӣ мешуданд.

Чорум, барои қабулу таъмини онҳо мақомоти махсуси сиёсӣ таъсис нагардида буд. Онҳо маҳсули бевоситаи ҷамъият буда, аз ҷониби мақомоти потестарӣ дар мавридҳои зарурӣ (ихтиёран риоя нашуданашон) таъмин мешуданд. Вале дар мавриди таъмини онҳо ҳам ҳар як вайронкориро на мақомоти махсуси сиёсӣ, балки худи ҷамоаи авлодӣ ҳал карда, ҷазои мувофиқро татбиқ мекард.

3.5. Қонуниятҳои пайдоиши ҳуқуқ

Ҳуқуқ дар марҳилаи ташаккули нахустин ҷамъиятҳои иҷтимоӣ-табақавӣ ҳамчун тарзи меъёрии танзими хоҷагидории истеҳсолкунанда, меҳнати зироатпарварон ва ҳунармандон пайдо шудааст. Аз тарафи дигар ҳуқуқ ба ҳайси шакли расмии ташкилу фаъолияти ҳокимияти давлатӣ лозим мешавад. Ҳокимияти давлатӣ бо роҳи қабули қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ амал мекунад, вагарна дар ҷамъият бесарусомонӣ ҳукмрон мегардад.

Ташаккули ҳуқуқ ба марҳилаи гузариш аз ҷаҳонбинии мифологӣ ба шаклҳои нави тафаккури инсонӣ рост меояд. Аз ин ҷост, ки аввалин сарчашмаҳои ҳуқуқӣ (Авасто, Қонунҳои Ману, Хаммурапи ва ғайраҳо) нуқтаҳои мифологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсиро иникос карда, моҳияти илоҳии онҳо дахлнопазир буд. Яке аз шаклҳои нави шуури одамон, ки ҷои ҷаҳонбинии мифологиро гирифт, тафаккури динӣ-зироатпарварӣ буд, ки ақидаи марказии онро муқаддас будани худои Офтоб ташкил медод. Чи тавре қайд гардид, нахустин давлатҳо (шаҳр-давлатҳо) маҳз дар минтақаҳои дорои шароити хуби иқлимӣ барои кишоварзӣ ба вуҷуд омадаанд. Бинобар он, қоидаҳои ташкилу гузаронидани фаъолияти кишоварзӣ аҳамияти махсусро соҳиб мешаванд. Қоидаҳои рафтори иқтисоди истеҳсолкунанда низ аввал дар шакли қоидаҳои кишоварзӣ ташаккул ёфта, сипас дар натиҷаи ривоҷи нобаробарии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҳудуди шаҳр-давлатҳо мазмуни сиёсӣ мегиранд. Ҳуқуқи пайдошуда маҳз чунин муносибатҳои нобаробарро танзиму таъмин мекард.

Ҳуқуқ мисли одату анъанаҳо дар шакли даҳонӣ вуҷуд дошта наметавонад. Он шаклҳои хаттии инъикоси хешро металабад. Яке аз нахустин тарзҳои ифодаи меъёрҳои ҳуқуқии ташаккулёфта тақвимҳои кишоварзӣ буданд, ки донишҳои астрономии одамони ҷамъиятҳои қадимро дар хусуси фаслҳои сол ва ҳисоби рӯзу шаб дар бар мегирифтанд. Бе чунин маълумотҳо фаъолияти кишоварзӣ номумкин буд. Аз тарафи дигар, чунин тақвимҳо танҳо рӯзу шабро муқаррар накарда, ҳаёти одамонро муфассал инъикос мекарданд рафторҳои иҷозатдодашуда, манъшуда ва ҳатман иҷрошавандаро дар бар мегирифтанд. Тақвимҳои кишоварзӣ дар ҳазорсолаҳои IV–III то солшумории мелодӣ дар Месопотамия, Миср, Ҳиндустон тартиб дода мешаванд.

Бо инкишофи ҷамъият шаклҳои инъикоси меъёрҳои ҳуқуқӣ мураккаб мегарданд. Сарчашамаҳои нави ифодаи хаттии ҳуқуқ ба миён меояд, ба монанди, қонунҳо, кодексҳо ва ғ. Онҳо танҳо воситаи таъмини ҳукмронии сиёсии ҳокимон набуда, балки дар пешрафти ҷамъиятҳои нахустини иҷтимоӣ-табақавӣ нақши муҳим бозидаанд (масалан, Авасто, ислоҳотҳои Солон, қонунҳои XII ҷадвал).

Бо мақсади қабулу таъмини меъёрҳои ҳуқуқ мақомоти махсуси давлатӣ таъсис мегардад. Шакли пештар номаълуми фаъолияти одамон ҳуқуқэҷодкунӣ ба миён меояд, ки дар рафти он қонуну дигар санадҳои ҳуқуқӣ қабул мешаванд. Агар дар ҷамъияти тодавлатӣ тамоми ҷамеа назоратчӣ ва таъминсозандаи қоидаҳои рафтор бошад, пас бо пайдоиши ҳуқуқ гурӯҳи махсуси одамон, муассисаҳои махсуси давлатӣ арзи вуҷуд мекунанд, ки функсияи маҷбурсозии давлатӣ (танҳо дар мавридҳои зарурӣ) ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқиро татбиқ мекунанд.

Одатҳо ба меъёрҳои ҳуқуқи одатӣ табдил меёбанд. Онҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам шуда, ба аҳамияти бештар соҳиб мегарданд. Мақомоти судӣ, ки бо мақсади ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии байни одамон таъсис шуда буданд, дар ҷараёни фаъолияти худ меъёрҳои нави ҳуқуқро низ муқаррар мекунанд ва ин баъдтар дар баъзе минтақаҳо ба пайдоиши сарчашмаҳои судии ҳуқуқ оварда мерасонад.

Бо инкишофи шаклҳои ҳуқуқ ва торафт зиёдшавии шумораи аҳолӣ масъалаи тарғиби санадҳои ҳуқуқӣ ба миён меояд. Тарзу усулҳои нави воқиф кардани аҳолӣ аз қонунҳои қабулшуда пайдо мешаванд, аз ҷумла, бо сабаби набудани рӯзномаву маҷаллаҳо онҳо дар бозорҳо овехта мешуданд. Зарурият ба гурӯҳи махсуси одамон, яъне ҳуқуқшиносон пайдо мешавад, ки бо тарғибу инкишофи донишҳои ҳуқуқӣ машғул буданд. Тартиби нави омӯзиши қоидаҳои нави рафтор, зарурияти тайёр кардани ҳуқуқшиносон пайдо мешавад (дар Юнони Қадим ин вазифаро софистони юнонӣ ба ӯҳда гирифта буданд).

Ҳамин тариқ, ҳуқуқ дар марҳилаи гузариши одамон аз хоҷагии азхудкунанда ба иқтисоди истеҳсолкунанда пайдо шуда, марҳилаҳои зайлро дар бар гирифтааст: 1) зарурияти таърихӣ ва шароитҳои пайдоиши ҳуқуқ дар марҳилаи ташаккули иқтисоди истеҳсолкунанда; 2) ба вуҷуд омадани меъёрҳои ҳуқуқ ва аввалин шакли инъикоси онҳо; 3) ҳуқуқэҷодкунӣ ва кодификатсияи ҳуқуқ. Пайдоиши ҳуқуқ бо роҳҳои зерин сурат гирифтааст: табдили одатҳо бо одатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунии давлатӣ, ҳуқуқэҷодкунии судӣ.

[1] Ниг.: Аҳмади Дониш. Асарҳои мунтахаб (нашри русӣ). – Душанбе, 1976. – С.162–23

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *