Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20.03.2008, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд

Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ инҳоянд:

— иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия;

-дар доираи ваколати худ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъият ва давлат;

-амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

-амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд;

— гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд;

— дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия;

— амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Агентӣ мансубанд.

Мақоми Агентӣ вобаста ба вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ӯҳдадор аст:

— самтҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсияро муайян намояд;

— дар доираи салоҳият барномаҳо ва нақшаҳои чорабиниҳои мубориза бар зидди коррупсияро таҳия ва амалӣ намояд;

— дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд;

-мубориза бо коррупсияро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ намояд;

— ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро огоҳ, пешгирӣ, ошкор ва рафъ намояд, аз рӯи ин амалҳо санҷиш гузаронад;

— ба муқобили ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда мубориза барад;

— тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ барад;

— бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амалиётҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ гузаронад;

— оид ба барқарор намудани зарари молумулкӣ ва молиявӣ чораҳо андешад;

— сирри давлатӣ ё дигар сирреро, ки бо қонун муҳофизат карда мешавад ва дигар маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба даст омадааст, ҳифз намояд;

— арзу шикоят, иттилооту маълумот, маводҳо оид ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва тафтишоти хизматиро нисбат ба хизматчиёни давлатӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ баррасӣ намояд;

— ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқҳои халалдоршудаи шаҳрвандонро барқарор намояд, зарари расонидаро талофӣ намояд ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгор чораҳои зарурӣ андешад;

— дар мавриди зарурат амнияти шахсии кормандони мақомоти Агентӣ ва аҳли оилаи онҳоро таъмин намояд;

— дигар ӯҳдадориҳои пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

Мақоми Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд;

— ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда дастури хаттӣ диҳад ва пешниҳод ирсол намояд, ки баррасии онҳо ҳатмӣ буда, аз натиҷааш ба Агентӣ хабар дода мешавад;

— бо мақсади муқаррар намудани мувофиқати санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба талаботи қонунгузорӣ ба суд барои бекор кардан ё ба прокурори дахлдор оид ба овардани эътироз аз болои чунин санадҳо пешниҳод оварад;

— дар ҷараёни тафтиш ва санҷишҳои молиявӣ, амалиётҳои таҳқиқотӣ ва тафтишотӣ ба хазинаҳо, мошинҳои назоратию хазинавӣ, бино ва ҷои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, маблағҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ мӯҳр занад;

— ҳангоми саркашӣ аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё таҳрифшуда, саркашӣ аз иҷрои талаби қонунии кормандони мақомоти Агентӣ, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор ва соҳибмулкони дахлдори иморату иншоотҳо, анборҳо, нуқтаҳои савдо ва дигар иншоотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, баррасӣ намояд;

— ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод оид ба содиршавии ҷинояти коррупсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва бағоҷи мусофирони тамоми намуди нақлиётро анҷом диҳад;

-барои баррасӣ ва такмили масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

— дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ таъсис диҳад;

— ташхиси санадҳои меъёрӣ, инчунин лоиҳаҳои онҳоро ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти меъёрҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар онҳо гузаронад ва бо ин мақсад дорои воҳиди илмӣ – ташхисии дахлдор бошад;

— оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд, бинобар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ санҷиши фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи дархости хаттии Агентӣ якҷоя бо мутахассисони мақомоти андоз санҷишҳои андози шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии субъектҳои соҳибкориро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолияти онҳо, гузаронад;

— мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати санҷиш ва ё тафтишоти пешакӣ асл ва нусхаҳои қарорҳо, фармоишҳо, ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба коррупсияро аз тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба масъалаҳои салоҳияти Агентӣ, талаб карда гирад;

— оид ба масъалаҳои ба салоҳияти мақомоти Агентӣ тааллуқдошта бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд;

— дар ҳолати зарурӣ аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор гузаронидани муоина, ташхис, тафтиши молиявӣ, санҷиш, аудит ва баҳодиҳиро талаб намояд;

— ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда дар ҳолати доштани маълумоти кофӣ ба ҳудуд ва бинои вазорату идора, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, қитъаи замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда), инчунин минтақаҳои сарҳадӣ ва назорати гумрукӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ (ба иншооти реҷаашон махсус – ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсус) барои гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ворид гардад;

— барои иҷрои баъзе амалиётҳои тафтишотӣ ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба иншоот ва бино муваққатан маҳдуд ё манъ кунад;

— дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқа ва нақлиётие, ки ба ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё шаҳрванд (ғайр аз воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, консулгариҳо, дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ) тааллуқ доранд, бемамониат истифода намояд. Зиёни моддии расонидашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибони воситаҳои алоқа ва нақлиёт барқарор карда мешавад;

— аз воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба таври ройгон истифода намояд;

— шаҳрвандонеро, ки ба мақомоти Агентӣ дар иҷрои вазифаҳояшон ёрӣ расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кӯмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад;

— системаҳои иттилоотиро ташкил ва истифода намояд;

— дигар ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *