Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Тафсири ҳуқукӣ

Мафҳуми тафсири ҳуқуқӣ

Тафсири ҳуқуқӣин равшан намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ аст.

Тафсири ҳуқуқ хислатҳои зайл дорад:

а) зинаи (унсури) муҳим ва ҳатмии ҷараёни амалишавии меъёрҳои ҳуқуқ аст;

б) мақсади тафсири ҳуқуқӣ – амаликунии меъёрҳои ҳуқуқ буда, дар натиҷаи он меъёрҳои умумии (абстрактии) қонун вобаста ба ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёт мушаххас гардида, омодаи амалишавӣ мешаванд;

в) тафсир ҷараёни фикрӣ буда, аз шахс маҳорати баланди касбӣ, сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқиро талаб мекунад;

г) тафсири ҳуқуқӣ аз ҷониби баъзе мақомоти давлатӣ (масалан, тафсири Конститутсия ва қонунҳо аз ҷониби Маҷлиси Олӣ) аҳамияти ҳатмӣ пайдо мекунад.

Тафсири ҳуқуқӣ аз тарафи субектҳои гуногун дода мешавад (мақомоти давлат, шахсони мансабдор, одамони қаторӣ). Мақсади асосии тафсири ҳуқуқӣ – ин муайянсозии мазмуни дохилии меъёрҳои ҳуқуқии амаликунанда дар ҷараёни амалкунӣ ва татбиқи онҳо аст. Тафсири сарчашмаҳои таърихӣ (Қонунҳои Ману, Хаммурапи, Авесто ва ғ.) аз ҷониби олимон дар дарсҳо барои донишҷӯён, ҳамчунон дар китобҳову рисолаҳои илмӣ дода шуда, мақсади амаликунии онҳоро дар ҳаёти имрӯза надорад ва танҳо аҳамияти илмӣ дорад.

25.2. Тарзҳои тафсири ҳуқуқ

Тафсири грамматикӣ – чунин тафсирест, ки дар натиҷаи он бо истифодаи қоидаҳои грамматикӣ, услубшиносӣ, донишҳои филологӣ матни қонун таҳлил мешавад. Дар рафти он қоидаҳои забонии ифодаи меъёрҳои қонун, ҳар як ҷумла, калима, ҳарф, пешоянд, нуқта, вергул омӯхтаву ҷои онҳо дар матни қонун муайян мешаванд.

Дар натиҷаи тафсири грамматикӣ таносуби байни матни («ҳарфи») қонун ва мазмуни аслии он муайян мешавад. Дар ҷараёни тафсири ҳуқуқӣ тартиби ифодаи забонии ҳар як меъёр, сохти ҷумлаҳо, тарзи ҷойгиршавии калимаҳо, ишораҳои забонӣ ба инобат гирифта мешаванд

Тафсири мантиқӣ – тафсири ҳуқуқист, ки бо истифодаи қонунҳои мантиқи шаклӣ гузаронида мешавад. Мақсади он – муайян кардани мазмуни мантиқии меъёрҳои ҳуқуқ, алоқаҳои мантиқиии байни қисмҳои ҷудогонаи санадҳои меъёрӣ.

Агар тафсири грамматикӣ матни забонии қонунро муайян кунад, пас тафсири мантиқӣ маънои мантиқиии онро равшан мекунад. Ҳангоми тафсири грамматикӣ танҳо матни қонун, ифодаҳои дар қонун инъикосгашта таҳлил мешаванд ва тафсиркунанда аз ҳудуди матн берун намебарояд. Дар ҷараёни тафсири мантиқӣ бошад, тафсиркунанда мантиқан фикри дар матни қонун ифоданашудаи қонунгузорро равшан месозад.

Тафсири махсуси ҳуқуқӣ – тафсирест, ки бо истифодаи донишҳои махсуси ҳуқуқӣ ва маълумотҳои илмҳои ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Ин тафсир истифодаи донишҳои ҳуқуқӣ ва маълумотҳои илмӣ-ҳуқуқиро металабад.

Тафсири низомнок – ин тафсири меъёри ҳуқуқ аз нигоҳи мавқеи он дар низоми ҳуқуқ аст. Дар ҷараёни тафсири низомнок, якум, мавқеи меъёри тафсиршаванда дар санади меъёрӣ, дар соҳаҳои ҳуқуқ, дар тамоми низоми ҳуқуқ ва, дуюм, алоқаи меъёр бо меъёрҳои дигари ин санад, бо нуқтаҳои умумӣ ва принсипҳои ҳуқуқ муқаррар мегардад.

Тафсифи таърихӣ-иҷтимоӣ бо назардошти вазъияти таърихии қабули санадҳои тафсиршаванда, мақсадҳои онҳо гузаронида мешавад.

25.3. Тафсир аз рӯи ҳаҷм

Тафсири аслӣ – тафсирест, ки дар натиҷаи он мазмуни муайяншудаи меъёр ба матни он мувофиқ мегардад. Ин намуди асосӣ ва васеъ паҳнгаштаи тафсир аст. Бештари меъёрҳо бо ин навъ тафсир мегарданд. Масалан, аз рӯи м. 4 Конститутсияи Тоҷикистон: «Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст». Мувофиқи ин меъёр аён аст, ки Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст. Барои тафсири ин меъёр ягон чизи дигаррро илова кардан лозим нест. Қонунгузор ҳангоми навишти ин меъёр фикран ягон холатҳои иловагиро дар назар надорад. Яъне, ин ҷо барои тафсири васеъ ё маҳдуд ягон асос нест. Ва аксари меъёрҳо низ ҳамин қабил тафсир мегарданд ва дар натиҷа матну мазмуни онҳо ба ҳам мувофиқ мешаванд.

Тафсири васеъ – чунин аст, ки дар натичаи он мазмуни муайяншудаи меъёр аз матнаш васеътар машавад. Масалан, дар асоси м. 13 Конститутсияи Тоҷикистон: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд…» Дар ин меъёр ибораи «дигар боигариҳои табиӣ» васеъ маънидод мешавад ва дар натиҷа мазмуни тафсиргашта аз матни меъёр васеътар мегардад. Ё масалан, то банди 29 м. 69 Конститутсия ваколатҳои Президенти ҶТ номбар шуда, мувофиқи банди 30 ҳамин модда Президент «ваколатҳои дигарро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд». Ин қисми (банди 30) м. 69 бо назардошти ваколатҳои президенти дар меъёрҳои дигари Конститутсия ва қонунҳо пешбинӣ шуда васеъ тафсир мешавад, яъне мазмуни он аз ҳисоби дигар ваколатҳо нисбат ба матн васеътар мегардад.

Тафсири маҳдуд – чунин аст, ки дар натиҷаи он мазмуни равшаншудаи меъёр аз матни он маҳдудтар мегардад. Дар ин маврид ба назар чунин менамояд, ки гӯё матни меъёр (истилоҳҳои алоҳидаи он) ҳамаи ҳолатҳои (имкониятҳои ҳуқуқии) имконпазирро фаро мегирад. Вале дар натиҷаи тафсири маҳдуд, бо истифодаи меъёрҳои дигари конун, нуқтаҳои асосии ҳуқуқ маълум мегардад, ки мазмуни меъёри тафсиршуда аз матни аслии он маҳдудтар будааст. Масалан, мувофиқи қ. 3 м. 27 Конститутсия шаҳрванд ҳуқуқи дар райпурсӣ иштирок кардан, интихоб кардан ва интихоб шудан дорад. Вале ин меъёрро айнан ё васеъ фаҳмидан мумкин нест, чунки на ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи интихоб кардану интихоб шудан доранд. Шаҳрвандоне, ки ба синни муайян нарасидаанд (синни 18 барои интихоб кардан, ва аз он ҷумла интихоб шудан ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, синни 25 барои интихоб шудан ба Маҷлиси намояндагон, синни 35 барои интихоб шудан ба Маҷлиси миллӣ ва ба вазифаи Президент), соҳиби маълумоти олӣ намебошанд (шаҳрвандоне, ки ба Маҷлиси Олӣ интихоб мешаванд), забони давлатиро намедонанд ва дар Тоҷикистон 10 соли охир истиқомат надоранд (номзадҳо ба Президентӣ), аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ё бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гаштаанд, ҳуқуқи иштирок кардан дар райпурсӣ, интихоб кардану интихоб шудан надоранд (мувофиқи қ. 3 ва 4 м. 27, қ. 1 ва 5 м. 49, қ. 2 м. 65 Конститутсия, қ. 1 м. 2. Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10 декабри с. 1999). Яъне меъёри дар қ. 3 м. 27 Конститутсия зикргашта маҳдуд тафсир шуда, дар натиҷа мазмуни муайяншудаи он нисбат ба матнаш маҳдудтар мегардад.

25.4. Намудҳои тафсри ҳуқуқ

Тафсири расмӣ – тафсирест, ки онро мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар доираи салоҳияташон ба таври расмӣ медиҳанд. Натиҷаи тафсири расмӣ барои шахсони манфиатдор ҳатмист.

Тафсири расмӣ вобаста ба субъетони тафсир ба ду намуд ҷудо мешавад: 1) тафсири меъёри ва 2) тафсири казуалӣ (мушаххас).

Тафсири меъёрӣ – чунин тафсирест, ки ба доираи номаҳдуди шахсон ё шумораи номаҳдуди ҳолатҳо паҳн мешавад (яъне аҳамияти меъёрӣ дорад). Ин намуди тафсир танхо дар асоси меъёр ва вобаста ба он дода мешавад, яъне барои шарҳи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ равона шудааст.

Тафсири меъёрӣ дар навбати худ намудҳои ҷудогона дорад. Яке аз онҳо – тафсири аутентикӣ ном дорад. Дар ҷараёни он санади меъёриро макоми давлатие шарҳ медиҳад, ки ин санадро қабул кардааст. Масалан, дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ санадҳои қабулкардаашро шарҳ медиҳад. Дар ин ҳолатҳо шарҳи ҳуқуқӣ дар таркиби санади қабулгашта дода мешавад (масалан, меъёрҳо-мафҳумҳое, ки дар санадҳо ҷойгир шудаанд) ва ё бо мақсади тафсири қонун санади дигари алоҳида қабул мешавад (одатан қонунҳо дар хусуси мавриди амал қарор додани қонунҳои ҷудогонаи меъёрӣ). Имконияти тафсири расмии аутентикӣ дар қонунҳо пешбинӣ мешавад.

Намуди дигари тафсири расмии меъёрӣ – ин тафсири легалӣ (қонунӣ) аст. Дар ҷараёни он мақоми босалоҳияти давлат дар ҳолатҳои пешбинӣ кардаи қонун санади меъёрии худаш қабул накардаро шарҳ медиҳад. Конститутсияи Тоҷикистон (қ. 3 м. 61) ба Маҷлиси Олӣ ҳуқуқи тафсири Конститутсияро додааст. Яъне, агар дар ҷараёни тафсири аутентикӣ Маҷлиси Олӣ қонунҳои худаш қабул кардаро шарҳ диҳад, пас дар ҳолати истифодаи тафсири легалӣ Мачлиси Олӣ Конститутсияро (ки дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст) шарҳ дода метавонад.

Тафсири казуалӣ – ин шарҳи расмӣ (вале ғайримеъёрӣ) ва фардӣ аст, ки танҳо нисбати ҳолати мушаххас, кори алоҳидаи ҳуқуқӣ аҳамияти ҳатмӣ дорад. Намуди асосии тафсири казуалӣ – ин тафсири судӣ аст.

Тафсири ғайрирасмӣ – чунин шарҳест, ки аҳамияти хатмии ҳуқуқӣ надорад. Тафсири ғайрирасмӣ аз нигоҳи сатҳ ва нуфузаш намудҳои зерин дорад:

1) тафсири доктриналӣ, яъне шарҳи санадҳо аз ҷониби кормандони илмӣ, муаллимон, кормандони ботаҷрибаи амалӣ дар мақолаҳо, китобҳои илмӣ, рисолаҳои номзадиву докторӣ; 2) тафсири касбии ҳуқуқӣ, ки ба маҳорат ва сатҳи тайёрии касбии кормандони амалӣ вобаста аст; 3) тафсири муқаррарӣ (оддӣ), яъне фаҳмиши маънии қонунхо дар фаъолияти ҳамарӯзаи одамони қаторӣ (донишу тайёрии касбии ҳуқуқӣ надошта), ки дар тачрибаи зиндагӣ, ҷараёни мушоҳидаҳои шахсӣ ҳосил мешавад.

25.5. Санадҳои тафсири ҳуқуқӣ

Санадҳои тафсири ҳуқуқ – ин санадҳои ҳуқуқие мебошанд, ки аз тарафи мақомоти босалоҳияти давлат қабул шуда, маънии санадҳо ё меъёрҳои ҳуқуқро шарҳ медиҳанд.

Санадҳои тафсирӣ ҳуқуқ ҳама вақт натиҷаи шарҳи ҳуқуқ нестанд. Масалан, дар ҷараёни тафсири олимон, адвокатҳо, одамони қаторӣ санадҳои махсус қабул намешаванд. Санадҳои тафсири ҳуқуқ натиҷаи тафсири расмӣ буда, чун ҳуҷҷати расмӣ қабул шуда, барои шахсони манфиатдор ҳатмӣ мебошанд.

Санадҳои тафсирӣ аз санадҳои меъёрӣ бо он фарқ мекунанд, ки меъёрҳои нави ҳуқуқ муқаррар намекунанд, меъёрҳои амалкунандаро тағйир ё қатъ намекунанд. Онҳо меъёрҳои ҳуқуқро тафсир мекунанд. Санади тафсирӣ дар асоси санади меъёрӣ қабул мешавад. Агар санади меъёрӣ бекор карда шавад, пас санади тафсирии онро шаҳрдиҳанда низ аҳамияташро гум мекунад.

Санадҳои тафсирӣ аз санадҳои татбиқи ҳуқуқ низ фарқ мекунанд. Санадҳои табиқи ҳуқуқ (ҳукми суд, фармони роҳбари муассиса) бо мақсади татбиқи ҳуқуқ (истифодаи ҷазо, аз кор рондан) қабул мешаванд. Санадҳои тафсирӣ бошанд на барои татбиқи меъёрҳо, балки шарҳи онҳо қабул мешаванд. Санадҳои тафсирӣ барои татбиқи ҳуқуқ хизмат мекунанд. Тафсири меъёрҳои татбиқшаванда, ки унсури ҷараёни муттасили татбиқи ҳуқуқ аст (дар чараёни тафтишоти пешакӣ, таъини нафақа), на бо санади тафсирӣ, балки санади ҳуқуқтатбиқсозӣ ба итмом мерасад. Санади тафсириро мақомоти босалоҳият қабул мекунад.

Дар айни замон намуди алоҳидаи санадҳои тафсирии расмӣ ҷой доранд, ки мазмуни ғайри меъёрӣ доранд. Инҳо – санадҳои тафсирии мақомоти олии судӣ мебошанд, ки нисбати ҳолати мушаххас қабул мешаванд. Ин гуна санадҳо, азбаски барои шарҳи татбиқи меъёрҳои ҷудогона равон шудаанд, дар як вақт ҳам санади тафсирӣ ва ҳам санади ҳуқуқтабиқсозӣ мебошанд.

Санадҳои расмии тафсириро (аутентикӣ, легалӣ) меъёрӣ низ меноманд. Вале ин маънои онро надорад, ки ин санадҳо меъёри ҳуқуқро муқаррар мекунанд. Ифодаи «меъёрӣ» маънои онро дорад, ки санади тафсирӣ дар асос ва бо мақсади тафсири меъёри ҳуқуқ қабул мешавад. Агар санадҳои тафсирии аутентикӣ ва легалӣ меъёрӣ (ба маънои тафсири меъёрӣ) бошанд, пас санадҳои тафсири казуалӣ – ғайри меъёрианд. Ба ибораи дигар, санадҳои тафсири аутентикӣ ва легалӣ дар вобастагӣ ва бо мақсади тафсири меъёри ҳуқуқ қабул мешаванд, санадҳои тафсири казуалӣ бошанд дар асоси ҷамъбасти таҷрибаи табиқи ҳуқуқ ва бо мақсади шарҳи тартиби татбиқи меъёри ҳуқуқ (қабули дурусти қарори ҳуқуқтатбиқсозӣ, ҳалли кори мушаххаси ҳуқуқӣ) қабул мегарданд.

Санадҳои тафсирӣ – санадҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Онҳо аз тарафи мақомоти босалоҳияти давлат қабул мешаванд, ҳатмӣ мебошанд, бо кафолати давлатӣ таъминанд (масалан, санадҳои тафсирии Маҷлиси Олӣ). Ин санадҳо шаклҳои хоси ифодаёбӣ доранд. Чуночи, санадҳои тафсирии Суди Олӣ дар шакли қарорҳои Пленуми Суди Олӣ қабул шуда, дар «Бюллетени Суди Олии ҶТ» ба таври расмӣ чоп мешаванд.

Дар амалияи ҳуқуқӣ санадҳои тафсирии мақомоти олии судии ҷумҳурӣ аҳамияти хоса доранд. Онҳо дорои аҳамияти ҳуқуқӣ буда, дар ҷараёни фаъолияти илмӣ-тадқиқӣ низ васеъ истифода мешаванд. Вале дар Тоҷикистон суд – мақоми ҳуқуқэҷодкунанда нест ва меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар намекунад. Санадҳои тафсирии мақомоти олии судӣ сарчашмаи ҳуқуқ нестанд, меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар намекунанд ва асоси ҳуқуқии ҳалли кори ҳуқуқӣ (ба таври амсол) шуда наметавонанд. Ин санадҳо нишондодҳои умумӣ (барои судҳои поёнӣ – ҳатмӣ) муқаррар мекунанд, ки нуқтаҳои ҳуқуқӣ (на меъёри ҳуқуқ) ном доранд. Онҳо тартиби дурусти ҳалли кори мушаххаси ҳуқуқиро, татбиқи меъёри ҳуқуқро ба ҳолати мушаххаси ҳаётӣ тавсия мекунанд. Ҳатмияти онҳо ба судҳои поёнӣ маънои меъёрӣ неву, балки ҳуқуқтатбиқсозӣ доранд. Санадҳои тафсирии мақомоти олии судӣ барои судҳои поёнӣ ҳатмӣ (муҳим) аст, вале на барои он, ки меъёри нави ҳуқуқ муқаррар мекунанд. Онҳо тартиби (нуқтаҳои ҳуқуқии) дурусти (намунавии) татбиқи меъёри ҳуқуқро ба ҳолати мушаххас, роҳи ҳалли кори ҳуқуқиро нишон медиҳанд.

25.6. Тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

Тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ метавонад ғайрирасмӣ ва расмӣ бошад. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро субъектҳое ғайрирасмӣ тафсир мекунанд, ки мақоми расмӣ ва аз рӯи вазифа салоҳияти тафсир кардани меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро надоранд. Тафсири илмӣ як навъи тафсири ғайрирасмии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мебошад. Тафсири илмии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар тавсифи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба назар мерасад. Вай дар шарҳу хулосаҳои гуногуни амалияи судӣ, ки муассисаҳои илмӣ ва олимони ҷудогона таҳия мекунанд ва ҳамчунин дар китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, монографияву мақолаҳои илмӣ буда метавонад. Тафсири ғайрирасмии илмии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ шарт нест, вале он аҳамияти калонро дорост, чунки ба қалами мутахассисони моҳиру кордида тааллуқ дорад ва маданияти ҳуқуқи молиявиро ташаккул дода, корманди корозмуда ва андозсупорандаи муқаррариро ба татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳидоят менамояд. Маҳз ба ин сабаб бо тафсири ғайрирасмии меъёрҳои ҳуқуқи молиявии дар рӯзномаи «Боҷу хироҷ» нашршуда шинос шудан аз фоида холӣ нест.

Ғайр аз ин, тафсири ғайрирасмии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ маъмулӣ ва касбӣ буда метавонад.

Ҳуқуқи расман (озодона) тафсир кардани меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро як қатор мақомоти молияи давлат: Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллии Тоҷикистон ва ғайра доранд.

Ба андозсупорандаи мушаххас шар[и хаттиро оид ба истифодаи rонунгузории андоз Маxлиси намояндагони Маxлиси Олии Xум[урии Тоxикистон ва (ё) {укумати Xум[урии Тоxикистон, оиди истифодаи санад[ои меъёрии [уrуrи, ки мувофиrи [амин Кодекс rабул шудаанд, ро[бари аввали маrоми ваколатдори давлати (муовини ваколатдори он) меди[ад.

Агар андозсупоранда хусусияти тамоми амалиётро, ки ба ин шар[и хатти тааллуr дорад, пурра ва дуруст зикр намояд ва ин амалиёт аз [ама xи[ат мо[иятан дар асоси муrаррароти ин муроxиати хаттии андозсупорандаи мушаххас амали шуда бошад, ин шар[и хатти хилофи rонунгузории Xум[урии Тоxикистон набошад, барои маrомоти андоз ва ин андозсупоранда нисбати татбиrи rонунгузории андоз, ки аз ла[заи ирсол намудани шар[и хатти амал менамуд, rувваи [атмии [уrуrи дорад (Моддаи 67 КА /Т).

Зимнан ҷиҳати ҳуқуқии санадҳои таъбири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аз тарафи мақомоти гуногуни молиявӣ яксон намебошад.

Мақомоти молия ҳамчун субъекти тафсир. Вазорати молия ва мақомоти андоз, мақомоти фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ барои воҳидҳои худ амру дастурҳо ва нишондодҳои методии ҳатмӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ ва дигар пардохтёои ёатмы нашр мекунанд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ дар бораи андоз ва боҷу хироҷ дахл надоранд. Ин санадҳо таъбири меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро дар бар карда бошанд ҳам, вале барои андозсупорандагон ҳатмӣ нестанд.

Ғайр аз ин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи андоз ва дигар пардохтёои ёатмы хаттӣ шарҳ медиҳад, шаклҳои ҳисоббаробаркуниро оид ба андоз ва шаклҳои декларатсияи барои андозсупорандагон ҳатмӣ ва ҳамчунин тартиби хонапурӣ кардани онҳоро тасдиқ менамояд. Аз ин \о бармеояд, ки шарҳи хаттии қонунгузории андоз аз тарафи Вазорати молия барои ҳама ҳатмӣ буда, хусусияти меъёрро дорост.

Дар баробари ин, андозсупорандагон ҳақ доранд аз Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ёукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андоз ва дигар пардохтёои ёатмы ба таври инфиродӣ шарҳу эзоҳи хаттӣ бигиранд. Аммо шарҳу эзоҳи хаттӣ, ки онро андозсупорандаи мушаххас мегирад, ҷиҳати дигари ҳуқуқӣ дорад, зеро он инфиродӣ буда, барои ҳамаи андозсупорандагон ҳатмӣ намебошад.

Вазорати молия ҳуқуқи худро оид ба додани шарҳу эзоҳи расмӣ ба қонунгузории андоз ва дигар пардохтёои ёатмы фаъолона истифода мекунад. Чунончӣ, аслан оид ба ҳар андоз ё дигар масъалаи бо андозбандӣ алоқаманд мактубҳои расмӣ қабул карда шудаанд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ тафсир карда шудаанд. Мазмуни бисёр мактубҳои расмӣ омезиш ёфтааст, яъне дар онҳо ҳам тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ва ҳам тарзу усули татбиқи меъёрҳои ҳуқуки молиявӣ ба назар мерасад, лекин баъзе мактубҳо танҳо хусусиятҳои санадҳои тафсири меъёрҳои ҳуқуқро дороянд.

Тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, ки дар мактубҳои расмӣ ба назар мерасад, дар ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда низ аҳамияти ҳуқуқӣ дорад. Чунончӣ, шарҳу эзоҳи хаттиро оид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ дар бораи андоз ва боҷу хироҷ, маълумоти мақомоти молиявӣ ё дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё худ шахсони мансабдори онҳоро дар доираи салоҳияташон баҷо овардани андозсупоранда ё агенти андоз андозсупорандаро аз ҷавобгарии қонуншикании андозпардозӣ озод мекунад.

Мақомоти андоз .ёдадор мебошад: ки ба андозсупорандагон аз рӯи масъалаҳои андозбандӣ маслиҳати бепул диҳад ва меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро ба таври ғайрирасмӣ тафсир намояд.

Ба ҳамин тариқ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз метавонад меъёрҳои ҳуқуқи молиявии дорои хусусияти дохилии ба миқдори номуайяни субъектҳо равонагардида ва инфиродиро шарҳ диҳанд (ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ).

Мақомоти гумрук ҳамчун субъектҳои тафсир. Мақомоти гумрук ба шахсони манфиатдор аз рӯи масъалаҳои салоҳияти ин мақомот маслиҳат медиҳанд. Сардори мақомоти гумрук шахсони мансабдори ваколатдори гузаронидани машваратро муайян менамояд. Мақомоти гумрук маслиҳатёоро ба таври шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ медиҳанд.

Дар қонунгузории гумрук пешбинӣ шудааст, ки Хадамоти ваколатдори соҳаи гумрук дар доираи салоҳиятёои худ оид ба масъалаҳои дахлдори гумрук санадҳои ҳуқуқие нашр мекунанд, ки меъёрҳои қонунгузории гумрук ва ҳамчунин молиявӣ (оид ба пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ) дар онҳо таъбир шуда, расмӣ ва барои умум ҳатмианд.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун субъекти таъбиркунӣ. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро таъбир мекунад. Меъёрҳои ҳуқукӣ на дар мавриди набудани меъёри ҳуқуқӣ, балки дар ҳолатҳое таъбиру тафсир карда мешаванд, ки маънои меъёри ҳуқуқи дар санади меъёрӣ зикршуда нофаҳмо бошад.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти таъбиру тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати ба ҳар санади меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ будани Конститутсия (Сарқонун)-ро дорад. Имрӯз муроҷиати чӣ шаҳрвандони ҷудогона ва чӣ шахсони ҳуқуқӣ дар бораи мутобиқати қонунгузорӣ ба Конститутсия (Сарқонун) кам нест. Моҳияти ҳуқуқи қарорҳои суди конститутсинӣ мураккаб аст.

Дар қарорҳои он на танҳо хулосаи ба қонуни асосӣ мутобиқ будан ё набудани ин ё он меъёри ҳуқуқи молиявӣ, балки таъбиру тафсири худи меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ низ ба назар мерасад. Мазмуну моҳияти қарорҳои Суди конститутсионӣ ончунон аст, ки мавқеи аз рӯи натиҷаи баррасии парванда баёнёфта барои умум ҳатмӣ буда, хусусияти меъёрӣ дорад.

Суди Олӣ ва Суди Олии Ицтисоды ҳамчун субъектҳои таъбиру тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ. Суди Олӣ ва Суди Олии Ицтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ амалияи судии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро меомӯзанд ва ҷамъбаст менамоянд, натиҷаи омори судиро таҳлил карда, масъалаҳои татбиқи қонунгузории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ пеш меоянд, шарҳу эзоҳ медиҳанд. Чунин шарҳу эзоҳ дар шакли пленумҳо содир мешаванд.

Таъбиру тафсири тасодуфии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ. Таъбиру тафсири тасодуфии ҳуқуқи молиявӣ низ расмӣ мебошад, вале аҳамияти барои умум ҳатмӣ надорад ва бо назардошти ба ҳолати мушаххас татбиқ карда шуданаш фақат аз таъбиру тафсири меъёри ҳуқуқи молиявӣ иборат аст. Таъбиру тафсири тасодуфии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар дастурҳои махсуси дорои хусусияти таъбириву тафсирӣ, инчунин дар санадҳои назоратии мақомоти юрисдиксионӣ ва маъмурӣ мавҷуд аст. Масалан, дар қарорҳо ва таъиноти судҳои ҳакамии зинаи дуюм ва назоратӣ моҳияти меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи молиявӣ бевосита шарҳ дода мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *