Фанни Ҳуқуқ ва давлат

ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

1. Давлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он

Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд мақсад ва вазифаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз он иборат аст, ки ҳуқуқ ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мебошад. Вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабад. Барои ин ба вуҷуд овардани заминаҳои муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъият, муҳайё намудани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун аст. Дар ҷамъияте, ки ҳуқуқи шаҳрвандон поймол карда мешавад, зӯроварӣ ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон ҷой дорад, ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёд сохтан мумкин нест.

Барои бунёди давлати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ зарур аст. Дар кишвари мо Конститутсия (Сарқонун) ва як қатор қонунҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо барои инкишофи муносибатҳои озодонаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд роҳ мекушоянд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, Кодекси гражданӣ, Кодекси меҳнатӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ва монанди инҳо дохил мешаванд. Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.

Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳо мебошанд:

. Бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун. Дар тӯли инкишофи ҷамъият инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кӯшиш кардааст, ки асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян намояд, то ки орзуи деринаи башарият оид ба барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд амалӣ гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналхалқӣ ба роҳ монад. Бартарияти ҳуқуқ ҳамзамон маънои онро дорад, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумиинсонӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудудии ҷамъият ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд. Заро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад амали қонунро ҳаётӣ гардонида, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва худи давлат дар симои мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судҳо, прокурорҳо ва дигарон бояд фақат ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар ҳадду андозае, ки қонун иҷозат додааст ва манъ накардааст, яъне аз рӯи принсипи

«он чизе, ки қонун манъ накардааст, равост», ба амал бароварда мешавад. Вале ин принсип маънои онро надорад, ки рафтори субъектҳои ҳуқуқие, ки бархилофи қоидаҳои ахлоқ ва расму анъанаҳои миллӣ мебошад, иҷозат дода мешавад.

Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад. Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.

  • Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо нишонаи дуюми давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Таърихи башар — таърихи муборизаи инсон барои ноил шудан ба ҳуқуқ ва озодиҳое мебошад, ки аз азал ва табиатан ба ӯ тааллуқ доранд. Тавре ки дар моддаи якуми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: «Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд». Мувофиқи моддаи сеюми ҳамин санад «ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия).

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз лаҳзаи таваллуд ба худи ӯ тааллуқ дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Ҳеҷ гуна шахси мансабдор чунин ҳуқуқу озодиҳоро ба инсон дода наметавонад. Давлат онҳоро дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ фақат мустаҳкам менамояд. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онҳо дахлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин ҳолат давлат ё шахси мансабдор офарандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мешаванд, ки ин боиси маҳдуд гардидани онҳо мегардад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсият вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ҳамин, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро ҳамаи шаҳрвандон дар ташкил намудани ҳокимияти давлатӣ иштирок менамоянд. Шаҳрвандон худро соҳиби ҳақиқии давлат ҳис намуда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро интихоб мекунанд. Фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба ҷамъият ва шаҳрвандон равона карда мешавад.

  • Масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс. Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар одатан масъулияти (ҷавобгарии) баланд доранд. Тавре ки дар қ.3 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро

эътироф мекунад, балки ӯҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10 Конститутсия). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонун рӯёнида ё ҷуброн карда шавад. Меъёри зикршудаи конститутсионӣ дар моддаҳои алоҳидаи қонунгузории амалкунанда таҷассуми худро меёбад. Аз ҷумла, дар моддаи 16 Кодекси гражданӣ омадааст: «Зиёне (зараре), ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ расонида шудааст, бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдори он ҷуброн карда шавад».

Ҳамин тартиб, доираи амали мақомоти давлатӣ, суд ва прокуратура ва дигар мақомот низ дар доираи қонун маҳдуд карда шудааст. Онҳо мисли ҳамаи шаҳрвандон ба қонун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд. Ҳамзамон шаҳрванд низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди дигар шахсон, давлат ва ҷомеа ҷавобгар мебошад. Ӯ низ вазифадор аст ӯҳдадориҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар намудаанд,

риоя ва иҷро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайраҳо аз ҷумлаи ӯҳдадориҳои шаҳрванд мебошанд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

4. Нишонаи чаҳоруми давлати ҳуқуқбунёд таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад. Ҳарсе шохаи ҳокимият дар татбиқи фаъолияти худ мустақил мебошанд. Таҷзияи ҳокимияти ягонаи давлатӣ ба се шохаи мустақил яке аз принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Вай асоси конститутсионии худро дар бисёр кишварҳои дунё ёфтааст. Дар моддаи 9 (Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳокимияти давлатӣ, дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Мақсади ин принсип ноил шудан ба мустақилияти пурраи шохаҳои ҳокимият, роҳ надодан ба ҳама гуна сӯиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мақомоти он мебошад.

Ин чунин маъно дорад, ки худи ҳокимияти давлатӣ ягона ва тақсимнашаванда буда, танҳо шохаҳои он бояд аз ҳамдигар фарқ намоянд, ки онҳо дар ҷудо будани салоҳияти ҳар як шохаи ҳокимият ифода меёбад.

Фаъолияти мақомоти ҳокимият дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад ва ин ба онҳо имконият намедиҳад, ки аз ҳадди муқаррарнамудаи қонун берун бароянд. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешаванд. Ҳамаи се шохаи ҳокимият муҳиманд. Онҳо ба ҳамдигар таъсир расонида ва барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд хизмат мекунанд. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи халқ интихоб карда шуда, истиқлолияти давлатро ифода менамояд. Ҳокимияти иҷроия бо амалӣ намудани қонунҳо ва фаъолияти хоҷагию идоракунӣ машғул мешавад. Ҳокимияти судӣ ба сифати кафили барқароркунандаи ҳуқуқҳои вайронкардашуда баромад намуда, барои ҳама гуна сӯиистеъмолкунӣ ҷазо медиҳад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фақат суд метавонад ҳама гуна баҳсҳои байни шаҳрвандон ва ҳокимиятро баррасӣ намояд. Суд танҳо ба қонун такя намуда, фаъолияти худро мустақилона ба амал мебарорад.

2. Ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд

Ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Давлати ҳуқуқбунёдро дар он ҷое барпо намудан мумкин аст, ки дар он ҷой ҷамъияти шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват мавҷуд бошад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ соҳаи нисбатан мустақили новобаста аз давлат ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун, иттиҳодияҳои маданӣ, миллӣ, динӣ, ҳудудӣ ва хислати дигар доштаи ифодакунандаи манфиатҳои ҳархелаи одамон амал менамоянд. Ҷамъияти шаҳрвандӣ чунин ҷамъиятест, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Мафҳуми «ҷамъияти шаҳрвандӣ» имконият медиҳад, ки соҳаи сиёсӣ ва ғайрисиёсии

ҳаёти ҷамъиятӣ фарқ карда шуда, мафҳумҳои давлат ва ҷамъият аз ҳамдигар ҷудо карда шаванд.

Ҷамъият аз организми мураккабе иборат аст, ки дар он одамони дорои манфиатҳои гуногун, талабот, хислатҳои гуногун ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамзамон бо ин, одамон бо ҳамдигар дар алоқаҳои маданӣ, тиҷоратӣ, манзилӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғайраҳо қарор доранд. Ба низоми ҷамъияти шаҳрвандӣ ба ғайр аз муносибатҳои сиёсӣ муносибатҳои иқтисодӣ, нажодӣ, маънавӣ, иттилоотӣ, оилавӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки новобаста аз давлат вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд. Албатта, ҷамъият ва давлатро пурра аз ҳамдигар ҷудо кардан номумкин аст, зеро давлат маҳсули инкишофи ҷамъият ва шакли мавҷудияти он мебошад. Ҷудо намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ аз давлат маънои онро дорад, ки соҳаи ҳаёти ҷамъиятие вуҷуд дорад, ки дар тобеият ва назорати давлат намебошад. Яъне давлат набояд ба ҳаёти хусусии одамон дахолат намояд.

Ҳамзамон инсон дар ҷамъияти шаҳрвандӣ унсури асосӣ аст, вале вай наметавонад талаботи худро дар алоҳидагӣ ё бе алоқамандӣ бо одамони дигар қонеъ гардонад. Он чӣ ки ба муносибати байни шахс ва давлат тааллуқ дорад, ин пеш аз ҳама дар иҷрои ӯҳдадориҳои шахс дар назди давлат, хусусан ӯҳдадории шахс оид ба итоат намудан ба қонун ва супоридани андоз ифода меёбад. Агар шахс ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат софдилона иҷро намояд, он гоҳ дар дигар мавридҳо ҳаёти шахсии инсон бояд барои давлат фарқ надошта бошад ва давлат ҳақ надорад, ки ба он дахолат намояд.

Давлат бояд ба ҷамъияти шаҳрвандӣ ва манфиати он хизмат намуда ва бо ҳамин манфиати умумии ҷамъиятро ифода намояд. Инкишофи нопурраи ҷамъияти шаҳрвандӣ мумкин аст шароитеро муҳайё созад, ки боиси фурӯ бурдани ҷамъияти шаҳрвандӣ аз тарафи давлат ё муқобил гузоштани он ба ҷамъият ва манфиати худро бо зӯрӣ ба ҷамъият бор кардан гардад. Барои ҳамин, на ҳама гуна ҷамъият ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошад. Нишонаи асосии ҷамъияти шаҳрвандӣ — ин ҷамъияти дорои муносибатҳои иқтисодии инкишофёфта будани он мебошанд. Дар чунин ҷамъият шахс аз моликият ҷудо набуда, баръакс имконият дорад, ки ҳама гуна шакли моликиятро интихоб намояд, инчунин ҳақ дорад натиҷаи меҳнат ва қобилияти худро ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад. Салоҳияти давлат дар чунин ҷамъият барпо намудани шароити мӯътадил барои ташаббуснокӣ ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, муҳофизат ва ҳифзи моликият, таъмини рақобати озод, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва муҳофизати тартибот мебошад.

Нишонаи дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон ва ҳифзи самараноки он мебошад.

Нишонаи сеюми ҷамъияти шаҳрвандӣ мавҷуд набудани манополизми идеологӣ дар ҷамъият мебошад. Дар чунин ҷамъият фикр, нуқтаи назар, ақида, мулоҳиза ва мафкураи гуногун раво мебошад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ доираи гузаронидани фаъолияти гуногуни сиёсии ташкилотҳо, институтҳо ва иттиҳодияҳоро муайян менамояд. Вай ғояҳои пешқадам ва инсондӯстонаро пеш бурда, тарзҳои демократии идоракунии корҳои ҷамъиятиро истифода мебарад.

Хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ошкоро ва худидора будани корҳои шахсӣ мебошад. Ошкоро будан аз ҷумла озодона ворид шудан ба ҳамаи манбаъҳои иттиллоот (ба ғайр аз сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ), ошкоро гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳое, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ вобастаанд, озодии сухан, матбуот, танқид, озодии алоқаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, ҷамъияти шаҳрвандӣ — ин ҷамъияти ҳуқуқӣ, демократӣ, инсондӯст ва сулҳдӯстона буда, дар он барои ҳеҷ гуна зӯрӣ ба шахсият ҷой нест, баръакс дар он адолат, баробарӣ ва озодии пурра ҳукмрон аст.

Саволҳо:

1. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд аз чӣ иборат аст? 2. Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёдро номбар кунед. 3. Бартарии ҳуқуқ дар давлати ҳуқукбунёд чӣ маънӣ дорад? 4.Волоияти қонун чист? 5. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар чӣ ифода меёбад? 6. Масъулияти тарафайни давлат ва шахсро фаҳмонда диҳед. 7. Моҳияти таҷзияи ҳокимиятро ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ баён намоед. 8. Ҷамъияти шаҳрвандӣ чист? 9. Фарқи давлат аз ҷамъияти шаҳрвандӣ дар чист? 10.Нишонаҳои ҷамъияти шаҳрвандиро номбар намоед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *