Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Меъёрхои хукук ва Низоми хукукии чомеа

Нақшаи кор:

  1. Мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқ
  2. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқ
  3. Сохти меъёри ҳуқуқ

Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. — М., 1990.
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. — М., 1998.
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. — М., 1997.
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. — М., 1998.
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1. Мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқ

Меъёрҳои ҳуқуқӣ гуфта муқаррароти меъёрӣ ва нишондодҳои дигари ҳуқуқро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд.

Меъёри ҳуқуқ дорои як қатор нишонаҳоест, ки ба туфайли онҳо аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ (ахлоқ, одатҳо ва ғ.) фарқ мекунад.

  1. Меъёри ҳуқуқ дар асоси ғояҳои асосии ҳуқуқи фитрӣ – адолат ва озодӣ қабул шуда, ҳадди лозимии рафтори инсонро бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ муайян мекунад.
  2. Меъёрҳои ҳуқуқ мувофиқи меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қабул мешаванд.
  3. Меъёрҳои ҳуқуқи позитивӣ аз ҷониби мақомоти босалоҳияти давлат ва ашхоси олимақом ва бо тартиби муқарраршуда қабул, тағйир ва қатъ мешаванд.
  4. Меъёрҳои ҳуқуқиро дар мавридҳои зарурӣ худи шаҳрвандон низ қабул карда метавонанд.
  5. Меъёрҳои ҳуқуқӣ шаклҳои махсуси ифода доранд. Онҳо дар шакли конститутсия, қонун, кодекс, фармон, қарор ва ғ. қабул мешаванд.
  6. Меъёрҳои ҳуқуқӣ муайянияти шаклӣ доранд. Онҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ инъикос гардида, муайян ва аниқ мебошанд.
  7. Меъёрҳои ҳуқуқӣ низоми хешро доранд. Онҳо дар соҳаҳо ва институтҳои ҳуқуқ ҷойгир карда шудаанд.
  8. Меъёрҳои ҳуқуқро давлат кафолат медиҳад, бо чораҳои ҳуқуқӣ (ҷазо, чораҳои ҷавобгарии интизомӣ, пешгирии ҷиноят, ҳуқуқбарқароркунӣ ва ғ.) таъмин мекунад.

2. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқ

Меъёрҳои ҳуқуқӣ намудҳои зайл доранд:

I. Вобаста ба функсия дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ба муайянкунанда, меъёрҳо – қоидаҳои рафтор, умумӣ ва хусусӣ тақсим мешаванд. Меъёрҳои муайянкунанда нуқтаҳои асосии танзими ҳуқуқиро муқаррар карда, дар навбати худ намудҳои зиёд доранд, аз қабили меъёр-нуқтаҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳопринсипҳо, меъёрҳои муқарраркунанда, меъёрҳо-мафҳумҳо. Меъёр-нуқтаҳои ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионии ҷомеаро (шаклҳои моликият, асосҳои низоми сиёсии ҷомеа, ҳуқуқҳои инсон, ҳолати ҳуқуқии мақомоти давлатро) муайян мекунанд. Онҳо дар конститутсияҳо ва дигар қонунҳои конститутсионӣ мустаҳкам мешаванд. Меъёрҳо-принсипҳо нишондодҳои ҳуқуқие мебошанд, ки принсипҳои ҳуқуқро муқаррар мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои ҷудогонаи ҳуқуқ ва санадҳои ҳуқуқии алоҳида инъикос мешаванд. Масалан, моддаҳои 6, 7, 8, 9, 10 Кодекси мурофиаи граждании Тоҷикистон принсипҳои асосии ин соҳаро муайян мекунад. Меъёрҳои муқарраркунанда мақсад ва вазифаҳои соҳаҳои алҳидаи ҳуқуқ, институтҳои ҳуқуқӣ, мавзӯъ, шаклҳо ва воситаҳои танзими ҳуқуқиро муайян мекунанд. Чунончи, м. 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вазифаҳои ин санадро номбар мекунад. Меъёрҳо-мафҳумҳо таърифи категория ва мафҳумҳои ҳуқуқро муайян мекунанд. Масалан, таърифи ҷиноят дар қонуни ҷиноӣ, таърифи кирдори маъмурӣ дар қонунгузории маъмурӣ, мафҳуми шартномаҳои алоҳида дар қонунгузории гражданӣ.

Меъёрҳо – қоидаҳои рафтор он нишондодҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки бевосита қоидаи рафторро муқаррар мекунанд. Ин меъёрҳо ҳуқуқу вазифаҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, шартҳои истифодаи онҳо, чораҳои ҷавобгарии вайрокунандагони ҳуқуқро пешбинӣ мекунанд. Меъёрҳои умумӣ якчанд институти ҳуқуқии як соҳаи ҳуқуқро муттаҳид мекунанд. Онҳо қисми умумии соҳаи ҳуқуқ ва кодексҳоро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои махсус меъёрҳои умумиро мушаххас гардонида, қисми махсуси соҳаи ҳуқуқ ва кодексҳоро ташкил медиҳанд. Масалан, меъёрҳое, ки мақсади ҷазои ҷиноӣ, тартиби иҷрои он, мавқуф доштани он ва масоили умумиро муайян мекунанд – қисми умумии Кодекси ҷиноӣ ва меъёрҳое, ки барои ҷиноятҳои алоҳида (дуздӣ, ғоратгарӣ ва ғ.) ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунанд – қисми махсуси Кодекси ҷиноиро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои махсусро бе меъёрҳои умумӣ истифода намебаранд. II. Вобаста ба мавзӯи танзими ҳуқуқӣ меъёрҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: 1) соҳавӣ – вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ (конститутсионӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғ.) ва 2) моддиву мурофиавӣ. Меъёрҳои моддӣ ҳуқуқу вазифаҳои иштирокчиёни ҳуқуқ ва дигар масоили вобаста ба ҳолати ҳуқуқии шахсро танзим мекунанд (меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ, гражданӣ, ҷиноӣ, меҳнатӣ ва ғ.). Меъёрҳои мурофиавӣ тартиб, шакл ва усулҳои амалӣ шудани меъёрҳои моддиро муқаррар мекунанд (меъёрҳои мурофиаи ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи маъмурӣ).

  1. Вобаста ба усули танзими ҳуқуқӣ меъёрҳои императивӣ, диспозитивӣ, тавсиявӣ, ҳавасмандӣ ҷой доранд. Меъёрҳои императивӣ – меъёрҳои ҳатмӣ буда, дар шакли муқарраршуда бе тағйири шартҳои он табиқ мешаванд (меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ ва ғ.). Меъёрҳои диспозитивӣ ба тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ имконияти фаъолияти озодона, бо хоҳиши худ татбиқ кардани шартҳои онро муҳайё мекунанд. Иштирокчиёни ин қабил муносибатҳо мухтор буда, ҳуқуқу вазифаҳои тарафайнро маслиҳатомезона муайян мекунанд. Ба ин гуна меъёрҳо асосан меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ мансубанд. Меъёрҳои тавсиявӣ ба иштирокчиёни ҳуқуқ имконияти интихоби ин ё он шакли рафторро медиҳанд. Онҳо дар ҳуқуқи соҳибкорӣ бисёранд. Меъёрҳои ҳавасмандӣ тартиб ва чораҳои ҳавасманд кардани иштирокчиёни ҳуқуқро пешбинӣ мекунанд. Чунончи, мувофиқи м. 69 (б. 29) Конститутсияи Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад. Ин меъёр дар санадҳои дигари ҳуқуқӣ мешаххастар шудааст.
  2. Вобаста ба шаклҳои ифода меъёрҳои ваколатдоркунанда, вазифадоркунанда, манъкунанда ҳастанд. Меъёрҳои ваколатдоркунанда ба шахс ҳуқуқи иҷрои ҳаракатҳои қонуниро медиҳанд. Меъёрҳои Конститутсия, ки ба шаҳрвандон номгӯи зиёди ҳуқуқҳоро доданд (ба ҳаёт, таҳсил, мусофират ва ғ.) ваколатдоркунанда мебошанд. Меъёрҳои вазифадоркунанда ба зиммаи шахс вазифаи иҷро кардани ҳаракати қонуниро мегузоранд. Чунончи, мувофиқи м. 43 Конститутсияи Тоҷикистон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Меъёрҳои манъкунанда содир кардани ҳаракатҳои иҷозатнагаштаро манъ мекунанд. Масалан, мувофиқи м. 90 Конститутсияи Тоҷикистон: «Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ».
  3. Вобаста ба соҳаи амал меъёрҳо: 1) умумӣ ва 2) маҳаллӣ мешаванд. Меъёрҳои умумӣ дар қаламрави тамоми кишвар амал мекунанд (мисол, меъёрҳои конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва ғ.). Меъёрҳои маҳаллӣ дар қаламрави воҳидҳои марзиву маъмурӣ амал мекунанд (меъёрҳое, ки дар санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагӣ ва раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд).
  4. Вобаста ба сатҳи мушаххасгардӣ меъёрҳои ҳуқуқ ба 1) абстрактӣ ва 2) казуалӣ ҷудо мешаванд. Меъёрҳои абстрактӣ як намуди муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд. Меъёрҳои казуалӣ масъалаҳои мушаххаси ҳаётро ҳал мекунанд.
  5. Аз рӯи мӯҳлати амал меъёрҳои доимӣ ва муваққатӣ ҳастанд. Меъёрҳои доимӣ барои як марҳилаи калони таърихӣ пешбинӣ шудаанд (меъёрҳои конститутсия, қонунҳо, кодексҳо). Дар байни меъёрҳои доимӣ дар м. 100 Конститутсияи Тоҷикистон меъёре пешниҳод шудааст, ки он абадӣ аст. Мувофиқи он: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд». Меъёрҳои муваққатӣ дар як мӯҳлати муайян (масалан, дар мӯҳлати 5 сол) ё вобаста ба ягон ҳодиса (мисол, то ба итмом расидани амалиётҳои ҷангӣ) амал мекунанд. Имконияти амали муваққатии меъёрҳо дар Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Чунончи, меъёрҳое, ки ҳуқуқу озодиҳоро маҳдуд карданашон мумкин аст, танҳо дар давраи вазъияти фавқулодда (то се моҳ) амал мекунанд (м. 47). VIII. Нисбати ашхоси ҷудогона меъёрҳо ба умумӣ ва махсус ҷудо мешаванд.

Меъёрҳои умумӣ тамоми шаҳрвандонро фаро мегиранд (меъёрҳои

Конститутсия). Меъёрҳои махсус гурӯҳҳои алоҳидаи одамонро дар бар мегиранд (меъёрҳое, ки ҳолати ҳуқуқии нафақахӯрон, кормандони суд, прокуратураро муқаррар мекунанд). Ғайр аз намудҳои зикргашта боз меъёрҳои коллизионӣ ҳастанд. Онҳо барои бартараф кардани ихтилофотҳои байни санадҳои ҳуқуқӣ хизмат мекунанд. Ин гуна меъёр аз ҷумла дар Конститутсияи Тоҷикистон (м. 10, қ. 3), пешбинӣ шудааст: «Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд».

3. Сохти меъёри ҳуқуқ

Меъёрҳо – қоидаҳои рафтор аз се унсури асосӣ иборатанд: гипотеза, диспозитсия ва санксия.

Гипотеза гуфта он қисми меъёри ҳуқуқро меноманд, ки шарту шароитҳои татбиқи онро муқаррар мекунанд. Бе чунин шартҳо меъёр татбиқ намешавад. Онҳо ҳолатҳои гуногуни ҳаётро, ҳолати психологӣ, физиологии одамро дар бар мегиранд, аз қабили синну сол, ҳолати рӯҳӣ, вақт, ҷой ва м.и. Масалан, ҷинояткор шахсе эътироф мешаванд, ки дар аснои содир кардани ҷиноят дар ҳолати солими рӯҳӣ аст, шахсони номукаллаф бошанд аз ҷавобгарии ҷиноӣ озоданд. Ё ин ки як қатор ҷиноятҳои ҳарбӣ дар вақти ҷанг содир мешаванд.

Гипотеза якчанд намуд мешавад: 1) гипотезаи оддӣ (як шарти татбиқи меъёрро пешбинӣ мекунад); 2) гипотезаи мураккаб (якбора ду ва зиёда шартҳоро пешбинӣ мекунад); 3) гипотезаи алтернативӣ (имконияти истифодаи меъёр вобаста ба яке аз шартҳои пешбинигашта муҳайё мегардад).

Мисоли гипотезаи оддӣ м. 20 (қ.1) Конститутсияи Тоҷикистон шуда метавонад, ки мувофиқи он: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд (як шарт – С.Р.) дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад». Қисми 3. м. 20 Конститутсия гипотезаи мураккаб аст: «Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст (як шарт – С.Р.) ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад (шарти дуюм – С.Р.), қувваи бозгашт надорад». Қисми 4 м. 27 гипотезаи алтернативӣ аст: «Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд (як шарт – С.Р.) ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ махрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд (шарти дигари алтернативӣ – С.Р.), ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд».

Диспозитсия – қисми меъёри ҳуқуқ аст, ки дар он қоидаи рафтор инъикос шудааст.

Диспозитсия нусхаи рафтори инсон аст. Он на дар алоҳидагӣ, балки якҷоя бо гипотеза ва санксия истифода мешаванд. Диспозитсия намудҳои алоҳида дорад: 1) диспозитсияи оддӣ (қоидаи рафторро бе шарҳи он инъикос мекунад): 2) диспозитсияи мукаммал (тамоми аломатҳои зарурии қоидаи рафторро дарҷ мекунад): 3) диспозитсияи ҳаволакунанда (қоидаи рафторро инъикос накарда, барои шиносоӣ бо он ба меъёрҳои дигар ишора мекунад). Як шакли диспозитсияи ишоравӣ диспозитсияи бланкетӣ аст, ки барои шиносоӣ бо қоидаи рафтор ба дастурамалҳо, меъёрҳои техникӣ ва м.и. ҳавола мекунад.

Санксия – қисми меъёрест, ки оқибатҳои номусоидро барои вайрон кардани диспозитсия муқаррар кардааст.

Санксияҳо вобаста ба мазмуни чораҳои пешбинишуда ба якчанд намуд ҷудо мешаванд: 1) санксияҳои ҷаримавӣ ё сазодиҳанда – чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро муқаррар мекунанд (маҳрумӣ аз озодӣ, ҳабси маъмурӣ, рӯёндани товони зарар ва ғ.); 2) санксияҳои пешгирсозанда, ки чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниро пешбинӣ мекунанд (дастгир кардани гумонбар, ҳабс кардан ва ғ.); 3) санксияҳои барқароркунандаи ҳуқуқ (дар кори аввала барқарор кардани коркуни ғайриқонунӣ аз кор рондашуда, рӯёнидани алимент ва ғ.).

Санксияҳо, ки чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ мекунанд, ба намудҳои ҷудогона ҷудо мешаванд, ба монанди санксияҳои ҷиноӣҳуқуқӣ, маъмурӣҳуқуқӣ, интизомӣ-ҳуқуқӣ, гражданӣ-ҳуқуқӣ. Ин санксияҳо вобаста ба намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҷудо мешаванд.

Меъёрҳо – қоидаҳои рафтор, ки аз се унсури номбаршуда иборатанд, бо тарзҳои гуногун дар моддаҳои санадҳои ҳуқуқӣ инъикос мешаванд.

  1. Меъёри ҳуқуқ дар ҳаҷми 3 унсур (гипотеза, диспозитсия, санксия) пурра дар моддаи қонун инъикос мегардад. Одатан меъёрҳои ҳуқуқ пурра инъикос мешаванд.
  2. Якчанд меъёрҳои ҳуқуқ дар як моддаи қонун ифода мешаванд. Ин гуна моддаҳо аз якчанд қисм иборат буда, ҳар як қисм меъёри алоҳида аст. Масалан, моддаи 10 Конститутсия аз чор қисм иборат буда, ҳар як қисм меъёри ҳуқуқро инъикос мекунад.
  3. Як меъёри ҳуқуқ дар якчанд моддаҳои қонун ифода мегардад. Масалан, принсипҳои қонуни ҷиноӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар м. 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ ва ба таври муфассал дар моддаҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ҳамин Кодекс ифода ёфтаанд.

Низоми ҳуқуқии ҷомеа

Нақшаи кор:

  1. Мафҳумҳои низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, «оилаи ҳуқуқӣ»
  2. Унсурҳои низоми ҳуқуқӣ

Рӯйхати адабиёт:

  • Алексеев В. П., Першиц А. И. История первобытного общества. — М., 1990.
  • Венгеров А. Б. Теория государства и права. — М., 1998.
  • Исмоилов Ш.М., Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи ҳуқуқ ва давлат.//Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод. Душанбе.: Деваштич, 2008. – 286 с.
  • Комаров С. А. Общая теория государства и права. Курс лекций. — М., 1997.
  • Лазарев В. В., Липень С. В. Теория государства и права. — М., 1998.
  • Общая теория права и государства: Учебник / Под ред. 0-28 В.В. Лазарева. — 3-е изд., перераб. и доп. — М.: Юристъ, 2001. — 520с.
  • Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе, 2008. 566 с.

1. Мафҳумҳои низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, «оилаи ҳуқуқӣ»

Низоми ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои ҷомеа буда, якҷоя бо «низоми сиёсӣ», «низоми иқтисодӣ» ва ғ. арзи вуҷуд дорад. Агар давлат, ҳизби сиёсӣ унсури низоми сиёсӣ бошанд, пас ҳуқуқ унсури низоми ҳуқуқӣ аст.

Низоми ҳуқуқӣ ғайр аз ҳуқуқ боз унсурҳоеро дар бар мегирад, ки бо ҳуқуқ алоқаманданд, бо мақсади дарку таҳлили ҳуқуқ, эҷоду татбиқи он, истифодаи чораҳои ҳуқуқҳифзкунӣ арзи вуҷуд доранд. Ҳуқуқи позитивӣ, чи тавре маълум аст, аз меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст. Вале барои эҷоду қабули онҳо мақомоти қонунгузор таъсис мешаванд. Дар натиҷаи фаъолияти онҳо ҳуқуқ шакли (зуҳуроти) худро (конститутсия, қонунҳо) пайдо мекунад. Бо мақсади иҷрои ҳуқуқ фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар марказ ва маҳалҳо ба роҳ монда мешавад, ки боиси қабули санадҳои зиёди зериқонунӣ мегардад. Меъёрҳои қабулгаштаро мақомоти ҳуқуқтатбиқсозӣ ва ашхоси босалоҳият дар ҷараёни ҳалли корҳои (ҳолатҳои) мушаххаси ҳаёт татбиқ мекунанд. Дар ҷараёни татбиқи ҳуқуқ амалиётҳои гуногуни ҳуқуқӣ гузаронида мешаванд (тафсири ҳуқуқӣ, истифодаи чораҳои маҷбурсозии ҳуқуқӣ ва ғ.). Ҳуқуқро бевосита шаҳрвандон низ амалӣ мекунанд.

Низоми ҳуқуқии ҷомеа мураккаб буда, аз унсурҳои илмӣ-маънавӣ ва амалӣҳуқуқӣ иборат аст, ки якҷоя ва вобаста ба ҳуқуқ ва шаклҳои ифодаи он (қонунгузорӣ) амал мекунанд.

Аз нигоҳи мансубияти кишварӣ, низоми ҳуқукӣ дохилидавлатӣ аст. Азбаски ҳар як кишвар ҳуқуқи миллии худро дорост, низоми ҳуқуқи он низ мазмуни миллӣ дорад.

Аммо ҳуқуқи миллии ҳар як кишвар мутлақо мухтор нест. Омилҳое ҳастанд, ки ҳуқуқи давлатҳои мухталифро бо ҳам наздик мекунанд, аз қабили сарчашмаҳои ҳуқуқ, соҳаҳои ҳуқуқ, институтҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқтатбиқсозӣ, тафсири ҳуқуқӣ, мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва м.и. Дар асоси аломатҳои ба ҳам наздики ҳуқуқӣ (сарчашмаҳои наздик, таснифи умумии соҳаҳои ҳуқуқ, мафҳумҳои наздики ҳуқуқӣ ва ғ.) «умумияти» низоми ҳуқуқии якчанд давлатҳо таъмин мегардад, ки онро «оилаи ҳуқуқӣ» меноманд. Дар олами муосир якчанд «оилаи ҳуқуқӣ» арзи вуҷуд доранд (романи-олмонӣ, умумии англисӣ, мусулмонӣ ва ғ.).

2. Унсурҳои низоми ҳуқуқӣ

Низоми ҳуқуқӣ мураккаб буда, аз унсурҳои гуногун иборат аст. Онҳоро ба намудҳои (гурӯҳҳои) зерин ҷудо кардан мумкин аст.

  1. Ҳуқуқ. Ҳуқуқ унсури марказии низоми ҳуқуқӣ аст. Низоми ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқ пайдо мешавад. Бо пешрафти ҳуқуқ низоми ҳуқуқӣ низ такмил меёбад.
  2. Қонунгузорӣ. Ҳуқуқ (ҳуқуқи позитивӣ) дар шакли қонунҳо ва санадҳои меъёрии зериқонунӣ амал мекунад, ки онро қонунгузорӣ меноманд.
  3. Субектони фардӣ ва коллективӣ. Дар низоми ҳуқуқӣ шахс ба ҳайси фарди алоҳида ва якҷоя бо дигарон дар шакли иттиҳодияҳо (созмонҳо, ҳизбҳои сиесӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, давлат – ҳамчун шакли баланди иттиҳоди одамон) иштирок мекунад. Ташкилотҳо дар муносибатҳои ҳокимиятӣ, идоракунӣ ва ҳамчунон дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ба ҳайси шахсони юридикӣ ширкат меварзанд.
  4. Унсурҳои амалӣ-ҳуқуқӣ. Фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи эҷоду татбиқи ҳуқуқ амалияи ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ки унсури муҳими (амалии) низоми ҳуқуқӣ аст. Дар натиҷаи амалияи ҳуқуқӣ ду намуди он ҳосил мешаванд: амалияи ҳуқуқэҷодкунӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ. Дар амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ ҷои муҳимро амалияи судӣ соҳиб аст.
  5. Унсурҳои ниҳоӣ-ҳуқуқӣ. Мақсади ниҳоии ҳуқуқ – таъмини муназзами муносибатҳои ҷамъиятӣ, муташаккилӣ дар ҷомеа, қонуният ва тартиботи (сохти) ҳуқуқӣ аст. Бинобар он, унсурҳои ниҳоӣ-ҳуқуқӣ (амали ҳуқуқӣ, рафтори қонунӣ, қонунияти ҳуқуқӣ, тартибот ва сохти ҳуқуқӣ) дар низоми ҳуқуқӣ ҷои муҳимро (таъминсозиро, кафолатбахшро) соҳибанд.
  6. Унсурҳои психологӣ-маънавӣ. Амали ҳуқуқ дар ҷомеа, иҷроиши қонунҳо, рафтори қонунӣ, қонунияти ҳуқуқӣ ва тартиботи (сохти ҳуқуқӣ) бе шуури ҳуқуқии одамон, маданияти ҳуқуқӣ номумкин аст. Барои дарки қонунҳо, эҳтирому риояи онҳо шуури ҳуқуқии аҳолӣ, сатҳи мухталифи он (илмӣ, касбӣ, оддӣ) ва унсурҳои он (ҳиссиёту эҳсосот, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ ) унсуру омили зарурианд.
  7. Унсурҳои илмӣ-ҳуқуқӣ дар шакли мафҳумҳои илмӣ, категорияҳои илмӣ, принсипҳои ҳуқуқ, назарияву таълимотҳои илмӣ арзи вуҷуд доранд. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ – шакли тафаккур, воҳидҳои таркибии фикрронӣ буда, нишонаҳои муҳими фарқкунандаи чиз ё ҳодисаҳои оламро ифода мекунанд (мафҳумҳои «ҳуқуқ», «қонун», «сарчашмаи ҳуқуқ», «меъёри ҳуқуқ» ва ғ.). Категорияҳои ҳуқуқӣ – шакли умумигаштаи мафҳумҳои ҳуқуқӣ мебошанд (масалан, дар натиҷаи муттаҳидгардонии меъёрҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, корпоративӣ, одатӣ категорияи «меъёри иҷтимоӣ» ҳосил мешавад). Таърифҳои ҳуқуқӣ– мафҳумҳои ҳуқуқӣ, ки бо нишонаҳояшон ифода мешаванд (таърифи ҷиноят, кирдори маъмурӣ ва м.и.). Принсипҳои ҳуқуқ – нуқтаҳои муайянсозанда ва аввалиндараҷаи (заминавии) ҳуқуқ мебошанд (адолат, озодӣ, баробарӣ, инсондӯстӣ ва ғ.). Шакли баланди (илмии) тафаккур назарияву таълимотҳои илмӣ мебошанд, ки мафҳуму категория ва принсипҳои ҳуқуқро пешбариву тадқиқ мекунад. Назарияҳои илмӣ шакли умумигаштаи таълимотҳои илмӣ мебошанд. Илми ҳуқуқӣ аз назарияҳои илмӣ иборат аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *