Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Мақомоти корҳои дохилӣ

Қисмати асосии таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ин милитсия мебошад. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти милитсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 17.05.2004, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд.

Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.

Самтҳои асосии фаъолияти милитсия аз инҳо иборатанд:

-ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;

— пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ;

— таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ;

-ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд;

— ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ;

— дар доираи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият;

— таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;

— татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ;

-амалӣ намудани назорати муҳоҷират, танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба шахсони ҳуқуқӣ додани иҷозат барои ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд.

Милитсия ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад.

Корманди милитсия дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин вобаста ба ин пайдо гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшро фаҳмонад.

Милитсия вазифадор аст шахсро бо ҳуҷҷатҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои вай шинос намояд, ба шарте, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Агар шахс ҳисоб кунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз тарафи мақомоти милитсия ё шахсони мансабдори он поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақомоти болоии милитсия, прокуратура ё суд шикоят кунад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст.

Милитсия вазифадор аст:

1) Ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро пешгирӣ намояд, сабабу шароитҳоеро, ки ба содир кардани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунанд, ошкор намуда, барои рафъи онҳо тадбирҳо андешад, бо ҳуқуқвайронкунандагон бо таври инфиродӣ корҳои пешгириро анҷом диҳад, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд;

2) бо мақсади пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани ҷиноят амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад;

3) тартиботро дар кӯчаю хиёбон, боғу майдонҳо, роҳҳои нақлиётгард, вокзалу фурӯдгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин намояд;

4) якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ беназоратии кӯдаконро пешгирӣ кунад;

5) ариза, хабар ва дигар маълумотро дар хусуси ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин дар бораи содиркунандагони онҳо қабул кунад, ба қайд гирад ва чораҳои зарурии қонунӣ андешад;

6) дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намояд ё оғоз намудани парвандаи ҷиноятиро рад намояд, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ гузаронад, омодасозии маводи пешазсудиро дар шакли протоколӣ анҷом диҳад;

7) бехатарии ҳаракатро дар роҳҳо ба танзим дарорад ва таъмин намояд;

8) шиносномаҳо, иҷозатномаҳои ворид шуданро ба минтақаҳои сарҳадӣ диҳад, шаҳрвандонро ба қайд гирад ва аз қайд барорад, аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя шудани қоидаҳои низоми шиносномавиро назорат намояд;

10) назорати иҷрои қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тариқи транзитӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намудаанд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани онҳо, масъалаҳои шаҳрвандӣ, инчунин додани вазъи ҳуқуқиро ба гурезагон ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд, баррасӣ намояд;

Инчунин дигар вазифаҳое, ки қонунгузорӣ ба зиммаи милитсия гузоштааст, иҷро намояд.

Милитсия барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

1) аз шаҳрвандон ва шахсони мансабдор риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳоеро, ки ба амалӣ гардонидани ваколатҳои милитсия мамоният мекунанд, талаб намояд ва дар сурати иҷро накардани ин талабот аз чораҳои маҷбурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

2) ҳангоми гумонбар шудан ба содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки шахсияти шаҳрвандонро тасдиқ мекунанд, санҷад ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои барои риояи қоидаҳо, ки назорати онҳо ба зиммаи милитсия вогузор гардидааст, талаб намояд;

3) шахсонеро, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, оварад ва нисбати онҳо ҳуҷҷатҳои лозимӣ тартиб дода, тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;

4) дар ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда ҷазои маъмурӣ муқаррар намояд ё ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ ба суд, комиссияҳои назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорад;

5) шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд ва инчунин шахсонеро, ки нисбати онҳо ҳабс ҳамчун чораи пешгирӣ муайян шудааст, боздошт намояд ва дар ҳабс нигоҳ дорад;

9) шахсонеро, ки дар содир намудани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гумонбар шудаанд, барои муайян кардани мастиашон аз истеъмоли машрубот ё маводи воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва дигар маводи мадҳушкунанда барои муоина ба муассисаҳои тиббӣ фиристад ё оварда расонад, ба шарте, ки натиҷаҳои муоина барои тасдиқ ё инкор кардани далели ҳуқуқвайронкунӣ ё баррасии парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ зарур бошанд;

10) шахсонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ва намуди зоҳирии онҳо шаъни инсон ва ахлоқи ҷомеаро таҳқир месозад ва агар онҳо қобилияти мустақилона роҳ рафтан надошта бошанд ё метавонанд ба атрофиён ё худашон зарар расонанд, нисбати шахсони дар манзилҳояшон буда — дар асоси аризаи шифоҳӣ ё хаттии истиқоматкунандагони он ҷо, агар тахмин равад, ки рафтори шахсони мазкур ба ҳаёт, саломатӣ ва моликият таҳдиди хатар мекунад, ба муассисаҳои тиббӣ ё қисми навбатдори милитсия расонад ва то ҳушёр шуданашон нигоҳ дорад;

11) бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, кофтукови ҷинояткорони пинҳоншуда бо риояи талаботи қонунгузорӣ чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ андешад, маълумотҳои, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ дастрасшударо истифода барад.

Корманди милитсия ҳуқуқ дорад яроқи табелӣ ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад.

Барои таъмини амнияти шахсӣ корманди милитсия метавонад аз яроқи табелӣ, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ истифода намояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *