Фанни Ҳуқуқи инсон

Барқарории давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон

1.Барқарории давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ

ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Дар ҳар мамлакат рушди идеалҳои давлатдории демократӣ ва принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба махсусияти ватанӣ такя карда, аз шароитҳои ташаккулёфтаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, хусусиятҳои шуур ва мавқеи фаъолонаи аҳолӣ вобаста аст. Баъди  эълон шудани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ба сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ равона намуд.

Тоҷикистони ҳозираи соҳибистиқлол ояндаи худ ва тақдири шаҳрвандони хешро дар давлати пуриқтидори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ мебинад, ки дар ташаккули онҳо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бояд нақши махсус бозад. Он асосҳои ҳуқуқиро гузошта, дурнамои рушди ҷамъиятӣ  ва барқарории давлатдории замони ҳозираро муайян намуд.

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳо, унсурҳо ва аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд пурра таҷассум ёфтаанд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуняӣ ва ягона мебошад.

Моддаи 1-и Контитутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10-и Конститутсия яке аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд-волояти қонунро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ таҳким мебахшад. Мувофиқи моддаи мазкур Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, қонунҳо ва дигар санадҳои хуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёди дар назди шаҳрвандони худ масъул ба зиммаи худ ӯҳдадориҳои конститутсионии таъмини ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кафолати риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро гирифтааст.

 

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Қисми 3-и моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи моддаи 17-и Конститутсия давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Боби алоҳидаи 2-юми Конститутсия ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Ба сифати асосҳои ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 9 принсипи тақсими ҳокимиятҳоро таҳким бахшидааст. Сардори давлат ва ҳамзамон сарвари ҳокимияти иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳокимияти иҷроияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Мақомоти  олии намояндагӣ ва қонунбарор парламент — Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Ҳокимияти судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба амал мебароранд.

Ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар фаъолияти худ кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин кунанд. Мувофиқи моддаи 64-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Санадҳои меъёрии аз ҷониби мақомоти ҳокимияти қонунбарор қабулшаванда бояд бо ғояҳои инсондӯстдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо фарогир бошанд. Дар таъмини ҳуқуқҳои  инсон мақомоти ҳокимияти иҷроия, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд  нақши калон бозанд.

Тибқи моддаи 84-и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсият, манфиатҳои давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолияти ҳокимияти маҳаллӣ, прокуратура, ҳамчунин комитетҳо, шӯъбаҳо, идораҳои махсус таъсисёфта, ки бояд ҳуқуқу озодиҳои категорияҳои гуногуни аҳолиро ҳифз  намоянд, нигаронида шудаанд.

Тоҷикистон ҳамчунин роҳи бунёди давлати иҷтимоиро эълон доштааст.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Моддаи 1-Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Меъёрҳо ва арзишҳои дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда дар ташаккули институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозанд. Чунончи, нуқтаҳои алоҳидаи конститутсионӣ дахлнопазирии шахсият ва ҳаёти шахсии инсон, гуногунрангии идеологӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, фаъолияти озодонаи  иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ва ғайраро эътироф мекунанд.

Дар Тоҷикистон имрӯза васоити мустақили ахбори омма, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолона рушд мекунанд. Аммо раванди барқарорӣ ва рушди давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуру дароз ва мураккаб аст. Вай аз бисёр омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунин аз мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ ва масъулиятнокии ҳар як инсони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагикунанда вобаста аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *