Фанни Фархангшиноси

Мафхуми маданият, мохият ва сохтори он

Нақша:

  1. Аз таърихи омӯзиши илмии мафхуми маданият.
  2. Мафхуми маданият. Маданият хамчун олами маънавии инсон.
  3. Сохтори маданият. Мафхумхои маданияти миллй, маданияти этникива маданияти ҷахонӣ.

Аз таърихи омӯзиши илмии мафхуми маданият

Маданият мисли дигар масоили умумифалсафитаърихи худро дорад. Лекин дар ин ҷо бояд таърихи тасаввуротро оид ба маданият аз таърихи худи маданият фарқ кард. Чунки решахои маданият дар даврахои хеле қадими пайдоиши инсон ба назар расад хам, лекин ба зудидар шуури онхо айнан инъикос намеёбад. Ин фақат дар зинаи баланди тараққиёти мадании инсоният ба даст меояд.

Маълум аст, ки мафхуми маданият аз ҷихати назариявидар асри XVIII дарку тасвир шудааст. Лекин феномени маданият якҷоя бо пайдоиши ҷамъияти инсониба вуҷуд омадааст. Барои хамин хам таърихи мафхуми маданиятро аз ходисаи инъикоскунандаи он бояд фарқ кард. Ханӯз файласуфони Юнони Қадим ба ин масъала таваҷҷӯхи хоса пайдо карда буданд. Лекин онхо ба таври умуминазарияхои худро баён намудаанд ва тахлили илмии ин мафхум дар замони атиқа мушохида намешавад. Дар фалсафаи Шарқ низ масоиле, ки дар мафхуми маданият ҷой дорад, истифода шудааст. Масалан, масъалаи ахлоқ, ки ҷавхари хама гуна арзишхоро дар хамаи давру замон ташкил медихад, дар «Авесто»-китоби муқаддаси зардуштиён, «Трипитака»-китоби муқаддаси буддоиён, «Ведо»-сарчашмаи динию маънавии хиндуёни қадим, хеле хуб инъикос гардидааст.

Омӯзиши мунтазами илмии мафхуми маданият дар асрхои XVII-XVIII оғоз меёбад. Гуфтан ҷоиз аст, ки аввалин маротиба калимаи «культур»-ро Ситсерон Марк Туллий (с. 106-40 то мелод)-сиёсатмадор ва воизи Рим истифода бурдааст. Вай ҷихати асосиро дар инкишофи қобилияти маънавии инсон, дар фалсафа мебинад, ки онро асоси хушгуфторимешуморад. Фахмиши маданият дар Ситсерон тобиши иҷтимоию сиёсидорад, ки вазифахои ихтимоию гражданива ахлоқии инсонро дар назди давлат асоснок менамояд.

К. Татсит маданияти қабилахои германиварвархоро (вахшихо) тасвир намуда, бартарии шакли маданияти Римиро, пеш аз хама дар вуҷуд доштани давлатдорӣ, шароити хуби хастии инсонимебинад. Тахминан чунин тасаввурот оид ба маданият ва таърихи он дар байни олимони Шарқ ва умуман шарқиён вуҷуд дорад.

Онхо маданияти «худӣ» ва «бегона»-ро муқобил гузошта, (Вайнберг, ИП) таъсири маданияти бегонаро инъикос намекарданд.

Аввалин кӯшиши таърифи маданият аз ҷониби Э.Тейлор-этнографи англис соли 1870 сурат гирифт. У яке аз мухаққиқони маданияти замони ҷамъияти ибтидоибуд, ки пайдоиши маданияти моддива маънавии одамони ибтидоиро хеле хуб тасвир намудааст. Дар асрхои миёна маданият камолоти шахсива хусусан камолоти динии шахсро ифода мекард. Дар замони Ренессанси (эхё) ғарбитакомули маданигуфта, ба ғояи башардӯстимувофиқ омадани атвору аъмоли инсонро мефахмиданд. Ба андешаи олими франсавиМишел Мантен тараққии хамаи пахлӯхои маданият натиҷаи рушду такмили ахлоқии инсон аст.

Барои файласуфони асри XVII (Р.Декарт, Б.Спиноза) мустақилият ва озодифақат ба махлуқи дорои ақл хос аст, ки вай қобилияти идроки назариявидорад. Ин сархаде аст, ки инсонро аз дунёи дигар худо мекунад, яъне сархади худи маданият. Бояд гуфт, ки доир ба маданият таърифоти натуралистива идеалистивуҷуд дорад. Натурализм маданиятро ба яке аз зинахои эволютсияи табиат табдил медихад. Аз ин бармеояд, ки маданият боз як шакли харакати материя, дар қатори дигар шаклхои он мебошад. Намояндагони таърифоти натурализм В.Ф.Асмус, И.Г.Гердер ва ғайра мебошанд.

Олимони рус низ дар тавсифи категорияхои маданият сахми босазо гузоштаанд. Маркорян Э.С. нишондоди мухими методологиро пешниход намудааст: «Маданият баробари мушкил будани структураи худ ва гуногун будани таркибаш бояд чун як чизи умум ва дорои ягонагии дохили тасаввур карда шавад». В.М.Межуев мегӯяд, ки маданият-ин тараққиёти худи инсон аст. Вай неъматхои моддива маънавиро ба вуҷуд оварда, худашро инкишоф медихад. Умуман дар зери мафхуми маданият чибояд фахмида шавад. Доир ба ин масъала олимон ба як фикри умум наомадаанд. Барои хамин хам олимони америкоиК.Клаксон ва А.Кретер ханӯз якуним аср пеш, 164 маънидодкунихои мафхуми маданиятро муайян намудаанд. холо бошад, зиёда аз 300 маънидодкунихои ин мафхум вуҷуд дорад. Яке аз чунин маънидодкунидар илми фархангшиносии имрӯза истифода шудааст: «Маданият -ин амалиёти фаъолонаи эҷодии инсон дар сохаи истехсолоти моддива маънавибахри аз худ намудани ҷахон аст»

Мафхуми маданият. Маданият хамчун олами маънавии инсон

Фархангшиносимафхуми маданиятро хамчун ифодакунандаи мохияти хастии инсон ва татбиқи фаъолияти эҷодии ӯ истифода мебарад. Дар ин ҷо ду чизро бояд фарқ кард. Аввал, хамчун ҷузъи ҷудонашавандаи қобилияти инсон. Дуюм дарки тадбиқи иҷтимоии озодӣ. Бидуни аввал маданият умуман пайдо намешавад, лекин дуюмин дар давраи нисбатан баъдинаи инкишофи он ба даст меояд.

Мафхуми маданият муносибати хамаҷонибаи инсонро ба ҷахон инъикос менамояд, ки бо воситаи он инсон, ҷахон ва шахсияти худро меофарад. Маданияти гуногунро омӯхта мо на танхо китобхо , мақбарахо, бозёфтхои бостоншиносиро меомӯзем,балки барои худ дигар ҷахони инсонӣ, ки дар он мардумон зиндагикарда, дигар хел хиссиёт доштанд, дарк менамоем.

Дар ин ҷо саволе пайдо мешавад: «Чихел муносибати хамаҷонибаи инсон ба ҷахон таъмин мегардад?» «Ҷавоб додан ба ин савол-ин характеристикаи маданият хамчун предмети фархангшиносиро нишон медихад. Муносибати инсон ба ҷахон бо мохияти мазмунимуайян мегардад. Агар предмет мазмун надошта бошад, вай барои инсон вуҷуд надорад. Мохият-ин мазмуни хастии инсон аст (аз он ҷумла, хастии дохилӣ), ки роли махсусро иҷро мекунад. Лекин мохиятро аз ахамият бояд фарқ кард. Масалан, яке аз мухимтарин мохият «орзуи ишқ»-хеҷ гох образи предметии ягон инсонро муайян наменамояд (он вақт хар яки мо пешакимедонистем, ки киро дӯст медорем). Мохияти аслина фақат ба ақл равона шудааст, балки ба хиссиёти нозуктарин ва чуқуртарини рухии инсонива ирода мансуб аст. хамаи ин мохиятхо ахамияти умум доранд, зеро ки одамони бисёрро муттахид намуда, асоси фикру хиссиёти онхо мегардад. Махз чунин мохиятхо маданиятро ба вуҷуд меоваранд.

Инсон ҷахонро бо мохиятхо пур мекунад ва дунё барои ӯ дар ахамияти универсалии инсонибаромад мекунад. Ҷахони дигар бошад ба инсон лозим нест. Н.А.Мешерякова ду шакл ё намуди базиси муносибати арзишхоро муайян намудааст. Ҷахон барои инсон «худӣ» ва «бегона» шуданаш мумкин. Маданият тарзи универсалие мебошад, ки бо воситаи он инсон ҷахонро «худӣ» менамояд ва онро ба хонаи хастии инсон мубаддал менамояд. хатто ситорахои осмонива қаъри уқёнус ба маданият мансуб аст, барои он, ки ба онхо зарраи рухияи инсонидода шудааст ва дар онхо мохияти инсониҷой дорад. Агар чунин мохият намешуд, инсон ба осмони ситорахо назар намекард, шоирон шеърхо наменавиштанд, олимон бошад, тамоми хастии худро барои омӯзиши табиат сарф намекарданд ва кашфиёти бузург руй намедод. Фикри назариявидаррав пайдо намегардад. Барои он ки вай пайдо шавад, бояд шавқу хиссиёти инсон ба сирру асрори ҷахон ҷой дошта бошад ва нисбати асрори хастихайронипайдо гардад. Бесабаб нест, ки Платон чунин гуфта буд: «Шуур аз хайронисар мешавад. Лекин дар он ҷое, ки мафхумхои маданинест, инчунин шавқу хайронивуҷуд надорад».

Аз ин ҷо чунин таърифи маданиятро хосил кардан мумкин аст: «Маданият ин шакли универсалии фаъолияти худмуайянкунии инсон бо тарзи тасаввури мафхумхо, кӯшиши кушодан ва тасдиқ намудани мохияти хаёти инсонидар мутаносибии вай бо мохияти аслӣ». Дигар хел карда гӯем, маданият дараҷаи муайяни тараққиёти ҷамъиятро инъикос менамояд, ки дар намуд ва шаклхои ташкили хаёт, фаъолиятмандии одамон ва дар сарватхои моддива маънавии онхо зохир мегардад.

Агар мафхумхои «маданият», «култура» ва «фарханг»-ро дар як қатор гузорем, маънохои тафтуллафзии онхо аз хамдигар фарқ менамояд. Лекин мохияти аслибарои инъикоси як матлаб равона карда мешавад. Калимаи «култура» лотинист, ки маънои коркардабароӣ, тараққиёт, тарбияро дорад. Калимаи «маданият» бошад, аз забони арабимаънои шахрдорӣ, сокини шахрро дорост. Мафхуми «фарханг» аз забони форсии миёна дорои маънохои гуногун ба мисли китоби луғат, тадбир, санҷидан, илму фазл, донишу ақл ва одоб мебошад.

Аз ин ҷо таърифоти гуногуни мафхуми маданият ҷой дорад, ки хар яки он бо ин ё он тарз маънои васеи онро кушода медихад.

Сохтори маданият. Мафхумхои маданияти миллӣ, маданияти этникива маданияти ҷахонӣ Аз маънидодкунии мафхуми маданият бармеояд, ки он аз ду қисм иборат аст: моддива маънавӣ. Агар дар давраи ҷамъияти ибтидоиин ду бахши маданият дар заминаи хеле соддаи шуур ва мехнат асос ёфта, бо хам омехта бошанд, баъдтар дар натиҷаи амалигардидани тақсимоти ҷамъиятии мехнат ва аз мехнати ҷисмониҷудо шудани мехнати фикрифарқият байни онхо ба вуҷуд омадааст.

Маданияти моддиин махсули мехнати ҷисмонӣ, маданияти маънавибошад, махсули мехнати фикрии инсонро инъикос менамояд.

Ин ду сохтори маданият, бо якдигар муносибатхои гуногун доранд. Масалан, муносибати тобеӣ, функсионалӣ, муносибати сабаб ва натиҷа, муносибати баробаркунанда ва ғайра. Аз ин рӯ, маданияти моддива маънавихеҷ гох аз хам ҷудо ва худ ба худ мустақим вуҷуд надоранд. Асосан дастовардхои маданият дар ду шакл ё бо ду тарз зохир мешаванд: ашёи ва ахборӣ.

Намунахои маданияти моддиаслан дорои шаклу сурат буда, дидашавандаанд. Намунахои маънавиниз шакл дошта бошанд хам (мисли китоб, мусавварахо), аммо дар як холат онхо бисёрнусха мешаванд ва дар холати дигар ба хиссиёти ботинии инсон таъсир расонда, дар онхо хиссиёти шодӣ, ғаму андӯх ва ноумедиро ангезиш медиханд. Офаридахои маънавиёт аз насл ба насл гузашта, на танхо мардумро ба гузашта мепайвандад, балки пояи асосии худшиносимегарданд. Шаклхои асосии маданияти маънавӣ, ки дар онхо маънии хастии инсон инъикос мегарданд, чунинанд:

  1. Асотир шакли ибтидоии таърихии маданият аст, ки бо воситаи он хаётии рухиявии инсон

муайян карда мешавад.

Б) Дин як шакли шуури ҷамъиятӣ, муайянкунандаи хастии инсон бо воситаи дарку шинохтани Худохо ва қуввахои фавқуттабиӣ.

  1. Ахлоқ-чун худидоракунии дохилидар шароити озодиба вуҷуд омадааст. Қарз, виҷдон, номус

ва дигар муайянкунандахои ахлоқ ҷой доранд.

Г) Санъат — ин инъикоси талаботи инсон дар образхои символики(рамзӣ) ва эхсосоти лахзахои мухими хаёт.

Д) Фалсафа — хирадро дар шакли фикр инъикос мекунад. Аз ин ҷо маънои луғавии он мухаббат ба хирад аст. Агар бо суханхои Гегел гӯем, фалсафа рухи назариявии маданият аст.

Е) Илм — мақсади дигаркунии ратсионалии ҷахонро дар асоси дарки қонуниятхои мухими он мегузарад. Илм бо фалсафа зич алоқаманд аст, зеро он асоси методологии тафаккури илмимебошад.

Хамин тавр, маданият забони таърих аст ва таърих хотираи халқ аст. Халқхоро ба бомаданияту бемаданият ҷудо намудан мумкин нест. хамчунин маданиятро мутеи сиёсат ва идеология намуда, ба он аз мақоми синфибахо додан хато аст. Маданияти хар як халқ рушду таназзул мекунад, бори дигар эхё мешавад, аз насл ба насл мегузарад, бо маданияти халқхои дигар бархӯрда бузургива заифии худро нишон медихад. Дар адабиёти ба мо дастрас маданиятро боз ба этникӣ, миллӣ, ҷахонихудо карда нишон медиханд, ки хар яки он ба худ хос маънихоро инъикос мекунанд.

Маданияти этникӣ-хусусияти мадании халқхоро дар худуди махалли вуҷуддошта нишон медихад. Хусусияти маданияти этникимахсусан дар он зохир мегардад, ки чихел одамон кор мекунанд, кадом олотхоро истифода мебаранд, чихел хонахо месозанд, чихел либос ё хӯрокро интихоб мекунанд.

Маданияти миллибар хилофи маданияти этникихусусияти мадании як миллатро муайян менамояд ва нишондихандаи мухими он забон аст. Ба ғайр аз ин хусусиятхои миллидар хӯрок, либос, расму оин ва идхо таҷассум меёбанд. Маданияти миллихусусияти муттахидкунанда дорад, зеро ки онхо дар мухити гуногуни маданизиндагикарда, робитаи бовосита ва бевоситаи хешу таборидоранд. Дар ҷараёни маданияти хаттимаданияти миллисурат мегирад. Фарқи маданияти миллиаз этникичунинанд: дар маданияти миллисохти хоҷагидорӣ, иҷтимоию синфиилова мешавад; омили иқтисодимақоми калон мебозад; унсурхои ахлоқию хуқуқибартарипайдо карда, маданияти дунявипайдо мешавад.

Маданияти ҷахонихусусияти умумидорад ва дар заминаи маданияти этникию миллибунёд меёбад. Намунахои барҷастаи маданияти ҷахонидар сохаи архитектура, адабиёт, санъат, илм- дорои маънавиёти бузург мебошанд, ки мардумони дунё аз он бахра мегиранд, ки оид ба онхо дар мавзӯъхои оянда сухан меравад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *