Фанни Фархангшиноси

Маданияти тамаддунхои Шарқи Қадим

Нақша:

  1. Миср хамчун қадимтарин маркази тамаддуни ҷахонӣ.
  2. Маданияти Байнаннахрайн.
  3. Тамаддуни Ҳиндустон ва Хитои Қадим.

Адабиёт:

  1. Назри Яздонӣ, Далер Баҳромӣ. Маданиятшиносӣ.-Душанбе, 2006.
  2. Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих.-Душанбе, 1999.
  3. Раҳмонов Э. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ.- Душанбе, 2006
  4. Раҳмонов Э.Ш. Ваҳдати миллӣ мароми мост.-Душанбе, 1997.

5..Сулаймонов С. Фарҳангшиносӣ.-Душанбе, 2001.

  1. Темур Атаханов, Сафар Сулаймонӣ. Тамаддун. Китоби 1-2.-Душанбе, 2003-2005.
  2. Турсунов А. Эҳёи Аҷам.-Душанбе, 1984.

Миср ҳамчун қадимтарин маркази тамаддуни ҷахонӣ

Дар байни давлатхои Шарқи Қадим Миср бо давлатдории муқтадири худ дар ҷахон шӯхрат пайдо карда буд. Дар хавзаи дарёи Нил, қисмати шимолу шарқии Африка воқеъ гардида, мавзеи мухими стратегиро ишғол мекард. Дар хазорсолаи IV пеш аз мелод дар ин ҷо нишонахои давлат пайдо шуда, дар заминаи он ҷамъияти мутараққии ғуломдориба вуҷуд меояд.

Мисрро тӯхфаи Нил меноманд ва ин бехуда нест, зеро ки махз дар сохилхои ин дарёи бузург тамаддуни қадими ин кишвар пайдо гардидааст. Баррасии илмии таърихи маданияти Миср дар асри Х1Х огоз ёфт. То ин вақт аз рӯи маълумоти Инҷил ва муаррихони Юнону Рим ба маданияти мисриён бахо медоданд. Кохин Менафон бо забони юнони«Таърихи Миср»-ро менависад, ки дар он тамоми воқеахои таърихию маданиро ба таври хронологитасвир менамояд. Дар ин сарзамин ёдгорихои бисёре (ахром, муҷассамахо ва ғ.) вуҷуд доранд, ки нишонаи маданияти бой доштани мардумони ин кишвар аст.

Соли 1822 олими фаронсавиФ.Шампоньон мифтохи қироати иероглифхои мисриёнро дарёфта, пайдоиши хатро дар ин мамлакат пештар аз дигар мамлакатхои дунё тасдиқ намудааст. Мисриёни Қадим халқи ягона буданд ва бо як забон харф мезаданд. Аз рӯи намуди ботиниранги пасти ҷигаридоштанд.

Аввал давлатхои ғуломдории хурд-хурд пайдо шуда, баъд дар натиҷаи муборизахои шадид ба давлатхои бузурги ғуломдоритабдил меёбанд. Соли 3000 то мелод гӯё, ки аввалин давлати сулолавиро, подшох Менес таъсис додааст. Гул-гул шукуфии маданияти Миср дар давраи хукмронии сулолаи 4-уми фиръавнхо, ки асосгузори он Дисосер буд, мушохида мешавад. Умуман, се мархилаи таърихимуайян шудааст: шохигарии боло, миёна ва қадима.

Сарчашмаи асосии омӯзиши маданияти мисриён асотиру динхо мебошад, ки тавассути он фикру ақоиди худро нисбати ходисаю воқеахо баён менамуданд. Хусусан, дар бораи «Осирис»- Худои заминдорива некӣ, Худои офтоб «Ра» ва ғайра. Иҷрокунандаи иродаи худохо дар замин фиръавнхои дорои ақлу хираду тавоноибуданд. Фиръавн Аминохотепи-ГУ ислохоти динигузаронида, мардумро даъват менамояд, ки ба худои ягонаи Амон бовар намоянд. Дар Миср қариб 40-вилоят вуҷуд дошт, ки сокинони хар кадоми он ба дину бутхои гуногун саҷда мекарданд. Инчунин парастиши хайвонхои гуногун, ба мисли гурба, саг, уқоб, шер ва ғайра ҷой дошт. хамин тавр, дар даврахои қадим мисриён дар холати бисёрхудоиумр ба сар мебурданд ва бо дасти фиръавнхо мамлакатро идора менамуданд. Дар замони то сулолавимардумро мисли дигар халқхо дар чуқурихои доирашакл дафн мекарданд. Дар замони сулолавифиръавнхо барои худ мақбарахои мураккаб месохтанд, ки намунаи он ахроми Миср мебошад. Масалан, ахроми Хеопс, Хефрен, Хуфу ва ғайра сохта мешаванд, ки аввалин мӯъҷизаи ҷахон махсуб мегарданд. Пайдоиши ахромро аз ду ҷихат асоснок кардан мумкин аст. Аз ҷихати иқтисодива психологива онро меъмор Имхотеп дар асри У1 пеш аз мелод ба лоиха гирифта, баъд ба сохтани он шурӯъ намудааст.

Ба таъсири калони дин нигох накарда, дар Миср илмхои гуногун пайдо шуда, инкишоф ёфтааст. Мисриён донишхои худро дар мактабхои махсуси назди дарборитакмил медоданд.

Математика, геометрия, астрономия, тиб, кимё ва дигар илмхо ташаккул меёбанд ва ба дигар минтақахои дунё пахн мешаванд. Мисриёни қадим масохати секунҷа, чоркунҷа, трапетсия, доира, хаҷми пирамидахои сарбуридаро хисоб карда метавонистанд. Дар асоси мушохидахои астрономии худ тақвим тартиб доданд.

Хамин тариқ, дастовардхои бехтарини мисриёни қадим дар пешрафти маданияти ҷахонитаъсири калон расонидааст. Сохтмонхои бошукӯх, муҷассамахои аҷоиб, расмхои нафис, адабиёти бою рангин ва системаи донишхои Мисри Қадим шахсро бо нотакрорӣ, бадеият, мазмуни чуқури худ ба хайрат меоваранд.

Маданияти Байнаннахрайн

Байнаннахрайн -дигар маркази бузургтарини тамаддуни ҷахонимебошад, ки давлатхои ғуломдоридар он ҷо баробари давлатхои Миср пайдо шудаанд. Калимаи Байнаннахрайн (Месопотамия) аз забони юнонигирифта шуда, маънои миёна, яъне байни ду дарё (нахр)-ро дорад. Минтақаи дар байни дарёи Даҷла ва Фурот воқеъ гардидаро бо ин ном ба забон мегиранд. Дар ин ҷо шахрхо, давлатхо, ба монанди Шумер, Аккад, Бобул, Ассирия Лагаш ва ғайра воқеъ гардида буданд. хозир бошад, дар ин минтақа давлатхои Сурия, Ироқ, Туркия ва баъзе дигар давлатхо ҷойгир шудаанд.

Халқи қадимтарин, ки ба ин минтақа асос гузоштааст, шумерхо буданд, ки ханӯз дар хазорсолаи IV- пеш аз мелод хатро ба вуҷуд оварданд. Ишорахои хаттиба образи тасвирии он баробар карда мешавад. Онро бо забони илми«пиктограмма» меноманд. Инчунин дар ин мантақа нишонахои хати мехи(клинопись) пайдо шуда, рамзи кушодани онхо ба вуҷуд оварда мешавад.

Дар хаёти мардумони ин кишвар дину оин мавқеи асосиро ташкил мекард, хар як шахру давлатхо худои худро дошт. Мавқеи мухимро тасаввуроти шумерхо оид ба «Худо-модар» ишғол мекард, ки хамчун мухофизаткунандаи заминдорӣ, хосилхезимаълум буд. Худои Инанна- Худои шахри Урук, қуввахои гуногуни табиат дар образи афсонавии се Худо: Ан-Худои осмон, Энлиле- Худои замин, Энки-Худои об таҷассум ёфтаанд.

Дар системаи динхои Байнаннахрайн динхои Бобулистон мавқеи хосаеро ишғол менамоянд. Масалан, Мардук-худои нигохдорандаи Бобулистон хисоб карда мешуд. Дар тасаввуроти бобулиён асотир бо динхо омезиш ёфта, ҷахонбинии ононро нисбати табиат, набототу хайвонот ва ғайра муайян менамояд. Асотир дар бораи Гилгамеш, оид ба офарида шудани олам ва дигар хикояхо ҷахони маънавива хусусияти зисту -зиндагонии мардуми ин кишварро инъикос менамояд. Гилгамеш дар эҷодиёти дахонихамчун подшохи шахри Урук нишон дода мешавад ва ин асотир хусусияти халқидорад.

Дар ин сарзамин аввалин қонуни хуқуқиба мисли Қонуни Хаммурат ба вуҷуд меояд, ки бо воситаи он сохти ҷамъияти ғуломдорива идоракунии давлат ба низом дароварда мешавад. Дар ин қонун тамоми сохахои хаёти ҷамъиятии онвақта, хусусан меъёрхои хуқуқи инсон хеле васеъ тасвир шудааст ва аз ин рӯ қонуни Хаммуратро яке аз бузургтарин ёдгорихои маданияти ҷахонимешуморанд. У яке аз подшохони Бобулистон (1792-1750 то мелод) буд, ки қонуни худро рӯи санги сиёх бо дасти ғуломон тасвир намудааст. Аз рӯи ин қонун имзо кардани шартномаи оилавиҷой дошт, ки имрӯз оид ба он сухан меронанд.

Дастовардхои мардуми Байнаннахрайн дар сохаи астрономия, риёзӣ, тиб ва баъзе илмхои ҷамъиятшиносиба ҷахониён маълум аст. Системаи ададии Бобулистон то имрӯз истифода мешавад. Масалан, тақсимоти 1-соат ба 60 дақиқа ва доира ба 360 дараҷа ва ғайра. Тасдиқ шудааст, ки математикони бобулиилми алгебраро асос гузоштаанд. Онхо дар баъзе холатхо муодилахои дорои се номаълумро хал мекарданд. Яке аз марказхои машхури илми китобхонаи Ашӯрбанапол буд (китобхона ба номи шох Ашурбанапол гузошта шудааст), ки адабиёти зиёд доир ба хамаи сохахои илм хамъ оварда шуда буд.

Дар ин сарзамини қадим ба меъмори ва санъат диққати махсус медоданд. Дар ин хо нисбат ба Миср масолехи асосии сохтмон хишти пухта ва хом буд. Меъморони Шумер ва Аккад қасрхои бохашамати зинадор (зиккурат) бино мекарданд; дар қасрхои худ сутунхо, аркахо, мозаика ва дигар унсурхои меъмориро васеъ истифода мебурданд.

Яке аз бузургтарин ёдгорихои меъмории Бобулистон ин муаллақбоғхои Бобул ба шумор меравад , ки чун мӯъҷизаи дуюми ҷахон эътироф шудааст. Ин намунаи бехтарини санъати ҷахониаст, ки дар он ишқу мухаббати инсонитаҷассум ёфтааст. Подшох Новохудоноср бахшида ба зани худ Семирамида дар аввали асри VI пеш аз мелод бино месозад ва тамоми боигарии давлати худро намоиш медихад. Лекин обхезии сахте, ки дар дарёи Фурот рӯй медихад, баъд аз 1,5 аср ин ёдгориро тамоман аз байн мебарад.

хамин тариқ, шахрхо -давлатхои Байнаннахрайн аз худ ёдгорихои бебахое гузоштаанд, ки дар сахифаи таърихи умумиҷахонинақши босазоеро гирифта, таъсири худро ба дигар минтақахои дунёи қадим гузоштааст.

Тамаддуни Ҳиндустон ва Хитои Қадим

Дар маданияти Шарқи Қадим Хиндустон ва Хитой нақши босазое гузоштаанд. Ин ду маркази тамаддуни ҷахонидар инкишофи сохаи гуногуни маданият сахми бузург гузошта, хусусияти маданияти анъанавии худро то имрӯз нигох доштаанд. Номи Хиндустон бо номи дарёи хинд, ки онро хиндустони Қадим Синдху меномиданд, зич алоқаманд аст.Махз дар сохилхои дарёи Хинд ва Ганг тамаддуни хинду ташаккул ёфтааст.

Пайдоиши системаи кастахо дар Хиндустон яке аз хусусияти маданияти қадими хиндуён буд. Хамаи ҷахони эмпирики(таҷрибавӣ) новобаста ба ходисахои табиива тақсимоти сохти каставӣ, аз тарафи мардумон хеле нозук дарк карда мешуд, хамчун як қуввае, ки ба ғайр аз мусибат,дигар чизеро намеорад. Азобу машаққати инсон бо маргаш ба охир намерасад, зеро ки ӯ ба хаёти нав сохиб шуд, дар ҷисми дигари зинда барқарор гардид. Некива бадии гузашта мукофот ва ё қасосро дар инъикоси хаёти нав ба вуҷуд меоварад. Дар хамин аст, мохияти қонуни Карма, ки хусусияти дигари маданияти ин кишвар аст.

Дунё аз тарафи хирадмандони хинду хамчун инъикоси беохири азобу машаққатхо тасаввур карда мешуд. Ин силсилаи мусибатхо ва роххои озод шудан аз онхо дар дини Буддоӣ, ки асосгузори он шохзодаи хинд Гаутома буд, хеле хуб тасвир гардидааст. Мазмуни таълимоти Гаутомаро ба тариқи мушаххас чунин тасвир кардан мумкин аст, ки он аз ҷор унсури илохииборат аст.

  1. Хаёт- пур аз азобу мусибат аст.
  2. Сабаби ин мусибатхо вуҷуд дорад
  3. Ин мусибатхоро бартараф кардан мумкин аст.
  4. Рохи халосиаз азобу мусибат мавҷуд аст. Ин рох пайравинамудан ба таълимоти Буддо,ки он аз 8-зина иборат аст ва дар охир ба дараҷаи «нирвана» сохиб шудан.

Барои фахмиши маданияти хиндуёни қадим донистани дини миллии онхо низ зарурат дорад. Хиндуия дар заминаи барахмания пайдо гардидааст,ки дар он хусусиятхои гуногуни хаёти динива мадании мардумхои ин кишвар инъикос гардидааст.Худохои хиндуёни қадим (ба монанди Варуна-Худои Осмон, Агезн-Худои оташ, Сурия-Худои офтоб, Индро- Худои раъду барқ, Шива, Вишну ва ғайра) дар китоби муқаддаси «Ведо»-таҷассум гардидаанд. Ведо — донишхои муқаддасро дар бар гирифта аз 4-қисм иборат аст ва то замони мо расидааст (Ригведо- гимнхои ведо,Самоведо-ведои охангхо, Яҷурведо-ведои ибодат ва қоидахои қурбонӣ, Атхарвоведо-ведои хорию илтихо ).

Махобхарата, Рамояна, Ведо барин намунахои адабиёти хиндисарчашмахои асосии омӯзиши маданияти хиндустон ба шумор меравад. Чунин ёдгорихои таърихӣ, ба монанди Хораппа ва Махенҷодаро дар бораи меъморию санъати бои хиндуён далолат медиханд. Намунаи барҷастаи санъати меъмориТоҷ-Махал аст, ки яке аз қасрхои зеботарини дунё ба шумор меравад.

Тамаддуни хитоиён баробари тамаддуни хиндуён ташаккул меёбад. Дар тӯли бисёр хазорсолахо хитоиён тарзи анъанавии худро нигох дошта, дар муддати хеле кӯтохи асри ХХ дар натиҷаи инқилоби маданиаз мамлакати қафомондаи аграриба кишвари пешқадами индустриалитабдил гардид. Номи русии «Китай» аз номи халқхои Осиёи Миёна гирифта шудааст ба ин мамлакат бо назардошти халқе, ки баромади муғулидоштанд, чунин ном доданд.

Дар инкишофи маданияти хитоиён давлатхои сулолавиба мисли Шан, Чжоу, Хан, Ян, Инь, Цин ва ғайра роли асосибозидаанд. Мардумони ин кишвар ба мисли хиндуён бо ёрии асотир кӯшиш мекарданд, ки ҷахону табиатро дарк намоянд. Одамон рӯххоро парастиш мекарданд, ки онхо инъикоскунандаи қуввахои табиат буданд. Замину осмон дорои худохои гуногун буданд: Худои некӣ, бадӣ, зебоӣ, ҷанг, адабиёт ва ғайра. Асотирхои хитоияке аз сарчашмаи асосии омӯзиши маданият мебошанд. Хитоиён ба чор намуди хайвоноти асотиридиққати махсус медиханд (аждахо, паланг, самандар, сангпушт).

Дар тӯли бисёр асрхо ба инкишофи маданияти маънавии ин кишвар се таълимоти ахлоқию фалсафиё ки 3-дин таъсири калон расонидааст: конфутсионӣ, даосизм ва буддоия.

Дини конфутсионӣ, ки асосгузори он Конфутсий буд, ақлу хирадро нисбат ба хиссиёт баландтар мегузорад. Дар асри ^Г-У пеш аз мелод ин таълимот ба арса меояд, ки дар он ахлоқу одоб, табиати зебои инсонива принсипхои идоракунии давлат ба мадди аввал гузошта мешавад. Яке аз хусусиятхои асосии ин таълимот, кӯшиши бо хам пайвастани давлатдорива инсондӯстиаст. Ахлоқро асоси расму оин шинохта инсон хислати “ИСЭН”-ро, яъне инсондӯстиро мегирад. Конфутсий қайд мекунад, ки рохбари идеалилозим аст, ки хислати асосии ӯ инсондӯстибошад. Он касе, ки дорои 5-хислат (боэхтиром, хушмуомила, ростгӯй, ҷасур, некхох) бошад, инсондӯст шуда метавонад.

Даосизм-яке аз шохахои дигари маданияти Хитой аст, ки аз таълимоти Конфутсий фарқ мекунад. Асосгузори ин таълимот Лао-Цзы мебошад, ки асри Х1 то мелод онро ба вуҷуд овардааст. У мегӯяд, ки инсон сарчашмаи адабиёти худро бо воситаи хамрох щудан бо рохи беохири хаёти табиат, ба даст оварда метавонад. Аз ин хо номи даосизм-маънои рохи худохоро дорад. Агар таълимоти Конфутсий ба тақдири ҷамъият ва давлат равона карда шуда бошад, даосизм-ба тақдири инсон ва хаёти ӯ равона шудааст. Ин таълимот дар китоби “Дао-де йзин” (китоби роххо ва некхохӣ) хамъ оварда шудааст, ки дар он фалсафаи хеле васеъ мушохида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *