Фанни Фархангшиноси

Маданияти замони асримиёнагии Аврупо

Нақша:

  1. Тавсифи умумии маданияти асри миёна.
  2. Пайдоиши дини насронӣ.. Маданияти Византия.
  3. Маданияти Аврупои Ғарбӣ, католисизм. Санъати романи ва готӣ.

Тавсифи умумии маданияти асри миёна

Ба ивази замони Атиқа давраи асримиёнагии инкишофи маданияти ҷахонимеояд, ки мархилаи пайдоиш, инкишоф ва таназзули феодализм ба шумор меравад. Ин давраи хукмронии назарияхои динӣ, схоластика, инквизитсия, ҷангхои байнихамдигарива аз байн рафтани маданияти бои Юнону Римимегардад. Асархои миёна зиёда аз 1000 соли таърихи инсониятро, тахмин аз асрхои У то ХУ ва дар баъзе мамлакатхо то асри ХУГГ-ХУШ дар бар мегирад. Н.А.Бердяев ба ин давра бахо дода гуфтааст, ки «Асри миёна-давраи аз хама мӯъҷизаноки таърихи ҷахонибуда, пур аз антитезисхо, зиддиятхо мебошад».

Истилохи «асри миёна» аз асри ХУГГ ба китобхои таърихива фалсафиворид мегардад ва то имрӯз истифода мешавад. Пайдоиши феодализм ба тараққиёти баланди иқтисодиёт замина мегардад. Агарчанде аз байн рафтани тамаддуни атиқа фохиа шуморида шавад, лекин чунин вазъият на танхо дар натиҷаи тохтутози варвархо, балки аз сабаби таназзули худи тамаддуни ғуломдориба вуҷуд омадааст. Пайдоиши халқхо ва давлатхои нав, ба вуҷуд омадани дини насронӣ, инкишофи адабиёт ва санъат, тараққиёти илмхои гуногун, хусусан фалсафа ва ғайра нишонахои асосии маданияти ин замон аст.

Яке аз хусусиятхои асосии маданияти замони асримиёнагиин бовариба худо аст, ки дини насронионро ба вуҷуд оварда, ба хои маданияти дуньявии атиқа хорименамояд. Ин идеологияи диничун қувваи муттахидкунанда нақш бозида, ба маданияти ин давра томияти муайянро медихад. Асоси онро парастиш ва хизмат ба худо ташкил медод. Яъне теосентризм — худоро ба мадди аввал гузошта, онро мақсади асосива марказии инсон мешуморад. Бо воситаи ахлоқ ва мухаббати осмонию замини(дӯст доштани Худо) тамоми арзишхои инсониро ба дараҷаи баланд мебардорад. Дини насрони аз нуқтаи назари В.В. Соловьев «дини инсониабстрактӣ» гардид ва ахлоқи он шакли умумибашариро гирифт.

Хулосаи маънидодкунии ҷахон дар муқобилгузории Худо ва табиат, осмон ва замин, рух ва хисм инъикос меёбад. «Ҷахон хамчун майдони муборизахои қуввахои осмонива дӯзахӣ, некива бадитасаввур карда мешуд. Мардумони асримиёнагиба хар як мӯъхизот боваридоштанд ва хар чизе, ки дар «Инҷил» гуфта шуда буд, чун хақиқат дарк мекарданд.

Давраи асри миёна замони инкишофи хунармандимегардад ва он асоси пайдоиши сохахои нави санъат мегардад. Махз хамин санъаткоримаданиятро аз бетартибии ибтидоихудо мекунад. Шахрхои на он қадар калон (20 х. ахолӣ) ба марказхои хунармандитабдил мегарданд. Дар асри УГ «хафт санъат», ки ба асоси таълимоти мактаби атиқа гузошта шуда буд, ба талаботи калисо мутобиқ гардонида шуданд. Яъне, илмхои вуҷуддошта ба ду зина худо карда шуданд: поёни(тризиум) — грамматика, риторика, диалектика ва оли(квадризм) хандаса, риёзӣ, нуҷум ва мусиқӣ. Лекин обрӯю эътибори «Инҷил ва илохиётшиносӣ» аз хама боло гузошта мешавад.

хамин тавр, дар асри миёна инсоният дар рохи тараққиёти моддива маънавихеле пеш рафта, давлатхои миллии Англия, Франсия, Германия, Руссия, Туркия, Япония ва ғайра пайдо мешаванд

Пайдоиши дини насрони. Маданияти Византия.

Дар аввали асри якуми милодидар қисми шарқии империяи Рим (Византия) дини насрониба арсаи таърих омад, ки асосгузори он Исои Масех буд. Асоси ғоявии маданияти масехиро якчанд маданиятхои дигар ташкил доданд. Масалан, яхудӣ, фалсафаи юнонию римӣ, динхои Шарқи қадим. Дарки меъёрхои хаётива арзишхои маънавии маданияти замони атиқа дар китоби «Апокалипсис» инъикос гардидааст. Азхумла идеяи баробарии умум, ки гӯё хамаи одамон (яхудиён, римиён, варвархо, ғуломон, боён, камбағалон) дар назди Худо гунахкор хастанд ва хама бандаи Худо мебошанд. Махкум кардани боигарӣ, хасисива эълон намудани мехнати хамагон. Ин ва дигар ғояхоро дини насронитарғибу ташвиқ менамояд.

Аз давраи эътироф шудани дини насрони(с. 313 Эдикти Константин) аввалин калисохои насронибо номи «Базилик» пайдо мешаванд (аз номи сардори онхо Базиликс). Ин бинои росткунҷа буда, ду сӯи он ба тарафи Ғарбу Шарқ нигаронида шуда буд. Ба ғайр аз ин дигар намуди калисохои доирашакл пайдо мешаванд, ки онхо кунҷхои бисёр доштанд. Ин ду намуди калисохои аввала образи қасрхои романива готигардиданд, ки онхо рамзи асосии Аврупои асримиёнагишуданд. Аввалин калисохо аз берун намуди содда доштанд, лекин намуди дохилии онхо хеле зебо ва дилчасп буданд. Агар дар дохили ибодатгоххои замони атиқа акси императорон ва муҷассамахои онхо дида шавад, дар калисохои насронибошад, сюжетхои гуногуни динибо симои Исои Масех ва дигар шахсони муқаддас мушохида карда мешуд. Симои Исои Масех дар чунин асархои диниба монанди «Апокалипсис», «Послания Апостолов», «Деяния Апостолов», «Евангелие» инъикос гардидааст.

Византия давлате буд, ки соли 395 дар натиҷаи сукути Империяи Рим ташкил ёфта, то миёнахои асри XV арзи вуҷуд дошт. Дар аввали замони асримиёнагиВизантия ягона давлати нигахдорандаи анъанахои давраи атиқа хисоб мешуд, ки он бо маданияти анъанавии халқхои ин сарзамин мисриён, суриягихо, халқхои Осиёи Хурд ва Моварои Кафкоз омезиш ёфта буд. Дар натиҷаи ихтилофхои динива сиёсиимперияи Рим ба ду қисм худо мешавад. Қисми ғарбии он баъдтар маркази калисои католикимегардад. Дар Ғарб таъсири хуқуқи римизиёд буд дар Шарқ бошад, фалсафаи атиқа навафеотуния (неоплотонизм) нуфузи зиёд дошт.

Шахрхои Византия чехраи эллинистии худро нигох дошта, баробари ин хусусиятхои маданияти насрониро ворид намуданд. Соли 425 университети Византия таъсис дода шуд, ки дар он хо омӯзиши классикаи замони гузашта хеле хуб ба рох монда шуда буд.

Византия барои мардумони дунё асархои Гомер, Эсхил, Софокл ва дигар файласуфону олимони замони атиқаро нигох дошта, забони юнониро ба дараҷаи баланд бардошт. Барои маданияти Византия чунин хосиятхо хос буд: тантанаи шахомат ва маънавиёти баланд, зебоии намуд ва дурандешӣ. Дар инкишофи маданияти Византия чунин даврахоро мушохида кардан мумкин аст: а) давраи арафаи дини насронӣ, б) мархилахои аввали византиягӣ, в) иконапарастӣ, г) баъди иконапарастӣ.

Хусусиятхои хоси маданияти Византия чунин аст: 1) Синтези унсурхои Ғарби ва Шарқидар асоси сарварии анъанахои юнону римӣ. 2) Нигох дошта шудани анъанахои замони атиқа, ки дар заминаи он эхёи аврупоиба вуҷуд омад. 3)хокимияти пурқуввати мутамарказ, ки санъати дунявиро тавонист, нигох дорад. 4) Провославия, ки ба мухити моддива маънавитаъсир расонид.

хамин тавр, Византия ба мисли қисми ғарбии империяи Рим ёдгорихои давраи атиқаро несту нобуд накарданд ва баробари ин чунин дастовардхои эҷодии худро ба мисли санъати тасвирии монументалӣ, мозаика, фреска, икона, миниатюрахои китобива ғайраро ба вуҷуд оварда, пахн намуданд. Шавқу рағбати зиёд ба донишхои илмизохир мешавад. Қомусхо оид ба таърих, хоҷагии қишлоқ, тиб, хуқуқ пайдо мегардад ва жанрхои гуногуни адабию бадеидар сохахои гуногуни санъат истифода мегардад.

Маданияти Аврупои Ғарби ва католисизм. Санъати романи ва готи.

Дар қисми ғарбии империяи Рим хукмронии мутлақи калисои католикимушохида мешавад. Абарқудратии калисои католикитамоми хабхахои хаёти ҷамъиятиро фаро гирифта буд. Пурзӯр шудани ханбаи динидар фалсафа мушохида мешавад, ки намояндагони машхури он Августин, Фома Аквинӣ, Марк Аврелий ва дигарон буданд.

Соли 476 мелодиимперияи Ғарбии Рим дар натиҷаи бӯхрони сохти ғуломдорива хухуми қабилаи «варвархо» аз шимол пароканда шуд. Варвархо қабилаи германибуданд, ки дар худуди империяи Ғарбии Рим давлатхои мустақилро ташкил намуданд. Дар Галлия (Германияи Шарқӣ) франкхо, дар шимолии Испания — вестготхо, дар Италия — остготхо, дар Англия — англосаксхо ҷой гирифтанд. Аз ин сабаб, маданияти Аврупои Ғарбигуногунранг буда, анъанахои бадеии қабилаи «варвархо» мақоми асосиро иҷро намудааст.

Калимаи «варвар» хамчун муродифи ашхоси берахмона вайронкунандаи маданият хисоб карда мешавад, лекин дар айни хол онхо офарандаи маданияти нав буданд. Муайянкунандаи санъати онхо зиннатива нақшу нигор буд, ки дар он унсурхои тасвири абстрактии хайвонот мушохида мешавад. Дар аввал дар қисми ғарбии империяи Рим калисохои сангин месохтанд, шахсони муқаддасро тасвир мекарданд, хайвонхои афсонавиро инъикос менамуданд. Баъдтар бошад шаклхо ва услубхои нави адабию-бадеиба вуҷуд меоянд. Дар давраи аввали асримиёнаги«қалъа» ва «дайр» (моностир) марказхои маданихисоб мешуданд. Махз маданияти дайриба ҷамъияти варвархо асосхои донишро омӯзониданд ва бо ин рох он чизи ночизе, ки аз давраи атиқа боқимонда буд, нигох дошта мешавад. Дар назди дайрхо мактабхое пайдо гардиданд, ки матнхои атиқаро пахн мекарданд.

Ба хамаи ин нигох накарда, дин бар ақлу хиради инсон хукмронимекард. На танхо дар байни дехқонон, балки дар байни феодалон одамони саводнок хеле кам буданд. Дар хамаи мамлакатхои Аврупои Ғарбитаълиму тарбия бо забони лотинимегузашт, бо ин забон китобхо менавиштанд, ибодат мекарданд.

Дар қисми Ғарбии империяи Рим санъати меъмориба дараҷаи баланд тараққикарда, ёдгорихои гуногун аввал аз чӯб, баъд аз санг сохта мешаванд. (Масалан, дахмаи шохи остготхо Теодорих дар Италия). Нишона аз санъати рассомии асрхои У-УШ на чандон зиёд аст, фақат миниатюрахои китобибоқимондааст.

Подшохи франкхо Карли Кабир аввалин империяи асримиёнагиро ташкил намуд ва аз ин рӯ маданияти ин давраро маданияти каролинименоманд. Баъди вафоти ӯ империяи бузург бархам хӯрд, лекин «эхёи королинӣ» аввалин нишонаи раванди тахлили тамаддуни Ғарб аст.

Яке аз ходисахои мадании Аврупои Ғарбиин пайдоиши санъати романиаст. Саволе пайдо мешавад, ки барои чи санъати асри 1Х-Х1-ро романименоманд? Рухияи ҷанговарива талаботи доимии худмухофизатидар санъати романимушохида мешавад. Дехқонон озодии худро гум карда, крепостнои хӯхаини худ буданд. Ҷангхо хусусияти асосии ин давра буд ва аз ин рӯ чизи асосие, ки услуби санъати романиба вуҷуд овард — ин қаср — қалъаи ҷанговарон, ё ки ибодатгох — қалъаи Худо, ки дар он Худо дар образи феодали олитаҷассум ёфтааст. Бинохои романибо табиат омезиш ёфта, рельефи махалро бой мегардонанд. Чехраи бинохои услуби романибо деворхои ғафси сангин ва оинахои хурди худ диққати инсонро халб менамоянд.

Дигар услубе, ки дар ин давра пайдо мегардад ин санъати готиаст, ки аз номи қабилаи германии Готхо гирифта шудааст. Аз шакли хаймаи готхои қадим, ки гӯё қуллахои дарахтони назди якдигар мерӯидаро пайваст мекарда бошад, гирифта шудааст. Ин воқеаи маданиба асрхои ХШ-Х1У рост меояд, ки қуллаи баланди маданияти асримиёнагиба шумор меравад. Дар ин давра адабиёти дуньявӣ, санъати театриинкишоф меёбад, ки дар онхо арзишхои мифологива дунявиомезиш меёбанд.

Олими англис Дж. Реекин гумон мекард, ки «миллатхои бузург тарҷумаи холи худро дар се китоб- китоби калимахо, китоби корхо ва китоби санъат» менависанд, лекин фақат охиринаш мансуби бовариаст. Чунин рамзи санъат дар замони Готимасҷиди хомеи готигардид. Меъморимисли мусиқии шахшудамонда (Шеннинг) мисли мусиқии беовоз (Гете) тасаввур карда мешуд ва пеш аз хама қасрхои бохашамати готиро дар назар доштанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *