Фанни Фархангшиноси

Фарханги ҷамъияти ибтидои

  1. Мархилахои сохти ҷамоаи ибтидоӣ
  2. Хусусиятхои асосии маданияти ҷамъияти ибтидоӣ
  3. Шаклхои ибтидоии эътиқоди динӣ

Инсоният дар таърихи худ якчанд зинаи ҷамъиятӣ-иқтисодиро аз сар гузаронидааст. Давраи қадимтарин ва дарозтарини таърихи башарият замони ҷамоаи ибтидоимебошад. Дар ин давра тараққиёти қуввахои истехсолкунанда паст буд, оила ва моликияти хусусӣ, синфхо ва давлат вуҷуд надоштанд. Хамаи одамон баробар буда, ба бои ва камбағал ҷудо намешуданд.

Инсоният қисми зиёди умри хешро дар ҷамъияти ибтидоигузаронидааст. Нахусти ёдгорихои инсон, ки аз ҷониби бостоншиносон дарёфт шудааст наздик 3 миллион сол умр дорад. Таърихи тамаддуни инсоният хамагиба 6 хазор сол баробар аст. Аз ин бармеояд, ки қариб 99% хаёти инсоният дар давраи сохти ҷамоаи ибтидоигузаштаааст. Қадимтарин бошишгохи одамони ибтидои дар ғори Олдувайи Танзания (Африкаи Шарқӣ) кашф шудааст, ки аз он ҷо олотхои мехнати сангии 3 млн. солаи одамони ибтидоидарёфт шудааст.

Вобаста ба омӯзиши ҷамоаи ибтидоидар илм ду муаммо вуҷуд дорад: якум, муаммои пайдоиш (ойкумена)-и одам ва дуюм, муаммои даврабандии сохти ҷамоаи ибтидоӣ.

Таърихи ҷамъияти ибтидоиаз нигохи илмхои археология (бостоншиносӣ), таърихи гражданӣ, палеоанторопология (аз калимаи юнонигирифта шуда палеос-қадим, антропос _ одам, л°г°с — илм, дониш) ба даврахои алохида тақсим шудааст. Аз рӯи мархилабандии археологи(бостоншиносӣ) сохти ҷамоаи ибтидоиба се давра: 1) асри санг, 2) асри биринҷива 3) асри охан тақсим мешавад.

Асри санг дар навбати худ аз се мархила: палеолит (лавраи қадимаи сангӣ), мезолит (давраи миёнаи сангӣ), неолит (давраи нави сангӣ) тақсим мешавад.

Палеолит низ дар навбати худ ба мархилахои: палеолити поён наздик 3 млн.-200 хазор сол, палеолити миёна 200-35 хазор сол палеолити боло 35- 12 хазор сол тақсим мешавад.

Давраи миёнаи санг-мезолит 12-6 хазор солро, давраи нави санг —неолит аз 6 то 2 хазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисипаӣдо шуданд. Олимон ин мархилаи мису сангро давраи энеолит меноманд.

Аз руи тарзи зиндагиолимон ҷамъияти ибтидоиро ба 3 давра тақсим кардаанд:

  1. «Ҷамоаи ибтидоии қадимтарин ё галаи ибтидои(ҷамоаи тоавлодиё рамагӣ)
  2. Ҷамоаи авлодии ибтидоибо зинахои ҷамоахои авлодива ҷамоахои сонии авлоди(модаршохива падаршохӣ)
  3. Давраи ваӣроншавии ҷамъияти ибтидоива ташкилёбии синфхо.

Хусусиятхои асосии ҷамъияти ибтидои

Хусусияти ҷамоаи ибтидоибо се ҷанба муайян карда мешавад. Якум, бисёр одди(примитивӣ) будани хоҷагии он ва технологияхои истифодашаванда. Дуюм, пурра вуҷуд надоштани донишхо доир ба ходисахои табиат, душвор будани дарки онхо аз ҷониби одамони ибтидоӣ. Сеюм, тафаккури одамони ибтидоидар дараҷаи тафаккури одамони замони муосир қарор дошт, ва айнан хамин омил имконият дод, ки одамони ахди қадим (замони ибтидоӣ) ба мухимтарин кашфиётхо ноил гарданд: истиқоматгох бунёд кунанд, сару либос дӯзанд, оташро истифода баранд, хайвонхоро ром кунанд, бо кишоварзимашғул шаванд ва ғайра. Бояд зикр намуд,ки асоси эътиқоди динӣ, ханӯз аз давраи одами неандерталиташаккул меёбад. Ин аз он шаходат медихад,ки ханӯз аз давраи палеолит одамони ибтидоисохиби тафаккури баланди инсонибуданд. Сайъу талоши одамон ба дарки олам хеле баланд буд.

Хусусияти мухими маданияти ҷамъияти ибтидоисинкретизм ба шумор меравад. Синкретизм — дарки яклухти олам, вуҷуд надоштани тахассусмандидар фаъолияти одамони ибтидоӣ. Хар як узви ҷамоаи ибтидоибо шакли маълуми фаъолият машғул мегардид. Тафриқа дар ҷахонбинии одамон ва дар масъалаи дарки олам вуҷуд надошт. Инро тадқикотхои зиёди этнологива антропологимуайян кардаанд. Фархангшиносон антропологхо тарзи зисти қабилахо ва халқиятхои зиёди оламро,ки имрӯз дар шароити даврони ҷамоаи

ибтидоизиндагимекунанд тахқиқ намуда, моделхои ба худ хоси хамзистии одамони қадимро муайян кардаанд. Синкретизм ба фарханги чунин қабилаву халқиятхо хос аст. Айнан синкретизм имконият дод, ки одамон нахустин маротиба оламро дарк намоянд.

Синкретизми ибтидоива сохири(магия) ба созмонёбии фаъолияти мусавирии одамон, яъне ташаккули санъат мусоидат намуданд. Ханӯз дар давраи палеолит одамони ибтидоихайкалчахои занхоро (дар аксар вақт бидуни қисми сар) аз сангу устухон месохтанд. Зеро одамони ибтидоизанхоро олихаи хаёт, рамзи зиёд гаштани наслхо мешумориданд. Мусаввирони ибтидоидар ғорхои Ласко, Нио, Алтамир (Фаронсаи ҷанубива Испания), Капово (Урали ҷанубӣ), Монтепан (Италия) тасвирхои хайвоноти гуногуни шикориро (мамонт, бизон, оху, аспхои ёбоива ғ. ) ифода кардаанд.Бештар сахнахои шикор тасвир карда мешуд. Объекти асосии эҷодиёт хайвонхо буданд. Мазмуни мусавварахо аз он далолат медиханд,ки одамони ибтидоихайвонхои шикориро хеле хуб омӯхта будаанд. Аз 1794 муссаварахои рӯисангии ғорхои Фаронса ва Испания, ки онхоро археолог А. Леруа-Гуран ба хисоб гтрифтааст 986 тоаш -тасвири хайвонхо, 512- одамон, наздик 100- махлуқоти ба одам монанд мебошанд. Ба таври умум тасвирхои рӯи сангивоқеъӣ, аниқтараш нгатуралистимебошанд. Тасвирхои шартихеле кам вомехӯранд. Расмхои мамонтхо Бизонхо асбхо вағ. хеле дақиқ тасвир шудаанд.

Дараҷаи инкишофи фарханги ҷамъияти ибтидоӣ, хусусан дар ду млн. соли аввал хеле суст буд. Ин вобастаги дошт ба ба эволютсия (тахаввулот, тағйирёби)-и биологии одамони ибтидоӣ. Бостоншиносон муайян намудаанд, ки ташаккулёбии биологии одамон дар якчанд самт ҷараён дошт, масалан одами кроманони(намуди хозираи одам, 33 номи ғори Кро-Маньони Франсия (Аквитания), гирифта шудаааст. Соли 1968 дар он ҷо якчанд устухон-скелети одамони палеолити боло бо олотхои мехнат дарёфт шудаанд) муддати тӯлони бо одамони намуди неандертали(намуди одами неандерталидар ғори Неандертали наздикии шахри Дюселдорфи Германия кашф шудааст) пахлӯ ба пахлӯ зиндагикардааст. Одами неандерталиаз типии хозираи одамон бо азимҷуссагӣ, шакли косахонаи сар (ба маймуни горилла монанди доштан), камтар хам будани қоматаш фарқ мекард. Чи тавр аз байн рафтани неандерталхо (ҷои худро ба кроманёнхо додани онхо) маълум нест.

Ханӯз то ташаккулёбии неандерталхо тақрибан 800-700 хазор сол қабл аз ин одамони ибтидои оташро ихтиро кардаанд, ки он барои инкишофи фарханги моддии давр нақша мухим бозидааст. Оташ одамони ибтидоиро аз сармо хифз мекард, хайвоноти вахшиаз он мехаросид, оташро барои тайёр намудани таом истифода мебурданд. Бо шарофати оташ одамон дар минтақахои хунук низ ҷои зист интихоб намуданд.

Хеле охиста, вале мунтазам технологияи коркарди санг, устухон, чӯб ва дигар ашёхо инкишоф меёфт. Фаъолияти одамони ибтидоидигаргун мегашт, олоти мехнат, муносибатхои иҷтимоитағйир меёфт. Бозёфтхои бостоншиносисобит мекунанд, ки (аз 100-80 хазор сол сар карда) одамони неандерталинисбати саломатии маҷрӯхон ғамхорименамуданд. Махз аз хамин давра забони гуфтугӯи ташаккул ва охиста рушд меёбад.

Дар як вақт шуур (тафаккур)-и инсонхо инкишоф меёбад, тасаввуротхои одамон оид ба олам пайдо мешаванд. Бостоншиносон муайян намудаанд, ки одамони неандерталитақрибан 60 хазор сол қабл аз ин ба таври сунъи одамонро гӯронидаанд, ба парастиши намудхои гуногуни хайвонот шурӯъ карданд.

Тақрибан 40 хазор сол қабл аз ин дар Европа типи хозираи одам- кроманонхо пайдо шудаанд. Тарзи зисти онхо пурра ибтидоибуд. Олимон аз хамин давра фарханги ибтидоиро оғоз мекунанд. Эътиқоди диниташаккул ёфт, тасвирхои рӯисанги, сохтани хайкалчахо шурӯъ гардид, истиқоматгох, сарулибос пайдо шуд, Одамон сагхоро ба худ ром карданд.

Аз давраи мезолит (асри миёнаи сангӣ) 12-6 х.сол қабл аз ин чорводориба вуҷуд омад, қоркарди олотхои сангибоз хам такмил ёфт, одамон ба сохтани табар шурӯъ карданд, тиру камон, тӯрхои мохидорӣ, чигина (намуди чанаи боркашонӣ) ихтиро гардид. Олотхои мехнат аз устухону чӯб низ такмил ёфтанд. Дари ин давр нахустин истехкомхои мудофиавиба вуҷуд меоянд (дар Шарқи наздик нахуст шахр — Иерихон 8 хазор сол қабл аз ин ташаккул меёбад).

Дар замони неолит (6-4 хазор сол қабл аз ин) кулолгариба вуҷуд омад, асбобхои одди бофандагисохта шуданд, истиқоматгоххо аз чӯб, хишти хом бунёд мешуданд. Истифодабарии нахустин металл — мис шурӯъ шуд (мархилаи энеолит- асри миу санг оғоз гардид). Чархи кулолипайдо мешавад. Аввалин тасаввуроти одамон оид ба ситорахои осмон ташаккул меёбад, нахустин тақвимхо тартиб дода мешаванд.

Дар замони неолит «инқилоби неолитӣ» ба вуҷуд меояд, яъне одамони ибтидоиаз хоҷагии истеъмоли(истифода бурдани нематхои табиат бидуни коркард-ҷамъоарӣ, шикорчигӣ, мохидорӣ…) ба хоҷагии истехсоли(чорводорӣ, кишоварзӣ) мегузаранд. Дар натиҷаи инқилоби неолититарзи хаёти одамон ба таври кулли тағйир ёфтанд, инсоният ба тарзи муқимнишинигузашт. Системаи бошишгоххо (истиқоматгох)-хои доимиташаккул ёфтанд, бархе аз онхо ба шахрхо табдил ёфтанд. Дар Байнаннахрайн (хавзаи дарёхои Фрот ва Даҷла дар сиёи Хурд) шахр — давлатхои Шумер, Аккад ба вуҷуд омаданд. Дар хавзаи Нил (Миср) шахрхо ташаккул ёфтанд. Бо ин давраи фарханги ҷамоаи ибтидоихотима меёбад, минбаъд сохти ғуломдорива нахустин тамаддунхои бузург ташаккул меёбанд.

Шаклхои ибтидоии дин

Одамони ибтидоиоламро бо воситаи мушохидаву муқоиса азбар менамуданд. Шаклхои гуногуни динхои ибтидоиташаккул ёфтанд. Одамони неандерталихама чизеро, ки онхоро ихота мекард хамчун идомаёбива ё ба таври механикивасеъ гардидани гурӯху авлоди худ дарк менамуданд. Онхо чунин мехисобиданд, ки хамаи ашёхо ба ҷузъ намуди зохириба одамон монанданд — сохиби рух мебошанд, байни хамдигар ва бо тамоми олам бо забони худ гуфтугӯ мекунанд. Чунин тафаккур анимизм номида мешуд. Анимизм — ин бовари ба рух аст.

Бо воситаи анимизм дар гузаштаи қадим чи гуна аз аҷдодони фантастики(дар бештар холат аз хайвоноту камтар аз олами растанӣ) пайдо шудани гурӯху қавмхо ва қабилахо маънидод карда мешавад. Ин гунна саравлоди асотириро тотем меноманд, тафаккури онхоро хамчун тотемизм маънидод мекунанд. Тотем (ягон намуди хайвон ё растанӣ) ба объекти парастиш табдил меёфт. Одамони ибтидои чунин тасаввурот доштанд, ки дарахтхои алохида, дарёхо, чашмахо, сангу кӯххо, сабзахо ва ғ. дорои рух буда, имконияти ба ходисоти олам ва хаёти одамон таъсир расониданро доранл. Чунин ашёхоро, ки бо онхо хамчун объекти зинда, ва хамчунин чизи муқаддас муносибат мекунанд фетиш меноманд, ҷахонбинии онхоро бошад фетишизм меномиданд. Фетишизм ба маънои «тӯъморпарастӣ» ё «эътиқод ба буту санамхо» истифода мегардад.

Анимизм ва сехру ҷоду ба ташаккули рамзхо, асотирхо, инчунин табу- манъ кардани фаъолияти алохида, шаклхои рафтор, намудхои таом ва ғ. мусоидат карданд. Табу ва расму оинхо ҷахонбинии одамони ибтидоӣ, менталитети ҷамъияти ибтидоиро муайян мекунанд. Онхо шаклхои рузгори ҷамъиятӣ, муносибатхои иҷтиморо муқаррар ва робитаи инсонро бо мухити атроф барқарор мекунанд.

Олимон ба асотирхо таваҷҷӯхибештар зохир намуда, онро яке аз шакли дарки олам маънидод кардаанд. Бинобар нопуррагии донишхои хақиқиодамони ибтидоионро бо тахаллуёти

фантастикӣ, ки тасаввуротхои анимистӣ, фетишистива тотемистиро дар худ муҷассам мекард иваз менамуд.

Асотирхо дар заминаи инкишофи фарханг мукаммалтар мегардиданд, ва дар асоси онхо нахустин системаи динхо ба вуҷуд меоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *