Фанни Фархангшиноси

Мақсад ва вазифаи фанни фархангшиноси

Нақша:

  1. Маданият ва ҷомеа.
  2. Мавқеи илми фархангшиноси дар омӯзиши тамаддуни ҷахони
  3. Фархангшиноси хамчун илм, вазифа ва сохтори он. Маданият ва ҷомеа

Дигаргунсозихои инқилоби дар хаёти маънави дар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тоҷик имконият ба вуҷуд овард, нуқсонхои зиёди ҷанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори ҷомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халқи тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тоҷикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хақиқии давлати мили фақат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллй, қобилияти дар истиқлолияти мили зиста тавонистани он халқ марбут аст. Аз ин рӯ, оё ба мо зарурате пеш наомадааст, ки фалсафаи худшиносии миллиро дар асоси маърифати амиқи дастовардхои маданияти халқи хеш, халқу миллатхои ҷахон, дарёфти решахои таърихии умумияти моддию фархангии байни онхо бунёд созем?

Мумкин аст, дар халли муамохои сиёсива иқтисодй, ки ба он ҷомеа хохишу иродаи худро гузошта истодааст, маданияту фарханг рохнамо бошад.

Дар хамаи давру замонхо дар ҷамъиятхои гуногун маданият мавқеи хосаи худро дошт. Халқхои ҷахон дар давоми хазорхо сол маданиятро ба вуҷуд оварда, аз он бахра мебаранд. Вобаста ба хар як давраи ҷамъиятимаданият хусусият ва шевахои такомули худро пайдо мекунад. харчанд созанда, бунёдгар ва нигахдори маданият оммаи халқ аст, лекин шахсиятхои алохида қодиранд дар пешрафту такомули он сахми бузург гузоранд. Аз ин рӯ, маданият бидуни ҷомеа ва ҷомеа бидуни инсон вуҷуд надорад ва худи инсон берун аз маданият вуҷуд дошта наметавонад. Маданият хосияти ҷинси ва аслии инсон аст. Одам мадани тавлид намеёбад, балки дар ҷараёни зиндаги дар ҷомеаи инсони бовоситаи таълиму тарбия ба хислатхои мадани ноил мегардад. Маданият чун хамсафари доимии инсон на фақат гузашта ва хозираро дар бар мегирад, балки ба ояндагон ба сифати мерос мерасад ва сарнавишти минбаъдаи қавму наслхоро муайян менамояд. Махз барои хамин маданият дар ҷомеаи имрӯза мавқеи мухимро ишғол менамояд ва бояд ба он эътибори махсус дода шавад.

Дар ҷамъияти имрӯзаи демократии мақсади маданият ба он равона карда шудааст, ки дар Тоҷикистон маданияти демократии граждани пойдор гардад. Лекин имрӯз дар ҷомеаи мо мардумоне хастанд, ки демократияро ба таври «худам шоху табъам вазир» мефахманд. Онхо сарватманд шуданд, лекин бо сабаби маънавиёти хароб сарвати худро ба корхои бехуда масраф менамоянд. Сарватманди бе маънавиёту маданият ба ҷамъият ягон нафъе оварда наметавонад.

Маданияти демократии дар ҷамъияти имрӯза бояд устувор шавад. Лекин худи демократия хеҷ чизро кафолат намедихад. Вай фақат имконият медихад, ки инсон ба муваффақият ноил гардад. Бехуда нест, ки Томас Джеферсон дурнамои маданияти демократиро чунин тасвир намудааст: «хаёт, озоди ва кӯшиш ба хушбахтй». Шоири рус, дорандаи ҷоизаи Нобели-Иосиф Бродский навиштааст: «Агар инсони озод афтад, вай хеҷ касро дар он гунахкор намекунад». Чунин фикр адолатнок аст, нисбати мардумони ҷомеаи демократй, ки онхо акнун бояд ҷавобгариро нисбати такдири ҷамъияте, ки худ зиндаги доранд, ба ӯхда гиранд. Барои хамин бояд хама маданияти демократиро омӯзанд ва ин вазифаро қисман фанни нисбатан нави фархангшиноси ба ӯхда гирифтааст.

Мавқеи илми фархангшиноси дар омузиши маданият

Гарчанде ки объекти тадқиқоти фархангшиноси маълум аст, лекин мавқеи он дар омӯзиши маданият на он қадар аён аст. Маданият дар як вақт мавзӯи бахси таърих, фалсафа, педагогика, психология, этнография ва дигар фанхо мебошад. Оё илми фархангшиноси нисбати омӯзиши маданият мавқеи хешро дорад?

Яке аз хусусияти мухим ва махсуси ин илм иборат аз он аст, ки дар он гузориш ва халли масъалахо хусусияти серпахлӯ дорад, аз он ҷумла таърихию фалсафй, ахлоқию эстетикй, иҷтимоию сиёси ва ғайра. Кулли тасаввурот, ақидахо ба илми таърих такя мекунанд ва аз маводи таърих сарчашма мегиранд. Лекин аз илми таърих бо кулли фарқ мекунанд, зеро аз мавқеи илми мазкур ба гузашта фақат аз диди таърих назар кардан басанда нест. Чун худи хамин илм аз тақозои тадқиқи маданият дар дараҷаи баркамоли интеллектуали(яъне фалсафй) пайдо шудааст. Агар ин илмро фалсафаи маданият номем хам хато намекунем. Дар ин ҷо ба назари мо умуман мавқеи хоси таърих ва фалсафаро дар омӯзиши гузашта аниқ кардан айни муддаост. Оид ба ин ва дигар масъалахои назариявии фалсафаи маданият олимони ин соха Библер В. С., Злебин Н. С., Маркорян Э. С., Межуев В. М. ва дигарон асархои бисёре навишта, масъалахои методологии фалсафаи маданиятро инъикос намудаанд. Аз ин рӯ, бамаврид аст, ки баъзе андешахои файласуфи рус В. М. Межуевро ба тариқи фишурда баён намоем. Ӯ мегӯяд, ки «омӯзиши таърихи нисбати гузашта пеш аз хама ба он равона карда шудааст, ки симои нотакрори даврахои таърихи бо тамоми ҷузъиёташ барқарор карда шавад. Омӯзиши фалсафаи гузашта (маданият) аз кӯшиши эҷодкоронаи тафаккури инсони имрӯза сар мезанад. Фахмидани гузашта барои файласуф ба он хотир лозим аст, ки дар батни он ҷанинхои замони мо, маданияти муосир нихон аст, решахои маданияти муосир аз махсул ва фаъолияти наслхои гузашта ғизо гирифтаанд».

Ҷихати дигари фарқкунандаи ин илм он аст, ки дар вай маводи мушаххаси таърихи тавзехоти васеи назарияви мегирад.

Дар он маводи гуногуни эҷодиёти бадей, санъати меъморй, хайкалтарошй, ороиши амалй, мусиқа, театр, кино, санъати тасвирй, афкори этикива эстетикй, хамчунин асноди сиёсию иҷтимои мавриди тахлил қарор мегиранд.

Мураккабии муайян намудани вазифаи илми фархангшиноси аз он сар мешавад, ки дар омӯзиши маданият хам таърих ва хам фалсафа иштирок мекунанд ва дар он тафаккури мушаххаси таърихи ва муҷаррахи (абстракти) фалсафи ба тариқи махсус васл мегарданд. Фархангшиноси афзалияти ин ё он намуди санъатро дар таърихи мадании халқхои ҷахон (аз он чумла халқи тоҷик) ин ё он образхои бадеиро аз нуқтаи назари вобастагии он аз шароити таърихй, сиёсй, маиши ва чуғрофй, ки дар он субъект-эҷодкор сукунат дошт, бояд муайян кунад.

Хамин тавр, омӯзиши фанни фархангшиносиро ба таври мушаххас чунин муайян кардан мумкин аст: Маданиятшиноси илм дар бораи қонунияти умдаи раванди таърихи ва фархангй, дар бораи таърихи дастовардхои беназири мадании халқхо ва кишвархои дунё аз даврахои қадим то замони муосир.Агар боз аниқтар гӯем, маданиятшиноси илмест, ки ба таври назарияви мохият, сохт ва мақоми маданиятро хамчун ходисаи ҷамъияти муайян мекунад, тавассути тафаккури таърихию фалсафи ва дар дараҷаи хеле баланди интеллектуали маданияти халқу миллатхои ҷахонро аз даврахои қадим то замони муосир меомӯзад, маъни ва ахамияти хосаи маданияти алохидаро дар доираи маданияти ҷахони муайян менамояд.

Фархангшиноси хамчун илм, вазифа ва сохтори он

Фархангшиноси хамчун илми ҷамъбасткунандаи фанхои ҷамъиятй-гуманитариба раванди таълимии таълимидонишкадахои олии Тоҷикистон пурра ворид гардида, мавқеъ ва мақоми худро ёфтааст. Илми маданиятшиносиқонунхои умумитарини инкишофи маданият, сабабхо ва натиҷахои рушду инкишоф, пастравива тахаввули онро марбут ба субъекташ (халқу миллат) ва вазъи иҷтимой, сиёсй, фархангии давру замон баррасименамояд.

Дар Тоҷикистон проблемахои бисёре вуҷуд дорад, ки онро фақат бо рохи баланд бардоштани тафаккури маданихал кардан мумкин аст. Яке аз онхо баланд бардоштани хисси худшиносии миллива ифтихори миллиаз гузашта аст, ки мақсади асосии хоригардидани фанни мазкур аст. Мақсади дигари гузориши фанни маданиятшиносидар он аст, ки ҷавонон ба фикрронии фалсафию мавхумиомода гарданд.

Маданиятшиноси аз се қисмати калони бо хам пайваста иборат аст:

  1. Назарияи маданият.
  2. Маданияти ҷахонй.
  3. Маданияти миллии тоҷик.

Назарияи маданият. Дар ин фасл тахлили умумии методологии масъалахои назариявива фахмиши мохият, сохт ва маълумоти маданият инъикос мегардад. Категорияхо, мафхумхои мухимтарине, ки банду басти онро ташкил мекунанд, пеш аз хама маданият ва тамаддун, ки бо мафхумхои тамаддун, дин, идеология, хаёти маънавй, маданияти ҷахонй, миллй, этникива минтақавимаъмул аст, мавриди баррасиқарор мегиранд.

Маданияти чахонӣ. Дар ин фасл шарху тавзехотиинкишофи маданият аз давраи ибтидоито замони хозира дода шуда, маданияти халқхо ва давлатхои гуногуни дунёи қадим баррасимегардад. Масалан, маданияти Миср, Байнаннахрайн, Хиндустон, Хитой, Юнону Рим ва ғайра. Дар айни хол барои тавсифи ин ё он мархилаи маданихамон халқу миллат объекти тадқиқот қарор мегирад, ки вай пешоханг, таҷассуми пурраи дастовардхои маданият дар хамон давра бошад.

Маданияти миллии точик. Дар ин бахш хусусияти маданияти миллии тоҷик аз замонхои хеле қадим, то ба имрӯз, хамчун ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумибашаритахлил карда мешавад. Дар хар давраи таърихиробита ва муносибати он бо маданияти халқхо ва давлатхои гуногун маънидод карда шуда, сахми халқи тоҷик хамчун эҷодкори маданияти нотакрор дар фархангу маданияти халқхои хамсоя, аз тарафи дигар, бархурдоршавии он бо дастовардхои маданияти ҷахониравшан карда мешавад.

Ворид гардидани илми фархангшиносиба раванди таълим ва тарбия иқдоми хеле нек, бахри ба даст овардани матлабхои дар боло зикршуда мебошад ва дар назди он чунин вазифахо гузошта шудааст:

бедор кардани шавқи донишҷӯён нисбат ба диалектикаи ходисоти маданй, ба мафхум ва масоили маданият.

бедор кардани хисси таърихию фалсафии донишҷӯён, ҷалб кардани диққати онхо ба он ходисахои мухимтарини гузашта, ки ба хаёти инсони имрӯза таъсири худро гузоштаанд. хаматарафа дастгиринамудани кӯшиши донишҷӯён оиди баланд бардоштани савияи дониш , равнақ додани қувваи эҷодкоронаи онхо.

фахмонидани ин ки мушкилоти имрӯзаи ҷомеа бо маданиятнокива фарханг низ алоқаманд аст.

муайян кардани робитаи ногусастании маданият бо дигар сохахои хаёти ҷомеа, аз он ҷумла иқтисодиёт илму техника ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *