Фанни Фархангшиноси

Болоравии маданияти ориёӣ дар аҳди Сосониён.

Нақша:

  1. Хусусиятхои асосии маданияти давраи Сосониён.
  2. Санъати давраи Сосониён.
  3. Ҷунбишхои ғоявидар замони Сосониён.

Хусусиятхои асосии маданияти давраи Сосониён

Сахми давлатдории Сосониён (227-651) дар такомули ихтимоию мадании халқхои ориёихеле бузург аст. Пурзӯршавии хаёти маданидар Форсу Хуросон ва ба марказхои маданитабдил ёфтани онхо; тахлили идхои халқива маросимхои суннати(сада, мехргон, наврӯз); пайдоиши намунахои безаволи адабиёти хаттибо забони форсии миёна романхои таърихидар бораи Маздак ва Бахроми Чӯбин; инкишофи жанрхои гуногуни адабию бадеива сохахои гуногуни санъат; тараққиёти илм ва таъсиси академияи Шопур; пайдоиш ва пахншавии харакатхо ва хунбишхои ғоявӣ-хусусиятхои асосии маданияти ин давронро таҷассум менамояд.

Давраи Сосониён замони пурзӯршавии муносибатхои феодалибуда, дар тӯли зиёда аз 400 соли мавҷудияташ дигаргунихои куллидар тамоми сохахои маданият, иқтисодиёт ва сиёсат мушохида мешавад. Таъсири дини зардуштизиёд гардида, дини давлатимегардад. Хусусан ахди хукмронии Хусрави-1 Анӯширвон (531-578) ҷолиби қайд аст. У як қатор ислохотхоро амалимегардонад, масалан, ислохоти харбӣ, худудӣ, молию пулива андозиро гузаронида, режими сохти идоракуниро хоринамуд.

Инкишофи афкори фалсафимушохида мешавад, ки нишонаи онро дар ёдгорихои қадими маънавимисли «Авесто» мушохида кардан мумкин аст. Дар асрхои IУ-УII диққати махсус ба илму адабиёт дода мешуд ва тасдиқи ин фикр дар Академияи Шопур эхсос мешавад, ки дорои се бахш (тиббӣ, риёзӣ, ситорашиносӣ) буд. Яке аз олимони машхури ин даврон, тархумон Павели форс буд, ки вай бисёр асархои Аристотелро тарҷума намуда, як қатор асархои фалсафии худро эҷод намудааст. На танхо аз забони юнонӣ, балки аз санскрит асархои гуногун тарҷума мешуд. Масалан, олим Барзуе ба забони пахлави«Калима ва Димна»-ро тарҷума намудааст.

Подшохони сосониаз рӯзи аввали мавҷудияти империя ба хамъоварии асотир ва хикояхои қадим машғул шуда, инчунин зисту зиндагонии худро дар достонхо тасвир намудаанд. Дар ин давра “Хурд Авесто” пайдо мешавад ва умуман, мураттаб сохтани Авесто пурра ба анхом мерасад. Асари “Ёдгори Зариран”, ки дар аввал бо забони портинавишта шуда буд, хусусияти адабию бадеидошт. Асари “Дарахти Асурик” ва достон дар бораи шохмот “Матикони Шатранх” намунаи безаволи фарханги ин давра хисобида мешавад. “Дарахти Асурик” бештар асари фолклорибуда, намунаи аввалини жанри мунозира мебошад.

Дар замони хукмронии Хусрави Парвиз, ки бо лақаби Анӯширвон маълум аст, китоби “Пандномаи Анӯширвон” ба табъ мерасад, ки ахамияти бузурги тарбиявидорад. Дар китоби худ “Қобуснома” Унсурул- маолии Кайковус (асри Х-Х1) гуфтахо ва маслихатхои Анӯширвонро хеле хуб истифода бурдааст: “Агар ки хохӣ, одамон нисбати ту сухани хуб гӯянд, худи ту нисбати одамон сухани хуб гӯ” ё ки “Аз нодоне, ки худро доно нишон медихад, эхтиёт бош”, “Агар, ки хақиқат талх бошад хам, онро гӯш кардан лозим”. Дар замони хукмронии Яздигурди 111 китоби “Худойнома” навишта мешавад, ки дар он оиди хаёти ихтимоию сиёсива эстетикии халқи Эрон маълумот дода мешавад.

Меъморӣ, санъати тасвир, муҷассамасозӣ, санъати мусиқӣ, хунармандиба дараҷаи хеле баланд инкишоф ёфта, жанрхои нави адабию бадеипайдо мешаванд. Дар тамоми Осиёи Миёна чунин идхои халқӣ, ба мисли наврӯз, сада ва мехргон бо тантана ҷашн гирифта мешуд, ки мумкин қадар дар ин ҷашнхо аввалин қасида, маснавӣ, рубоихо сароида шуда бошанд.

Санъати давраи Сосониён

Санъати замони Сосониён, сахифаи бузурги маданияти ҷахониро ташкил медихад, ки мардумони Осиёи Миёна дар он нақши хосаеро гузошта буданд. Дар асрхои IУ-УII санъати тасвиридар зери таъсири маданияти Суғд, Тахористон, Уструшана инкишоф ёфта, маданияти замони феодализмро бой гардонидааст. Инчунин таъсири маданияти эллинӣ, хиндустони Шимоли, Афғонистон, Эрон ва дигар мамлакатхои Шарқи Қадим дар санъати тоҷикон баръало мушохида мешавад. Муҷассама ва зинданависидар хамбастагибо меъмории дарборитараққимекард. Муҷассамахои илмибо рельефхо ва инчунин нақшу нигори чӯбин қасрхоро ороиш медоданд. Сюжетхои гуногуни композитсионӣ, нақшу нигори ороишибо истифодаи тахрибаи фаъолонаи атиқа ва хинд амалигардида буданд. Чихеле ки дар боло қайд намудем, дар ин давра ба сарзамини Осиёи Миёна дини буддоива насрониворид мегардад ва аз ин сабаб муҷассамахои буддо пайдо мешаванд, мисли муҷассамаи буддои 12м аз Ахинатеппа (50км дуртар аз шахри Қӯрғонтеппа), буддои 53 метраи Бомиён (Афғонистон). Санъати заргарии ин давра хеле бою гуногунранг пешкаш шудааст. Услубхои нави ин санъат (тағма, гемма), ки аз сангхои қимматбахо сохта шуда буданд, васеъ хоримегардад. Кофтуковхои шахри Панхакент нишонаи махорати баланд доштани заргарони замони Сосониёнро тасдиқ намуд. Дар ин хо шумораи зиёди дастпонахо, халхо, гӯшворахо ва дигар васоитхои ороишиаз сангхо ва металхои қимматбахо дарёфт гардид.

Маснуоти бадеи аз металлхои гуногун низ дар ороиши хонахо ва қасрхо, либосу комплексхои меъморивасеъ истифода мешуд. Дар афсонахои халқи ва сарчашмахои адабӣ, маълумот дар бораи он ки дарбори шохонро дарахтхои тилло, ки хосили онхо сангхои қимматбахо аст, дарёфт кардан мумкин аст. Чи дар қисмати ханубива чи дар шимоли Тоҷикистон хангоми кофтуковхои археологитангахои тилло, нуқра ва мисини подшохони Сосонӣ, Кушониёфт шуданд, ки дар онхо номи подшохон Ардашир, Пероз, Варахан, Васудева, Канишка ва ғайра инъикос гардидаанд.

Санъати меъмори ва умуман бинокориниз анъанахои замони аввали феодализмро таҷассум менамуд. Онро дар мисоли Панхакент, Уструшана, қалъаи Мир ва ғайра мушохида кардан мумкин аст. Дар сохтмон хишти пухта, гах васеъ истифода мешуд. Инчунин як шакли на санъат кандакории чӯб пайдо мешавад, ки бо воситаи он қасрхои гуногун ороиш дода мешуданд. Дар санъати давраи Сосониён акси худохои зардуштимавқеи асосиро ишғол мекард, ки дар шакли хайвонхои гуногун (шерхои болдор ва шохдор) инъикос мешуданд. Мозаика дар зери таъсири услуби римию суриягимушохида мешавад, ки бо воситаи он фарши қасрхо ороиш дода мешуданд.

Дар назди дарбори шохон ва феодали калон маснуоти торевтикаи бадеисохта мешуданд. Аз тилло, нуқра зарфхои гуногун, унсурхои ороишдихандаи тахти шохон сохта мешуданд ва истифодаи техникаи махсуси гудозиш, сикка ва ғайра ихтироъ шуд.

Доир ба санъати мусиқибояд алохида тазаккур дод, зеро ки дар ин давра ин санъат ба дараҷаи баланд бардошта мешавад. Анъанаи қадими Эрониёнро дар муносибат ба мусиқачиёни халқива овозхонон давом дода, подшохони Сосонидар дарбори худ ромишгарони мохирро хамъ меоварданд. Яке аз намояндагони он Борбади Марвазибуд, ки хамчун асосгузори мусиқии классикии Шарқ маълум аст. У хамчун бастакор ва ромишгар дар охири асри VI ва аввали асри VII умр ба сар бурдааст. Асосхои мусиқиро аз падари худ омӯхта, бисёр асбобхои мусиқии он давраро навохта метавонист.

Шӯхрати мусиқии ӯ дар тамоми Хуросонзамин пахн гашт ва ӯ ромишгари дарбори Хусрави Парвиз гардид. Дар ин хо вай асархои гуногуни мусиқиро меофарад, ки бо номи умумии «Хусравона» машхур гардида буд. Вай зиёда аз 300 сурудхоро офарид, ки бисёре аз онхо (Яздон Офарид, Хини Эрач, Шабдид) то имрӯз шӯхрати худро гум накардаанд. Ба ғайр аз ин вай 30 композитсияи мусиқиро офаридааст, ки баъзеи онхо дар шакли Дувоздахмақом, Шашмақом то имрӯз расидаанд Умуман вай асоси мусиқии бисёровозаи ҷахониро гузоштааст. Хусрави Парвиз ба ӯ бахои баланд дода, нисфи боигарии давлати худ номидааст.

Чунбишхои гоявӣ дар замони Сосониён

Дар муайян намудани маданияти давраи Сосониён донистани мохияти хунбишхои ғоявива харакатхои халқиаз ахамият берун нест. Баъзеи онхо дар зери таъсири дини зардуштиба амал омада, қисми дигарашон соф харакати халқибуданд.

Яке аз чунин хунбишхои ғоявизарвония буд, ки онро мухаққиқон ба ду фирқа худо намуда, асосгузори онро Зарвон номиданд. Зарвонияи моддива маънавиҷой дорад. Мувофиқи таълимоти зарвония дар бомдоди азал танхо замони беканор вуҷуд дошту халос. Ахурамаздо ва Ахриман бо хам пайваст нестанд ва онхо дар ҷудогонагиамал менамоянд. Аз рӯи таълимоти зарвония гӯё Ахурамаздо аввал оташ ва обро офарид ва аз онхо хамаи мавҷудоти оламро офарид. Дар замони Сосониён хусусан Зарвонияи маънавибо назардошти таълимоти материалистии Афлотун васеъ пахн гардид. Зарвониён хех гуна офаридгарро эътироф намекунанд, ба мавҷудияти дӯзахту бихишт боваринадоштанд ва абадияти рӯхро рад мекарданд.

Монавия-дар замони Шопури-1 (242-270) ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтааст. Асосгузори он Мониписари Фоток, ки аз хамадон буд, вале дар Бобулистон ба воя расида, Монихамчун рассоми забардаст, асосгузори санъати минётуридар Осиёи Миёна маълум буд.Монитаълим медод, ки хикмате, ки ӯ тарғиб мекунад, ду асос ва се лахза дорад. Некию бадӣ, нуру зулмот, худою модда, ё ки материя мебошад. Се лахзаи таълимоти Монӣ-ин гузашта, хозира ва оянда мебошад. Мувофиқи таълимоти ӯ падари бузург вуҷуд дошт ва онро баъзехо хархо меномиданд. Падари бузург Ахурамаздо аст, ки дорои нур аст ва 5-унсур дорад: Идрок, Ақл, Фикр, Мулохиза ва Ирода. Падари бузург, модари аввалин ва одами аввалин чихеле, ки гуфтем Ахурамаздо аст. Ин инсони аввалин бо нерӯи рӯшноимусаллах гардида, ба муқобили нерӯи зулмот мубориза мебарад.

Маздакия, харакати халқибуд, дар асри V мелодитамоми Эронзаминро фаро мегирад. Пешвои он Маздаки бомдод буд, ки таълимоти ӯ як шохаи Монавия тахким медод, лекин аз назарияи Монифарқ мекард. Монавия нахоти нур ва рухро махбуримехисобид. Маздакия бошад баръакс ихтиёрихаёл мекард. Дар маздакия таълимоти ихтимоидиққати мардумро халб мекард. У таълим медод, ки хама чиз дар олам: об, замин, набототу хайвонот ва зан аз рӯи адолат тақсим карда шавад. хатто бисёрзании баъзехоро ва безании дигаронро беадолатии бузург мехисобид. Ин назарияи маздакия оммаи васеи халқро, хусусан камбағалонро ба худ халб намуд ва сабаби ҷангхои хунин шуд.

Маздакия таълим медод, ки байни аъёну ашроф, бою камбағал набояд фарқият вуҷуд дошта бошад. Оммаро аз лаззату хушнудихои ҷахон бенасиб нагардонанд ва бояд на танхо сарвати худ, балки занхои худро ба камбағалон тақсим намоянд. Ба муборизаи яроқноки зидди сарватмандон даъват мекард. Лекин дар охир харакати маздакия шикаст мехӯрад, зеро ки ӯ намефахмид, ки ҷамъияти синфидар зӯроваринигох дошта мешавад. хамаи ин хунбишхо шакли харакати диниро мегирад, агарчанде баъзе хомиёни дини зардуштимуқобили чунин ғоя буданд. Агарчанде харакати маздакия шикаст хӯрда бошад хам, мохияти прогрессивидошт, зеро ки халқро ба мубориза ба муқобили зулму истисмори феодалибармехезонд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *