Фанни Фархангшиноси

Маданияти давраи Эҳёи Аврупо. (Ренессанс)

Нақша:

  1. Хусусиятхои асосии маданияти замони Эхё.
  2. Эхёи Шимоли
  3. Навоварони санъати тасвирии замони Эхё.

Хусусиятхои асосии маданияти замони Эхё.

Замони Эхёи аврупоияке аз даврахои навбатии инкишофи маданияти ҷахонимебошад, ки мархилаи гузариш аз маданияти асримиёнагиба маданияти замони нав хисобида мешавад. Маркази харакати Эхё шахрхои Италия ба шумор меравад, ки дар он хо ин ходисаи бузурги маданидар асрхои Х^-Х^1 рӯй медихад ва минбаъд ба дигар мамлакатхои Аврупо ворид мегардад.

Калимаи Эхё дар хотираи инсон тимсоли паррандаи афсонавии самандарро ба вуҷуд меоварад, ки раванди доимии зиндашавиро таҷассум менамояд. Истилохи Эхё хатто дар байни одамоне, ки таърихро хуб намедонанд, таассуроти давраи пурнури таърихиро ба вуҷуд меоварад. Чунин таассурот умуман дуруст аст, зеро ки ин мархилаи гулгулшукуфии илму санъат ва адабиёт мебошад ва намояндагони он аз худ мероси бебахое гузоштаанд.

Калимаи «Қетззаш» (Возрождение), яъне Эхё аз тарафи Джорджо Вазари, ки хамчун рассом, меъмор, таърихнигор шӯхрат ёфта буд, истифода бурда мешавад, ба хотири нишон додани давраи санъати итолиёвиаз соли 1250 то 1550, чун Эхёи давраи атиқа. Дар асри XV! мазмуни ин мафхум нисбатан махдуд мешавад ва мазмуни эхёи атиқа чун тимсоли идеалинишон дода мешавад. Дере нагузашта мазмуни калимаи Эхё маънои озод шудани илм ва санъат аз илохиёт, ба вуҷуд омадани адабиёти миллӣ, кӯшиши инсон ба озодива махдуд шудани калисои католикиро дар худ инъикос мекард. Эхё хақиқатан ба гуманизм замина гузошт.

Дар ин давра ба мадди аввал инсон бо имкониятхои бехудуди худ гузошта, қудрати бехамтои ӯ тавсиф карда мешавад. Яъне, гузариш аз теосентризми асримиёнагиба антропосентризм мушохида мешавад. Дар ин давра шахрхои Италия ба маркази савдо, хунармандӣ, илму санъат мубаддал мегарданд. Дар ин шахрхо мардумони сохибкор, ӯхдабаро, бофаросате, ки дар хар як холат фоидаи худро хустухӯ мекарданд, хамъ шуда буданд. Махз маданияти шахриодамони нав ва муносибати навро ба хаёт ифода кард, мухитеро ба вуҷуд овард, ки дар он ғояхои бузург ва асархои олидараҷа офарида шуд. Намояндагони давраи Эхё боварии худро ба худо гум накарда, баробари ин ба худ ва ҷахони ихотакунанда ба назари нав менигаристанд. Бузургива масъулияти худро барои тақдири худ Эхсос намуда, баробари он чун одамони асримиёнагибоқимонданд. Бархурдории асосхои атиқа ва дини насронисабаби духела шудани инсон мегардад, мегӯяд файласуф Н.Бердяев. Рассомони давраи Эхё, қайд мекунад файласуфи номбурда, девонаи гузариш ба замони нав буданд. Чунин орзуро ба онхо Исои Масех медихад ва қувваи офаридгорро дар худ хис намуда, ба назди худ вазифахои бузург мегузоштанд. Ба маданияти замони Эхё бахо дода набояд аз хотир барояд, ки саводнокибарои табақахои оли(аъёну ашроф), аристократхо хос буд. Таъсири васеи он ба табақахои гуногуни ахолинисбатан дертар мушохида мешавад. Лекин дар арсаи умумиҷахонигуманистон чун табақаи нави ҷамъиятибаромад мекарданд, ки нишонахои табақавивуҷуд надошт ва хар як шахс аз нуқтаи назари саводнокимавқеъ дошт.

Аз сабаби характери гузариш доштани давраи эхёи итолиёвихудуди хронологии онро муайян кардан хеле душвор аст. Агар хусусиятхои муайяншудаи ин давраро ба асос гирифта (гуманизм, антропосентризм, модификатсияи анъанахои масехии Эхёи атиқа) назар кунем, хронологияи замони Эхё чунин ба назар мерасад. Вақте, ки хусусиятхои номбурда навакак пайдо мегардад, чун мархилаи пеш аз Эхё, Проторенессанс характеристика дода мешавад. Инчунин бо нишон додани номи садсолахо — дученто (солхои 20-уми асри Х111) — триченто (солхои 30-уми асри Х^) — квадроченто (солхои 40-уми асри XV) — сархаду мархилахои Эхёи аврупоимуайян карда мешавад. Мархилае, ки дар он инкишофи олии ғоя ва принсипхои эхёи маданияти итолиёвимушохида мешавад, номи Эхёи баландро гирифтааст (чинквеченто — (солхои 50-уми асри Х^1)). Маданияти замони Эхё чунин шахсони бузургро ба арсаи таърих овардааст: шоирон Данте Алигери, Хованни Бокачҷо, рассомон Леонардо да Винчи, Тисиан, Рафаэл Санти ва ғайра.

хамин тариқ, дарки дунявии ҷахон, ки бо зебоии шохипур карда шудааст, яке аз вазифахои ҷахонфахмии даврони Эхё ба шумор меравад. Дунёи воқеиинсонро ба худ халб мекунад ва худи инсон онро хубтар эхсос менамояд. Чашми инсон аз нуқтаи назари намояндагони маданияти ин давра, бехтарин хискунандаи олами моддива маънавиаст. Лекин бояд қайд кард, ки дар натиҷаи харакати тахаддуд дар мамлакатхои Аврупо, алалхусус Италия мухити нави маънавӣ, иқтисодива сиёсипайдо мешавад.

Эхёи Шимоли.

харакати Эхёв на танхо дар Италия, балки дар дигар давлатхои Аврупо ва хусусан дар қисмати шимолии он низ мушохида мешавад. Махсусан дар Нидерландия, Олмон, ки дар шахрхои Антверпон, Нюренбург, Амстердам, Витенбург, Аусбург намояндагони машхури харакати эхё зиндагимекарданд. Дар ба вуҷудоии эхёи олмоничунин омилхои иқтисодимақоми калон бозиданд: инкишофи коркарди маъданхои кӯхива саноати бофандагӣ, ворид шудани муносибатхои молию пулива раванди бозоргонӣ.

Омилхои анъанавии таъсири маданияти атиқа ба Эхёи Шимоли на он қадар бузург аст. Барои хамин хам нисбат ба нишонахои маданияти атиқа, бештар хусусиятхои готии асримиёнагимушохида карда мешавад. Эхёи Шимоли бештар ба харакати ислохотчигива ҷангхои дехқониалоқамандидорад. Саршавии эхёи шимолиро Мартен Лютер бо тарҷимаи «Инҷил» бо забони олмонизамина мегузорад. Инчунин китоби муқаддаси насрониён ба забони англисӣ фаронсавитарҷума карда мешавад, ки ин ходисаи бағоят бузурги маданигардид. Идеяи Лютерани табақахои прогрессивии Олмонро мутаххид намуда, Томас Мюнсер барин намояндагони машхурро ба майдон овард.

Дигар намояндаи эхёи шимоли дар сохаи санъати тасвириАлбрехт Дюрер буд, ки махорати ӯ дар санъати тасвирии Аврупо нақши бузург мегузорад. Расми падар ва автопортрете, ки вай дар синни 112 солагимеофарад, шӯхрати ҷахонидорад. Лекин ба ӯ реализми идеявии эхёи итолиёвимаъқул набуд, вай мехост дар санъати тасвириба аниқияти илмисохиб гардад. Боз як намояндаи санъати тасвириЛукас Крахан буд, ки дар эҷодиёти ӯ услуби готинамоён аст. Образи занон (мадонна) ва дигар қахрамонхои Инҷилии ӯ аз қабили хамзамонони рассом буданд. Онхо хеле нозук бо рангу рӯи дилчасп ва чехраи мӯъҷизанок тасвир карда шудаанд.

Дар сохаи меъмори принсипхои нақшгирии эхёвидар шахрхои Аусбург, Нюнберг, Галл ба назар мерасад. Ин принсипхо ба анъанахои готиякхоя шуда ба меъмории олмонинақши гуногунранг медиханд. Калисохои католикӣ, қасрхои феодалӣ, қалъахо хеле бисёр пайдо мешаванд.

Дар санъати мусиқишаклхо ва услубхои гуногун мушохида мешавад. Шаклхои фолклорӣ, мусиқии вокалӣ, гимнхои миллӣ, балету опера ва дигар услубхо инкишоф меёбанд. Намояндагони машхури санъати мусиқиК.Пауман, Г.Изак ва дигарон мусиқии динива дунявиро ба хотири навозиш тавассути асбоби мусиқии «Арғунун» («Орган») офариданд. Г.Шютс операи аввалин бо номи «Дафна» ва балети аввалин бо унвони «Орорей» ва «Эврика»-ро эҷод намуд.

Хамин тариқ, эхёи шимоли на он қадар тӯлонибуд, зеро ки ҷанги 30-сола ба тараққиёти мадании Олмон монеа гардид. Лекин дар таърихи маданияти ҷахониин давра хамчун зухуроти таи боқимондааст, чун давраи устодони сухан ва рассомӣ. Ин ду шакли санъат бо хам омезиш ёфта, тимсолхои гуногунрангро офариданд. Мистисизми Готикиасоси эхёи шимоли гардида, ҷахонбинии миллии олмонӣ, ки дар эпоси «Сурудхо дар бораи Небелунг» пурра инъикос гардидааст, имконият медихад, ки ба раванди мадании умумиаврупоиворид гарданд.

Навоварони санъати тасвирии замони Эҳё

Замони эхёро бешубха, давраи тиллоии санъати тасвирименоманд, зеро ки намояндагони машхури ин санъат Леонардо да Винчи, Микеланхело, Рафаэл Санти ва дигарон арзи вуҷуд карда, асархои бебахои худро офариданд. Рассомони замони эхё қонунхо ва принсипхои «хати рости перспективӣ»-ро кашф намуда, расмро ба оина шабохат медоданд, ки бо воситаи он инсон ба ҷахон менигарист ва онро дарк менамуд. Устодони замони эхёро аксар вақт «Титанхо» меномиданд, бо назардошти универсализми онхо.

Леонардо да Винчи рассом, хайкалтарош, меъмор, нависанда, мусиқадон, математик, ботаник ва хатто инженери сохаи харбибуд. Аз рӯи нишондоди Вазаривай ба зебоии зохирии худ аниқии хар як рухияи ғамгинро таъмин менамуд. Лекин дар хар як чизе, ки оид ба хаёти Леонардо да Винчи медонем, ишорае дар бораи хаёти шахсии ӯ, оилаи ӯ, дар бораи хушбахтию хурсандии ӯ, ё ки ғаму ғусса аз муносибат бо мардумони дигар нест. Лекин мисли хаёти ин шахс хаёти пурмашаққату андӯхгин мумкин қадар ҷой надорад. Мероси бадеии Леонардо на он қадар бисёр аст. Лекин образхое, ки вай офаридааст мухаббати поки инсонӣ, зебогии хаёт ва табиат, махорату мухаббати бепоёни ӯро инъикос менамоянд. Масалан, дар расмхои худ бо номи «Мадонна с цветком», «Мадонна в гроте», «Джаконда» (Мона Лиза) маънохои васею мӯъҷизадорро ҷойгир намудааст.

Микеланхело Буонарроти низ чун хайкалтарош, рассом, шоир, меъмор шӯхрат пайдо кардааст. То дараҷае ба корхои худ шавқу рағбат ва мухаббати бепоён дошт, ки хатто аз муносибат ба одамон тамоман дур мешавад. Нисбат ба Леонардо дар ҷахонбинии ӯ хиссиёти гражданимушохида мешавад. Бо тамоми санъати худ Микеланхело мехохад нишон дихад, ки хисми инсон аз хама зеботарин дар табиат аст ва аз он зеботар чизе нест. Ин барои он аст, ки зебогии зохириинъикоси зебоии маънавиаст. У худро пеш аз хама худро хайкалтарош мехисобад. Дар силсилаи скулптурахои ӯ бо номи «Побидитель» (Фотех) образи худи Микеланхело ва рамзи хаёти ӯ инъикос гардидааст. У 15 сол барои оростани оромгохи Мария Медичи дар Флоренсия кор мекунад ва тамоми махорати худро дар нақшу меъморихои «Сахар», «Шом», «Рӯз», «Шаб» ва ғайра инъикос менамояд.

Сеюмин намояндаи санъати тасвириРафаэл Санти буд, ки чун рассоми гуногунжанр машхур шудааст. У устоди сохаи монументалива портрет шуморида мешуд ва ханӯз дар давраи хавониба дараҷаи баланд ноил гардид. Дар галереяи миллии Лондон расми ӯ бо номи «Сон рыцаря» ҷой дорад , ки дар синни 17- солагиаш офаридааст. Ҷанговари ҷахон бо як муовизаи хиссиёти дохилива оромии рухитасвир гардидааст. Ин баробарии дохилиро ӯ дар расми нисбатан дертар офаридаи худ бо номи «Мадонна в конестабиле» боз тақвим медихад. Дар Флоренсия чунин расмхоро бо номи «Мадонна в зелени», «Мадонна с щегленком», «Прекрасная садовница» меофарад. Рафаэл зебоива тимсолхои нозукро дӯст медошт, барои он ки худаш зебо ва навозишкор буд. Нисбат ба Леонардо, Рафаэл моро ба сиру асрори мӯъҷизанок банд намекунад, балки даъват менамояд, то ки зебогии дунёи заминиро эхсос намоем. Мадоннахое, ки дар Флоренсия меофарад — модарони хеле зебо, дилчасп ва муосир буда, Мадоннахое, ки дар Рим тасвир гардида буданд, шакли нисбатан ҷиддива дорои мохияти чуқур буданд. Масалан, «Мадонна в кресле», «Сикстинская мадонна» аз хама расмхои шӯхратноки Рафаэл шуморида мешавад.

хамин тариқ, орзуи дарки ҷахон, ки дар шахсиятхои давраи эхё мушохида мешавад, ба шакли идроки бадеитабдил меёбад. Лекин онхое, ки барои пурра тасвир намудани табиати зинда харакат намудаанд, рассомони замони Эхё ба шумор мераванд. Бо эҷодиёти бадеимашғул шуда, рассомон ба сохаи оптика, физика ва тавассути муаммои муовиза ба анатомия ва математика ворид гардиданд. Барои хамин хам Леонардо санъатро аз хама мухимтарин илм хисобидааст, зеро ки санъат ба ақидаи ӯ хаётро аниқ ва бо тамоми нозукихояш тасвир менамояд. У боз гуфтааст, ки ҷахон тавассути хиссиёт дарк карда шавад хам, чашм чун шохи хиссиёт мақоми асосимебозад. Агарчанде навоварони замони Эхё аз худ мероси на он қадар зиёд гузошта бошанд хам, лекин аз ҷихати сифат ва сабку услуби тасвир нотакрору ягонаанд. Ин мероси бебахо ба рассомони давру замонхои сониилхоми баланд бахшида, онхоро ба эҷодкорию навоваридаъват менамояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *