Фанни Фархангшиноси

Категория (макула)-хои фархаигшиносӣ

  • Тасвири фарҳангии олам.
  • Меъёр ва арзишҳои фарҳанг.
  • Аломат ва рамзҳои фарҳанг.
  • Мафҳумҳо, кодҳо ва универсалҳои фарҳангӣ.

1. Тасвири фарҳангии олам.

Гарчанде ба таъбири Саъдии бузург «Банӣ одам аъзои якдигаранд.К-аз офариниш зи як гавҳаранд», аммо дар раванди таърихи инкишофи башар, ҳар як фард дорои хусусияти хос ва ҳар халқ дорои фарҳанги вижае мебошад. Дар навбати худ ҳар як халқ дар шароити хоси зиндагӣ қарор дошта, таърихи худро вусъат мебахшад, забони хешро ташаккул медиҳад ва ҷаҳонфаҳмӣ ё ҷаҳоншиносии хоси хешро бунёд мекунад.

Тамоми ғановати ҳастии фарҳанги халқ, ҳастии комили ин мардум шеваи муайяни дарки ҷаҳон ва ҳастии онро ба вуҷуд меорад. Ва натиҷаи чунин диди хоси олам, ки дар он инсон зиндагӣ мекунад, тасвири фарҳангии олам маҳсуб мешавад ва он муштамил аз системаи образҳо, тасаввурот ва шинохти сохти ҷаҳону ҷойгоҳи инсон дар он мебошад. Ҳастии инсоният гуногунҷанбаву бисёрқабата (қишрӣ) буда, баъзе аз ин қабатҳо (онҳое,ки бо эҳсосоту ғаризаи аввалияи пайдоиши инсоният пайвастанд) ба назорати ратсионалӣ вобаста набуда, ғайри шуурӣ мебошанд. Аз ин сабаб мафҳуми «тасвири фархангии олам» ба маънии васеъ ва маҳдуди он истифода мегардад.

Ба мафҳуми маҳдуд, тасвири фарҳангии олам ҳиссиёти аввалия (интуитсияҳо), архетипҳои миллӣ, бунёди образноки олам, равишҳои дарки замону макон, донишҳои яқин, аммо собитнашудаву ғайриилмӣ шомил мешаванд. Ба мафҳуми васеъи тасвири фарҳанги олам дар қатори унсурҳои зикршуда ҳамчунин донишҳои илмӣ низ зам мешавад.

Тасвир ё тасаввури фарҳангӣ аз он нуқтаи назаре бунёд мегардад, ки барои инсони дар он муҳит зиндагикунанда, олам чӣ маънӣ дорад? Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки ин маънӣ на ҳамеша қобили дарки он инсонҳост. Ба қавле, фарҳанг ташаккули муайяни иҷтимоӣ байни инсонҳое, ки онҳоро аз рӯи маишату таҷрибаашон ба ҳам муттаҳид месозад ва дар партави он ашёъҳо ҳамчун элементҳои оқилонаи инсонӣ амал мекунанд, зеро дар худ нақши муносибати инсониро ҳифз менамоянд. Дар ҷараёни ба ашёъ табдил ёфтани ниятҳо ё идеяҳои инсон амалисозии ҳуд ба худии субъек, маҳорату таҷрибаи ӯ ба миён меояд. Дар ҷараёни озмоиши мухталифи олами ашёъ, ин ё он чиз ва ашёву падида ҷои хешро дар ҷаҳонсозии ҳаёти иҷтимоӣ пайдо мекунанд.

Дар сурати равиши инструменталӣ (абзорӣ) мафҳуми «тасвири фарҳанги олам» танҳо ба воқеиятҳои ратсионалистӣ, бо тасаввури донишҳо доир ба ҷаҳону қабатҳои гуногуни он, ки таввасути забон баён шудааст, маҳдуд мешавад.

Дар чунин равиш як навъ беэътнноӣ дар мавриди нотакрорӣ ва беҳамтоии инсон ба назар мерасад, ки ҷанбаҳои маишии он хислатҳои шахсии инсонро аз байн мебарад.

Ҳастии инсонро набояд танҳо ба қобилияти оқилонаи талоши расидани ӯ ба ин ё он ҳадаф маҳдуд кард, зеро қабати зистӣ ё маишии фаъолияти инсон на танҳо иборат аз тавлиди ниҳоӣ, балки маҷмӯи талошхо барои бақои инсоният мебошад.

Тасвири фарҳангии олам аз мазмунҳои воқеӣ, идрокшуда ва аз лиҳози мавзӯъ мушаххаси артефактҳо, таҷрибаҳову арзишҳо ва мотивҳову таассурот ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, аз дидгоҳи мазмуну мундариҷа тавсири фарҳангии оламро метавон ба гурӯҳҳои зерин тақсимбандӣ кард: илмӣ, эстетикӣ, мазҳабӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва масоли он. Аз ин нигоҳ тасвири олам маҷмӯи маълумотҳову оморҳост. Муқаддам бар ин тасвир, тасвири дигаре вуҷуд дорад, ки он тасаввуроти эҳсоси ботинӣ, маънову моҳият ва ҳамчун таҷассуми фаъолияти воқеии он фарҳанг шинохта мешавад. Дар зимн ҳар як маънӣ ҳамеша ба таври хос баёнгари ҳамаҷонибагии (унверсалии) ҷаҳонест, ки инсонҳо дар он зиндагӣ мекунад.

Рушди робитаҳо миёни фарҳангҳо ба камшави (заифшавии) вижагиҳои хоси ҳар як аз онҳо мегардад. Масалан,дар асри XXI халқҳову кишварҳо дар маишату тафаккури хеш ҷудоӣ мегузинанд (муҷазо мешаванд). Мисоли равшани он раванди компютеркунонии ҷомеа аст, зеро ашхоси ба компютер сару кор дошта, тобеи мантиқи алгоритми воҳид мебошад. Аммо бо вуҷуди ин, дар асос ва пояи ҳар яқ фарҳанг он чизе ҳифз мегардад, ки таҳти асари табиати он кишвар, иқлиму манзараҳои табиӣ, ғизо, типии этникӣ, забону хотираи таърихиву фарҳангии миллат боқӣ мондааст. Ин аст, ки тасвири фарҳангии олам нотакрорӣ хешро дар раванди умумишавии фарҳанг ҳифз мекунад.

2. Меъёр ва арзишҳои фарҳанг

Муҳимтарин ҷузъи таркибии тасвири олам дар паҳлӯи тасаввуроти ҳиссӣ, архитипҳо, шеваҳои дарки ҷаҳон, ҳамчунин меъёр ва арзишҳои фарҳангӣ низ маҳсуб мешавад.

Меъёрҳои фархангӣ шомили намунаҳои мушаххас, қоидаҳои муошират, амал ва маърифат мебошанд.Инҳо дар зиндагии рӯзмарраи (оддии) ҷомеа ҷамъ ва тасдиқ мегарданд. Дар ин марҳилаи ташаккули меъёрҳои фарҳангӣ нақши бузургро лаҳзаҳои суннатӣ ва зеришуурӣ (нохудогоҳӣ) иҷро мекунанд. Зеро урфу одат ва қобилияти дарккунӣ таи ҳазорсолаҳо шакл гирифта, аз як насл ба насли дигар гузаштааст.Дар мурури замон меъёрҳои фарҳангӣ дар шакли тачдид шуда (бозсозӣ шуда) ба идеология,таълимоти этникӣ ва консепсияҳои мазҳабӣ табдил гардиданд.

Ҳаминтавр, меъёрҳои ахлоқӣ низ аз таҷрибаи муоширати дастаҷамъии одамон ба вучуд меояд.Меъёрҳои ахлоқӣ ҳамарӯза дар асоси одатҳо, назари умум, натиҷагириҳои шахсони наздик тарбия мешаванд. Кӯдак дар асоси аксуламали калонсолон, оила ҳадду ҳудуди рафторҳои «хуб»-у «бад»-ро муайян мекунад. Нақши муҳимро дар ташаккули меъёрҳои фарҳангӣ барои ҳар як ҷомеа таҳсин ё накӯҳиши атрофиён, қудрату кирдори шахсӣ ё дастаҷамъӣ, намунаи рафтору кирдор (ба таври амалӣ ё дар тавсифи хаттӣ ё шифоҳӣ) иҷро менамояд. Меъёрҳои фарҳангӣ дар раванди муносибатҳои шахсӣ ва дастаҷамъии одамон, ҳамчунин дар натиҷаи фаъолияти бунёдҳо ва ташкилотҳои мухталифи иҷтимоӣ дасгирӣ мегардад. Дар интиқоли таҷрибаи маънавии як насл ба насли дигар саҳми асосииро низоми таълиму тарбия ба дӯш дорад. Шахс, ҳангоме ки ба ҳаёт қадам мегузорад, на танҳо дониш меандӯзад, балки усул ва меъёрҳои рафтору кирдор, муоширату муносибатро аз муҳити воқеии хеш низ фаро мегирад.

Бояд ёдовар шуд, ки худи меъёрҳои фарҳанг тағйирёбандаанд, зеро фарҳанг худ хислати таъсирпазирӣ дорад. Ҳар тағийроте дар ҷомеа ба амал ояд, фарҳанг онро инъикос мекунад. Барои мисол, дар қарни XX дар кишварҳои Аврупо, Амрико ва дар нимаи дуюми он дар аксари кишварҳои Осиёву Африқо таҳаввулоти бунёдӣ дар муносибати инсон ба оила сурат гирифт. Ин амал дорои аҳамияти калон аст, зеро маҳз дар оила шахсияти инсон ташаккул меёбад ва меъёрҳои асосии фарҳангро фаро мегирад. Дар оилаи патриархалӣ фарзандон асосан барои таъмини хонавода ва дар пирӣ таъмингари волидон маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, тамоми даромаду харҷи хонаводаро сарвари оила, падар идора мекунад ва фарзандон ҳама даромади молии хешро ба падар ё падаркалон медиҳанд, қи раиси хонавода аст. Аз ин рӯ,дар оилае, ки писар зиёд аст, он оила аз нигоҳи молӣ бештар даромад дорад. Аммо хонаводаи имрӯза ба фарзанд муносибати тамоман дигар дорад. Акнун’ тамоми буҷаи оила пеш аз ҳама барои табияву таҳсили фарзандон ё фарзанд равона қарда шудааст. Ин тамоили маънавӣ дар оила боиси тағйирот дар мазмун ва самти хароҷоти умумимиллии масрафкунанда гардидааст. Волидон, ки даромади асосии оиларо таъмин мекунанду имкони молии кофиро барои рафъи ҳаргуна эҳтиёҷоти шахсии хеш доранд, аз ин ҳама сарфи назар намуда, ин маблағро, пеш аз ҳама, барои хонавода сарф мекунанд. Зеро хонавода (оила) маркази эмотсионалӣ-фарҳангии инкишофи шахсият аст. Ин таҳаввулоти меъёрҳои фарҳангӣ дар муносибати дохили хонаводагӣ имкони онро фароҳам овард, ки фарзандони хонавода «бачагии хешро тамдид» намуда, бо фарҳанги ҷаҳонӣ ошноии бештар пайдо карда, арзишҳои маънавии тозае ба дастбиёранд.

Тасвири фарҳангии ҷаҳон аз нигоҳи усули пайдоиши хеш ва мазмунан шомили афкори арзишист. Арзишҳо дар натиҷаи андешарони шахс дар бораи зарурат ё бо аҳмият будан ин ё он чиз (моддӣ ё маънавӣ) барояш ба миён меоянд.

Ҳар як аз соҳаи фаолияти фарҳангии инсон меъёрҳои арзишии ба худ хосро дорост. Ҳаёти моддӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тартиботи иҷтимоӣ, ахлоқ, ҳунар, илм ва мазҳаб дорои арзишҳои хос мебошанд.

Ҳар як соҳаи фарҳанг арзишҳои хоси худ ва маҳаки санҷишии худро дорад. Дар замони бостон аз тамоми меъёрҳои асосии арзиш маҳакаи зебоишиносӣ муқаддам шуморида мешуд. Аммо дар асрҳои миёна ҷои онро мазҳабу ахлоқ гирифт ва дар замони нав ҷои онро меъёрҳои илмӣ ва арзишӣ(қиматнокӣ) гирифтанд. Аз ин рӯ, раванди рушди фарҳанг ҳамеша бо таҷдиди арзишҳо тавъам аст.

Тамоми гуногунрангии арзишҳоро ба таври шартӣ метавон бо ҷудо кардани онҳо ба он соҳаи ҳаёт, ки дар он ин арзишҳои фарҳангӣ мавриди истифода қарор мегиранд, танзиму тасниф намуд:

  • Арзишҳои виталӣ: ҳаёт, саломати, амният, сифати ҳаёт. Сатҳи масраф,амнияти муҳити зист (экологӣ).
  • Арзишҳои иқтисодӣ: мавҷудияти шароити мусовӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулот ва шароити мусоид барои рушди истеҳсоли маҳсулот ва хидмат, ҳадаф ва мақсади фаъолияти иқтисодӣ.
  • Арзишҳои иҷтимоӣ: мавқеи иҷтимоӣ, меҳнат, дӯстӣ, оила, рифоҳ (бизоат), баробарии ҷинсҳо, истиқлоли шахсӣ, қобиляти пешравӣ, таҳамуллпазирӣ.
  • Арзишҳои сиёсӣ: ватанпарастӣ, фаъолияти шаҳрвандӣ, озодии шаҳрвандӣ, сулҳу амнияти шаҳрвандӣ.
  • Арзишҳои ахлоқӣ: некӣ, хайру неъмат, муҳаббат, дӯстӣ, қарз, номус, беғаразӣ, покдоманӣ садоқатмандӣ, муҳаббат ба фарзандон, адолат, шарофатмандӣ, кӯмаки мутақобила, эҳтиром ба калонсолон.
  • Арзишҳои динӣ-мазҳабӣ: Худо, эътиқод (имон),омурзиш, хайру эҳсон (неъмат). Китобҳои муқаддас ва ҳадисҳо.
  • Арзишҳои эстетикӣ (зебоипарастӣ): зебоӣ, ҳамоҳангӣ (таносуб), сабку услуб ва амсоли он.

3. Аломатҳо ва рамз (символ) -ҳои фарҳанг

Тавре ки қаблан зикр шуд, аз нигоҳи равиши семиотикӣ фарҳанг ҳамчун системаи робита ва табодули ахбор шинохта шуда, падидаҳои он ба шакли системаи аломатҳо арзёбӣ мегардад.

Аломат — субъекти (чизи) эҳсосан даркшавандаест (мисли овоз, тасвир ва монанди онҳо), ки ҷои ашёъ (предметҳо)- ро гирифта муносибату хосияти онҳоро ифода мекунад.

Дарку интиқоли фарҳангро метавон ба воситаи навъҳои гуногуни аломатҳо ва ё забонҳои фарҳангӣ амалӣ гардонид. Аз қабили, ба воситаи забони маъмулӣ, фолклор, суннатҳо, абзори маишӣву шикор ва ё бо дигар навъҳои фаъолиятҳо: маросимҳо, маносикҳо, иҷрои оинҳо, этикет, ҳамчунин тавассути анвои биноҳо ва ё образҳои бадеии навъҳои мухталифи ҳунар, матнҳои касбӣ ва амсоли он ифода карда мешавад.

Аз ин рӯ, забони фарҳанг, қабл аз ҳама, маҷмӯи тамоми воситаҳои аломатии муносибати (муоширатӣ) забонӣ ва ғайризабоние, ки ба кӯмаки онҳо ахбори фарҳангӣ ифода мегардад.

Тамоми маҷмӯи ин воситаҳои аломатро метавон ба навъҳои зерин ҷудо намуд:

  • Аломатҳо-нишонаҳо асосу пояи забони маъмулӣ мансуб мешаванд.

Воҳиди забон — вожа (калима) ба шумор рафта, баёнгари ашёъ (предмет), амалу хислат ва махсусияти дигар хислатҳои ҷаҳоние, ки инсонро иҳота кардааст, шомил аст. Ба аломатҳо-нишонаҳо ҳамчунин аломатҳо— ишорахо, аломатхо-нусхаҳо (нусхаичопӣ), аломатҳои-рафторӣ (имитация) дохил мешаванд.

❖ Аломатҳо — шаклҳо (меделҳо), ҳамчунин ҷойнишини хақиқии объктҳо ва воқеиятҳои мавҷуда буда метавонанд. Барои мисол, дар ҳудуди кодҳои фарҳанги асотирӣ модели предмети реалӣ нерӯи сеҳромез (магические) ба худ гирифта намунаи фарҳангӣ мегардад, ки онро метавон нусхаи сонӣ (вторичной предметностью ) номид, Дар ин модел маълумот дар бораи мафҳум ва тарзҳои таъсири ин ашёъ (предмет) низ нуҳуфтааст.

  • Символҳо (рамзҳо)аломатҳоянд ки на танҳо ишора ба объекти тасвир мекунад, балки маъною мафҳуми онро низ инъикос менамоянд.

Дар мавриди тафовути маънои «аломат» («sema») ва «символ» («symbolon») дар фалсафаи Юнони қадим, аз Афлотун саркарда ҳад гузашта шудааст. Тафовутро дар маъно ва кор бурди онҳо медиданд. Аломат дар ҳаёти рӯзмарра ва назми тақлидӣ истифода мешуд. Аммо бо кӯмаки символҳои асотирӣ (мифологӣ) ба инсон руҳи иллоҳӣ (худоӣ, малакутӣ) дода мешуд. Агарчӣ символҳои малакутӣ (худоӣ ) зотан мафҳуму шаффофанд, аммо ба инсон тарафҳои мармузу муаммои он нигаронида шудааст, то ки ӯ бо аклу идроки хеш онҳоро дарк карда тавонад. Натурализим ба хотири тақлидҳои бемаънои хеш мавриди накӯиш қарор мегирифт ва қуллаи ҳунар шеъри рамзомезе (шеъри самбулик), ки дорои символҳои амиқу гуногунпаҳлӯ бошанд, шинохта мешуд. Чунин символизим дар Рум (Византия) ва масеҳияти Ғарб қабул шуд буд. Умуман, ҳама Китобҳои муқаддас маънии аслӣ ва маҷозӣ дошта, ҳама бо рамзҳо ифода шудааст. Зеро дар илми илоҳиёт воқеиёти таҳрифшуда (профанная история)-ро, ки дар он ҳодисот маънии пӯшида доранд ва воқеоти муқаддасро (сакральная история), ки дар он ҳодисот ҳамчун символ барои дигарон маҳсуб мешаванд, аз ҳам фарқ мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки рамзу роз ё символ дар Шарк, ба хусус Осиёи Марказиву Шарқи Наздик ҳам дар ҳунару меъмориву наққошӣ, шеъру мусиқӣ ва ҳам дар навиштаҳои муқаддасоти динӣ фаровон истифода мешавад.

Ва дар асл символ ҳамчун дарки образноки ҷаҳон ва ҳамчун образи бадеии маҷозӣ дар ҳунар ба таври васеъ истифода мешавад. Мафҳуми образи рамзиро наметавон ба таври мустақим тафсир ё таъбир намуд, зеро онро бояд ба таври эмотсионалӣ дарку эҳсос намуда, ба ақли пӯёи хеш ташхис кард.

Тавачҷӯҳи фарҳангшиносон ба символҳо ҳамчун ноқилони мафҳумҳои умумибашарӣ аз солҳои 30-уми қарни XX оғоз гардид.Яке аз фарҳангшиносони маъруфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ю.М.Лотман символро на танҳо чун аломати забони маснӯъӣ (масалан, символҳои химиявй ё риёзӣ), балки баёнгари маъниҳои амиқи сакралӣ (ҷодуӣ, соҳирӣ) ҳисобидааст. Аз ин қабил символҳо зарфиятҳои (мафҳумҳои) бузурги фарҳангӣ (мисли салиб, доира, мандило, пентограмма ва амсоли он) дошта, решаашон то давронҳои ҷомеаи ибтидоӣ мерасад, ки асос ва пояи ҳар як фарҳангро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр символ пеш ҳама аломати иҷтимоӣ-фарҳангӣ маҳсуб мешавад, ки мазмуни он бо қариҳаву фаросат дарк мегардад ва ҳамаи онҳоро намешавад бо як равишу сиёқ шарҳу тафсир кард.

Шуури асотирӣ ба чунин символҳои появӣ (асосӣ, базавӣ),ки тасаввури инсони ибтидоиро дар бораи пайдоишу ташкили Кайҳон мунъакис месозанд, устувор гардонидааст. Барои мисол, Мировое Древо (Дарахти ҷаҳон ) рамзи ваҳдати тамоми коинот, ки баёнгари меҳвари ҷаҳон аст ва ҳамзамон таҷассумгари ғояи ҳосилхезист. Ва ё дар ҷаҳонфамии асотирии мардуми эронинажод ҷом (аз ҷумла Ҷоми Ҷамшед ) символи ҷаҳону коинот аст, ки таҷассумгари се асл аст. Осмон, замин ва султаи зеризаминии нерӯҳои бад (сиёҳ) ва амсоли он. Ин символҳо ба тадриҷ содда гардида ба шаклҳои геометрӣ ва ададҳо табдил ёфтаанд. Аз ҷумла, Мировое Древо (дарахти ҷаҳон ) ба тарзи салиб муҷассам шуда, доира таҷассумгари Коинот (Кайҳон) ва доира дар дохили чоркунҷа, ки дар Эрони бостон «мандило»- шакли ҷодуӣ маҳсуб мешавад, коинот ё ҷаҳонро таҷассум мекунад. Зеро аз нигоҳи ҷаҳоншиносии эронитаборон (ориёнҳо) замин монанди гулӯлаест, ки аз ду ҷоми (косаи) ба ҳам пайваст иборат аст. Аз ин рӯ, доира — хати пайвасти косаҳои замину осмон буда, чоркунҷа-чор тарафи олам ба шумор меравад. Секунҷа дар асотири ҳиндӣ сернаслӣ зеро зовияи(кунҷӣ) болӣ -ибтидои мардона ва кунҷи поин-ибтидои занона маҳсуб мешавад. Агар ин ду секунҷаро боли ҳам ба таври шашкунҷа гузорем, дар ҳиндуҳо рамзи иттиҳоди созандагӣ (созидающие начало) ва тавлидкунӣ ё эҷодгарӣ ба шумор рафта, аломати муҳаббати худоён ба ҳамаи мавҷудоти заминӣ ва дар навбати худ муҳаббати мавҷудоти заминӣ ба худоён маънидод мегардад. Ҳамчунин дар асотири ҳиндуён тасвири море, ки думи хешро дар ҳоли газидан аст, рамзи гардиши доимии ҷаҳон ё абадият мебошад. Вижагии символ ҳамчун аломат дар қобилияти ангезиши аксуламали умумӣ на ба худи мавзӯи символшаванда, балки ба он тарафи маънавӣ, ки он ба мавзӯъ ё объект иртибот дорад, нуҳуфтааст. Дар рушди фарҳанг нақши забон хело муҳим аст. Фарҳанги миллӣ бидуни забон вуҷуд надорад. Маҳз забон меъёри таъин ва таснифбандии фарҳанг ва типологии он маҳсуб мешавад. М.Ҳайдеггер қайд карда, ки «забон-хонаи ҳастист». Алберт Комю нависандаи маъруфи асри XX Фаронса гуфтааст: «Ватани ман, ин забони франсавист». Аз ин рӯ, забон василаи иҷтимоии ҳифзу интиқоли маълумот ва воситаи асосии муошират маҳсуб мешавад. Забон дар сухан истифода гардида, дар он вуҷуд дорад. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 5 ҳазор забон мавҷуд аст. Дар баробари ин дар асри ҳозир забонҳои барномавӣ, аз қабили мошинӣ, алгоритмӣ ва амсоли он амал мекунанд. Ҳар як системаи (низоми) аломатиро метавон забон номид, аз қабили забони синамо, забони риёзиёт, забони имовуишорат ва ғ-ра.

4. Мафҳумҳо, кодҳо (рамзҳо) ва унверсалҳои фарҳангӣ

Вазифаи забонҳои фарҳанг, қабл аз ҳама,баёни мафҳумҳои фарҳангӣ яъне он мазмуне,ки намешавад мустақиману як маъно баён намуд, мебошад. Мафҳум дар сурати таъмини иртиботи занҷирии маънои ҳамаи аломатҳои он забон дарк карда мешавад. Мафҳумҳо дорои чандин сатҳанд:

  • Дараҷаи баланди мафҳум «фикри солим» номида мешавад. Ин мафҳум дар сатҳи шуури пешрафта ва аз тарафи умум қабул шуда, ба вуҷуд меояд. Ин мафҳум бо аҳамияти он мутобиқат дошта, бо сухан баён мешавад.
  • Аз ҳама сатҳи амиқи мафҳум мазмуни нуҳуфтаест, ки инсонро бо арзишҳои ҷаҳонӣ, аломатҳо ва намунаҳои рафтору кирдори он фарҳанг мепайвандад. Миёни ин ду сатҳ он мафҳумҳои уфуқӣ мавҷуданд, ки ба рамзбандӣ (код занӣ) ниёз доранд.

Дар сурате ки ҳамаи падидаҳои фарҳангиро ҳамчун воқиятҳои иртиботӣ,ҳамчун маълумот арзёбӣ намоем, пас дарки онҳо танҳо бо ҳамбастагии он бо ягон восита имконпазир аст, зеро робитаи системаи аломатҳо бо воқияти онҳо инъикоскунанда бевосита намебошад. Зарурат ба чунин як восита ҳангоме, ки падидҳо байни худ муқоиса мегарданд ва бо як низоми воҳид оварда мешавад, ба миён меояд.

Аз ин рӯ, эҳтиёҷ ба низоми махсуси аломатҳои маъниҷудокун, яъне кодҳо (рамзи)-ҳои фарҳангӣ пайдо мешавад. Худи мафҳуми «код» ба маънои рамз бори нахуст дар техникаи алоқа (рамзи телеграфӣ, коди Морзе) ва сипас дар техникаи ҳисоббарор, риёзиёт, кибернетика ва генетика (кодҳои генетикӣ (ирсӣ) ба вуҷуд омадааст. Ва бидуди кодбандӣ (рамзбандӣ) имкони эҷоди забони маснӯӣ, тарҷумони мошинӣ, шифрбандӣ ва кушодани шифри матнҳо вуҷуд надорад.

Дар фарҳангшиносӣ дар мадди аввал мӯҳтаво ва дарки матнҳои фарҳангӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мафҳуми «коди фарҳангӣ» муҳим ва мушаххас буданро тақозо мекунад. Зарурат ба коди фарҳангӣ замоне ба миён меояд, ки агар гузариш аз ҷаҳони ишорот(сигналҳо) ба ҷаҳони мафҳумҳо сурат гирад.

Олами ишорот (сигналҳо) воҳидҳои ҷудогонаест, ки барои интиқоли маълумот дар назар гирифта шудааст, аммо олами мафҳумҳо бошад, дар қолаби он шаклҳо нуҳуфта ва инсон ба ҷаҳони идеяҳо, образҳо ва арзишҳои фарҳангӣ ба воситаи онҳо роҳ пайдо мекунад. Ба таъбири дигар, дар забони фарҳанг — «код» он чизест,ки имкони тағироти маъниро дар мафҳумҳо ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, код иборат аст, аз модели тартиби ташаккули як қатор маълумоти мушаххас. Тамоми кодҳо метавонанд байни худ дар асоси коди умумӣ мавриди муқоиса қарор гиранд. Ахбор ё матни фарҳангӣ вобаста аз истифодаи кодҳо ба таври мухталиф бозхонӣ мешаванд. Код имкон медиҳад ба сатҳи маъноии фарҳанг даст ёфт, аз ин рӯ, бидуни код ,матни фарҳангӣ пӯшида, дарк накарда ва ғайри қобили қабул боқӣ мемонад.Дар ин ҳолат яъне бидуни код, инсон, танҳо системаи аломатҳоро метавонад мушоҳида кунад, на системаи донишу мафҳумҳоро. Ба таъйиди муҳаққиқони фарҳангшинос коди асосии фарҳанг бояд дорои хислату вижагии зайл бошад:

1) кифоя кардан дар истеҳсолот, интиқол ва ҳифзи фарҳанги инсонӣ;
2) қобли тағйир будан;
3) ҳамаҷанбаӣ будан (унверсалвность).

Барои инсони ҷомеаи ибтидоӣ миёни ном ва ашёъе, ки он ном ба ӯ гузошта шудааст,робитаи мустақим вуҷуд доштааст. Барои ӯ муносибат бо ащёъ мусовӣ бо сухан ё номи он ашёъ маҳсуб мешуд, чун ки ном қисми асосии он ашёъ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, барои инсони ҷомеаи ибтидоӣ номҳои шахсро бояд пушида нигоҳ дошт, то ки душман таввасути ном метавонад таъсири ҷодуӣ кунад.

Аз ин рӯ, ду номӣ, яъне аз чашми дигарон пӯшида нигоҳ доштани номҳои аҳли оила марсум буд. Он номҳои асосиро танҳо сарони хонавода ва наздикон медонистанд.

Ин анъана дар Мисри қадим низ ривоҷ дошта ва ин расм низ то солҳои наздик дар миёни хонаводаҳои тоҷикону ӯзбекҳо низ идома дошта аст.

Чун «таҳрими иттилоотӣ (информатционная блокада)» дар атрофи номҳои шахсӣ, яъне табу ба исмҳо,аз он ҷо маншаъ мегирад, ки номҳо дар воқеъ инъкоскунандаи аҳмияту мақоми иҷтимоӣ-фарҳангии ҳамон ашхос буданд. Зеро ном дар он даврон бевосита информатсия (маълумот) буд, на этикетка (барчасп). Гуфтани ном маънои онро дошт,ки бо гуфтани он нерӯи идоракунандаи шахс ё ашёъро гӯяндаи ном дар даст мегирад.

Унверсалҳои фарҳангӣ — мафҳумест баёнгари он хусусиёти падидаҳои фарҳангӣ, ки дар ҳамаи фарҳангҳо, сарфи назар аз қадимӣ, нав ё хурду бузург буданашон мавҷуданд. Онҳо он хислатҳои таҷрубаи фарҳангиро нишон медиҳанд, ки барои ҳамагуна фарҳанг дорои аҳмиятанд (оташ, об, ханда, гиря, кор, боло-поён, мардона-занона ва амсоли онҳо).

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *