Фанни Фархангшиноси

Маданияти қадимтарини мардумони ориёнасл

Нақша:

  1. Хусусиятхои асосии маданияти эрониёни қадим. Проблемаи ориёӣ.
  2. Маданияти давраи хахоманишихо
  3. Бохтару Суғд — гахвораи нахустдавлати маданияти тоҷикон.

Тадқиқи маданияти тоҷикон нишон медихад, ки халқхои Осиёи Миёна аз даврахои қадим муносибатхои анъанавии маданидоштаанд. Хусусан дар байни маданияти моддию маънавии тоҷикон ва ӯзбекон чунин алоқамандибештар зохир мегардад. Инчунин таърихи маданияти тоҷикон бо фархангу маданияти бисёр халқхои мамлакатхои Шарқи Наздик умумияти хеле наздик дорад, ки онро мо аз асархои бисёр муаррихони русу тоҷик ва олимони мамолики дури хорихимушохида карда метавонем. Дар омӯзиши маданияти қадимтарини тоҷикон чунин олимон сахми бузург гузоштаанд: Б.Ғафуров, С.Айнӣ, М.Осимӣ, А.Ю.Якубовский, А.А.Семенов, Е.Э.Бертелс, Б.А.Литвинский, Н.Н.Негматов, А.Д. Бобоев ва дигарон.

Аз замони ҷамъияти ибтидоихусусиятхои асосии маданияти тоҷикон зохир мегардад, ки онро дар боқимондахои маданияти моддимушохида кардан мумкин аст. Масалан, ёдгорихои давраи ҷамъияти ибтидоизамони палеолит, мезолит, неолит, асри биринх ва охан дар бисёр минтақахои Тоҷикистон мисли Соксан-Охур дар Помир, Тахти Сангин дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон, Саразм дар Панхакент ва ғайра дарёфт гардиданд. Бисёр олотхое, ки аз санг ва металлхои гуногун сохта шуда буданд, дар натиҷаи кофтуковхои бостоншиносон дар Қайроқкум ёфт шуданд ва махз аз ин сабаб дар адабиёти илмимафхуми «маданияти Қайроққум» пайдо гардидааст. Аз тарафи В.А.Ранов яке аз ёдгорихои бузургтарини замони ҷамъияти ибтидоибо номи Қаро-Бура тадқиқ гардидааст. хамаи ин тадқиқотхо нишон доданд, ки тақрибан 50-40х. сол аввалин ёдгорихои давраи мустерипайдо шуда, 40-35х. сол пеш аз давраи мо мардумони типи нав — Ното 8ар1еп8-одамони боақл пайдо гардидаанд.

Ба даст овардани оташ, сохтмони манзили оддитарини зист, тараққиёти шикорчигива хамъоварӣ, пайдоиши аксхо, ихтирои тиру камон ва дигар намудхои олотхои мехнат ва шикор тахаввули маданиятро дар ин минтақа тасдиқ мекунанд. Яке аз мухимтарин хусусияти маданияти тоҷикон дар замони ҷамъияти ибтидоиин пайдоиши олотхои биринҷива оханин мебошад, ки имконияти калонро барои инкишофи маданият фарохам меоварад.

Мардумони ибтидоимуқиминишин шуда, махалхои калони зистро ба вуҷуд оварда, бо заминдорию чорводоримашғул мешуданд, ки ин боиси пайдо шудани нобаробарии ихтимоимегардад. Хусусан ин холат дар асри биринҷива охан бештар мушохида мегардад. Махалхои ахолинишин аз 10 гектар то 70 гектарро ташкил медоданд, ки амсоли он ёдгорихои Қайроққум шуморида мешавад.

Дар минтақаи Осиёи Миёна, ки асосан қабилахои эронизиндагимекарданд, аз асри VIII- VII пеш аз мелод раванди этникиоғоз меёбад, ки ба инкишофи маданияти ин халқхо имконияти калонро фарохам меоварад. Дар натиҷаи ин раванди чунин халқиятхо ва қабилахо пайдо мешаванд, ки ба гурӯхи этникии эронимансуб буданд. Масалан суғдиён, бохтарихо, портхо, хоразмиён ва ғайра. Дигар хусусияти маданияти тоҷикон ин пайдоиши забон ва хат мебошад, ки ба асри биринҷимансуб донистан мумкин аст. Дар хазорсолаи якуми пеш аз мелод дар яке аз минтақахои Осиёи Миёна лаххае пайдо мегардад, ки асоси забони авестоиро ташкил медихад. хамин тавр, забонхои эрони шарқива ғарбипайдо мешаванд. Ба гурӯхи забонхои эронии ғарбӣ: форсӣ, тоҷикӣ, курдӣ, балухӣ; ва ба гурӯхи забонхои эронии шарқӣ: осетинӣ, помирӣ, афғонива ғайра дохил мешаванд.

хамаи ин далелхо нишони он аст, ки қабилахои эронива хинду ориёибо хам алоқамандии зич доштанд. Дар бораи умумияти маданияти хинду ориёива эрониасотирхои гуногун, ки дар байни тоҷикон то хозир ҷой доранд, шаходат медиханд. Масалан устура дар бораи «Падар- Осмон» ва «Модар-Замин», ки дар «Ригведо» хамчун «волидайни бузург» омадааст. Инчунин калимаи «Аря», ки аз он номи хозираи Эрон пайдо гардидааст, далели ин фикр аст.

Дар ин хо мо бо масоили ориёирӯ ба рӯ мешавем, ки доир ба он дар байни олимон то хозир бахсу мунозирахои гуногун ҷой дорад. Як гурӯхи олимон хиндустонро, гурӯхи дигари олимон Бохтарро, гурӯхи сеюм Моварои Кафкозро, гурӯхи чорум Осиёи Миёнаро макони асосии мардумони ориёнасл мехисобанд.

Лекин тадқиқоти археологии худуди Тоҷикистон дар ин масъала нисбатан як равшаниеро ба вуҷуд овард. ханӯз соли 1956 асари олимони машхури рус А.М.Окладников, Б.А.Литвинский ва В.А.Ранов бо номи «Древности Кайрак-кумов» аз нашр баромада буд, ки дар он 16 махалхои калонтарини мардумони ибтидоитахлил гардид. Тахминан дар хазорсолаи 111-11 пеш аз мелод қабилахое, ки дар ин хо зиндагимекарданд, дар натиҷаи хушксолиаз он хо берун шуда, ба тарафи ханубу шимол харакат карда, дар минтақахои гуногуни Тоҷикистони имрӯза макон гирифта буданд. Онхо бо занхои махаллиба издивох дохил шуда, маданияти умумию забони умумиро ба вуҷуд оварда буданд.

Маданияти давраи хахоманишӣ

Дар мобайни асри VI дар Осиёи Миёна ба хои давлати Мидия давлати хахоманишиба сари қудрат меояд, ва халқхои Осиёи Миёна дар зери подшохигарии хахоманишихо зиндагикарда маданияти худро инкишоф медоданд. Чихеле, ки М.М.Дьяконов менависад Куруш (Кир) яке аз бузургтарин намояндагони таърихи қадим буд, ки аввалин империяи умумиҷахониро ба вуҷуд овардааст. Дар ин давра дигаргунихои бузурги ихтимои(инкишофи хоҷагии қишлоқ, баланд шудани ахамияти мехнати ғуломон, фаъолнок шудани марказхои савдо) ба амал меояд. Системаи ягонаи молию пулӣ, системаи андоз ва идоракунӣ, коргузорибо истифодаи забони умумидавлати(оромӣ) мушохида мешуд. Ин замони бехтар шудани муносибатхои тихоратива маданибо тамаддунхои пешқадами дунё буд.

Шохони хахоманишипеш аз хама ба санъат ахамияти калон медоданд. Таърих ва қахрамонхои эронӣ, мисли ғояхои кайхонива асотиридар санъати эрониён инъикоси худро дарёфтанд. Ҷахони эронихамчун пули пайвасткунандаи маданияти Ғарбу Шарқ хизмат мекард. Онхо дар тамоми сохахои маданият шӯхрат пайдо карда, аз худ мероси бое гузоштаанд. Рельефхои монументалиаз санг ва металлхои гуногун, санъати монументалии фрики минетурахои зебо ва ғайра на танхо қасрхои шохони хахоманиши, балки ёдгорихои нисбатан дертари Юнонию Римиро низ ороиш медоданд. Диққати калонро ба меъморива умуман шахрсозидода, ансамбли гуногуни меъмориро ороста буданд. Қасрхои подшохон дар Персополь ва Сузи таваххӯхи мардумони дунёро ба худ халб карда, дараҷаи баланди малакаю махорати хунармандони он давраро инъикос менамуд.

Яке аз ёдгорихои машхургашта — ин «Катибаи Бесутун» буд, ки Дорои бузург мерос монда буд. Дар водии Кирмоншох дар кӯхи Бесутун чунин ёдгоригузошта шуда аст, ки дар он муборизаи Доро бо рақибонаш дар масофаи калони кӯх, ки суфта карда шуда аст, кандакоришуда буд. (18 м. васеъгива 6 м. баландӣ). Солхои зиёд баъд аз таназзули давлати хахоманишиба ин ёдгорихех кас ахамият намедод. Баъд аз 2500 сол олими англис Г. Гротофенд ва сайёхи итолиёвиПетро Делла Велле хизматхои шоёне намуданд. Умуман ёдгории Бесутун аз 515 сатр бо забони форсии қадима, 141 сатр бо забони бобулӣ, 650 сатр бо забони эламииборат буд.

Дигар ёдгорие, ки Доро аз худ гузоштааст, қасри Персопол буд, ки он бузургӣ, бохашаматива боигарии империяи хахоманишихоро таҷассум менамуд. Соли 520 сохтмони ин комплекси меъморисар мешавад, ки он бо 50 км дуртар аз шахри Шероз дар сохили дарёи Пулвар воқеъ гардида буд. Дар сохтмони ин қаср аз тамоми гӯшаву канори империяи худ Доро ғуломон, хунармандонро хамъ оварда кор мефармуд. Персопол дар махалии Пасагардах аз ду комплекс иборат сохта мешавад. Қасри қабули мехмонон ва қасри шохӣ, ки бо иншооти иловагипайваст шуда буд. Дар қасри қабули мехмонон зиёда аз 10 хазор одамон хамъ омада метавонистанд. Баландии ин толор баробари баландии бинои 7-ошёна буда, 72 сутунхои мармаришифти онро нигох медошт. Масохати ин ёдгори450х300 метрро ташкил медод, ки бо воситаи зинаи 2-метра пайваст шуда буд. Худи форсхо пойтахти мамлакати худро Тахти Хамшед номида буданд, зеро онхо гумон доштанд, ки махз дар хамин хо аввалин шохи шохон, ки дар дасти худ хоми адолатро нигох медошт, зиндагинамудааст. Ин шахри хазинахо буд, чунки Искандари Мақдунӣ, ки шахрро оташ зада, фармон дода буд, ки барои бурдани боигарии он 3 хазор уштур биёранд. Пас аз якчанд аср таърихнигори араб Ал-Балхинавишта буд, ки дар хама хо портрети Хамшедро мушохида кардан мумкин , ки ӯ ба сӯи офтоб нигарон буд. Персопол гӯё дар натиҷаи сӯхторе, ки маъшуқаи Птоломей Фаида ба амал овардааст, аз байн бурда мешавад. Чунин ёдгорихоро подшохони хахоманишидар дигар мамлакатхои тобеи худ гузошта ба дину оин ва ибодатгоххои онон эхтироми калон зохир менамуданд. Пайдоиши хати оромӣ(арамеӣ) ва истифодаи он дар коргузории давлатияке аз воқеахои бузурги маданибуд. Дертар аз хати арамеичор системаи хати идеографӣ: парфянӣ, форсӣ, суғдива хоразмихудо шуда, дар Осиёи Миёна садсолахои баъдина боқимемонад. Дар Осиёи Миёна сохтмони шахрхо авх мегирад ва бо марказхои хунармандии Шарқи Қадим пайваст мешаванд. Яке аз онхо Самарқанди хозира аст, ки маркази онро Афросиёб ташкил медод, ки масохати он 200 гаро ташкил медод. хунармандони суғдӣ, меъморон, охангарон, бофандагон, кулолгарон, заргарон бо хунархои худ мардумони ҷахонро ба хайрат меоварданд.

Идеологияи асосии он давра дини зардуштибуд, агарчанде динхои дигари қабилавӣ- авлодива будпарастивуҷуд дошта бошад хам. Дар байни халқхои Осиёи Миёна эҷодиёти дахонихеле инкишоф ёфта буд, ки мисоли онро дар «Авесто» хуб мушохида кардан мумкин аст. Дар омӯзиши маданияти халқхои Осиёи Миёна, дарки асотирхои тоҷикию эронихеле мухим аст, зеро ки онхо сарчашмаи асосии омӯзиши фарханг ба шумор мераванд. Масалан, асотир дар бораи Ҷамшед, ки гӯё зиёда аз 700 сол хукмроникардааст. Гудохтани охан, сохтани хона, фурӯзонидани оташ ва ғайраро ба мардумони худ омӯзондааст. Мухимаш он аст, ки вай дар дасти худ «Ҷом»-ро нигох дошта, дар он инъикоси хаёти мамлакати худро мушохида мекард. Дар меъмории замони Сосониён ва Сомониён ин хом нақши худро дарёфтааст.

Бохтару Суғд — гаҳвораи нахустдавлати маданияти тоҷикон

Воқеан Бохтару Суғд бузургтарин маркази тамаддуни тоҷикон шӯхрати ҷахонипайдо карда буд ва агар бо суханони президентамон ЭмомалиРахмон гӯем «Зеро овони тифлӣ, овони афтидану хестанхо, омӯхтани рохгардӣ, овони рох ёфтан ба арсаи тамаддуни башарӣ, овони худрову ҷахонро шинохтани ниёгони тоҷикон аз хамин хо ибтидо мегирад. Оғози сарнавишти талху ширин , оғози нахустин падидахои тамаддуну арзишхои фархангива оғози рисолати давлату давлатдории онхо низ махз аз хамин гахвора сарчашма гирифтааст». Доир ба маданияту фарханги ин давра олимону файласуфони ғарбу шарқ ва махсусан тоҷику рус асархои бисёре офариданд. Лекин ба хамаи ин нигох накарда, ин давраи нисбатан торики таърихи маданияти тоҷикон ба шумор меравад. Бехуда нест, ки сарвари давлатамон ба омӯзиши тамаддуни қадими тоҷикон даст зада сахифахои нави онро барои хамватанон ва ҷахониён пешкаш намудаанд.

Қадимтарин сарчашмае, ки дар он номи кишвари Бохтар ва Суғд ёд шудааст китоби муқаддаси «Авесто» мебошад. Дар боби якуми он «Видевдат» нахустин кишвархои офаридаи Ахурамаздо номбар шудаанд, «Бақхади» (Бохтарӣ) зебо бо дарахтзорхояш ва «Гава» (Суғд) бо алафзору марғзорхояш. Яке аз тавонотарин донандагони таърихи ахди кухан Фирдавси«Шохнома»-и худро дар асоси сарчашмахои таърихӣ, аз хумла «Худойномак», «Маздакнома», «Шохномаи Абумансурӣ», «Шохномахои Маъсуди Марвазӣ, Абӯалии Балхӣ», инчунин «Гуштаспнома»-и Дақиқива дигар ривояту қиссахо ва достонхои таърихии халқхои ориёнажод офаридааст.

Вобаста ба таърихи омаду рафти шохон ва сурат гирифтани банду басти воқеахо «Шохнома» ба ду қисм- асотирива таърихихудо шудааст. Подшохони давраи асотирии «Шохнома»-ро метавон ба сулолаи Пешдодиён мансуб дониста, овони подшохии Каюмарс, хушанг, Тахмурас, Ҷамшед, Заххок, Фаридун ва дигаронро то давраи Гаршосп тахти ин ном зикр намуд. Дар давраи подшохии сулолаи Пешдодиён ниёгони мо зинаи вахшоният, яъне ҷамъияти ибтидоиро паси сар карда, падидахои аввалини тамаддуниро ноил гардиданд.

Мувофиқи маълумоти «Шохнома» сулолаи дуюме, ки баъди Пешдодиён ба арсаи давлатдории ориёихои тоҷиктабор омадаанд, сулолаи Каёниён мебошанд, ки бунёдгари он Кайқубод буда, дар «Авесто» номи ӯ ва дигар подшохони ин сулола бо номи Кайковус, Сиёвуш, Кайхусрав, Гуштосп номбар шудаанд.

Подшохони сулолаи Каёниён мувофиқи маълумоти сарчашмахои таърихиБохтар ва Балхро қароргохи салтанати худ пазируфта, онро Эрону Эроншахр ном бурдаанд. Яъне, ин давлат дар қисмати ханубу шарқии Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон қарор гирифта буд. худуди қаламрави Суғди қадим дар фосилаи 40 км дуртар аз самти ғарбии Бухоро харобахои ш. Варахша пайдо шудааст, ки ба хазорсолаи якуми то мелод мансуб дониста шудааст. Инчунин Мароқанд бо марказаш Афросиёб, баъдтар Хуҷанд, Уструшан (Киропол) ва дигар минтақахои қисмати сархадии Узбекистону Тоҷикистони Шимоли дар худуди давлати суғдиёни қадим воқеъ гардида буданд.

Бехуда нест, ки Б.Ғафуров таъсири тамаддуни халқиятхои Осиёи Миёнаро дар офариниши осори бошукӯхи санъати сулолаи хахоманишихо таъкид карда, аз Бохтару Суғду Хоразм бурдани чанде аз масолехи ороишии нодирро зикр менамояд: Тибқи навиштаҷоти Доро барои сохтани қасри Шуш аз Бохтар тилло, аз Суғд — лохувард ва ақиқ, аз Хоразм — фирӯза бурда шудааст.

Албатта, ин зинахои тараққиёт дар Бохтари қадим то давраи зухури Зардушт кайхо паси сар гашта буд. Аз Қубодиёну Тирмиз кашида то Балху хирот ва Марву Нисо хазорхо шахрхои обод ва дехкадахои бузург доман афрохта буданд. Масалан, Қалъаи Мир, Кайқубодшох, Тахти Қубол, Тахти Сангинро ба ёд овардан мумкин аст. хамин тариқ, зироаткорива чорводорисахифаи наве дар зиндагии бошандагони Бохтари қадим махсуб гардида, аз думболаш тарзи зиндагии муқимӣ, косибию хунармандива ғайраро ба форсхо овард.

Хамин тариқ, Бохтару Суғди қадим яке аз қадимтарин марказхои тамаддун ва яке аз нахустин давлатхое буд, ки дар замони подшохии Гуштосп намояндаи сулолаи Каёниён ташаккул ёфта, пойгохи нахустини давлату давлатдории ниёгони тоҷиконро падид овард. Чуноне ки дар боло зикр шуд Бохтару Суғди қадим ба тамаддуни башаринахустин оинномаи ахди қадим — «Авесто» ва нахустин пайғамбари оини яктопарастӣ- Зардуштро дод.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *