Фанни Фархангшиноси

«Авесто» дар таърихи маданияти мардумони ориёнасл

Нақша:

  1. Пайдоиши «Авесто» ва таърихи омӯзиши он.
  2. «Авесто» хамчун сарчашмаи идеявива маънавӣ.
  3. Ватани Зардушт ва Зардуштия аз назари Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон.

Пайдоиши «Авесто» ва таърихи омӯзиши он

Доир ба масъалаи пайдоиши «Авесто» дар адабиёти илмиақидахои гуногун ҷой дорад. Як гурӯхи олимон (Дюперон, Дармстетер, Мейе, Юар ва ғайра) пайдоиши онро ба мамлакати Мидия нисбат медиханд. Дигар гурӯх ба Бохтар пайваст менамоянд, (масалан Бартолоне Ньюберг). Гурӯхи сеюми олимон пайдоиши «Авесто»-ро ба Моварои Кафкоз мансуб медонанд ва ғайра.

Барои дуруст хал намудани масъалаи макони пайдоиши «Авесто», бояд ду чизро ба назар гирифт. Якум-«Авесто» дар тӯли бисёр асрхо тартиб дода шудааст. Дуюм-хусусиятхои ҷудогонаи Авесто ва қисмхои алохидаи он на танхо аз ҷихати хронологӣ, балки аз ҷихати географиниз дигаргун мебошанд.

Дар ин хо сухан дар бораи пайдоиши қисмхои ҷудогонаи он, ки дар даврахои гуногуни таърихипайдо шудаанд, меравад. ханӯз ГерОдот, Страбон, Плутарх ва дигар муаррихони Юнону Рим ба дину оини Эрониёни Қадим назар карда, ба он бахои баланд дода буданд. Омӯзиши илмии Авесто дар асрхои ХУП-ХУШ шурӯъ мешавад. Масалан, соли 1771 олими фаронсавиА.Дюперон аввалин шуда, онро ба забони фаронсавитарҷума мекунад. Намояндаи бузурги идеализми немис Гегел низ диққати худро ба ин сарчашма равон намуда, дини зардуштиро дини рӯшноива некиномидааст. Дар Русия омӯзиши он, аз асри XIX то имрӯз якчанд олимони рус (Кассович, Зелеман, Тураев, Атаев, Бертельс, Стеблин- Каменский ва дигарон) матнхои ҷудогонаи Авесторо тарҷумаву тахлил намудаанд.

Аз байни олимони хорихиасархои Мэри Бойс (Англия) ва Ф.Нитсше ҷолиби қайд аст. Онхо дар тахти унвони «Зардуштиён» асархои бисёрҷилда навишта, диққати мардумони дунёро ба «Авесто» халб намудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи шӯравиолимони тоҷик бахри омӯзиши «Авесто» хизматхои шоёне намуданд. Махсусан Б.Ғафуров дар «Тоҷикон» ва дигар асархояш ба ин сарчашмаи маънавии ниёгонамон бахои баланд додааст.

Ӯ дар Суғду Бохтар пайдо шудани «Авесто» ва дини зардуштиро дар асоси бозёфтхои бостоншиносон тасдиқ карда, дар омӯзиши мазмун ва сохтори он кӯшишхои зиёде намудааст. Дигар олимони тоҷик (С.Айнӣ, Бобоназари Бобохон, Ёқубов Ю. ва дигарон) дар тадқиқу тахлили қисматхои ҷудогонаи «Авесто» ва масоили зардуштия кӯшишхои зиёде намудаанд.

Хусусан, дар арафаи ҷашни 2700-солагии «Авесто» мақолахо ва асархои бисёре чоп гардидааст. Алалхусус, сарвари кишварамон Э.Ш.Рахмонов ба хотири баланд бардоштани худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ин сарчашмаи қадим рӯ оварда, дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» менависанд: «хар гахе, ки порахои ҷудогонаи китоби муқаддаси «Авесто»-ро дар тарҷумаву тафсирхои минбаъдааш варақгардон намоем, мебинем, ки шукӯху шахомати «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомер, ки ақли башариятро хазорсолахо боз тасхир кардааст, дар назди ин шохасари оламшумули ниёгони мо мекохад». Авесто, ки садсолахо қабл аз асархои Гомер эҷод шудааст, аз рӯи тадқиқи олими англис Е.В.Вест, тақрибан аз 345х. калима, «Занд Авесто» (тафсиру тарҷумаи Авесто бо забони пахлавӣ) бошад, аз 2млн калима иборат аст. Барои қиёс метавон гуфт, ки як худи Авесто хахман аз «Шохнома»-и Фирдавсичандин баробар бузург аст. Аз ин рӯ хамаи пахлӯхои ин шохасар ва дини зардуштито холо пурра тадқиқ нашудааст.

«Авесто» хамчун сарчашмаи идеявива маънавӣ

«Авесто» хамчун нахустфарханги мардумони ориёнасл намунаи безаволи осори фарханги маданияти ҷахониба шумор меравад. Дар сарчашмахои қадимаи пахлавии то замони мо расида, аз хумла «Шахристонхои Эрон» оид ба таърихи навишта шудани «Авесто» маълумоти пурқимате баён шудааст. Инчунин сарчашмаи дигари пахлави«Динкард» (Кори дин) чун қомуси афкори динию мазхабӣ, асотирии ориёнхо шинохта шудааст, ки дар он китоби муқаддаси «Авесто» аз 1200 боб (фаргард) ва 21 китоб (наск) нишон дода шудааст.

Дар замони Сосониён Ардашери Бобакон (хукмрониаш 224-241) дар такмилу тахрири «Авесто» хидмати бузург намуда, донандагони онро водор намуд, ки бо сарварии Тансар ин китобро, ки дар замони Искандари Мақдунисӯзонида шуда буд, тахриру барқарор намоянд. Ба ақидаи муаррихону авестошиносон. аз хумла академик Б.Ғафуров барои китоби «Авесто» дар заминаи хати пахлавиалифбои махсус ихтироъ гардид, ки он матнхоро бо тамоми хузъиёташ ифода намуда, «тарзи талаффузи анъанавии гӯяндагонро» хеле дақиқ ва сахех сабт мекард. Баъзе мухаққиқон ва сарчашмахои таърихион алифборо хати диндабириниз номиданд.

харчанд «Авесто» баъди тахрири охирин аз 21 китоб гирдоваригашта бошад хам, шубхае нест, ки китобати аввалини он дар замони Зардушти Спитамон сурат гирифтааст.

Фосилаи миёни нахустин нусхахои китобии «Авесто» ё қисмати «Готхо»-ро аз замони зухури паямбарии Зардушт гирифта то тахрири охирини пахлавии он тақрибан қиёс намоем, қариб якуним, ду хазор солро дар бар мегирад. «Авесто»-е, ки то ба имрӯз расидааст, танхо 5 китобро ташкил медихад: Ясно, Виспарад, Вандидот, Яштхо, Хурд-Авесто. хамчунин ногуфта намонад, ки матни ин панх китоби расида низ пурра нестанд (350 боб расидааст). Бо вуҷуди ин номехрубонихои таърих шукӯху хашамати китоби муқаддаси ниёгони мо, ки яке аз аввалин намунахои осори хаттива китобнависидар тамаддуни башаримебошад, заррае накостааст. Аз хамин қисматхои расидаи «Авесто» низ бузургию мӯхташамӣ, парвози баланди тафаккур , дар либоси басо оддива заминихилва додани хикмату фалсафаи осмонгир эхсос мешавад. Ситоиши худованд дар порахои «Авесто» баъзан то андозае самимиву ба дил наздик аст, ки хатто акси садои сурудан, тавбаву надомат намудан ва аз паси покдоманирафтани пайравони оини зардуштибараъло эхсос мешавад. хар кадоми ин китобхо чун дурдонаест, ки моро ба гузаштахои басо дур мебарад, аз имону эътиқод, ниёишу парастиш ва мунохоту дуохои ниёгони мо дар зикри худои бузургу муқтадир Ахурамаздо ва ёварони вай маводи басо холиб медихад.

Чихеле, ки Э.Ш.Рахмонов менависанд «Авесто» бо нусхахои пешину пасин ва матнхои кӯхнаву нав, бо порахои манзуму мансур ва силсилаи сурудахои гаронбахояш мисли бозёфтхои хазинаи Амударё сахифахои норавшани тамаддуни ниёгони моро бароямон мекушояд».

Яке аз қадимтарин китоби «Авесто» ,«Ясно» мебошад, ки иборат аз 72 боб буда, аз рӯи хусусияти забонива замони офаринишаш ба «Ригведо»-и хиндухо қаробат дорад. Боби аввали «Ясно» иборат аз гимнхо ва сурудхои васфи Ахурамаздо, ки худи Зардушт офаридааст, иборат аст. Яштхо — бошад сурудхои муқаддаси васфи худохои ҷудогонаро ташкил медихад. Инчунин дар «Яштхо» подшохону пахлавонони асотириситоиш меёбад, ки аз 21 яшт иборат мебошад. Вандидот — қонуни зидди девхо, китобе ки хангоми иҷрои намози шабона бештар хонда мешуд. Ин китоб аз 22 фаргард иборат буда, маводхои асотириро низ дар бар мегирад. Виспарад — махмӯи ибодатхои динӣ. Дар ин хо инчунин боқимондаи асотирхои қадима ва афсонахои таърихӣ, нишондодхои гигиенива ғайра хамъ оварда шудааст. Дар матнхои «Хурд-Авесто» таълимоти умумии Зардушт оварда шудааст. Ин қисми нисбатан дертар пайдо шуда буда, гуфтан мумкин аст, ки таълимоти чор қисми аввалро бо хам мепайвандад.

хамин тариқ, имрӯз исбот гардидааст, ки «Авесто» моли мардуми тоҷик мебошад, зеро ки дар он вилоятхои тоҷикнишини Бохтар, Хоразм, Суғд, Марв, Фарғона ва ғайра зикр шудааст, лекин номи ягон нохияи Форс оварда нашудааст.

Ватани Зардушт ва таълимоти динию ахлоқии ӯ

Зардушт писари Поурушасп аз қабилаи Спитам буда, пеш аз хама аз «Готхо» номи ӯ ба мо маълум мегардад. Соли таваллуд ва хои аниқи зисти ӯро муайян кардан хеле душвор аст. Модом ки «Авесто» дар Ориёи Шарқӣ, яъне дар Осиёи Миёна дар сарзамини тоҷикон навишта шуда бошад, пас Зардушт низ дар хамин сарзамин ба дунё омадааст. Модараш Дуғдова аз Роғ буд, ки дар сарзамини Афғонистон воқеъ гардидааст. Ватани Зардушт Суғду Бохтар ба шумор меравад, ки тахминан дар охири асри VII пеш аз мелод умр ба сар бурдааст.

Асосгузори таълимоти нав Зардушт кӯшиш мекард, ки идеологияи ягонаи ҷамъияти ғуломдориро бунёд созад ва бо ин рох қабилахои ориёиро бо хам муттахид намояд. Зардушт дар

бораи худ дар Готхо хамчун Зоотар- яъне корманди дин, рухонимаълумот додааст. Тахминан дар синни 30-33 солагиӯ пайғамбар шуда, барои тарғибу ташвиқи яккахудоикӯшиш менамояд. Воқеаи пайғамбар гардидани Зардушт дар Готхо хеле хуб инъикос гардидааст. Як гуфтаи ӯ аз Ясно ҷолиби қайд аст: «то он даме, ки дар ман қувва ва имконият хаст, ман одамонро таълим медихам, ки ба сӯи хақиқат ва ростираванд». Лекин хақиқати холи зиндагипайғамбарро ба он хулоса овард, ки хамаи некихое, ки хаст, хилофи он бадихо вуҷуд дорад.

Дар вақти яке аз ин мулоқотхо хамрохи Ахуро-Маздо (хурмузд) душмани ӯ Ангра Манну (Ахриман) пайдо мешавад.

Аз ин хо, мувофиқи таълимоти Готхо дар олам ду хавхари хамзод хурмузд ва Ахриман вуҷуд дорад, ки хам дар аъмоли заминию хам осмонива масоили офариниши олам қудрати баробар доранд. хурмузд хама чизи хубу некро, Ахриман бошад хама чизи баду палидро офаридаанд.

Зухури пайғамбарии Зардушт аз рӯи сарчашмахои пахлавишабохате ба меърохи пайғамбари мусулмонон хазрати Мухаммад дорад. Аз сарчашмахои дини мусулмониниз бармеояд, ки Расули Акрам ба олами улвирасида, хангоми сӯхбат бо хастиоллох 99 хазор калому хикмат ва асрори ғайб омӯхтааст. Ва хои шубхае нест, ки ба олами лохут расидани Зардушт ва «Авесто»-ву «Занд»-ро омӯхтани вай дар даврахои минбаъда ба дини мусулмонирох ёфта, оини ростиву накӯкориро дар китоби муқаддаси «Қуръон» тақвият бахшидааст.

Замоне, ки Зардушт зухур намуд ва даъвои пайғамбарикард, дар миёни қавму қабилахои сарзамини Бохтар парастиши оташ, буту санамхо, офтобу моху ситорахо ва хайвоноти мухталиф ҷой дошт. хадафи тарғиби яккахудоипеш аз хама муттахид сохтани қавму қабилахои ориёии шахрнишину муқимибуд, ки зинаи ибтидоии инкишофи хомеаро паси сар намуда, ба тарзи зиндагии нисбатан баландтар- чорводорию зироаткорӣ, косибию хунармандӣ, тихорату муомилот рӯ меоварданд ва дехкадаву шахристонхо обод мекарданд. Аслан номи Ахуро-Маздо аз қисматхои «Ахура» сарвар ва «Маздо»-доно таркиб ёфта, маънои сарвари доноро ифода мекунад. Ангро-Майну бошад Ангро- бад ва Майну — андеша, яъне ба маънои бадандеш омадааст.

Дар оини зардушти макрӯх сохтани унсурхои муқаддас — оташ, об, хок ва хаво гунохи азим ба шумор мерафт. хатто ба об партофтан, дар оташ сӯзонидан ва ба хок супоридани хасади одамон манъ шуда буд. Фаро расидани марг ва бемориро одатан ба кирдори Ахриман нисбат медоданд ва намехостанд аз нафаси бади он аносири муқаддас олуда гардад. Парастиши оташ хамчун рамзи нур, равшанӣ, фурӯзон нигох доштани оташи дайру оташкадахо маълум гардид. Тадқиқотхои бостонию археологинишон медиханд, ки яке аз сабабхои оташпараст ва офтобпараст шудани ориёихо сардии замини ватани онхо буд. Офтоб ва оташро нахотбахши худ мехисобиданд.

Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишхои ахлоқиро дар либоси дин ба хилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарчашмаи зиндагива ашёи хамешагии хеш қарор дод. Ба қавли Фридрих Вилгелм Нитшеи олмони«Зардушт аз хама мутафаккирон ростгӯйтару ростандешатар буд». Мутафаккири бузурги хинду Робиндранат Такур дар ситоиши ин пайғамбари ростива адолат гуфтааст: «Зардушт дар таърихи башар нахустин касест, ки динро ба як шакли ахлоқидаровард Зардушт бузургтарин пайғамбарест, ки дар оғози таърихи башарият зухур намуд ва бо василаи фалсафаи худ башарро аз бори сангини маросим озод намуд».

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *