Фанни Фархангшиноси

Исломикунонии Шарқи Миёна ва таъсири он ба маданият халқҳои ориёӣ

Нақша:

  1. Пайдоиши ислом ва мохияти мардумии маданияти мусулмонӣ.
  2. «Қуръон» хамчун ёдгории динӣ, таърихива маданӣ.
  3. Адабиёт ва жанрхои асосии он.

Пайдоиши ислом ва мохияти мардумии маданияти мусулмонӣ.

Арабхо дар асри VI мелодибӯхрони муносибатхои авлодипатриархалиро аз сар мегузарониданд. Дар Арабистон қабилахои бисёре зиндагимекарданд, ки хамеша байни хамдигар душманидошта, ҷанг мекарданд ва хар яки онхо худои худро (бут) парастиш мекарданд ва ягонагибайни онхо дида намешуд. Хуллас, онхо дар холати хохилия зиндагимекарданд.

Дар хамин шароит соли 570 Мухаммад ба дунё меояд ва соли 610 аввалин маротиба дар бораи мавҷудоти худои ягона (оллох) дар байни қабилаи худаш (Қурайш) дар ш.Макка баромад мекунад. Дар аввал мардумони араб ақидаи ӯро қабул накарданд ва нисбати Мухаммад душманизохир намуданд. Вале, дар натиҷаи фахмондадихива дертар зӯроваритамоми қабилахои араб ғояи вуҷуд доштани худои ягонаро қабул намуданд ва бо тавассути идеологияи дини ислом тамоми қабилахо муттахид гашта, давлати бузурги хилофати араб пайдо гардид, ки дар тӯли асрхои сонибисёр мамлакатхои дунёро ба зери итоати худ даровард.

хамин тавр, дини ислом пайдо шуда, дар натиҷаи забткорихои араб, қариб нисфи ҷахонро фаро гирифта, ба дини ҷахонитабдил гашт. Аз таърих ба мо маълум аст, ки халқхои Осиёи Миёна аз он хумла, тоҷикон зидди арабхо муқобилияти сахт нишон доданд. Лекин ба хамаи ин нигох накарда, онхо дар зери асорати идеологияи арабхо боқимонданд, ки имрӯз зухуроти онро мушохида менамоем. Дар натиҷаи пайдоиш ва пахншавии ислом мафхумхои гуногун ба вуҷуд меоянд, ки хар яки онхо мазмуни ботинива зохиридоранд.

«Ислом» аз калимаи арабӣ, маънои луғавии итоаткор ва мутеъро дорад, ки маънои васеи он ифодакунандаи марому мақсади ин дин аст ва он дар таълимоташ эхсос мешавад. Табиист, ки хангоми пайдоиши ислом тамоми хараёни абстраксиониё тахрид (яъне ба хам даромехтани мафхумхо, мураккаб гардидани онхо) ба як худои пуриқтидор интиқол ёфтани хамаи махмӯи атрибутхо — сифатхо ва мушаххасоти табиива ҷамъиятии худохои зиёд, ки он дар навбати худ инъикоси инсони абстракт аст, дар як фосила — замони махдуд ба вуқӯъ напайвастааст. Тавхид дар воқеъ, дар хараёни рушди маънавии инсон ихтирое буд, ки қарнхо пеш аз пайдоиши ислом ба вуҷуд омада буд, танхо ислом либоси тозае ба он пӯшонд ва унсурхову тобишхои наве илова кард.

Мафхуми нави «мусулмон» пайдо мешавад, ки дар забони арабимаънои садоқатманд, вафодорро дорад. хар шахсе, ки пайрави дини ислом аст, худро мусулмон меномад.Хамоаи мусулмониаз давраи пайдоишаш барои дар як чорчӯбаи муайяни ахлоқинигох доштани пайравони ислом мавқеи бузург дорад.

Мафхуми «маданияти мусулмонӣ» дорои мазмуни хеле васеъ аст ва аниқ маънидод кардани он хеле мушкил аст. Масалан, сунна, шариат, тафсир, шарх, қиёс ва ғайра. хар яке аз ин мафхумхо тадқиқу тахлили ҷудогонаро талаб менамояд. Яке аз хусусиятхои маданияти мусулмонион аст, ки хангоми дарки ин ё он ходисаи маданӣ, таърихӣ, сиёсива алалхусус диниақлу фаросатро талаб менамояд.

Дар маданияти мусулмониахлоқи ормонии инсон ба хои аввал гузошта мешавад ва хар як шахс бояд кӯшиш намояд, ки ба инсон ва ҷамъият кӯмак расонад, пеш аз он ки ба худи ӯ кӯмак расад. Эҷодиёти бадеӣ, адабиёт, архитектура,санъати тасвирива хунармандиаз нуқтаи назари ислом характери доимидошта, инсон қодир аст, ки бо қудрати худо онхоро такомул дихад. Ислом, ба хотири пурра аз бутпарастидур шудан ва ғояи тавхидро амалигардонидан тасвири акси инсон ва хайвонотро манъ намуд. Аз нуқтаи назари таълимоти ислом худо зебо аст ва аз ин рӯ зебогиро дӯст медорад. Пас, он неъматхои моддию маънавие, ки вай офаридааст зебост. Ин гуфтахо мавқеи эстетикии исломро инъикос менамояд.

хамин тавр, дар натиҷаи пайдоиши ислом меъмории махсуси мусулмони(масҷид), мафхуми минтақаи мадании мусулмони(географияи ислом), анъанаи тафсири Қуръон ва шархи адабиёти бадеӣ, «адаба»- адабиётхои бузурги арабизабон ва нихоят тасаввуф ба вуҷуд меоянд. «Қуръон» хамчун ёдгории динӣ, таърихива маданӣ

Дар омӯзиши маданияти мусулмониҚуръон сарчашмаи асосиаст, ки бузургтарин ёдгории маданияти ҷахониба шумор меравад. «Қуръон» китоби муқаддаси мусулмонон буда, аз нуқтаи назари таълимоти ислом ба Мухаммад пайғамбар дар мохи шарифи рамазон хамчун махмӯи «вахихои илохӣ», «нозил» гардидааст. Лекин пайдоиши ин китоб таърихи заминидорад, дар замони хукмронии халифа Усмон мураттаб сохта шудааст. Калимаи «Қуръон» маънои овознок, садонок хонданро дорад (яъне чизе, ки ба Мухаммад гуфтаанд ва ӯ онро такрор кардааст).

Қуръон барои тамоми мусулмонони дунё манбаи асосии таълимоти динист. Он аз панду насихат, қоидахою қонунхо, амру фармоиш, ки дорои хусусияти маросимӣ, ахлоқӣ, хуқуқива хохагидоранд, иборат аст. Вале барои фахмишу дарки Қуръон, зарурати ба вуҷуд овардани тафсир ба миён омад. Қуръон хамчун манбаи таълимоти динибо манбаи дуюми мусулмонон — суннат, ки дар хадис ё ривоятхо дар бораи пайғамбару сахобахояш инъикос ёфтааст ғанӣ, мегардад.

Дар байни мусулмонон санъати анъанавии қироати ифоданоки «Қуръон» вуҷуд дорад. Дар тӯли асрхо бачахо дар мактабхои дини матни арабии онро аз ёд мекарданд. холо дар бисёр мамлакатхои мусулмонисистемаи дунявии тахсил вуҷуд дорад, вале барои онхое, ки худро ба фаъолияти динибахшидаанд, анъанаи азёдкунии «Қуръон» боқимондааст. «Қуръон» манбаи пурқимати ёдгории таърихию адабии давраи асримиёнагии ибтидоитаърихи арабхо ба шумор меравад. Дар он доир ба масъалаи офариниши олам, таълимот дар бораи хастива мақоми инсон дар он, масоили дарки хастӣ, хаёти ихтимоӣ, назарияхои хуқуқива оилаю оиладоридиққати махсус дода шудааст. Масалан, бахр дар «Қуръон» зуд-зуд ба хотир оварда мешавад. Зикри бахре, ки манбаи ризқу боигарии инсонхо хаст ва киштихои шиновар дар пахнои бахри беканор, далели ханӯз то ислом ба кори киштиронию тихорати бахримашғул будани арабхост. В.В.Бартолд шарқшиноси маъруфи рус тадқиқоти хосае дар мавзӯи «Қуръон ва бахр» дорад. Дар «Қуръон» баъзе аз воқеахои таърихии араб ва иртиботи он ба халқхои дигар инъикоси худро ёфтаанд. Исломшиносон бар ин ақидаанд, ки дар сураи 30 ва 8-ум аз хаводиси аёнихикоят мекунанд. Масалан, дар сураи 8-ум воқеахое зикр мешавад, ки бо номи «мухорибахои назди чоххо» маъруф аст. Он дар соли 624 миёни дастаи мусулмони мадинива бутпарастони маккаисурат мегирад.

«Қуръон» ба мисли «Библия» пур аз симохои асотирист. Л.И.Климович ва А.Массэ қайд намуданд, ки чоряки тамоми мундарихаи Қуръонро қиссахо дар бораи пайғамбарон ташкил додааст.Аз руи шумораи Анри Массэ тахминан 1500 оят ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Дар Қуръон ба масоили офариниши олам, сохти коинот, пайдоиши одам ва дигар мавзӯъхои мухими ҷахонбинитаваххӯхи хоса дода шудааст.

Дар «Қуръон» ба таълимоти ахлоқиахамияти хосае дода шудааст. Пеш аз хама бояд тазаккур дод, ки ба панду хикмати ахлоқии ислом ва қоидахои рафтору кирдор қабл аз ислом чизхои бисёре гуфта шудаанд. Лекин хомиёни ислом ба он обу ранги мусулмонидода, дар тарбия намудани пайравони ислом истифода мебаранд.

Махмӯи қонунхои ахлоқии исломиметавон гуфт, хамон меъёру нуктахоеро дар бар гирифтааст, ки онхо ба хамаи халқхо маълум буд. Қисмати асосии онхо чунон ки имрӯз меномем, аз хазинаи арзишхои ахлоқии умумиинсонигирифта шудааст. Вихдон, шараф, шахомат, вафо бар қавл, диловарӣ, хавонмардива мафхумхои дигар ханӯз то ташаккули ислом ҷойгузини зиндагии инсонишуда буданд.

Лекин дар даврахои гуногуни баъдиисломива то имрӯз ин меъёрхои ахлоқивирди забони хамаи халқхо ва миллатхо шуда, дар чорчӯбаи муайяни ахлоқинигох доштани мардумон васеъ истифода мешавад, зеро ки имрӯз низому ахлоқи як гурӯх хавонон бад шуда истодааст ва барои ба эътидол овардани он хамаи методу услубхо раво аст.

хамин тавр, «Қуръон» хамчун ёдгории динӣ, таърихива маданидорои ахамияти бағоят калони ихтимову ахлоқибуда, бехтарин намунаи маданияти ҷахонидар сохаи адабиёт низ мебошад. Халолиддини Руми«Қуръон»-ро дорои сиру асроре номидааст, ки ба фахмиши он на хама қудрат дорад ва барои хамин анъанаи тафсир ва шарх дар маданияти мусулмонипайдо мегардад.

Адабиёт ва жанрхои асосии он. Тасаввуф

Баъд аз пайдоиш ва пахншавии ислом дар мамлакатхое, ки арабхо ба зери итоати худ дароварда буданд, забони арабихоримегардад. Баробари ин адабиёти гуногуни арабизабон ва анъанаи тарҷумаи онхо мушохида мешавад, ки ин холатро дар Осиёи Миёна дидан мумкин буд. Дар адабиёт ва санъат жанрхои гуногуни адаби- бадеипайдо мешавад, ки намунахои он то имрӯз расидааст. Яке аз намунахои он қиссахои «хазору як шаб» аст, ки ба забонхои гуногуни дунё, аз он хумла тоҷикитарҷума гардидааст. «Адаба»- дар зери ин унвон адабиёти арабизабон хеле бисёр пахн мегардад, ки дар онхо масоили тарбия ва тарзи хаёт инъкоси худро меёфт. Арбобони намоёни илму маданияти араб Ал-Киндӣ, Ибни Рушд, Ибни Арабшох, Ибни Халдун ва дигарон бо асархояшон шӯхрати ҷахонипайдо карданд.

Баробари асархои илминамунахои безаволи адабиёти диниба монанди шариат ба табъ мерасад. Дар ин қоидаву қонунхои хамоаи мусулмониба таври возех инъикоси худро меёбад ва шариат пас аз «Қуръон» китоби дуюм хисобида мешавад, ки тасвиркунандаи меъёрхои хуқуқи исломиаст. Дар фиқхи исломичор мактаби хуқуқивуҷуд дорад, ки хар яки онхо дар тахаввул ва такомули Шариат роли бузург бозидаанд.

Абӯ ханиф — мактаби хуқуқи ханифӣ.

Молик ибн Анас — мактаби хуқуқи моликӣ.

Ибн ханбал — мактаби хуқуқи ханбалӣ.

Аш шафии- мактаби хуқуқи шафеӣ.

Дар натиҷаи ихтилофхои динӣ, хуқуқива мазхабидини ягонаи ислом ба ду равия худо мегардад (суннӣ, шиа) ва пайваста ба ин ходисот адабиёти гуногун ба табъ мерасад.

Ислом боиси пайдоиши мактабхои гуногуни фалсафию ахлоқимегардад, ки қариб дар тамоми ҷахони мусулмонидар асрхои миёна васеъ пахн мегардад. Масалан, дар асрхои VIII-1Х мелодидар Сурия ва Ироқ хараёни тасаввуф пайдо мешавад, ки дар асрхои Х111-Х1^ ба ташкилоти (орденхо) бузурги суфиён мубаддал мегарданд. Дар такомули фалсафаи тасаввуф мақоми мухимро мутафаккирони бузурги форсу тоҷик бозидаанд (Мансури халлох, Абдуллохи Ансорӣ, Саноӣ, Аттор и дигарон). Таълимоти асосии тасаввуф барои хамаи хараёнхо он аст, ки ҷахони физикиаз тарафи худо бо тавассути як қатор эмонасияхо офарида шудааст, ки дар он рӯхи худованд тадрихан мустахкам мегардад. Рӯх доимо харакат мекунад, ки аз тобеияти моддиозод гардида, ба сарчашмаи аввалаи худ — Худо баргардад, ки аз нуқтаи назари таълимоти тасаввуф ягона мохияти воқеиаст.

Инсон мисли дунё низ мохияти рухидорад, лекин вай аз сабаби мавҷудоти заминии худ аз қудрати новобаста мулоқот намудан бо худо махрум аст. Барои хамин хам мақсади хастии инсон нест намудани «худ» ва пайваст шудан бо худованд аст. Барои сохиб шудан ба ин мақсад суфиён гузаштани чунин зинахоро хатмимехисобанд: шариат, тариқат, маърифат, хақиқат.

  1. Зинаи аввал барои хамаи мусулмонон хатмиаст. Аз суфиён талаб карда мешуд, ки дар хамаи вазъиятхо зохиран ба шариат итоат намоянд, лекин ботинан аз хама чиз озод бошанд, ба ғайр аз худо ва итоат намудан ба он.
  2. Дар зинаи тариқат як қатор зинахои мобайниро (тавба, вараъ, яъне, эхтиёткор, зӯхд — нигохдорива ғайраро) бояд гузарад. Ӯро вазифахои олӣ, яъне бо худованд якхоя шудан тавре банд намояд, ки хақиқати ихотакунанда барои ӯ мохияти худро гум намояд.
  3. Дар зинаи маърифат инсон худовандро дарк менамояд ва ба ӯ наздик гардида, сохиби дониши муайян мегардад.
  4. Дар зинаи хақиқат инсон пурра бо худо якхоя шуда, дар ҷахони реалихудро гум намуда, сохиби дониши олиё ки дараҷаи олигардида, нихоят фано мегардад.

хамин тариқ, дар инкишофу такомули маданияти мусулмонисахми суфизм хеле бузург аст. Бисёр намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик аз қабили чунин суфиён буданд ба мисли Носири Хисрав ва дигарон. Сахми ориён дар такмилу васеъ кардани маданияти мусулмонихеле бузург аст, зеро онхо ба ин маданият тобишхои миллива маънавии ба тоҷикон хосро илова намудаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *