Год: 2019

  • Абуали Ибни Сино (980-1037)

    Абуали Ибни Сино (980-1037) Имрӯз бикун чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ чу натвонӣ кардан. Нӯҳ бинни Мансури Сомонӣ сахт бемор гардид. Дар муолиҷаи ӯ табибон ноилоҷ монданд. Ҳарчанд саъю кушиш намуданд, бемор шифо намеёфт. Пас аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто мамлакатҳои дигар табибони номдорро даъват карданд, вале…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия

    Маънои назм ба низом даровардан аст. Назм бо якчанд хусусияти худ аз наср фарқ мекунад. Аввал, дорои вазн ва оҳанги махсус аст. Дувум, радифу қофия дорад. Масалан, барои исбот байти зерро аз назар мегузаронем: Хдр бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд, Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.…

    Муфассалтар »
  • Абуабдуллохи Рудаки

    Абуабдуллоҳи Рудаки (858-941) Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон, Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист. Низомии Арӯзӣ Гар саре ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ, Рудакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ. Рашидии Самарқандӣ Бахорон буд. Ҳама ҷо ғарқи гул. Дар лаби анҳору боғу даман сабзаю себарга доман паҳн…

    Муфассалтар »
  • Хичо, Рукн ва Вазни Шеър

    Ҷумла аз калима ва ибораҳо сохта шуда фикри томро ифода мекунад. Калима бошад, аз ҳиҷо ва овозҳо сохта мешавад. Масалан, калимаи адабиётро гирем. Ин калима аз чор ҳиҷо иборат аст: а-да-би-ёт. Ҳамин тавр, дар калима микдори ҳиҷоҳо ба микдори садонокҳо вобаста аст. Бинед, дар калимаи адабиёт чор садонок омадааст (а,…

    Муфассалтар »
  • Луқмони Ҳаким

    Буд-набуд дар замонҳои қадим Луқмони Ҳаким ном як шахси донишманде буд. Як руз подшоҳи мамлакат Луқмони Ҳакимро ҷеғ зада гуфт: Мегӯянд, ки ту бисёр одами доною ҳунарманд ҳастӣ, як чизи нав соз, ки ҳеҷ вақт онро касе насохта бошад. Луқмони Ҳаким бисёр фикр карда тухми кирмакро ёфт, парвариш кард, пилла…

    Муфассалтар »
  • Зарбулмасалу мақолҳо

    Зарбулмасалу мақолҳо яке аз жанрҳои мустақили адабиёти шифоҳӣ буда, барои мӯъҷазу рангин баромадани фикру андеша ба инсон хизмат мекунанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқ зарбулмасалу мақол эҷод карда, онҳоро дар мавридҳои лозимӣ истифода мебурд. Пас зарбулмасалу мақолҳо ба эҷодиёти адибон дохил шуда, вариантҳои мухталиф пайдо кардаанд. Зарбулмасалу мақолҳо доир ба…

    Муфассалтар »
  • Латифахо. Латифа чист?

    Латифа яке аз жанрҳои маъмули адабиёти шифоҳӣ буда, ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқ пайдо шудааст. Латифа хусусиятҳои хоси худро дорост. Латифа ҳаҷман хурд буда, дар он воқеа ба тезӣ огоз ёфта, ба авҷи аъло мерасад ва ҳамоно хотима меёбад. Латифа жанри ҳаҷвист. Дар он кирдорҳои ношоистаи одамон, зулму…

    Муфассалтар »
  • Образи бадеӣ

    Образ калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмӯи хислату характери ашхоси алоҳидаро омухта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар раванди ҳодисаю воқеаҳои мухталиф нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунон ки В.Г.Белинскиӣ мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот…

    Муфассалтар »
  • Хикояи Савоби Нимта Нон

    Рӯзе як одам аз роҳе гузашта истода буд, ки ба санге пешпо хӯрду нохунаш хун шуд. «Боз дигар одамҳо ҳам пешпо нахуранд» гуфта, мардак сангро аз роҳ гирифта партофтанӣ шуда дид, ки аз таги санг як хишти пухта менамояд. Хиштро бардошт, аз таги он як сандуқча баромад. Калиди сандуқча дар…

    Муфассалтар »
  • Афсонаи Дехкон ва Кузаи Зар

    Рузе як деҳқон дар саҳро ҷуфт меронд. Нохост аз замин як кузаи зар баромад. Деҳқон дар умраш тиллоро надида буд ва бисёр камбағалона зиндагӣ мекард. Вай хурсанд шуда, даррав онро аз замин гирифту ба як ҷуволча1 андохт ва дар як ҷоӣ пинҳон кард. Дар ҳамин вақт саворе аз дур намоён…

    Муфассалтар »
  • Муболиға чист?

    Муболиға яке аз санъатҳои маъмули адабиёти хаттӣ ва шифоҳист. Дар забони гуфтугӯӣ бештар истифода мешавад. Масалан, имузгор шогирдеро таъриф карда гӯяд: — Қодир бисёр бачаи доно, ҳамаи асарҳои бадеиро хондааст. Албатта, Шумо сари андеша меоед, ки омӯзгор аз ҳад гузаронд, муҳобот кард, муболиға намуд. Қодир ҳамаи асарҳои бадеиро хонда наметавонад.…

    Муфассалтар »
  • Афсонаи «Эрачи тилисмшикан»

    Дар яке аз мамлакатҳои Шарқ марди ҳунарманде буд, ки Хирадманд’ ном дошт. Вай дар Хатлон2 зиндагӣ мекард. Чанде нагузашт, ки ӯ дар ҷанги деву турониён асир гардид ва аз вай дигар хабаре нащуд. Ӯ як писар ва чор духтар дошт. Писараш дусола буд ва Эраҷ ном дошт. Аз хурдсолӣ дар…

    Муфассалтар »
  • Афсона чист?

    Афсона яке аз жанрҳои қадимии эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Бисёр муҳаққиқони фолклоршинос пайдоиши жанри афсонаро ҳануз ба оғози ҷамъияти ибтидоӣ нисбат додаанд. Афсонаҳои қадим мувофиқи тахайюлоти оддии одамон дар бораи ҳодисаю воқеаҳои хаёлангез ва дур аз ҳақиқат эҷод шудаанд. Дар онҳо деву аҷина ва дигар ашёҳое, ки…

    Муфассалтар »
  • Фарки адабиёти шифохи аз китоби

    Адабиёти бадеӣ асосан ду навъ мешавад: а) адабиёти шифоҳӣ; б) адабиёти китобӣ. Дар ҷомеа аввал адабиёти шифоҳӣ, яъне фолклор замонҳое, ки ҳанӯз хат вуҷуд надошт, пайдо шуда буд. Одамон ғаму шодӣ, орзую омоли хешро даҳонӣ, бадоҳатан дар нақлу ривоятҳо, афсонаю асотирҳо, суруду таронаҳо баён мекарданд. Ин гуфтаҳо аз авлод ба…

    Муфассалтар »
  • Муҳимтарин омилҳои экологии абиоти ва мутобиқшавии организм ба онҳо

    Дар ҳар муҳити зисти муайян маҷмӯъи омилҳои абиотй ба организм таъсир мерасонанд. Омилҳои абиотӣ дар ҳар се муҳити асосии зисти организмҳо (дар об, хок ва хушкй ) ё ки дар дутоаш вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Барои ҳамин ҳар як омили муҳимтарини абиотиро дар алоҳидагй дида мебароем. Рӯшноӣ яке аз омилҳои…

    Муфассалтар »
  • Муноқишаҳои ҳарби ва таъсири онҳо ба муҳити атроф

    Оқибати экологии моҷароҳои калони ядроӣ Назариявӣ муайян карда шудааст, ки таркиши бомбаи термоядроии тавоноиаш 1 мегатон (тахминан 65 маротиба аз тавоноии бомбаи дар Хиросима соли 1945 партофташуда пурқувваттар аст) ба болои шаҳри аҳолиаш 1 млн. партофта шавад, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Танҳо аз ҳисоби зарбаи мавҷӣ, шуопошиҳои гармӣ ва…

    Муфассалтар »
  • Системаҳои ҳифзи муҳити зист ва идоракунии истифодаи сарватҳои табии

    Барои ҳифз намудани муҳити зист ва истифодаи захираҳои табий дар замони муосир бе тартиби мунтазам, гайриимкон аст. Тартиби ҳифзи муҳити зист ва идоракунии истифодаи сарватҳои табиӣ оҳиста оҳиста дар як қатор мамлакатҳо, аз он ҷумла, дар ҶТ босуръат ташаккул ёфта истодааст. Дар ҳолати кунуни як қатор воситаҳои хос ва омилҳоеро…

    Муфассалтар »
  • Адабиёти тоҷик дар ибтидои асри ХХ

    Фаъолияти адибони пешқадами тоҷик Дар ибтидои асри ХХ фаъолияти баъзе адибони пешқадами тоҷик басо вусъат ёфт. ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ ва баъзе дигарон аз ҷумлаи он адибон буданд. Шиносоӣ бо адабиёти рус ба эҷодиёти онҳо таъсири бузург расонд. ҳайрат (1878–1902) шоири боистеъдод ва ғазалсарои забардаст буд. Аммо шаклу мазмуни кӯҳнаи…

    Муфассалтар »
  • Эклогияи шаҳр ва чорабиниҳои ҳифзи он

    Дар замони муосир қисми зиёди аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндаги мекунад. Қонуниятхои муносибати одамонро бо муҳити шаҳри илме омӯзиши худ қарор додааст, ки онро экологияи шаҳр меноманд. Урбонизатсия (афзуншавии аҳолии шаҳр) Шаҳрҳои аввалин тахминан 8000 сол пеш дар соҳили дарёҳои Тигра ва Евфрат, баъдтар дар соҳилҳои дарёи Нил пайдо шудаанд.…

    Муфассалтар »
  • Усулҳо ва муносибат ба партовҳои калонҳаҷм

    Коркарди партовқои сахти маишӣ Масъалаи коркарди партовҳои сахти маишӣ (ПСМ) ва олудашавии шаҳрҳо, бахусус шаҳрҳои калони аҳолиашон бештар аз 1 млн. одам хеле мураккаб аст. Мисол, дар Москва (аҳолиаш зиёда 10 млн.) ҳар сол 2,5 млн. т партовҳо (ПСМ) ҳосил мешаванд, ки ба ҳар сари аҳолии он тахминан то 200кг…

    Муфассалтар »
  • Роҳҳои ҳалли масъалаҳои экологи

    Қонунҳои муносибати байниҳамдигарии одам-табиат Дар раванди таърихй алоқаи байни табиат ва одам, дар як вақт ба тағйирёбии табиат ва шаклҳои хоҷагидорй оварда мерасонад. Шаклҳои хоҷагидорӣ ба туфайли мушкилиҳои дар табиат боқимонда тагйир меёбанд, ки дар навбати худ таассурҳои пайдарҳамеро дар табиат ба вуҷуд меоранд. Ин алоқаи доимии баръакс, номи қонуни…

    Муфассалтар »
  • Таъсири фаъолияти хоҷагидории соҳаи кишоварзи ба табиат

    Хоҷагии кишоварзӣ ҳамчун сарчашмаи захираҳби маҳсулотӣ Одамон дар рафти хоҷагидории худ захираҳои замин, об, растанӣ, ҳайвонот ва энергияро истифода бурда худро бо ғизо таъмин карда, назар ба дигар фаъолиятҳои худ ба табиат беигтар таъсир мерасонад. Солҳои 90-уми асри XX ҳар рӯз дар олам 250 ҳазор нафар одам ба дунё меомад,…

    Муфассалтар »
  • Таъсири фаъолияти одам ба растаниҳо

    Аҳамияти растаниҳо дар табиат ва ҳаёти одамон Растаниҳо ҳамчун истеҳсолкунандаҳои модцаҳои узвӣ ба туфайли хусусияти фотосинтезкуниашон асоси саодат ва инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба ҳисоб мераванд. Ҷараёни фотосинтез дар сайёраи Замин доимо амалӣ мешавад, барои ҳамин самараи он бениҳоят калон аст. Дар раванди фотосинтез растаниҳои сабз аз моддаҳои содцаи…

    Муфассалтар »
  • Таъсири фаъолияти одам ба гидросфера

    Маълумоти асосӣ оиди гидросфера Гидросфера гуфта маҷмӯи тамоми обҳои сайёраи Замин, қитъавй (чуқуриҳо, хокҳо, болоизаминӣ), уқёнусй, атмосферавиро меноманд. Ҳамчун қабати обии махсуси Замин дар ин ҷо маҳз обҳои қитъавӣ ва уқёнусиро дида мебароем. Ба туфайли серҳаракатии худ об дар тамоми ҷузъҳои табиат мушоҳида мешавад. Об дар намуди буғ ва абрҳо…

    Муфассалтар »
  • Таъсири фаъолияти инсон ба ҳавои атмосфера

    Сохтор ва таркиби атмосфера Атмосфера қабати газии сайёраи Замин буда, аз омехтаи газҳои гуногун, буғи об ва зарачаҳои гард иборат мебошад. Ба воситаи атмосфера байни Замин ва кайҳон мубодилаи моддаҳо амалй мешавад. Замин аз кайҳон заррачаҳои кайҳонӣ ва маводи метеоритҳоро гирифта, газҳои сабук гидроген ва гелиро таҳвил медиҳад. Аз атмосфераи…

    Муфассалтар »
  • Таъсири омилҳои антропогени ба табиат

    Мафҳуми табиат ва захираҳои табий Табиат гуфта тамоми олами маводи энергетикй ва ахбории кайҳониро меноманд. Табиат — ин маҷмӯи шароитҳои табийи ҳаёти ҷамъиятии одамонро, ки бевосита ё ки бавосита ба одамон таъсир мерасонад ва бо он дар фаъолияти хоҷагии худ алоқа доранд, мебошад. Одамон ҳамчун як аъзои табиат як қисмати…

    Муфассалтар »
  • Системаҳои экологи

    Мафҳуми умумии системаҳои экологӣ Организмҳои зинда ва омилҳои абиотии муҳит бевосита ба ҳам алоқаманд буда, дар таъсири мутақобилии доимӣ қарор доранд. Ҳар як биосистемаи тамоми ҷамоаҳои биотикии дар китъаҳои додашуда якҷоя амал карда, ба омилҳои табиӣётии муҳит тавре ба ҳам таъсир мерасонанд, ки интиқоли энергия дар байни қисмҳои зинда ва…

    Муфассалтар »
  • Биосенозҳо

    Мафҳуми умумии биосеноз. Гуногунии олами организмҳо дар рӯи Замин дар тавафуқоти гуногун вомехӯрад. Дар раванди ҳамзистии якҷоя бошад, ягонагии биологии ҷамоа ё ки биосенозро ҳосил мекунанд. Мафҳуми биосеноз (аз лот. биос-ҳаёт, сеноз- умумй)-ро соли 1877 олими олмонӣ К. Мёбиус дар вақти омухтани садафак ва организмҳои ба он наздик пешниҳод намуда…

    Муфассалтар »
  • Муносиб ати дохилинамуди в а байнинамуди дар популятсия, гомеостаз (доимияти) ва рузмарраи(стратегияи) экологи

    Муносибати дохилинамудй Бошандагони гуногуни популятсия доимо байни ҳам таъсир мерасонанд. Қаноатманди ба истеъмоли гизо, тақсимоти киштзори ғизой, интихоби ҷой барои лонасозӣ, бақамҷуфтшавй, тарбияи насл, ҳифзи сарҳади зист ва ғ. ба таъсири ҳамдигарии доимии фардҳои дар дохили популятсия буда меорад ва ҳастии онҳоро таъмин менамояд. Ин алоқамандиҳо дар рафти пайдошави ва…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои ҳаётии организмҳо

    Маҳфуми «шакли ҳаётии» организмҳо Организм ва муҳите, ки онҳо дар он ҳаёт мегузаронанд ҳама вақт ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа системаи хеле мувофиқ — организм ва муҳити атроф пайдо шудааст. Ин мувофиқат характери мутобиқшавӣ дошта дар намуди хусусиятҳои хоси сохтори анатомӣ, физиологй, ғизой, интихоби ҷойи зист, алоқа бо…

    Муфассалтар »