Хикояи Савоби Нимта Нон
Рӯзе як одам аз роҳе гузашта истода буд, ки ба санге пешпо хӯрду нохунаш хун шуд. «Боз дигар одамҳо ҳам пешпо нахуранд» гуфта, мардак сангро аз роҳ гирифта партофтанӣ шуда дид, ки аз таги санг як хишти пухта менамояд. Хиштро бардошт, аз таги он як сандуқча баромад. Калиди сандуқча дар лабаш бастагӣ буд. Мардак калидро гирифту сандуқчаро кушод, ки як мор баромад. Мор ду ғел заду мори калон шуд. Баъд ба гардани мардак печиду гуфт:
— Ҳозир ман туро заҳр мезанам.
Мард гуфт:
- Ман туро аз сандуқ озод кардам, маро заҳр мезанй? Наход ба ҷои некӣ бадӣ ояд?
Онҳо дар ҳамин муноқаша буданд, ки аз роҳ панҷ аспакӣ пайдо шуд. Аспакиҳо аз онҳо пурсиданд, ки:
- Чӣ муноқаша1 доред?
Мардак ҳодисаро гуфта дод. Он панҷ кас ҳарчанд ба мор гуфтанд, ки «Ин одам туро озод кардааст, ту ӯро заҳр занӣ, ноинсофӣ мешавад», мор қабул накард. Аспакиҳо диданд, ки гапашон намегузарад, аз баҳраш гузаштанду ба роҳашон рафтан гирифтанд.
Онҳо гузашта рафга буданд, ки аз роҳ сӣ аспакӣ пайдо шуд. Ин сӣ кас ҳам ҳарчанд ба мор гуфтанд, ки “Ба ҷои некӣ бадӣ накун”, мор розӣ нашуд, онҳо ҳам ба роҳашон рафтанд.
Баъд, аз роҳ як бача пайдо шуд. Бача пурсид:
- Чӣ муноқаша доред?
Мардак воқеаро гуфт. Бача пурсид:
- Ин мор аз кадом сандуқ баромад?
Мард гуфт:
- Аз ин сандуқ.
Бача аз мор пурсид:
- Аз ҳамин сандуқ баромадй?
Мор гуфт:
- Ҳа, аз ҳамин сандуқ баромадам.
Бача гуфт:
- Ту ҳам дурӯғ мегуй, ин одам ҳам дурӯғ мегӯяд. Ту бо ҳамин ҷуссаат ба ин сандуқча чӣ тавр ғунҷидй?
Мор гуфт:
- Рост мегӯям, аз ҳамин сандуқ баромадам.
Бача гуфт:
- Набошад, канӣ даро ман бинам.
Мор боз ду ғел заду асли қадим барин шуда, ба сандуқ даромад. Бача даррав сандуқро пупшд> дарашро қулф карда, ба замин гӯронд.
Мард бисёр шод шуда, ба бача гуфт:
- Эӣ писар, ту кистй, ки маро аз чанголи аҷал раҳо кардй2?
Бача гуфт:
- Ман савоби он нимта нони ту ҳастам, ки як рӯз ба як гадо дода будй. Агар ҳамон рӯз нонро ба гадо бутун3 медодй, ман барвақттар омада, туро халос мекардам.
Бисёр оличаноб👍👍👍😊😊😊
Бисёр ҳикояти пурмантиқ ва фаҳмо👌👍🙆♀️📖📜📚
Спасибо за комментарий!