Фанни Баҳисобгирии бухгалтерӣ

Ҳисобгирии хароҷотҳои иҷозатдодашуда

Ҳисобгирии меъёрии ӯҳдадории буҷетӣ

Ҳисобгирии хароҷотҳои иҷозатдодашуда дар ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» бурда мешавад. Ҳ^гсобгирии ӯхдадории буҷетии қабулшуда дар ҳисоби 140/1 «Ухдадории буҷетии қабулшудаи соли чорӣ» бурда мешавад. Ташкилотҳое, ки иҷроиши буҷетро таъмин мекунанд, ҳисобгирии маблағҳои ӯҳдадории буҷетиро дар давоми соли ҷорӣ, ҳисобгирии меъёриҳои ӯхдадории буҷетии дар роҳ бу-даро дар ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чораби-шиҳо» ба ҳисоб мегиранд. Ин ҳисоб аз зерҳисобҳои зерин иборат аст:

140/1 «Меъёрҳои додашудаи ӯхдадории буҷети солиҷорӣ».

140/2 «Меъёрҳои қабулшудаи ӯхдадории буҷетӣ».

140/3 «Меъёрҳои ӯҳдадории буҷети дар роҳ буда».

Амалиётҳо аз рӯйи ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитики аз рӯйи ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои

хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо»дар варақаи ҳисобгирии натиҷахои ӯхдадории буҷетӣ бурда мешавад.

Варақа аз мушаххасот ва нишондиҳандаҳои зерин иборат аст:

  • дар кдсми сарлавҳа таърихи санаи варақа, номгӯи ташкилоте, ки иҷроиши хазинавии буҷетро таъмин ме-кунад, намуди маблағ фиристонандаи меъёрҳо номгӯи буҷет, воҳиди ченак нишон дода мешавад.
  • дар қисми барасмиятдарории имзои сармуҳосиб, сар-дори шӯъба, сана нишон дода мешавад.

Ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» барои ҳисобгирии маблағҳои меъёрҳои ухдадории буҷетии тасдиқшудаи тақсимоти асосии маблағҳои буҷетй, ташкилотҳое, ки иҷроиши буҷетро таъмин мекунанд, нига-ронида шудааст.

Дар тарафи кредитии хдсоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблаггузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» дар алоқамандӣ б о дебети ҳисоби 140/1 ҷудошудаи буҷет инъикос карда мешавад.

Дар тарафи дебетии ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблаггузории буҷет барои хароҷотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» дар алоқамандӣ бо кредити ҳисоби 140/1 «Меъёрҳои ухдадории буҷетии додашуда» инъикос карда мешавад.

Ҳисоби 140/3 «Меъёрҳои ӯхдадориҳои буҷетӣ дар роҳ буда» барои ҳисобгирии маблаги лимитҳои ухдадории буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ, вале дар давраи ҳисоботи оянда қабул кардашаванда нихаронида шудааст.

Ҳисобгирии ӯхдадорихои кабулшудаи буҷетӣ дар 1 соли ҷорӣ ва маблағи ҷудошуди буҷет

Гирандагони маблағҳои буҷетӣ, ташкилотҳои қабулшудаи буҷетиро дар ҳисоби 090 «Пулгузаронӣ аз маблагҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба муассисаҳое, ки дар тобеи-яти тақсимотчии асосӣ қарор доранд ва дигар чораббиниҳо» бурда мешавад.

Маблағи ӯҳдадориҳои қабулшудаи буҷетӣ дар тарафи кредитии ҳисоби 090 дар алоқамандии бо дебета ҳисоби 140/1 «Меъёри додашудаи ӯҳдадории буҷетӣ» инъикос карда мешавад. Дар асоси ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи ӯхдадориҳои қабулшуда: шартнома ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи он -ҳисобҳо, чеки хазинавӣ, борхатҳои молӣ-нақлиётӣ, замимаи пардохтию ҳисоббаробаркунӣ ба расмият дароварда мешавад.

Ҳисобгирии аналитики уҳдадориҳои қабулшудаи буҷетӣ дар журнали бақайдгирии ӯхдадориҳои қабулшудаи буҷетӣ бурда мешавад. Дар журнал -номгӯ,сана ва рақами хуҷҷат,рақами ҳисоб, маблағ нишон дода мешавад.

Ҳисоби 140/1 «Меъёри додашудаи ӯҳдадории буҷета^» барои хисобгирии тақсимотчии асосии маблағҳои бучети, ташкилотҳое, ки иҷроиши буҷетро таъмин мекунанд, маблағҳои чудошудаи буҷетии тасдиқшуда нигаронида шу-дааст.

Дар тарафи дебетии ин ҳисоб маблағҳои тасдиқшудаи -маблағи ҷудошудаи бучет дар алоқамандӣ бо кредити ҳисоби 140 «Ҳисоббаробаркунӣ оид ба маблағгузории буҷет барои харочотҳои муассиса ва дигар чорабиниҳо» инъикос карда мешавад.

Мукотиботи ҳисоб оиди баҳисобгирии хароҷотҳои иҷозатшудаи буҷет

Амалиёт Кореспонденсияи ҳисобҳо
Дебет Кредит
1. Маблағи лимитҳои ӯхдадориҳои буҷетӣ ва маблағи ҷудошудаи буҷетӣ инъикос карда шуд 090 140
2. Маблаги лимитдои ӯхдадорихои бучетӣ дар род буда инъикос карда шуд 090 140/3
3, Маблаги лимитҳои ӯхдадорилои бучетй ба тақсимотчиён дода шуда инъикос карда шуд 090 140/1
4. Маблағхои қабулшудаи ӯҳдадориҳои буҷетй инъикос карда шуд 090/1 140
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *