Фанни Баҳисобгирии бухгалтерӣ

Ҳисобгирии меҳнат ва музди он

Ҳуҷҷатҳои асосии меъёрӣ

1. Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтери» аз 14 майи соли 1999, №750.

2. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Точикистон. Дар таҳрири нав аз 3-юми майи соли 2002, №10.

3. Кодекси шарҳрвандии Ҷумҳурии Точикистон.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон «Оид ба пар-дохти харочотҳо вобаста ба сафарҳои хизматӣ» аз 28-уми феврали соли 2003, №73.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 22-юми июни соли 1996 «Оид ба тасдиқи Низомнома доир ба додани рухсатии меҳнатӣ»

6. Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон. Душанбе, 2010.

7. Кодекси бучети Ҷумҳурии Точикистон барои ҳар сол.

8. Дастурамал овд ба пешбурди бахдсобгирии муҳосибӣ дар муассисаҳои бучетӣ (бо фармони Вазири молия аз 26 декабри соли 2000, №157 тасдиқ карда шудааст).

Намуд, башакл ва системаи музди меҳнат

Музди меҳнат — қонуни объективии иқтисодӣ буда, дар ҷамъият иштироки ҳар як шахсро муайян мекунад.

Ин қонун аз рӯйи ба ҳар як шахемувофиқи миқдор ва сифати мадсулоти истеҳсолшуда, кори ичро шуда ё вақти сарфшуда, маълумотнокии коргар, мураккабии иҷрои кор, шароити кор маошро муайян мекунад,

Музди меҳнат ин ченаки фаъолияти инсон дар ҷамъият бо ифодаи арзиши мебошад.

Бо ёрии музди меҳнат мо метавонем дараҷаи фаъолияти коргарро муайян намоем.

Барои дуруст ташкил намудани музди меҳнат бояд системаи он кор кунад.

Системаи музди меҳнат аз 3 қисм иборат аст:

1. Сеткаитарифй

2. Ставкаи тарифи

3. Меъёрнома ва маълумотномаи тарифи тахассуси.

Сеткаи тарифи гуфта, вобастагии музди меҳнат азқатори кори, шакли иҷроиш, музди он ва омилҳои дигари таъсиррасонанда муайян карда мешавад.

Ставкаи тарифи гуфтаҳаҷми музди меҳнатеро мегӯянд, ки ба 1 воҳиди махсулоти истеҳсолшуда, кори иҷрошуда, ё вакти сарфшуда баробар бршад.

Музди мехнати коргарони соҳаи ёрирасон, мутахассисон, роҳбарон дар меъёрнома ва маълумотномаи тарифи тахассуси муайян шудааст, ки он шакли тавсияро дошта, ҳар як корхона метавонад, онро қабул кунад ё ҳаҷман дигар созад.

Асосан ду шакли музди меҳнат вуҷуд дорад;

  • вақтбайъ;
  • корбайъ.

Музди меҳнати вақтбайъ — аз рӯйи сарфи вақт барои иҷрои кор, хизмати расонидашуда муайян карда мешавад. Вай аз музди меҳнати:

  • вактбайъи оддй;
  • вақтбайъи оддй -прогрессивй (иловапули дорад);
  • вақгбайъи мукофотӣ (мукофотпулӣ дорад) иборат аст.

Музди мехдати корбайъ — аз руйи миқдори воҳиди маҳсулоти истеҳсолшуда, корҳои иҷрошуда ва ё .хизмати иҷро кардашуда, муайян карда мешавад.

Вай аз рӯйи системаҳои зерин дода мешавад:

-корбайъи оддй;

-корбайъи оддӣ-прогрессивӣ;

-корбайъи одцй-мукофоти;

-корбайъи одцӣ-аккордӣ.

Ҳуҷҷатҳо оиди баҳисобгирии ҳайати шахсӣ, меҳнат

ва музди он0

Барои баҳисобгирии ҳайати шахсии муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатҳои зерин истифода бурда мешавад: Фармон оиди қабул ба кор — ш. №Т-1; Варақаи шахсӣ- ш.№ Т-2;

Фармон оиди аз як кор ба кори дигар гузаштан; -ш.№

Т-5;

Варақаи пешниҳод намудан ба рухсатии меҳнатӣ -ш. № Т-6;

Фармон оиди қатъ намудани шартномаи мехдати -ш.№ Т-8 ва г.

Барои баҳисобгирии истифодабарии вақти кори бо коргар оиди музди меҳнат дар муассисаҳои буҷавӣ шаклҳои зерини ҳуччатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ истифода бурда мешавад:

Табели баҳисобгирии истифодабарии вақти кори; Табели баҳисобгири ҳамаи коргарони ташкилотро фа-рогиранда. Дар табел ба ҳар як коргар насаб, ном, коми падар, вазифа, микдори соатҳои кори дар ҳар рӯзи кори, наомадан ба кор, микдори умумии рЗ’здои кори, рақами табел, арзиши як рӯз, микдори рӯзҳои кори дар МОҲ ва гайра нишон дода мешавад. -Замимаҳои ҳисоббаробаркунию пардохтӣ;Дар замимаи ҳисоббаробаркунию пардохтӣ(барои ҳар як коргар рақами табел, ӯхдадорӣ, маблағи умумии музди меҳнат ҳисоб карда шуда, маблағи андоз аз даромади шах-сони воқеӣ дошташуда, фонди нафақа, иттифоқи касаба, микдори маблағ аз музди меҳнат дошта шуда, микдори

маблағк додашаванда, имзо, насаб, ном ва номи падари кор-гар нишон дода мешавад.

Ҳисобгирии синтетикии ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи музди меҳнат ва идрорпулӣ

Ҳисобгирии синтетикии ҳисоббаробаркунӣ бо кор-мандон аз рӯйи музди меҳнати асосиву иловагӣ, мукофот, ёрдампулиҳо ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти корӣ, кафақа, идрорпулӣ дар ҳисобҳои зерин ба ҳисоб ги-рифта мешавад:

180 «Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи музди меҳнат»;

178 «Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи дигар пардохтҳо»;

153 «Ҳисоббаробаркуниҳо бо таъминкунандагон ва пудратчиён аз рӯйи хизмати комуналӣ»;

150 «Хдсоббаробаркуниҳо бо таъминкунандагон ва пудратчиён аз рӯйи пардохти иҷора барои истифодаи ам-зол»;

Маблағи ҳисобкардашудаи музди меҳнат дар тарафи кредитии ҳисоби 180 «Зиёдшавии қарзҳои кредитӣ аз рӯйи музди меҳнат» ва дар тарафи дебетии ҳисобҳои 200 «Хароҷотҳо аз рӯйи музди меҳнат», 080 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти тайёр (кордизмат)» инъикос карда мешавад.

Ҳисобкунии идрорпулй дар тарафи кредитии ҳисоби 181«3иёдшавии қарзҳои кредиторӣ аз рӯйи дигар хароҷотҳо» ва дар тарафк дебетш! ҳисоби 200 «Дигар хароҷотҳо» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитикии ҳисоббаробаркунӣ дар жур-нали амалиётҳо аз рӯйи музди меҳнат, ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи пардохти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ бурда мешавад.

Журнали амалиёти ҳисоббаробаркунӣ аз руйи музди меҳнат ва идрорпулй дар ташкилотҳо вабухгалтерияҳои марказокядашуда дар асоси ҷамъбасти замимаи ҳисобию пардохти бо заминаҳои ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ: табели истифо-дабарии вақти кори, шартномаҳо ва санадҳо корҳои иҷрошуда тартиб дода мешавад.

Дар схири МОҲ ҷамъи маблаги журнал-амалиёт ба ки-тоби асоси гузаронида мешавад.

Ҳисобгирии нигоҳдори аз музди меҳнат

Нигохдорӣ аз рӯйи музди мехдати коргар танҳо дар ҳолатҳои дар Кодекси меҳнати ҶТ ва дигар қонунҳои ҶТ пешбинишуда амали карда мешавад.

Бо ташаббуси ташкилот ба воситаи бухгалтерия аз музди меҳнати кормандон барои нигоҳдорш-iкӯдак дар муассисаҳои томактабӣ, бароимолҳои бо қарз гирифташуда, аъзоҳаққӣ барои иттифоқи касаба ва гайра нигоҳ дошта мешавад.

Илова бар ин аз музди меҳнати кормандон чушш андозҳо нигоҳ дошта мешавад:

  • андоз аз даромад;
  • маблаги пешакии додашуда;
  • нигоҳдорӣ барои фонди нафақа;
  • маблаги зиёдатии пардохташудаи музди меҳнат дар моҳигузашта (дар натиҷаи хато ҳисоб кардан);
  • нигоадорй барои маҳсулоти ноқис;
  • нигоҳдорӣ барои либоси корни ба коргар додашуда.
  • нигоадорй барои пардохти ҳама намудҳои қарзҳои ги-рифтаи кормандон ва гайра.

Ҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи ӯхдадориҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баҳисобгирии ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи ӯададориҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳисобҳои зерини 198 «Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи пардохтҳои бо буҷет»; 198/1 «Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи андози ягонаи иҷтимоӣ ва пардохтҳои сугуртавӣ»; 198/2 «Ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯйи ӯхдадориҳои суғуртаи ичтимоӣ» бурда мешавад.

Ҳисобкунии пардохтҳо дар тарафи дебетии ҳисобҳои 200 «Хароҷотҳои муассиса», ва ҳисоби 080 «Маҳсулоти тайёр (кордизмат)» ва кредити ҳисобҳои 198/1 «Зиёдшавии қарзҳои кредитӣ аз рӯйи андози ягонаи иҷтимоӣ ва пардохтҳои сугуртавӣ» ва 198/2 «Зиёдшавии қарзҳои кредиторӣ аз рӯйи ӯхдадориҳои суғуртаи иҷтимоӣ» инъикос карда мешавад.

Мукотиботи ҳисобҳо оид ба ҳисобгирии меҳнат ва

музди он

Амалиёт Мукотиботи ҳисобҳо
дебет кредит
1. Музди меҳнат ҳксоб харда шуд 200 180
2. Идрорпулй ҳисоб карда игуд 200 181
3. Нафақа ва дигар пардохтҳо ҳисоб карда шуд 198 180
4. Андоз аз даромади шахсони воқей нигоҳ дошта шуд 173 180
5. Аз хазинаи ьгуассиса идрорпулй пардохта шуд 173 120
6. Пардохтҳо аз рӯйи ӯхдадории сугуртавӣ инъикос карда шуд 198 090
7. Нигахдорй доштан аз музди меҳкат амалЯ карда шуд 198/1 180
8. Воситаҳои пули аз хазина ба ҳисобҳои бонки муасси-са, ҳисоби буҷетӣ гузаронида шуя 090 120
9. Ҳисоб намудагш кӯмакпулиҳо ба корманд барои кор-ношоямии муваққатӣ ва барои нигоҳубини кӯдакон то расидани онҳо ба синни 1,5-солагй аз хисоби маблағҳои Фонди суғуртаи иҷтимоии ҶТ 193 180
10. Пардохтхо аз хисоби Фонди сугуртаи иҷтимоии ҶТ 193 120, 160
11. Ҳисоб намудани пардохтҳо барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ 172 272
12. Ҳисоб намудаии пардохтҳо барои нигоҳубини Кӯдакон дар мактаб — интернатҳо 172 173
1.3. Ҳисоб намудаки пардохтҳо барои нигохубини кӯдакон дар интернатҳои назди мактабӣ 172 272
14. Дохил шудани пардохтҳо барои нигодубини кӯда-кон: дар муассисахои кӯдакока дар мактаб — иктернатҳо 110, 120 091,101, 172 172
15. Баргардокидани мабдағи пардо.хтх,ои нигоҳубиш! кӯдакон дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ Ҳамзамон қайди зерини дуюм «сторно» («бақия») гузаронида мешавад 172 170 120

272

16. Ба даромади буҷег интиқол додани маблаги пардохти нигоҳубини тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳо 173 091,101
17. Ҳисоббаробаркунӣ бо кормандон аз рӯйи ҷои кор барои хӯрокиулиҳо мутобики қонунгузории амалку-нанда 172 061
18., Ба хазинаи муассиса ворид шудани маблаги хӯрокпулӣ аз рӯйи чои кор 120 172
19. Ба хисоби депонента интиқол додаки музди мехнат ва идрорпулиҳои дар вақташ гирифтанахпуда 180,181 177
20. Аз хазинаи муассиса пардохт намудани маблағҳои ба ҳисоби депонента гузошташуда 177 120,160
21. Аз эътибор соқит намудани қарзҳои дебиторӣ ва кре-дитории мӯхлати умумии даъзояшон гузашта 177,178 240. 241,270
22. Ба молтаъминкунандагон интиқол додани маб.пағ мутобики ҳисобномаи (шартномақои) пешни-ҳоднамудаи онҳо барои масолеҳи қиматнок, хиз-матраоониҳо 178 091,097, 101,102, 110,111, 118
23. Ҳисоб намудани музди меҳнати кормавдони тасвибӣ ва ғайритасвибӣ 200, 201, 203,210, 220, 221-225, 227 180
24. Ҳисоб намудани ёрдампулиҳо ба хизматчиёни ҳарби 220 188
25. Нигохдорӣ аз музди мехдати кормандон 180 173, 183-185, 187, 198
26. Ҳисоб намудани идрорпулиҳо 200, 223. 225 181
27. Ҳиеоб намудани ҳаққи таълифи (гонорар) оҳангсозон, санъаткорон ва муаллифон барои корҳои иҷрокардаи онхо аз руйи шартномаҳо ва супориши якдафъаина 200, 220, 223 189
28. Нигоҳ доштани андозҳо аз ҳаққи .таълиф 189 173
29. Пардохти музди меҳнат, идрорпулиҳо, ҳаққи таълиф ва карзҳо 180,181, 187.189 120,160
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *