Фанни Баҳисобгирии бухгалтерӣ

Ҳисобгирии бухгалтерӣ дар Тоҷикистони имрӯза

Аз ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта дар раванди гузариш аз хоҷагии нақшавии марказонидашуда ба иқтисоди бозорӣ дар ватани мо ислоҳоти қатъӣ гузаронида шудаанд. Ин табадуллотҳо наметавонистанд, ки элементҳои муҳими идоракуниро монанди ҳисобгирӣ, назорати молиявӣ ва таҳлил дар ҳоли худ гузоранд. Азбаски ҳисобгирӣ дар системаи фармонфармонии пешина функсияҳои принципиалии дигарро иҷро менамуд, дар шароити иқтисоди бозорӣ масъалаи ислоҳоти он мувофиқи амалияи дар ҷаҳон қабулшуда ба миён омад. Ин барои он зарур мебошад, ки корхонаҳои мо ба бозорҳои байналҳалқӣ бароянд, иштирокчиёни комилҳуқуқи онҳо бошанд ва стандартҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ фаъолият ва вазъи молявии онҳоро объективона инъикос намоянд.

Малум аст, ки гузариш ба СБҲМ набояд мақсади ягона бошад, зеро дар ҳақиқати ҳол ягон мамлакати аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардае нест, ки СБҲМ-ро ҳамчун стандартҳои миллиаш истифода барад. Одатан принтсипҳои умӯмии ҳисобгирии миллии онҳо бо СБҲМ монандаанд, вале дар аксар вақтҳо системаҳои ҳисобгирӣ фарқиятҳои муҳимро доро мебошад.

Ислоҳоти ҳибгирии бухгалтерӣ бе воридсозии тағироту иловаҳои муҳим ба қонунгузорӣ, пеш аз ҳама қонунгузориҳои андоз ва шарҳвандӣ, аз имконият берун аст. Системаи ҳисобгирии ватании мо одатан ба мақсадҳои фискалӣ нигаронида шудааст ва дар ин ҷо ҳамзамон проблемаи зарурияти бурдани ҳисобгирӣ барои мақсадҳои андоз ва бозори молиявӣ ба миён меояд.

Дар ватани мо аз сабаби номукаммал будани қонунгузориҳои андозбандӣ ва паст будани маданияти ҳуқуқӣ қариб ҳамаи корхонаҳо бухгалтерияи «торик»-ро ба роҳ мондаанд.

Адабиёти истифодашуда:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» №750 аз 14-уми маи соли 1999

  1. Соколов Я.В. Бухгалтерский учёт: от источников до наших дней.

— Москва: Аудит, ЮНИТИ,1996.

  • Соколов В.Я., Соколов Я.В. История бухгалтерского учёта.

Москва: Финансы и статистика, 2006

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *