Фанни Баҳисобгирии бухгалтерӣ

Баҳисобгирии синтетикии захирахои модди

Барои бақайдгирии захираҳои моддй чунин ҳисобҳо пешбинӣ шудааст: 04 «Таҷҳизот», «Масолеҳи сохтмонй ва масолеҳи барои тадқиқотҳои илмӣ», 05 «Чорво ва ҳайвокоти дар парвариш буда», 06 «Масолеҳ ва махсулоти хӯрокворй»,

Баҳисобгирии захираҳои модцӣ дар зерҳисобҳои зери-ни баҳисобгирии ташкилотҳои буҷетй бурда мешавад:

060 «Маводҳо барои таълим, тадқиқотҳои илмӣ ва ди-гар мақсадҳо»;

061 «Маҳсулотҳои хӯрокворӣ»;

062 «Доруворй ва лавозимоти ҷароҳатбандӣ»;

063 «Масолеҳи хоҷагӣ ва ашёҳои конселярӣ»;

064 «Сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ»;

065 «Масолеҳи махсус»;

066 «Инвентари мулоим»;

067 «Дигар масолеҳҳои тайёр»;

068 « Масолеҳҳои дар роҳ буда»;

069 «Қисмҳои эҳтиётй барои мошинҳо ва таҷҳизотҳо».

Дар ҳисоби062 «Доруворӣ ва лавозимотиҷароҳатбандӣ» доруҳо, хунобаҳо, ваксинаҳо, хун, воситаҳои ҷароҳатбандӣ ва ғайра дар беморхонаҳо, муассисаҳои пешгирикунӣ-табобатй, бойторй-табобатӣ ва дигар муассисаҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ҳисоби 061 «Маҳсулотҳои хӯрокворй» амалиётҳои вобаста ба маҳсулотҳои хӯрокворӣ: маҳсулотҳои ширй, озуқаворӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ҳисоби 064 «Сӯзишворй ва равғанҳои молиданй» ҳамаи намудҳои сӯзишворй ва равғанҳои молиданӣ: ҳезум, ангишт, бензин, керосин, мазут, автол ва ғайра ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ҳисоби 065 «Масояеҳи махсус» ҳамаи намудҳои амалиётҳои вобаста ба сохтмонй ба ҳисоб гирифта мешавад:

маҳсулотҳои силиката семент, қум, per, оҳак, сайт, хишт, масолеҳи ҷангал, масолеҳи аз оҳан тайёр кардашуда (мехҳо, гайкаҳо, болтхо), масолеҳҳои санитарӣ-техникӣ (ҷумакҳо, грайникҳо), масолеҳи электронӣ-техникӣ (ноқилҳо, лампаҳо, изоляторҳо, маҳсулотҳои кимиёвӣ (рангҳо, алиф, тол ва ғайра) ва дкгар масолеҳҳо.

Дар ҳисоби 072 «Инвентари мулоим» намудҳои зерини инвентари мулоим ба ҳисоб гирифта мешавад:

  • либосҳо (курта, халат ва ғайра);
  • ҷиҳози ҷои хоб (матрасҳо, болинҳо, рахти хоб);
  • лкбосҳои махсус (костюмҳо, палто, куртаҳо, шимҳо ва ғайра);
  • пойафзоли махсус (ботинка, муза ва ғайра);
  • либос ва пойафзоли варзишӣ (костюм, ботинка);
  • дигар инвентари мулоим.

Дар ҳисоби 067 «Дигар масолеҳ» захираҳои моддӣ:

  • таҷҳизотҳои махсус барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
  • насли ҳамаи намуди ҳайвонот ва ҳайвоноти дар парва-риш буда, новобаста аз арзиши онҳо, парранда, харгӯш, оилаи занбӯр); масолеҳи кӯчагӣ;
  • масолеҳҳои хоҷагӣ (лампахои барқӣ, собун, шёткаҳо вағайра);
  • зарфҳо;
  • хӯрока ва ему хошок, тухмӣ, нуриҳо;
  • қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмир ва иваз намудани

қисмҳои фарсудашудаи мошин ва таҷҳизотқо,

воситахои нақлиёт, объектҳои истеҳсолӣ ва инвентари

нақлиёт, объектҳои истеҳсолӣ ва инвентари хоҷагӣтаъиншуда;

  • масолеҳҳои таъйиноти махсусдошта;

дигар захираҳои моддӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳисоби 080 «Маҳсулоти тайёр» барои баҳисобгирии маҳсулоти дар ташкилот дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар намуди фаъолият тайёр шуда таъин шудааст.

Амалиётҳо аз рӯйи баҳисобгирии захираҳои модцӣ бо қайдҳои бухгалтерии зерин ба расмият дароварда мешавад.

Ҳангоми харидан ва ё ба таври ройгон қабул кардани захкраҳои моддӣ дар тарафи дебетии ҳисобҳои 062 «Зиёдшавии арзииш доруворӣ ва лавозимотҳои ҷароҳатбандӣ», 061 «Зиёд-

шавии арзииш махсулоти хӯрокворӣ», 064 «Зиёдшавии арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ», 065 «Зиёдшавии арзиши масолехд сохтмонӣ», 072 «Зиёдшаврш арзиши 1швентари мулоим», 067 «Зиёдшавии арзиши дигар захираҳои моддӣ» ва дар тарафи кредитии хрсобҳои 150 «Ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён», 160 «Камшавии қарзҳои дебитории шахсони зерхрсоб оиди харидани масолехдо», 068/1 «Ҳисоббаробаркунии дохилӣ байни маъмурияти асосй ва қабулкунандаи воситаҳо оиди харидани захираҳои модцӣ» 400 «Дигар даромадҳо» инъикос карда мешавад.

Ҳангоми даромадкунии захираҳои моддӣ дар вақти барҳамдиҳии воситахои асосӣ ба ихтиёри ташкилот монда дар тарафи дебетии ҳисобҳои 062 «Зиёдшавии арзиши доруворй ва лавозимоти ҷароҳатбандӣ», 061 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ», 064 «Зиёдшавии арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданй», 065 «Зиёдшавии арзиши масолеҳи сохтмонй», 072 «Зиёдшавии арзиши инвентари мулоим», 067«3иёдшавии арзиши дигар захираҳои моддй» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 400 «Давраи хдсоботй» инъикос карда мешавад.

Дар вақтЕ аз ҳисоб баровардани захираҳои моддй қайдҳои зерини бухгалтерй ба амал меояд:

Аз хдсоб баровардани захираҳои моддии сарф кардашуда, инчунин ашёхои инвентари мулоим ва зарфҳои кор-ношоямшуда дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар тарафи дебетии ҳисобҳои 200 «Захираҳои моддии сарф карда шуда», 080 «Зиёдшавии арзиши, маҳсулоти тайёр (кор, хизмат) ва дар тарафи кредетии ҳисобҳои 062 «Камшавии арзиши дору ва воситаҳои ҷароҳатбандӣ», 061 «Камшавии арзиши маҳсулотҳои хӯрокворӣ», 064 «Камшавии арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои малиданй», 065 «Камшавии арзиши масолеҳи сохтмонй», 070-071 «Камшавии арзиши инвентари мулоим», 065-067 «Камшавии арзииш дигар захираҳои моддй» инъикос карда мешавад.

Дар вақти фурӯши захираҳои моддй онхо дар тарафи дебетии хдсоби 400 «Даромад аз фурӯши активҳо» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 062 «Камшавии арзиши дору ва воситаҳои ҷароҳатбандй», 061 «Камшавии арзиши маҳсулотҳои хӯрокворй», 064 «Камшавии арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои

молиданӣ», 065 «Камшавии арзиши масолеҳи сохтмонӣ», 072 «Камшавии арзиши инвентари мулоим» 067 «Камшавии арзиши дигар захираҳои моддӣ» инъикос карда мешавад.

Маблағгузории объектҳои захираҳои моддӣ ба сармо-яи Оинномаи ташкилот бо андозаи арзиши тавозунии онҳо дар тарафи дебетии ҳисоби 211 «Зиёдшавии арзиши саҳмия ва дигар шакли саҳмдорӣ ба сармоя» ва дар тарафи креди-тии ҳисоби 04 «Захираҳои моддӣ» (062,061,064, 065, 072, 067) инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитики (ҷузъӣ)-и захираҳои моддӣ

Баҳисобгирии аналитикии захираҳои моддӣ ба ғайр аз зарфҳо, маҳсулотҳои хӯрокворӣ, насли чорво ва чорвои дар фарбеҳкунӣ буда дар варақаҳои маблағ-мивдории баҳисобгирии молҳои қиматнок бурда мешавад.

Дар қисми сарлавҳои варақаҳо коми ташкилот; қисмҳои вохӯрии сохторӣ; ному насаби шахси аз ҷиҳати моддӣ масъул; рақами хисоби баҳисобгирии буҷетӣ; номгӯи маҳсулот (намуди таҷҳизот, деталҳо ва маводҳо) инъикос карда мешавад.

Дар қисми мундариҷаи варақаҳо сана ва рақами жур-нали амалиёт, мазмуни амалиёт, нарх, микдор, маблағ аз рӯйи дебет ва кредит, бақия (микдор, маблағ), дар қисми барасмиятдарорӣ бошад — вазифа, имзои шахси пуркунандаи варақа ва сана нишон дода мешавад.

Баҳисобгирии аналитикии маҳсулоти хӯрокворӣ дар замимаи гард1Ш1и оиди активҳои ғайримолиявӣ бурда мешавад. Қайдҳо дар замимаи гардиши оиди активҳои ғайримолиявӣ дар асоси маъмумотҳои замимаи ғункунанда оиди даромад кардани маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва замимаи ғункунанда оиди сарфи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба амал меояд.

Баҳисобгирии аналитикии насли чорво ва чорвои дар фарбеҳкунӣ буда, аз рӯйи намуд ва гурӯҳҳои синусолӣ (чорвои дар фарбеҳкунӣ буда, танҳо аз рӯйи намуд) дар китоби баҳисобгирии чорво бурда мешавад. Дар китоб намуди чорво, рамзи намуд, гурӯҳи синусолӣ, рамзи гурӯҳ, сана ва рақами журнали амалиёт, санаи дохилшавии чорво, маълу-

мот оиди чорво (аз куҷо дохил шуд, ба куҷо хориҷ карда шуд, вазнафзункуни ва ғайра); рақами инвентарй, микдор, вазн, маблағ (аз рӯи дебет ва кредит) нишон дода мешавад.

Барои баҳисобгирии зарфҳои шикасташуда, китоби бақайдгирии зарфҳои хш^касташуда истифода бурда мешавад. Дар он ному насаби шахси аз ҷиҳати моддӣ масъул, санаи кушодан ва маҳкамкунии китоб, номгӯи кушодан ва маҳкамкунии китоб, номгӯи ашё (зарфҳои шикасташуда), микдор, вазифа, имзо ва рамзи имзои шахси ӯҳдадор, имзои сармуҳосиб нишон дода мешавад,

Китоб барои аз хисоб баровардани зарфҳои шикасташуда дар ташкилотҳое, ки дар ҳайати худ ошхона ва блоки хӯрокворӣ доранд, бурда мешавад. Комиссияи доимамалку-нанда аз рӯйи дуруст™ бурдани китоб назорат мекунад.

Шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул баҳисобгирии захираҳои моддиро дар китоби бахдсобгириимолҳои қиматнок мебаранд. Дар китоб ному насаби шахси аз ҷиҳати моддй масъул ва рамзи он; рақами анбор; номгӯ ва рамзи воҳидиченак; нарх; марка; навъ; андоза; меъёри захира, номгӯи ва рамзи молҳо: санаи қайд; сана ва рақами ҳуҷҷат; аз кӣ қабул карда шуд ва ба ки дода шуд; даромад; сарф; бақия; назорат (санаи додан ва имзо); натиҷаи тафтиш (санаи гузаронидани тафтиш) нишон дода мешавад.

Микдори саҳифаҳо дар китоб аз тарафи сармуҳосиб тасдиқ карда мешавад. бухгалтерия аз руйи даромад ва сар-фкунии молҳои қиматноки дар анбор буда назорат мебарад, инчунин маълумотҳои оиди баҳисобгирии молҳои қиматнок бо қайдҳои дар анбор бурдашуда муқоиса мекз’над.

Баҳисобгирии амалиёт оиди сарф кардани захираҳои моддй ва аз эътибор соқит гардошздани онҳо аз истифодабари, аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидан дар дохили ташкилот дар журнали амалиёт ои,ди аз эътибор соқитгардонӣ ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузаронидани активҳои гайримолиявй бурда мешавад.

Баҳисобгирии маблағгузорӣ ба захираҳои моддй

Баҳисобгирии маблаггузорӣ ба захираҳои моддй дар ҳисоби 08 «Маҳсулоти тайёр» бурда мешавад. Амалиётҳо

оиди маблағгузорӣ ба тайёркунии масолеҳ ва маҳсулоти тай-ёр, корҳои иҷрошуда ва расонидани хизмат дар тарафи дебе-тии ҳисоби 08 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти тайёр (кор, хизмат) ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 180 «Зиёдшавии қарзҳои кредиторӣ аз рӯйи музди меҳнат», 198 «Зиёдшавии қарзҳои кредиторӣ аз рӯйи андоз ва суғуртаи иҷтимоӣ», 150 «Зиёдшавии қарзҳои кредиторй аз рӯйи ҳисоббаробаркунӣ бо таъминкунандагон ва пудратчиён», 062 «Камшавии арзиши дору ва воситаҳои ҷароҳатбандӣ», 061 «Камшавии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ», 064 «Камшавии арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ», 065 «Камшавии арзиши масолеҳи сохтмонӣ», 072 «Камшавии арзиши инвентари му-лоим», 067«Камшавии арзиши дигар захираҳои моддӣ» инъ-икос карда мешавад.

Тайёркунии масолеҳ дар асоси санад оиди қабули масолеҳҳо, талабнома-борхат дар тарафи дебетии ҳисобҳои 062 «Зиёдшавии арзиши дору ва воситаҳои ҷарохатбадӣ», 061«3иёдшавии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ», 065 «Зиёдшавии арзиши масолеҳи сохтмонӣ», 072 «Зиёдшавии арзиши инвентари мулоим», 067 «Зиёдшавии арзиши дигар захираҳои моддӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 080 «Камшавии арзиши тайёркунии масолеҳ, маҳсулотитайёр (кор, хизмат) инъикос карда мешавад.

Корҳои ичрошуда ва расонидани хизмат дар тарафи дебетии ҳисоби 400 «Даромад аз фурӯши бозории молҳо, корҳо ва хизмат» ва дар тарафи кредитш^ ҳисоби 080 «Камшавии арзиши тайёркунии масолех,, маҳсулоти тайёр (кор, хизмат) инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии масолеҳҳо дар роҳ

Арзиши масолеҳҳо, ки то охири давраи ҳисоботӣ ба тапжилот дохил нашудааст, ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи аккредитив дар ҳисоби 068 «Масолеҳҳо дар роҳ» баҳисоб шрифта мешавад.

Арзиши масолехдои ба ташкилот дохил нашуда дар тарафи дебетии хдсоби 068 «Зиёдшавии арзиши масолехдо дар роҳ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 068/1 «Ҳисоббаробаркуниҳои дохили байни маъмурияти асоси ва

гирандаи воситаҳо аз рӯйи харидани масолеҳ» инъикос карда мешавад.

Ҳангоми гирифтани қабулкунии масолеҳҳо дар тарафи дебетии ҳисоби 062 «Зиёдшавии арзиши дорувори ва лаво-зимоти ҷароҳатбандй», 061 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ», 064 «Зиёдшавии арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ», 065 «Зиёдшавии арзиши масолеҳи сохтмонӣ», 072 «Зиёдшавии арзиши инвентари мулошм», 067 «Зиёдшавии арзиши дигар захираҳои моддӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 67/1 «Камшавии арзиши захирахои модди дар роҳ буда» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитикии масолеҳҳои дар роҳ буда аз рӯйи таьминкунандаи алоҳида дар варақа, миқдор-маблағи баҳисобгирии молҳои қиматнок бурда мешавад.

Барӯйхатгирии захираҳои моддӣ

Захираҳои моддӣ дар рӯйхат аз рӯйи номгӯи бо ни-шондоди намуд, гурӯҳ, микдор ва дигар нишондиҳандаҳои зарурӣ қайд карда мешаванд.

Захираҳои моддӣ ҳангоми гузаронидани барӯйхатгирӣ дохилшударо шахсони аз ҷиҳати моддй масъул дар назди аъзои комиссияи барӯйхатгиранда қабул мекунанд.

Ин молҳои қиматнокро дар рӯйхатй алоҳида қайд мекунанд. Дар он санаи дохилшавӣ, номи таъминкунанда, сана ва рақами ҳуҷҷати даромадкунанда, номгӯи мол, микдор, нарх ва маблағ нишон дода мешавад.

Дар ҳолати дуру дароз гузаронидани барӯйхатгирӣ бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилот ва сармуҳосиб захираҳои моддиро дар раванди барӯйхатгирӣ шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул бо иштироки аъзои комиссияи барӯйхатгирӣ метавонанд барои кор иҷозат диҳанд.

Дар рӯйхати захираҳои моддӣ барои коркард ба дигар ташкилот додашуда, номи ташкилоти коркардкунанда, номгӯи мол, миқдор, арзиши ҳақиқӣ, санаи ба коркард до-данимолҳо, рақам ва санаи ҳуҷҷатҳо нишон дода мешавад.

Зарфҳоро дар рӯйхат аз рӯйи намуд, истифодаи мақсаднок ва ҳолати сифатӣ (нав, кӯҳна, таъмирталаб ва гайра) ба қайд мегиранд.

Натиҷаи барӯйхатгирии гузаронидашудаи захираҳои модциро дар варақаи муқоисавӣ оиди объектҳои активҳои ғайримолиявӣ инъикос мекунанд.

Зиёдатии захираҳои моддии дар вақти барӯйхатгирӣ ошкор карда шуда, дар тарафи дебетии ҳисобҳои 062 «Зиёд- jшавии арзиши дору ва воситаҳои ҷароҳатбандӣ», 061 «Зи- iёдшавии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ», 064 «Зиёдшавии ар- ‘ зиши сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ», 065 «Зиёдшавии арзиши масолеҳи сохтмонӣ», 072 «Зиёдшавии арзиши инвен-тари мулоим», 067 «Зиёдшавии арзиши дигар захираҳои моддӣ», 080 «Зиёдшавии арзиши маҳсулоти тайёр» ва дар тарафи кредитии ҳиcoби 400 «Дигар даромадҳо» инъикоскарда мешавад.

Аз ҳисоб баровардани талафоти захираҳои моддӣ азҳисоби шахсони гунаҳкор бо қайдҳои зерини бухгалтерӣ барасмият дароварда мешавад:

  • ҳисоб кардани даромадҳо аз рӯйи пардохтҳо бо буҷети дар алоқамандӣ бо норасоӣ, рабудан, дуздӣ) аз ҳисоби шахсони гунаҳкор аз рӯйи арзиши бозорӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 178 «Зиёдшавии қарзхои дебиторӣ аз рӯйи норасоии захираҳои моддӣ», 060-069, 070,071 «Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯйи норасоии захираҳои модцӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 400«Даромад аз фурӯши активҳо»;
  • аз ҳисоб баровардани арзиши захираҳои моддӣ аз баланс дар тарафи дебетии хдсоби 140 «Даромад аз фурӯши активҳо» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои захираҳои модцӣ» зуд инъикос карда мешавад.

Назорат аз рӯйи ҳолат ва сарфакорона истифодабарии захираҳои моддӣ, самтҳои асосӣ ва такмил додани баҳисобгирии онҳо

Захираҳои моддӣ қисми арзиши амволи ташкилот ва сарфи захираҳои моддӣ қисми зиёди хароҷоти ташкилотҳои буҷавиро ташкил медиҳад. Аз ик рӯ, назорат аз рӯйи ҳолати захираҳои моддӣ ва дуруст истифодбарии онҳо ба ҳолати молиявии ташкилот таъсири калон мерасонад.

Самти асосии баландбардории самаранок истифодабарии захираҳои моддӣ ҷорӣ намудани технологияи пешқадам ба ҳисоб меравад.

Сарфакорона истифодабарии захираҳои моддӣ аз ҷамъоварии пурра, истифодабарии боқимондаҳо ва нархҳои асоснок кардашудаи онҳо вобастагӣ дорад.

Барои нигохдории захираҳои моддӣ анборҳои бо асбобҳои вазнченкунанда технологияи муосир таҷҳизонида-шуда аҳамияти калон дорад.

Яке аз шароити сарфакорона истифодабарии захи-раҳои моддӣ — ба меъёрдарории захираҳои анбор ва харочотҳои моддӣ ба хрсоб меравад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *