Фанни Баҳисобгирии бухгалтерӣ

Ҳисобгирии воситаҳои пули ва маблағгузории молияви

Ҳуҷҷатҳои асосӣ меъёрӣ

1. ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон«Дарбораибаҳисобгириибухгалтери» аз14-умимайисоли 1999, №750.

2. Кодекси шарвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Кодекси буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Дастурамал оид ба низоми тартиб додан ва пешниҳод кардани хдсоботи солона ва даврии бухгалтерии ташкилотхои буҷетӣ ҶТ фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми октябри соли 2006.

5. Дастурамал оиди пешбурди баҳисобгирии муҳосибот дар муассисаҳои бучетӣ. Бо фармони Вазири молияиҶТаз 26-уми декабри соли 2000, №157 тасдиқ карда шудааст.

6. Низомнома дойр ба ҳисоби бухгалтер!, хисоби моли-кият ва ӯҳдадориҳои корхонаҳо, қи бо валютаи хориҷӣ ифода шудаанд. Фармони Вазири молияиҶТаз 08.12.1999, №153.

7. Низомнома оид ба бурдани ҳисоби бухгалтери ва ҳисобот дарҶТ(фармони Вазири молияи ҶТ аз 30 декабри соли 1999, №163) ва гайра.

Ҳисобгирии воситаҳои пулии муассиса дар ҳйсоби дар бонк буда

Воситаҳои пули- пули накди хазинаро дар бар меги-ранд. Воситаҳои пулии суратҳисоб, хисоби арзии корхона ва ҳисоби депозит, инчунин дар намуди аккредитивҳо, чекҳои имтиёзӣ вучуд доштаанд. Воситаҳои пули барои ба даст овардани захираҳои истеҳсолӣ, музди мехрат ва пардохт кардани хароҷотҳои муассиса нақши муҳимро мебозанд.

Вазифахои асосии ҳисобгирии воситаҳои пули аз инҳо иборат аст:

1. Таъмини муҳофизати онҳо;

2. Назорати истифодаи дурусти воситаҳои пули;

3. Қайди дурусти хароҷоти воситаҳои пули дар ҳуҷҷатҳо;

4. Назорати хушсифат пур кардани ҳуҷҷатҳои ҳисобгирии воситаҳои пули ва ғайра. Барои ҳисобгирии хароҷоти воситаҳои пулии муассиса дар ҳисобҳои бонкӣ, дар хазина, инчунин барои ҳисобгирии ҳаракати ҳуччатҳои пули ҳисоби 140 «Воситаҳои пулии муассиса» истифода карда мешавад. Ҳисобгирии амалиётҳо аз рӯйи ҳаракати воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои зерин бурда мешаванд:

090 «Воситаҳои пулии муассиса дар ҳисобҳои дар бонк буда»;

114 «Воситаҳои пулии ба ихтиёри муассиса муваққатан вогузошта»;

133 «Воситаҳои пулии дар роҳ будаи муассиса»;

120 «Хазина»;

132 «Ҳуччатҳои пули»;

130 «Аккредитивҳо»;

118 «Воситаҳои пулии муассиса бо арзи хориди».

Ҳисобгириивоситаҳоипу.чиимуассисаҳодарвақтифармондоданвадарроҳбудан

Ҳисобгирии воситаҳои пулии муассиса дар вақти фармон додан дар ҳисоби 090 «Воситаҳои пулии муассиса дар вақти фармони додан» бурда мешавад.

Дохилшавии воситаҳои пулии номбаршуда дар тарафи дебетии ҳисоби 114 «Дохилшавии воситаҳои пули дар ихтиёри муассиса муваққатӣ буда» ва дар тарафи кредитш! хисоби 178 «Зиёдшавии қарзҳои кредиторӣ аз рӯйи маблагҳои дар ихтиёри муассиса муваққатӣ буда» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии амалиётҳо аз руйи ҳаракати воситаҳои пули дар журнали амалиётҳо ба воситаҳои пулии ғайринакдӣ дар асоси ҳуччатҳои ибтидоӣ заминаҳо ба нус-хаи ҳисобҳо бурда мешавад.

Ба воситаҳои пулии дар роҳ буда воситаҳои пулии ҳисобкардашудаи ташкилот(муассиса), аммо онҳоро дар моҳи дигар мегирад, инчунин воситаҳои пулии дар бонк аз як хдсоб ба ҳисоби дигар гузаронидашуда дохил мешавад.

Ҳисобгирии воситаҳои пулии дар роҳ буда дар ҳисоби 133 «Воситаҳои пулии муассисаи дар роҳ буда» инъикос карда мешавад.

Амалиётҳои аз рӯйи зиёдшавии воситаҳои пулии дар роҳ буда дар тарафи дебетии ҳисоби 133 «Дохилшавии воситаҳои пулии муассисаҳои дар роҳ буда» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 200 «Хориҷкунии воситаҳои пулии муас-сиса ва ҳисобҳои дар бонк буда», 118 «Хоршщунии воситаҳои пулии муассиса» аз ҳисобҳои бо арзи хориҷӣ ини-кос карда мешавад.

Ҳисобгирии амалиётҳои хазинавӣ

Амалиётҳои ба воситаи пули накдии ташкилот (муассиса) алоқаманд бударо амалиёти хазинавӣ меноманд. Баҳисобгирии маблағи накд ва ҳаракати воситаҳои пулӣ дар хазинаи ҷудогона, мутобиқи амалиётҳои даромаду харочот бурда мешавад. Амалиётҳои даромади пулӣ нақд аз шаклҳои зерин иборат аст:

  • қабули пули накд аз суратҳисоб ва ҳисоби арзии дар

бонк буда;

  • баргардонидани бақияи сарфнашудаи сафархарҷи; қабули маблағи нақцӣ аз фурӯпш воситаҳои молию моддӣ;
  • қабули воситаҳои пули нақц аз ҳисоби махсуси қарзи ва дигар қарзҳо;
  • гирифтани даромад аз фарқияти қурби арзӣ ва ғайра.

Амалиётҳои қабули пули накдӣ ҳатман бо «Ордери даромади хазина» ҳуҷҷатнок карда мешавад. Маблағи амалиёти дар ордерҳо ҳам бо рақам ва ҳам бо ҳарф навишта мешавад.

Дар ордери даромади хазинави сармуҳосиб ва ё ҷонишини вай имзо мегузорад.

Амалиётҳои хароҷоти пули накдӣ:

  • пардохти хдсоби молтаъминкунандагон барои мол

иҷрои кор ва хадамот;

  • арзиши молхои харидашуда;
  • хароҷоти почтаю телефон;
  • додани музди меҳнат, мукофотпулӣ, ёрдампулиҳо;
  • сафархарҷӣ.
  • қабул ба суратҳисоб;
  • пардохти музди меҳнати депозитшуда (агар дар давоми се рӯз нагирифта бошад);
  • додани қарз ба коркунон;

Ҳамаи амалиёти хароҷотҳои пулӣ ҳатман бо воситаи «Ордери хароҷоти хазинавӣ», ки дар он роҳбари ташкилот (муассиса) ва сармуҳосиб ва ё ҷонишинҳои онҳо имзо мегу-зоранд, ба расмият дароварда мешавад.

Ба ғайр аз он ордерҳои даромад ва хароҷоти хазинави «Журнали бакайдгирии ордери даромад ва хароҷоти хазинави» ва «Китоби хазина» истифода бурда мешавад.

Барои ҳисобгирии ҳаракати воситаҳои пули накди ҳисоби 120 «Хазина» истифода карда мешавад.

Амалиётҳо аз рӯйи дохилшавии воситаҳои пули накд ба хазина дар тарафи дебетии ҳисоби 120 «Дохилшавй ба хазина» ва кредити ҳисобҳои 090 «Хориҷкунии воситаҳои пулии муассиса аз ҳисобҳои бонкӣ», 160 «Ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони зерҳисоб» инъикос карда мешавад.

Амалиётҳо аз рӯйи хориҷшавии воситаҳои пули нақд аз хазина дар тарафи кредитии ҳисоби 120 «Хориҷшавй аз хазина» ва дар тарафи дебетии ҳисобҳои 198 «Хдсоббаробаркуниҳо аз рӯйи пардохтҳои буҷавӣ», 178 «Зиёдшавии қарзҳои дебиторӣ аз рӯйи амалиётҳои воситаҳои пули нақд» инъикос карда мешавад.

5.5. Ҳисобгирии ҳуҷҷатҳои пулӣ

Ба ҳуҷҷататҳои пулӣ дохил мешаванд: тамғаҳои боҷи давлатӣ, маркаҳои почта, тамғаҳои васиқавӣ, чиптаҳои пар-дохтшудаи тайёрӣ, роҳхатҳои пардохтшуда барои осоишгоҳҳо ва хонаҳои истироҳатӣ, саҳмияҳои худии аз саҳҳомон харидашуда ва дигарҳо.

Ҳучҷатҳои пулӣ дар хазинаи ташкилот (муассиса) иигоҳ дошта мешаванд. Қабул кардан ба хаз1ша ва аз хазина додани ҳуҷҷатҳои пули бо «Ордери даромади хазинави» ба расмият дароварда мешаванд. Ордерҳои даромад ва хароҷоти хазинави дар журнали бақайдгирии ҳуҷҷатхои да-

ромад ва хароҷоти хазинавй алоҳида аз руйи амалиётҳо аз рӯйи воситаҳои пули ба қайд гирифта мешавад.

Барои ҳисобгирии ҳаракати ҳуҷҷатҳои пули ҳисоби 132 «Ҳуҷҷатҳои пули» истифода бурда мешавад.^

Ҳангоми дохилшавии ҳуҷҷатҳои пули ба хазина дар тарафи дебетии ҳисоби 090 «Дохилшавии ҳуҷҷатҳои пули» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 150 «Ҳисоббаробаркуниҳо ба таъминкуиандагон ва пудратчиён», ҳисобҳои 150, 153 инъикос карда мешавад.

Додани ҳуҷҷатҳои пули аз хазина дар тарафи дебетии ҳисоби 160 «Ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони зерҳисоб» ва дар тарафи кредитии ҳисоби 120 «Хориҷкунии ҳуҷҷатҳои пули» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии аналитикии ҳуҷҷатҳои пули аз руйи намудҳои онҳо дар варақаҳои хдсобгирии воситаҳо ваҳисоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

5.6. Ҳисобгирии аккредитивҳо

Шакли аккредитивии ҳисоббаробаркуниҳо дар ду ҳолати зерин истифода бурда мешавад:

1. Вақте ки ин шакли ҳисоббаробаркунӣ бо шартнома муқаррар карда шудааст;

2. Вақте ки таъминкунанда харидорро бо шакли аккредитивии ҳисоббаробаркунӣ мувофиқи низомномаи гар-диши маҳсулоти таъйиноташон истеҳсоли техники вамолҳои сермасраф гузаронидааст.

Моҳияти шакли аккредитивии ҳисоббаробаркуниҳо аз он иборат аст, ки пардохти ҳисобфактураҳо дар маҳалли ҷойгиршавии таъминкунанда ба амал меояд. Барои ин хари-дор пешаки ба воситаи шӯъбаи бонк, ки дар он рақами ҳисоббаробаркунӣ дорад, аккредитив мекушояд.

Аккредитив-ин фармони бонки харидор ба бонки таъминкунанда дар бораи пардохтани ҳисобфактураи таъминкунанда мувофиқи шарти супориши аккредитивиихаридор мебошад.

Барои кушодани аккредитив харидор ба бонк ариза пешниҳод менамояд, ки дар асоси он аз рақами

ҳисоббаробаркунии маблағи аккредитив хориҷ карда шуда, ба бонки таъминкунанда фиристода мешавад.

Аккредитивҳоро аз ҳисоби воситаҳои корхона бо роҳи хориҷкунӣ аз рақами ҳисоббаробаркунӣ, ё аз ҳисоби қарзи бонк мекушоянд.

Таъминкунанда ба харидор молро бор карда, ба муас-сисаи бонк ҳуҷҷатҳои ҳисобиро пешниҳод менамояд. Мувофиқи онҳо маблағи талабномаи қарзҳои аз ҳисоби аккредитив хориҷ карда шуда, ба рақами ҳисоббаробаркунии он дохил мегардад.

Ҳаракати воситаҳои пулӣ аз рӯйи ҳисоббаробаркунии аккредитивӣ дар ҳисоби 130 «Аккредитивҳо» ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳангоми гузаронидани воситаҳои пулии ҳисоби аккредитивӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 130 «Дохилшавии воситаҳои пули ба ҳисоби аккредитивӣ» ва дар тарафи кре-дитиви ҳисоби 090 «Хориҷкунии воситаҳои пулии муассиса (ташкилот) аз ҳисобҳои бошсӣ», ҳисоби 118 «Хориҷкунии воситаҳои пулии ташкилот (муассиса) аз ҳисобҳо бо арзи хориҷӣ» инъикос карда мешавад.

Ҳисобгирии аналитики аз руйи ҳисоби 130 «Аккредитивҳо» дар варақаҳои ҳисобгирии воситаҳо вахдсоббаробаркуниҳо бурда мешавад.

5.7.Ҳисобгирии воситаҳои пулии муассисаҳоаз рӯйи арзи хориҷӣ

Барои баҳисобгирии амалиётҳо аз рӯйи ҳаракати воситаҳои пулии муассиса бо арзи хориҷӣ ҳисоби 118 «Воситаҳои пулии муассиса бо арзи хориҷӣ» истифода бурда мешавад.

Амалиётҳо аз руйи дохилшавии воситаҳои пулии муассиса бо арзи хориҷӣ дар дебети ҳисоби 118 «Дохилшавии воситаҳои пулии муассиса бо арзи хориҷӣ» ва дар тарафи кредитии ҳисобҳои 133 «Дохилшавии воситаҳои пулии муас-сисаи дар роҳ буда», 178 «Камшавии қарзҳо аз рӯйк буҷет» инъикос карда мешавад.

Баҳисобгирии амалиётҳо аз руйи ҳаракати воситаҳои пули дар ҳисобҳо ва дар журнали амалиёт бо воситаҳои пу-

лии ғайринақци дар асоси ҳуҷҷатҳо истифода бурда меша-вад.

5.8.Ҳисобгирии маблағҳо дар ҳисобҳои буҷетӣ

Барои ҳисобгирии воситаҳо дар ҳисобҳои буҷетӣ ҳисоби 090 «Маблағҳо дар ҳисобҳои буҷетӣ» истифода бурда мешавад.

Барои ҳисобгирии амалиётҳо аз рӯйи ҳаракати маблағҳо дар ҳисобҳои буҷети ҳисобҳои зерин истифода карда мешавад: 140 «Маблағҳои ҳисобҳои ягонаи буҷетӣ»; 140/1 «Маблағҳои буҷетӣ дар роҳ»; 140/2 «Маблағҳои буҷетӣбо арзи хориҷӣ».

Дар ҳисоби 140 «Маблағҳои ҳисобҳои ягонаи буҷетӣ» маблағҳои ҳисобҳои ягонаи буҷетии дар ҳисобҳо, ё ин ки дар ҳисобҳои ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин менамоянд, инъикос карда мешавад.

Дохилшавӣ ба ҳисоби ягонаи буҷетӣ дар тарафи дебе-тии ҳисоби 140 «Дохилшавии маблагҳо ба ҳисоби ягонаи буҷетӣ» ва кредити ҳисоби 400 «Дохилшавӣ ба буҷет аз рӯйи даромад», 400/1 «Дохилшавӣ ба буҷет аз фурӯши активҳои ғайримолиявӣ» инъикос карда мешавад.

Ҳисоби 140/1 «Маблағҳои буҷетӣ дар роҳ буда» барои ҳисобгирии маблағҳои хдсобкарда шудаи буҷе^гӣ аз дигар буҷет дар байни ташкилотҳои буҷетй истифода карда мешавад.

Дар ҳисоби 140/2 «Маблағҳои буҷетӣ бо арзи хориҷӣ» маблағҳои буҷетии дар ҳисобҳои бонк бо арзи хориҷӣ мавҷудбуда ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дохилшавии маблағҳои буҷетӣ бо арзи хориҷӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 140/1 ва дар тарафи кредитии ҳисоби 400 «Дохилшавӣ ба буҷет аз рӯйи даромад», «Дохилшавӣ ба буҷет аз ҳисоби фурӯши активҳои молиявӣ» инъикос карда мешавад.

5.9.Ҳисобгири воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои

ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунад

Барои ҳисобгирии воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавӣ иҷрои буҷетро

таъмин мекунад ҳисоби 140 «Воситаҳои пулӣ дар ҳисобҳои ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазгшавии иҷрои буҷетро таъмин мекунад» истифода карда мешавад.

Барои ҳисобгирии амалиётҳо оиди ҳаракати восигаҳои пули дар ҳисобҳои ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавӣ ичрои буҷетро таъмин мекунад, ҳисобҳои зерин истифода б5фда мешавад.

140 «Воситаҳои пули ҳисобҳои ягонаи буҷет дар ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро таъмин мекунанд».

140/1 «Воситаҳои пули дар ҳисобҳои ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетро дар роҳ таъмин мекунад».

140/2 «Воситаҳои пули дар ҳисобҳо барои пардохти пулинакд».

140/3 «Воситаҳои пулии ҳисоби ягонаи буҷет дар ташкилотҳое, ки хизматрасонии хазинави иҷрои буҷетро таъмж мекунад, бо арзи хориҷӣ».

5.10. Ҳисобгирии маблағгузории молиявӣ

Ҳисобгирии маблағгузориҳои кӯтоҳмуддат ва дароз-муддат, инчунин дигар активҳои молиявӣ дар ҳисоби 134 «Маблағгузориҳо» бурда мешавад.

Барои ҳисобгирии амалиётҳо аз рӯйи маб.пағгузориҳо хисобҳои зерин истифода бурда мешавад:

134/1 «Депозитҳо»;

134/2 «Саҳмияҳо ва дигар шаклҳои сах^ ва сармоя»;

134/3 «Облигатсия, васиқа»

Дар ҳисоби 134/1 «Депозитҳо» воситаҳои пулии буҷет дар ҳисобҳои депозити бонкӣ мавҷуд буда, баҳисоб гирифта мешавад.

Ҳисобгирш! воситаҳои пулӣ ба ҳисоби депозити дар тарафи дебетии ҳисоби 134/1 «Дохилшавии воситаҳои пули ба ҳисоби депозити» ва кредити ҳисобҳои 090 «Хориҷкунии воситаҳои пули ташкилот аз ҳисобҳои бонкӣ»; 118 «Хориҷкунии воситаҳои пулии ташкилот аз хдсобҳои бо арзи хориҷӣ» инъикос карда мешавад.

Дар ҳисоби 134/2 «Саҳмияҳо ва дигар шаклҳои саҳм ба сармоя» гузоштани воситаҳои пули буҷет ба саҳмияҳо, дигар шаклҳои саҳм ба сармояи ҷамъиятҳои рафиқона ва хоҷагқцорӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳисобгирии аналитикии аз рӯйи намудҳои маблағгузории молиявӣ ва субъектҳо дар реестри баҳисобгирии қоғазҳои қиматнок бурда машавад.

Дар феҳрист рақами тартибӣ, таърихи рӯз ва номгӯи амалиётҳо; рақам ва силсилаи қоғази қимматнок; маблағи дохилшуда аз рӯйи арзиши аввала ва номинапӣ ва ғайра ни-шон дода мешавад.

Воситаҳои пулии гузошташударо дар тарафи дебетии ҳисоби 134/2 «Зиёдшавии арзиши саҳмия ва дигар иакли саҳм ва сармоя» ва кредита ҳисобҳои 140 «Ҳисоббаробаркуниҳо оиди пардохтҳо аз буҷет бо ташкилотҳо аз рӯйи бадастории саҳмияҳо ва дигар шакли саҳм ба сармоя»; 090 «Хориҷкунии;воситаҳои пулии ташкилот аз ҳисобҳои боьпсӣ»; 118 «Хориҷкунии воситаҳои пулии ташкилот аз ҳисобҳо бо арзи хориҷӣ» инъикос карда мешавад.

Дар ҳисоби 134/2 «Облигатсия, воситаҳо» гузоштани воситаҳои пули буҷет ба облигатсия, воситаҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок ба ғайр аз саҳмияҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.

Ҳисобгирии аналитики аз рӯйи ҳисоби 132/1 аз рӯйи объектҳо дар феҳрист баҳисобгирии қоғазҳои қиматнок бурда мешавад.

Қабули маблағгузорӣ дар тарафи дебетии ҳисоби 400 «Зиёдшавии арзиши қоғазҳои қиматнок ба ғайр аз сах^мияҳо» вакредити ҳисоби 132/1 «Зиёдшавии қарзи кредитӣ аз рӯйи бадастории қоғазҳои қиматнок ба ғайр аз саҳмияҳо инъикос карда мешавад. Ҳисобгирии амалиётҳв аз рӯйи ҳаракати маблағгузории молиявӣ журнал — амалиёт бо воситаҳои пули ғайринақцӣ бурда мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *