Фанни Адабиёт

Шеърхо аз Абушакури Балхи

***

Ду чиз аз дил андӯҳ берун барад,

Рухи дӯсту овози марди хирад.

***

Бувад дӯст мар дӯстро чун сипар,

Беҳ аз дӯст мардум ки бошад дигар?

***

Ки мар дӯстро ҷовидон панди дӯст,

Беҳ аз гавҳар, ар чанд гавҳар накӯст.

***

Киро озмудиш ёри ту гашт,

Манол ар гуноҳе бар ӯ баргузашт.

Бар он к-ат гузин буд магзин дигар,

Пиёда бимонӣ, бувад ар ду хар.

***

Ҳар он кина , к-аз дил бувад хоста,

Набинад-ш ҳаргиз касе коста.

Касеро, ки дорад нигаҳ кори хеш,

Бигӯ кори душман нигаҳ дор беш.

***

Бигуфтаст донои Эрон ба Тӯс:

«Зи дасте, ки натвон буридан, бибӯс».

***

Ба нармӣ басе чиз кардан тавон,

Ки бастан надонӣ бикардан ту он.

***

Бар нармӣ барорад басе чиз мард,

Ки он барнаояд ба ҷангу набард.

***

Ба нармӣ чу гардан ниҳад рӯзгор,

Дуруштиву гармӣ наояд ба кор.

***

Шуҷоъ он, ки дилро шикебо кунад,

Ба ошуфтан – андар мадоро кунад.

***

Ба ту рӯзгорон шуморам ҳама,

Ба коми душман гузорам ҳама.

***

Агарчанд хуб аст бар каф гуҳар,

Чи ӯро ба ришта кашӣ хубтар.

***

Ду чашмат ба ба фарзанд равшан бувад,

Агарчанд фарзанд душман бувад.

Зи пеши писар марг хоҳад падар,

Ту душман шунидӣ зи ҷон дӯстар?!

***

Ба ҳангоми барноиву кӯдакӣ,

Ба дониш тавон ёфт зиракӣ.

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон,

Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.

Чу гардад калон боз натвонадаш,

Ки аз кажживу хам бигардонадаш.

***

Дари комгорӣ ба ранҷ андар аст,

Раҳи ганҷ ҷустан ба ганҷ андар аст.

***

Ҳар он гаҳ ки шуд ростит ошкор,

Фаровон бувад мар туро хостор.

Раҳӣ к-аз Худованд шуд бахтиёр,

Барояд-ш беранҷ бисёр кор.

***

Зи дарё ҳамеша гуҳар оваранд,

Яке рӯз бошад, ки сар оваранд.

***

Чунон кун, ки чун ёфтӣ дастгоҳ,

Ба омурзиш андар бипӯшӣ гуноҳ.

***

Ба некӣ шавад чашм равшан туро,

Зи ҳар бад бувад нек ҷавшан туро.

***

Кушояндаи розҳои ниҳон,

Саранҷом расво шавад дар ҷаҳон.

***

Агар роз хоҳӣ, ки пинҳон бувад,

Чунон кун, ки пайванд бо ҷон бувад.

Чу алмос, к-оҳан бибуррад ҳаме,

Сухан низ дилро бидаррад ҳаме.

Забонро мадоред бар ҷой суст,

Ки то розатон касс надонад дуруст.

***

Касе к-варад рози дилро падид,

Зи гетӣ ба кома нахоҳад расид.

Нуҳӯфтан сазад розро ҷовидон,

Ба ҷон боз бояд-ш бастан ба ҷон.

Або дӯсту душман нобояд кушод,

Ба фарзанд мӯбад чунин кард ёд:

«Санамро набинӣ чӣ гӯяд шаман,

Магӯ роз бо як тан аз анҷуман».

***

Касе, к-ӯ дар андӯҳи гетӣ фитод,

Мапиндор гар шод биниш шод.

***

Зи душман ба динору ба зинҳор,

Бирастан тавон в-озро нест чор.

Предыдущая страница 1 2

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *