Фанни Адабиёт

Мавлоно Чалолиддини Балхи

Таҳқиқ ва баррасии осор ва афкори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба таври равшан нишон медиҳад, ки таълимоти ин мутафаккири бузурги исломӣ ҷанбаи маърифатӣ дорад. Дар ин росто ӯ ғолибан аз маърифати Худованд сухан мегӯяд, вале масоили маърифатии олами ҳиссиро низ тафсир мекунад ва шарҳ медиҳад. Ба таълимоти Муллои Рум унсурҳои ҳисгароӣ бегона набуда, дар оғози маърифат барои ӯ нақши панҷ ҳисси зоҳир ва панҷ ҳисси ботин муҳим аст. Ҳиссҳо аз диди ин мутафаккири бузург барои маърифати ҷаҳон буда, дар ҷараёни ба даст овардани донишҳо яке дигареро пурра ва комил мегардонад:

Панҷ ҳис бо якдигар пайвастаанд,

З-он ки ҳар панҷ з-асле рустаанд.

Қуввати як қуввати боқӣ шавад,

То бақоро ҳар яке соқӣ шавад.

Дар маърифати олами ҳиссӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таълимоти суннатии ирфон ва тасаввуфро идома додааст, вале дар ин ришта ӯ баъзе афкори хоси худро низ дорад. Аз ҷумла вай бар он аст, ки ҳар маърифат аз шак сар мезанад ва ин суханонро бо таълимоти файласуфи ғарбӣ Р. Декарт (1596 – 1650) – “Ман шак меорам, пас ман фикр мекунам”, метавон қиёс кард:

Ҳар киро дар ҷон Худо бинҳад маҳак,

Ҳар яқинро боз донад ӯ зи шак.

Бояд гуфт, ки ки ин шаккокият аз тарафи Мавлонои Ҷалолиддини Балхӣ ғолибан дар маърифати олами ҳиссӣ корбаст мегардад. Чунин андешаҳои ӯро метавон бо андешаҳои файласуфи муъосири ғарбӣ Хосе Ортега Гассет дар бораи ғояҳо ва эътиқод (бо “эътиқод” динро набояд омехта кард) муқоиса намуд. Ғояҳо аз назари мутафаккири ғарбӣ дар ҷараёни маърифат ба даст меояд, дар эътиқодҳо бошад, инсон вуҷуд дорад. Масалан, касе агар омодаи омодаи аз кӯча баромадан аст, аз худ ҳар гуна суолеро пеш аз хона баромаданаш, ба ҷуз аз суолҳое монанди ҳоло берун раваму он ҷо кӯча нест”. Ин гуна ҳақиқатҳоро инсон ба таври эътиқод қабул дорад, аз ин рӯ, чунин савол ба худ намедиҳад. Ба ҳамин монанд, эътиқоде, ки ба шакку шубҳа ҳеҷ эҳтиёҷе надорад ва ба таври ҳадсӣ қабул мегардад, дар осори Мавлонои Румӣ вомехӯрад:

Дар миёни рӯз гуфтан:Рӯз ку?”,

Хеш расво кардан аст, эй тундхӯ.

Ақидаи дигари Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ин қатор назари ӯ ба донишҳои фитрӣ аст зимни баррасии таҳаввули тадриҷии (эволютсияи) инсон таъкид ва таъйид гардидааст. Дар бораи мақому манзалати инсон дар таълимоти ин андешаманди бузург сухан ронда, муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон ба таҳаввули инсон аз марҳалаҳои ҷамодӣ то наботӣ, аз ҳайвонӣ то одамӣ, ки дар “Маснавии маънавӣ” равшан баён гардидааст, ишора мекунанд ва ин беасос нест. Вале сазовори зикр аст, ки нишон додани таҳаввули инсон барои Мавлонои Рум бештар аҳамияти маърифатӣ дорад, на дастишиносӣ. Мақсади ӯ “археологияи донишҳо” – ҷустуҷӯйи дониши ибтидоии инсон, ба истилоҳи имрӯза “архетипҳо” аст, яъне он донишҳое, ки инсон ба таври фитрӣ қабул кардааст ва ё ба ӯ ба таври ирсӣ дода мешавад.

Ба андешаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ инсоне, ки тавассути ҳиссу ақл ҳастии моддиро дарк месозад, ба Ҳақ таъло тақаррубу наздикӣ пайдо мекунад ва бояд ақлро қурбон кун андар ишқи дӯст”-ро шиъори худ қарор диҳад. Ба ибораи дигар, ишқ дар маърифати Худованд ҷойгузини ақл мешавад, нақши сар ба дӯши дил вогузор мегардад, вале дил чист ва ишқ чӣ гуна роҳест? Пеш аз он ки ба ин савол аз суханони Мавлонои Рум ҷавоб пайдо кунем, сазовори таъкид мешуморем, ки дар хусуси таносуби ақлу ишқ аз назари ин донишманди шаҳир чанд сухан бигӯем, ки ӯ дар ин масъала бо чандин файласуфони машшоъӣ ва мутафаккирони пешгузаштаи худ баҳсу ҷидол кардааст. Аз ҷумла ӯ Аҳмади Ғаззолии Тӯсиро барои такяаш ба ишқ, на бар ақл болотар аз бародараш Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ гузоштааст. Суханони машҳури Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар бораи чӯбин ва бетамкин будани пойи аҳли ақлу мантиқ ба ҳамагон маълуманд. Зиёда аз ин, вай файласуфони машшоиро раҳгумкардагоне медонад. ки дар дами марг аз роҳи аз пайи ақл рафтанашон баргаштаанд ё аз он афсӯс хӯрдаанд.

Чуноне ки маълум аст, воситаи асосии маърифат барои орифоне чун Мавлонои Рум роҳи фавқулақлонӣ, яъне ишқ аст. Ишқ дар дили инсон ҷой дорад. Ин ҷузви инсонро бошад, сӯфиён на узви моддии бадан, балки макони маънавӣ ҳисоб мекунанд. Аз ин рӯ, дари дилро кӯфтан барои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маънии кӯфтани дари Худовандро дорад. Соҳиби чунин дил асрорро мекушояд, зеро соҳибдилон аз ваҳйи дил бархурдоранд. Бо ҳамин сабаб, рӯ ба дил овардан барои сӯфӣ беҳтар аз чилланишинӣ ё худ эътикоф аст.

Вале қобили зикр ва таъкид аст, ки Мавлоно Румӣ аз рафтан ба сӯйи дил сухан мегӯяд, аз воқеъият канда нашуда, рӯйоварии инсонро ба олами ботинии хеш ва таҳқиқи равоншиносии олами маънавии инсонро талқин мекунад, зеро чуноне ки бӯйи гул аз андарунаш меояд, ҳамчунон барои маърифат тамоми ҳуҷҷату бурҳони Инсони комил дар ниҳоди ӯст:

Ки даруни сина шарҳат додаем,

Шарҳ андар синаат бинҳодаем.

Ту ҳанӯз аз хориҷ онро толибӣ,

Махлабӣ, чун аз дигарон холибӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чун “Дард ҷӯву дард ҷӯву дард, дард” мегӯяд, инсонро аз ишқи ранг, ки барои ӯ нанговар аст, аз ошиқии сурат бозмедорад ва ба сӯйи ишқи маънавӣ мехонад. Ин ишқи маънавӣ дину миллати тамоман дигар аст, инсон новобаста ба эътиқоду динаш метавонад ҳомили чунин ишқ бошад. Ин гуна ишқи ҳастӣ бар нестӣ сабаби офаридани оламу одам будааст. Ҳастӣ умуман барои Мавлонои Рум ва сӯфиёне чун ӯ маънии ишқ доштан ва ошиқ буданро дорад. Дар ин робита қобили зикр аст. ки файласуфи ғарбӣ Р. Декарт тавоноии инсонро дар тафаккури ӯ дида, гуфта буд: “ Ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам” .

Файласуфи дигар А. Гайд бошад, чунин изҳори назар кардааст: “Ман эҳсос мекунам, пас ман вуҷуд дорам”. А. Камю бошад, тавонии инсонро дар рӯҳи исёнгаронаи ӯ дидааст: “Ман исён мекунам, пас ман вуҷуд дорам”. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ин нукта монанд дар бораи ишқ чунин сухане дорад:

Ҳар чӣ ғайри шӯришу девонагист,

Андар ин раҳ дуриву бегонагист.

Ишқ дар таълимоти Мавлоно ба мафҳуми ҷазба сахт алоқаманд аст ва ин ҷазба ё кашиш нишон медиҳад, ки ҷозибу маҷзуб, толибу матлуб, ошиқу маъшуқ як аст. Аз ин лиҳоз барои ӯ байни Лайливу Маҷнун фарқе вуҷуд надорад.

Ҳар кӣ ошиқ дидиаш, маъшуқ дон,

К-ӯ ба нисбат ҳаст ҳам ину ҳам он.

Ин ягонагӣ ба он далолат мекунад, ки дар масъалаи субъекту объекти маърифат Мавлоно Румӣ ду даричаро эътироф дорад. Дар сатҳи ҳиссиву ақлонӣ маърифати одам тавассути ҳиссу ақл субъекти маърифати инсон буда, объекти маърифат тамоми олам аст. Дар сатҳи фавқулақлонӣ (ирратсионалӣ) маърифат тавассути ишқ ҳосил мешавад, субъекту объекти маърифат айни ҳамдигаранд. Ин гуна ҳолат аз он рух медиҳад. ки ақли инсонӣ зиддиятҳои фитрӣ дорад (чуноне ки дар тезис ва антитезисҳои Кант омадааст) ва ҳар баҳсе, ки ҷавоби ягона надорад. Танҳо ба сурати роҳи ақл ба ишқ ва аз сар ба дил гузаштан, ҳалли худро меёбад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно Румӣ: “Ишқ буррад баҳсро, эй ҷону бас”, мегӯяд. Ба ибораи дигар, ишқ барои ин андешманди бузург роҳи ягонаи маърифати кулли асрори инсон аст ва ин ақида ҷавҳари инсоншиносӣ ва башардӯстии ҳазрати Мавлоноро ташкил медиҳад. (ниг. Хуршед Зиёев. Дурахше аз Вахш, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 26 июли соли 2007).

Қиссаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ хеле доманадор аст. Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ нақл мекунад, ки рӯзе Мавлоно аз мадрасаи Пунбафурӯшон баромада, бар астаре нишаста буд ва толибилмону донишмандон дар рикобаш ҳаракат мекарданд. Ба ногоҳ Шамси Табрезӣ пайдо гардид ва аз Мавлоно пурсид, ки Боязид бузургтар аст ё Муҳаммад (с)? Мавлоно гуфт: — Ин чӣ суол бошад? Муҳаммад (с) хатми паёмбарон аст, вайро ба Абуязид чӣ нисбат? Шамсиддин гуфт:

— Пас чаро Муҳаммад (с) мегӯяд, ки «Мо арафнока ҳаққа маърифатика» ва Боязид гуфт: — «Субҳонӣ, мо аъзама шаънӣ».

Мавлоно аз ҳайбати ин суол биафтоду аз ҳуш бирафт. Чун ба худ омад, дасти Мавлоно Шамсиддини Табрезӣ бигирифт ва пиёда ба мадрасаи худ овард ва дар ҳуҷра даровард ва то чиҳил рӯз бо ҳам сӯҳбат оростанд ва ҳеҷ касро ба наздашон роҳ надоданд. Ин ваҷди рӯҳонӣ ва маънавиро худи Мавлоно дар ашъори худ чунин баён кардааст:

Манам ногаҳон туро дида,

Гашта сар то ба по ҳама дида.

Ҷони ман ҳамчу мурғи девона,

Дар ғамат аз газоф паррида.

***

Бар чархи саҳаргоҳ як моҳ аён шуд,

Аз чарх фуруд омаду дар мо нигарон шуд.

Чун боз, ки бирбояд мурғе ба гаҳи сайд,

Бирбуд маро он маҳу бар чарх давон шуд.

Муридону шогирдон, акобиру умарои дарбор ва умуман мардуми шаҳри Қуния аз ин рафтори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сахт ранҷиданд ва ӯро маломат карданд. Пас аз чанд муддате Шамси Табрезӣ аз гуфтор ва рафтори мардуми шаҳр ва ёрони Мавлоно, ки ӯро соҳир ва ҷодугар меномиданд, ранҷидахотир гашт ва ба таври ногаҳонӣ ғайб зад. Мавлоно дар оташи ишқу ҳиҷрони Шамс месӯхту месохт ва ашъори шӯрангези ошиқона месуруд ва чанд ғазали худро бо номае бо дасти писараш Султонвалад ба диёри Шом, ба ҳузури Шамси Табрезӣ фиристод. Ниҳоят Шамси Табрезӣ хоҳиши Мавлонро пазируфт ва ба Қуния баргашт. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сахт шоду хуррам гардид ва хотираш чун аз насими сабо бишкуфт ва муридону шогирдон низ наздаш омаданд ва узрхоҳӣ намуданд. Пас аз чанд муддат боз онҳо рашк варзиданд ва дар ҳаққи Шамси Табезӣ суханҳои носазо гуфтанд. Бино ба ривояти Султонвалад дар «Валаднома» чун ёрон ба кини Шамсиддин камар бастанд ва бо ҷиддият ба озори вай бархостанд. Бо тавтиъа ва макри онҳо Шамси Табрезӣ аз миёна гум шуд. Мегӯянд, ки гӯё дар ин фитна фарзанди Ҷалолиддини Балхӣ — Алоуддин Муҳаммад бо душманон ҳамдаст шуда буд ва ӯро шарики хуни Шамс шуморидаанд. Мегӯянд, ки он ҳафт нафар вақте ки Шамси Табрезиро корд заданд, вай наърае зад ва бехуд шуд. Чун он ҷамоъат ба ҳуш омад, ғайр аз чанд қатра хун чизе надиданд ва аз он соат то ба имрӯз нишоне аз султони бузурги маънӣ пайдо нест, вале бояд гуфт, ки муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон дар ин бора ихтилофи назар доранд. Бо вуҷуди ин гуфтан мумкин аст, ки Шамси Табрезӣ ба тарзи фоҷеъавӣ нопайдо гардид ва муриди худ Мавлоно Ҷалолиддинро дар оташи ҳиҷрон гузошт. Агарчанде хабари кушта шудани Шамси Табрезиро ба ӯ расониданд, вале қалбаш бовар намекард ва дилаш ба сиҳт будани ин хабар гувоҳӣ намедод ва ошуфтавор ба бому саҳни мадраса мегашт ва бо сӯзи дил оҳ мекашид ва ин ду рубоиро бо дарду ҳасрат мехонд:

Кӣ гуфт, ки он зиндаи ҷовид бимурд,

Кӣ гуфт, ки офтоби уммед бимурд.

Он душмани хуршед баромад бар бом,

Ду чашм бибасту гуфт, хуршед бимурд.

Ҳамин тавр, Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ солиёни зиёд дар оташи фироқи пири маънавии худ — Шамси Табрезӣ сӯхт ва ашъори шӯрангезе суруд, ки муридонаш онҳоро гирд оварданд ва он дар таърихи адабиёти форсӣ таҳти унвони «Девони Шамси Табрезӣ» ё худ «Девони Кабир» машҳур аст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ғайр аз девони мазкур бузургтарин асари худ «Маснавии маънави»-ро сурудааст ва номашро дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷовидон гардонидааст. Беш аз ҳашсад сол мешавад, ки мардуми Шарқу Ғарб беш аз пеш ба ин шоҳасар рӯйи ниёз меоваранд ва алҳол серхонандатарин ва серхаридортарин китоб дар Амрико «Маснавии маънавӣ» ба шумор меравад.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *