Фанни Таърихи чин

Чин баъди вафоти Мао Сзэдун

  1. Марҳалаи тақдирсози Чин.
  2. Тараққиёти иқтисодии кишвар дар охири солҳои 70-80 ва 90.
  3. Баъди вафоти Мао Сзедун (09.09.1976) дар муборизаи сохти дохилии ҳизбӣ ва сиёсӣ мавқеи ҷонибдорони ӯ хеле заиф гашт. Пешвои нави Чин Ден Сяопин сиёсати иқтисодии бозорӣ ва дар ҳаёти ҷомеа, нигоҳ доштани мавқеи ҳукмрони Ҳизби Коммунистиро пеш гирифт. Марҳилаи тақдирсози Чин дар роҳи бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда моҳи декабри соли 1978 оғоз гардид. Бо қарори Пленуми КМ ҲХЧ роҳи ислоҳоти иқтисодӣ пеш гирифта шуд. Модели ба амал баровардани дигаргунсозиҳо дар Чин дар таърих бо номи “Сотсиализм бо хусусиятҳои Чин” машҳур гашт. Ҳарчанд мамлакат роҳи барқарор сохтани муносибатҳои нави ҷамъиятиро пеш гирифт, вале аз шиорҳои сотсиалистию коммунистӣ даст накашид.

Моҳияти ислоҳот аз ба амал баровардани чорабиниҳои зерин иборат буд:

  • Ба корхонаву муассисаҳо додани мустақилияти хоҷагидорӣ (ба истиснои корхонаҳои ҳарбӣ ва моҳияти махсусдошта);
  • Ба миён гузоштани муносибатҳои “давлат-корхона” ба сифати муносибатҳои баробарҳуқуқ дар байни воҳидҳои мустақили иқтисодӣ;
  • Ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Ислоҳот ба зудӣ натиҷаҳои назаррас дод. Ин тамоми дунёро ба ҳайрат гузошт. Ислоҳоти маҳсулот бо суръат афзоиш ёфта, даромади деҳқонон дар миёни солҳои 80-ум 2-3 маротиба афзуд. Суръати афзоиши иқтисодиёт дар солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум солона ба 12-18 % мерасид. Даромад ба сари ҳар аҳолӣ даҳ маротиба аз 50 то 500 доллар афзоиш ёфт. Аз ҳамин давра сар карда, то ба имрӯз иқтисодиёти Чин ба таври мӯътадил пеш меравад. Суръати инкишофи иқтисодии мамлакат ҳамасола 8-9,5-ро ташкил медод.

Дар баробари тараққиёти иқтисодии кишвар ҳаёти деҳот тағир ёфта, некуаҳволии мардум сол аз сол боло меравад. Соли 2005 даромади солонаи кишоварзони мамлакат 12,5 % зиёд гардид.

Табиист, ки дар роҳи тадбиқи ислоҳот монеаҳо ҷой доштанд. Барпо кардани муносибатҳои иқтисодӣ-бозорӣ боиси беқурбшавии асъори миллӣ ва шиддат гирифтани муносибати байни сарватмандон ва аҳолии камбизоат гардид.

Вазъияти баамаломада боиси норозигии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, бахусус донишҷӯён гашт. Ин ҳолат ба рух додани гирдиҳамоии донишҷӯён дар охирҳои соли 1986-аввали соли 1987 ва баҳори соли 1989 оварда расонид, ки бо задухӯрдҳо бо пулис ва қурбонии донишҷӯёни зиёд анҷом ёфтанд.

Ден Сяопин бо дастгирӣ, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ диққати муҳим медод. Бо ташаббуси ӯ моҳи июни соли 1989 Сзян Сземин ба вазифаи котиби генералии КМ ҲКЧ интихоб гашт. Аз баҳори соли 1990 мубориза ба муқобили порахӯрӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, суистеъмол аз вазифа ва ғайра пурзӯр карда шуд. Ба вазифаҳои роҳбарии мақомоти ҳизбӣ ва давлатӣ гузаштани фарзандони кормандони масъули ҳизбӣ ва ба тиҷорат машғул шудани онҳо манъ карда шуд. Барои маҳдуд кардани имтиёзҳои кормандони давлатӣ кӯшишҳои назаррас карда шуда, судҳо даҳҳо ҳазор парвандаҳои ҷиноятиро оид ба порагирӣ ва сӯистеъмол аз вазифа дида баромаданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *