Фанни Таърихи чин

Чин дар замони империяи Син.

Дар асрҳои VIII-XII пеш аз милод давлати Чжоу рӯ ба таназзул ниҳода, барҳам мехӯрад. Дар ҳудудҳои он мулкҳои алоҳида-вилоятҳои зиёди мустақил ташкил меёбад. Дар байни онҳо Син пурқуввату калонтарин буд. Дар зарфи қариб 100 сол ҳокимони Син барои дар тамоми Чин ҳукмрон шудани худ мубориза бурданд. Оқибат ба Чжен ном ҳокими Син муяссар мешавад, ки тамоми Чинро ба зери тасарруфи худ дарорад. Соли 221 пеш аз милод Чжен ба худ унвони “Син Ши Хуан Ди”-ро маънояш “Подшоҳи аввалини Син”-ро гирифта, ба тахти императории ин давлат менишинад. Син Ши Хуан Ди дар Син (Чин) муддати дуру дароз – аз соли 246 то соли 210 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. дар ин давра Чин ба давлати ягонаи марказиятнок табдил меёбад. Ба ҳайати империяи Син 36 вилоят дохил буд. Ҳокимияти мутлақ ба император тааллуқ дошт.

Давлати марказиятнок ба шоҳ имкон медод, ки сиёсати забткоронаи Чинро давом бидиҳад. Син Ши Хуан Ди дар натиҷаи ҷангҳои сершумор ҳудудҳои Чинро васеъ кард. Ӯ қабилаҳои озоди наздисарҳадиро мағлуб карда, заминҳои онҳо, аз он ҷумла, заминҳои музофотҳои ҳозираи Гуандун, Гуанси, Гансу ва Сичуанро ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Баъд борҳо барои забти давлатҳои ҳамсоя лашкар кашида ба Чин бо ғалаба ва ғанимати бузург бармегашт.. акнун ҳудудҳои Чин то Манҷурияю Муғулистон ва Кореяю Ҳинду-Чинро дар бар мегирифт.

Рушди империяи Син. Дар давраи ҳукмронии Син Ши Хуан Ди барои мустаҳкам кардани Чин корҳои зиёде иҷро карда шуданд. Барои аз ҳуҷумҳои қабилаҳои кучманчӣ муҳофизат кардани ҳудудҳои давлати Син сохтмони Девори Бузурги Чин оғоз ёфт. Он барои Син аҳамияти бузурги мудофиавӣ дошт. Дарозии девор қариб 5000 км-ро ташкил кард. Давлати калону марказиятнок имконият дод, ки барои рушди зироаткорӣ ва тиҷорат чораҳои самаранок андешида шавад. Шабакаи иншоотҳои обёрӣ хеле зиёд карда шуд. Дар музофоти Шэнси ҷӯи калоне канда шуд, ки он дарёҳои Тисин ва Лоро бо ҳам пайваст. Дар сохтмони он аз тамоми Чин даҳҳо ҳазор одамон ширкат намуданд.

Ин ҷӯй имконият дод, ки ҳазорон гектар замин обёрӣ карда шавад. Дар натиҷаи ин зироаткорию чорводорӣ тараққӣ кард.

Дар ин музофот шаҳру деҳаҳои ободу зебо бино шуданд. Роҳҳои нав ҳам сохта шуданд. Дар мамлакат низоми ягонаи ченакҳои вазн ва дарозӣ ҷорӣ гардид. Ин чора кори тиҷоратро ба низом даровард.

Ғайр аз ин ислоҳоти хат низ амалӣ гардид. Тамоми ин тадбирҳо имконият доданд, ки империяи Син пеш равад, вале вазъи мазкур дер давом карда натавонист.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *