Фанни Таърихи чин

Инқилоби Синхай дар Чин

  1. Инқилоби Синхай дар Чин.
  2. Барпо гардидани диктатураи Юан Ши Кай.

9-майи соли 1911 дарбори Теин дар бораи сохтмони роҳҳои оҳани нав фармон баровард. Баъди якчанд рӯз – 20 майи соли 1011 байни Ҳукумати Чин, Фаронса, Германия ва ИМА барои сохтани роҳи оҳани Хонқоу Гуанджоу ва Хонкоу-Сичуан ба маблағи зиёда аз 6 мил ф-ст вомбарг созишнома ба имзо расид, ки он сабабгори асосии тобистони ҳамон сол дар Чин вусъат ёфтани ҳаракати инқилобӣ мегардад. Соли 1911 ин инқилоб ба худ номи “Синхай”-ро гирифт. 6-сентябри соли 1911 дар Чэнду воқеъ дар музофоти Синчуан сипоҳиёни манҷурӣ ба сӯи мардуми ҷамшуда оташ кушоданд. Ин воқеа косаи сабри мардумро лабрез кард.

Бегоҳии 10-октябри соли 1911 дар зери роҳбарии узви созмони инқилобӣ сержант, Сюн Бинкун аскарони баталёни сапёрҳо дар Учан шӯриш бардоштанд. Ба онҳо полкҳои дигари гарнизони ин шаҳр низ ҳамроҳ шуданд. Шабона сипоҳиёни аскарони исёнбардоштаи шаҳри Учан Ситсуи императорро ишғол карданд. Амалдорони манҷурӣ аз шаҳр фирор карда, дар соҳили Янтези ниҳон шуданд. Рӯзи дигар аъзои созмонҳои инқилобӣ бо ҳамроҳии Кумитаи маслиҳатии музофот қарор карданд, ки ба Ҳукумати инқилобии ҳизбӣ-фармондеҳии артиши омехтаи Учан Ли Юанхун тайин карда шавад. Дар маҷлиси инқилобчиён ва аъзои асамблеяи маслиҳатии музофот, қарор қабул карда шуд, ки минбаъд мамлакат. Ҷумҳурии Чин панҷ миллат- чинҳо, манҷурҳо, муғулҳо, дунганҳо ва тибетҳо номида шаванд. Ҳукумати нав қарор кард, ки оиди ҳамаи ҷиноятҳои содиркардаи сулолаи Теин эъломия нашр кунад. Дар ин эъломия гуфта мешуд, ки ҳамаи музофотҳои Чин ва аскарони сипоҳи император ба тарафи инқилоб гузаранд. Дар нотаи аз номи ҳукумати инқилобӣ ба консулҳои давлатҳои хориҷии дар Ханкоу буда фиристодашуда зикр шуда, ки шароитҳои созишномаҳои бо давлатҳои хориҷӣ бастаи ҳукумати Тсин эътибор доранд. Иштирокчиёни инқилоб бо нияти аз зери зулми манҷурҳо озодшавӣ кокулҳои худро тарошиданд.

Баъди ғалабаи инқилоб бар Учан ва эълони истиқлолияти Чин дар давоми моҳҳои октябр-ноябри соли 1911 боз 14 музофоти империяи Тсин ҳокимияти манҷурҳоро барҳам заданд. То охири соли 1911 аз 14 музофот танҳо 3 музофот (Чжили, Хэнан ва Ганъсу) бо ном ҳукумати Тсинро эътироф мекарданду халос.

29 декабри соли 1911 вакилони аз музофотҳо омада, дар Нанкин Сун Ятсенро, ки якчанд рӯз пештар аз муҳоҷирати дуру дароз баргашта буд, президенти муваққатии Чин интихоб карданд. Дар ин давра нерӯҳои аксулинқилоб фаъол шуданд. Роҳбари онҳо Юан Ши Кай буд. Дарбори император 3 ноябри соли 1911 барои наҷоти мутлақият конститутсияро эълон ва ҳукумати манҷуриро пароканда карда, ба Юан Ши кай супориш медиҳад, ки ҳукумати навро ташкил кунад.

Юан Ши Кай дар вазифаи нахуствазир тамоми нерӯҳои ҳарбӣ ва ҷонибдорони худро муттаҳид намуда, аз ҷониби император бар зидди инқилоб ба ҳуҷум мегузарад. 27 ноябр неруҳои зиддиинқилобӣ дар зери роҳбарии Юан Ши Кай Ханянро мегирад. Қисме аз роҳбарони ҷумҳуриятхоҳон таклиф карданд, ки ба Юан Ши Кай сулҳ баста шавад, 17 декабри соли 1911 дар шаҳри Шанхай байни онҳо гуфтушунид сар шуд. Ба ин гуфтушунид мамлакатҳои империалистӣ-Англия, Фаронса, Германия, Ҷопон, Русия ва ИМА дахолат карданд. Онҳо аз тарафҳо ба ҳамдигар гузашт карданро тақозо карданд, то ки инқилоби Синхай шикаст дода шавад.

1 январи соли 1912 Сун Ят Сен ба иҷрои вазифаи президенти муваққатии Ҷумҳурии Чин шурӯъ кард. Ӯ дар эъломияи президентии худ гуфт, ки бо барҳам хӯрдани мутлақияти Тсин, ӯ ҳам аз вазифаи президентии муваққатии Чин даст мекашад.

Юан Ши Кай ба дарбори Тсин фишор меовард, то ки сулолаи Тсин аз ҳокимияти Чин даст кашад. Дар ин сурат ҳокимияти Чин ба дасти ӯ мегузашт. Император Тси Си 1912 ба “Манифест дар бораи дасткашӣ аз ҳокимият” имзо гузошт. Бо ҳамин мутлақияти Тсин аз байн рафт. Баъди ин 1 апрели соли 1912 Сун Ят Сен расман эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Вазифаи президентӣ ба дасти Юан Ши Кай гузашт. Ҳамин тавр инқилоби Синхай шикаст хӯрд. Юан Ши Кай дар Чин диктатураи худро барпо намуд. Сарфи назар аз камбудию нокомиҳои инқилоби Синхаӣ аҳамияти калони таърихӣ дошт. Якум ба ҳукмронии сулолаи манҷурҳо дар Чин хотима гузошт. Дуюм, Синхай оммаҳои васеи аҳолии Чинро ба мубориза барои ҷомеаи демократӣ бедор кард. Сеюм, ғояҳои истиқлолиятхоҳиро дар байни халқ паҳн намуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *