Фанни Таърихи чин

Ташкилшавии Ҷумҳурии халқии Чин

  1. Ташкилёбии Ҷумҳурии халқии Чин.
  2. Интихоби роҳи тараққиёт (1942-1966).
  3. Барномаи “Ҷаҳиши бузург”.
  4. Ташкилёбии Ҷумҳурии халқии Чин.

Баъди ба анҷом расидани ҷанг муборизаи байни Ҳизби Коммунистии Чин ва Ҳизби Гоминдан оғоз гардид. Тобистони соли 1946 қушӯнҳои гоменданӣ ба ноҳияҳои зери назорати ХКЧ ҳуҷум намуданд. Ба онҳо муяссар гашт, ки минтақаи зиёдро ишғол намоянд. Аммо лашкари халқӣ-озодихоҳии Чин (ЛХОЧ) бо вуҷуди талафот, тавонист қувваҳои асосии худро нигоҳ дорад. Аз августи соли 1948 вазъият тағир ёфта, ЛХОЧ ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, қушӯнҳои гоминданро шикаст дод. Дар сентябри соли 1949 «барномаи умумӣ» қабул гашт, ки то соли 1954 ҳамчун сарқонун (конститутсия)-и Чин хизмат менамуд. Дар он ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Чин эълон карда шуд. Мувофиқи он асоси давлатро усули демократияи халқӣ ва иттифоқи синфи коргару деҳқон ташкил медод. Дар барномаи умумӣ бекор намудани тамоми имтиёзҳои мамлакатҳои аврупоӣ дар Чин пешбинӣ карда шуда буд.

ЛОХЧ моҳи сентябри соли 1949 пойтахти Пекинро ишғол намуд.

1 октябри соли 1949 ба таври расмӣ барпо шудани Ҷумҳурии Халқии Чин эълон карда шуд. Чин мамлакати аграрӣ (яъне соҳаи асосии иқтисодиётро заминдорӣ, кишоварзӣ ташкил медод) ва дар сатҳи пасти истеҳсолот қарор дошт. Деҳот пурра ба доираи муносибатҳои молию пулӣ нагузашта буд. Қисми зиёди деҳқонон замин надоштанд.

  1. Интихоби роҳи тараққиёт (1949-1966).

Бо ташкилёбии ҶХЧ давраи барқароркунии иқтисодиёт ва мӯътадил гардонидани ҳаёти сиёсӣ оғоз шуд. Мисли дигар мамлакатҳои рӯ ба тараққиёти сотсиалистӣ гузашта Чин низ таҷрибаи саноатикунонӣ ва коллективонии Иттиҳоди Шӯравиро тақлидкорона пеш гирифт. Тамоми мамлакатро рӯҳияи инқилобӣ, ғояҳои сотсиализм, дӯстӣ бо халқҳои шӯравӣ фаро гирифта буд. Иттиҳоди Шӯравиро онҳо омили муҳими ғалаба, озодшавӣ аз асорати Ҷопониҳо ва ҳукмронии Чан Кай Ши медонистанд.

Мао Сзедун шахсан шиори «Такя ба Иттиҳоди Шӯравӣ»-ро пешниҳод намуд. Дар чунин вазъият Чин модели ленинӣ-сталинии сохтмони сотсиализмро қабул намуд.

Иттиҳоди Шӯравӣ низ бо Чин ҳамчун мамлакати бузург дар роҳи мустаҳкам намудани низоми ҷаҳонии сотсиалистӣ умеди калон дошт. Бо ҳамин хотир, дар солҳои аввал ба Чин кӯмаки зиёди молиявию иқтисодӣ мерасонид.

Вале ҳанӯз ҳангоми ҳукмронии Сталин муносибати байни Чину Иттиҳоди Шӯравӣ нишонаҳои нобоварӣ ва мухолифат ба амал омада буд.

Баъди Съезди XX ҲКИШ, ки дар он парастиши шахсияти Сталин маҳкум шуда буд, муносибатҳо бо Чин бадтар гардид. Зеро парастиши шахсияти Мао дар Чин ниҳоят авҷ гирифта буд. Аз ин лиҳоз, зарба ба шахсияти Сталин парастиши шахсияти Мао-ро низ зери хавф мемонд.

Тадриҷан ихтилофи байни Н.С.Хрушев ва Мао Сзедун соҳаҳои нав ба навро фаро гирифта, ҷудоӣ ва бархурдиро ба миён овард.

Коллективонии деҳоти Чин дар чанд давра гузаронида шуд. Дар давраи аввал заминдории калон, заминҳои партофташудаи аврупоиён, америкоиҳо, японҳо ва ҳамчунин моликияти «иртиҷоъпарастон» мусодира карда шуд. Дар рафти ин маърака 3 миллион одамон ба қатл расида, 17 миллион нафар бо ҷазоҳои гуногун ҳукм карда шуданд. Қитъаҳои заминҳои мусодирашуда ба деҳқонони камбағал тақсим карда шуданд.

Аммо ин тадбир боиси болоравии кишоварзӣ нагашт. Аз соли 1951 сар карда, барпо шудани «бригадаҳои ёрии байниҳамдигарӣ» оғоз ёфт. Дар ин давра асбобу олоти истеҳсолӣ-ҷамъиятӣ гардонида мешуд, вале замин моликияти шахсӣ боқӣ монда буд.

  1. Барномаи «Ҷаҳиши бузург».

Соли 1958 дар Чин барномае таҳия ва қабул гашт, ки баъд номи «Ҷаҳиши бузург»-ро гирифт. Мувофиқи он мебоист дар чор сол (1958-1962) истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,5 бор ва кишоварзӣ 2,5 маротиба зиёд мегашт. Онҳо тасмим гирифта буданд, ки сохтмони сотсиализмро назар ба Иттиҳоди Шӯравӣ тезтар, хубтар ва беҳтар анҷом диҳанд. Барои амалӣ сохтани ин барнома заминаи зарурии илмӣ-техникӣ ва моддӣ вуҷуд надошт. Сарварони Чин маҳз ба ҷидду ҷаҳд ва рӯҳбаландии омма такя карданӣ буданд.

Дар рафти ин сиёсат кооперативҳои деҳотӣ ба «коммунаҳои халқӣ» табдил дода шуданд. Дар «коммунаҳои халқӣ» ҳама чиз-олотҳои меҳнат, асбобҳои рӯзгор, ҳайвоноти хонагӣ, хонаҳои истиқоматӣ, дарахтони мевадор умумӣ гардонида шуд. Заминаҳои назди ҳавлигии деҳқонон низ кашида гирифта шуданд. Ин тадбир ба тезӣ оқибатҳои нохуш оварда, боиси норозигии оммаи аҳолӣ гашт. Иттиҳоди Шуравӣ низ ба ин таҷриба назари танқидӣ дошт ва боиси боз ҳам бад шудани муносибатҳои тарафайн гашт.

Соли 1966 дар Чин маъракаи «Инқилоби маданӣ» оғоз ёфт, ки боиси бесару сомонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат гардид.

«Инқилоби маданӣ» муносибатҳои байни Хитой ва Иттиҳоди Шуравиро боз ҳам тезу тунд намуд. Яке аз шиорҳои он бо ҲКИШ «То охир» мубориза бурдан буд. Таъқиб ва шиканҷаи онҳое, ки дар гузашта бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкорӣ доштанд ва ё ҷонибдори истифодаи таҷрибаи шӯравӣ буданд, хусусияти оммавӣ гирифт.

Дар доираи расмӣ шиори «хатар аз Шимол» пайдо гашт, ки гӯё «мушакҳои русҳо метавонанд аз Москав ба Пекин» парвоз намоянд. Ин ақида ба хусус баъди воқеаҳои Чехословакия (1968) авҷ гирифт. Баҳори соли 1969 дар марзи сарҳадии дарёи Усурӣ, ҳамшафати ҷазираи Даманск задухӯрди мусаллаҳонаи ҳарду мамлакат ба вуҷуъ омад. Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри таҳдид қуваҳои зиёди ҳарбияшро ба сарҳади Чин сафарбар намуд.

Сентябри соли 1969 дар Пекин вохӯрии раиси Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ- А.Н.Косигин бо сарвазири давлати Чин-Чжоу Энлай баргузор гардид. Дар мулоқот дар бораи барқарор намудани гуфтушӯнид оид ба масъалаи сарҳад мувофиқа ҳосил шуд. Октябри ҳамон сол гуфтушунидҳо оғоз ёфт, ки он ба беҳтаршавии муносибатҳои ҳарду давлат мусоидат намуд. Дар бораи мухолифати Чину Иттиҳоди Шӯравӣ (аз сӯҳбати Мао Сзедун ҳангоми қабули ҳайати Ҳизби сотсиалистии Ҷопун) «Муносибатҳои мо бо Иттифоқи Шӯравӣ аз соли 1956, баъд аз съезди XX ҲКИШ бад шуда истодаанд..

Агар тарафи муқобил иғво ангезад, мо бояд чораҳои ҷавобӣ андешем. Тарафи муқобил дар бораи ақалан ба муддати се моҳ, қатъ намудани баҳсҳои ошкороро таклиф ба миён гузошт. Мо изҳор доштем, ки онро ҳатто ба муддати се рӯз ҳам қатъ намекунем. Мо дар давоми 25 сол ҷанг намудем, аз он ҷумла 22 соли он бо ҷангҳои шаҳрвандӣ ва зидди японӣ гузашт. Се сол бо Корея ҷанг намудем. Кадом як вақте ман муаллим будам ва чи будани ҷангро намедонистам…

Дар ҷанг асрори махсус нест. Агар ҷанг кунӣ дар он сурат талафот ҳам мешавад. Дар натиҷаи ҷанги 25-сола даҳҳо миллион кушта ва захмдор гаштанд.

Дар ҷанге, ки бо ёрии мақолаҳои рӯзномаҳо пеш бурда мешавад, куштан вуҷуд надорад. Баъди якчанд соли чунин ҷанг ягон кас кушта намешавад ва мо тайёрем чунин ҷангро 25 сол давом диҳем».

Чин – ташкилёбии ҷабҳаи муштарак соли 1919

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *