Фанни Таърихи чин

Вазъи ҷуғрофии Чин

ЧИН

  1. Вазъи ҷуғрофии Чин.
  2. Вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии Чин.

Чин дар қисми Марказӣ ва Шарқии Осиё ҷойгир гардидааст. Дар шарқ ва ҷанубу шарқии соҳилҳои мамлакатро баҳрҳои Бохай, Зард, Чини Шарқӣ ва Ҷанубии Чин (дарозии он 18-ҳазор км) иҳота намудааст. Сарҳади хушкии Чин аз ҳама дарозтарин дар ҷаҳон маҳсуб дониста шуда (22,8 ҳазор км)-ро ташкил медиҳад. Дар ғарби мамлакат қаторкуҳҳои Тибет ҷой гирифтааст, ки онро “Боми ҷаҳон” ном бурда мешавад.

Ҷануби сарҳади Чин аз,,, қаторкӯҳҳои Ҳимолой иборат буда, дар ин ҷо аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон қуллаҳо ба монанди Эверест арзи вуҷуд намудааст.

Аз ҷиҳати масоҳат Чин дар ҷаҳон баъди Руссия ва Канада ҷои сеюмро гирифта, масоҳати он 9,6 миллион км2 –ро дар бар мегирад. Пойтахти Чин шаҳри Пекин мебошад.

Давлати Чин гуногуниқлим ва тропикию субтропикӣ буда, иқлими хушку намӣ дорад. Боду ҳавояш дар ғарб гуногун, дар шарқ муътадилтар буда, ҳарорати он дар моҳи январ аз +180С, дар ҷануб то +240С, дар ноҳияҳои шимолӣ-дар қаторкӯҳҳои Тибет ҳарорати миёна +280С ва +200С, боришоти солона аз 50 то 100 мм дар ноҳияҳои шимолу ғарбии мамлакат аз 2000, дар ҷанубу шарқӣ то ба 2500 мм мерасад.

Тақрибан 9000 сол пеш дар давраи Полеолит қабилаҳои гуногун ба ҳудуди маркази ҳозираи Чин куч баста будаанд. Дар асри XVI то милод дар Чини қадим аллакай давлати ғуломдории “Ин” ба вуҷуд омад. Дар асри X давлати “Ин”-ро қабилаҳои Чжоу тасарруф намуданд.

Дар асри VII Империяи Чжоу ба якчанд шоҳигариҳои мустақил тақсим шуд, ки дар охири асри III ба империяи марказии сулолаи Цин мутаҳҳид шуданд. Аз соли 206 то милод ва то соли 220 милодӣ ба империяи Чин сулолаи Хан ҳукмронӣ намуд. Дар асри III империя барҳам хӯрда, ба давлатҳои алоҳида тақсим гардид ва дар охири асри VI сулолаи Суй ин давлатҳоро мутаҳҳид намуда, давлат дар Шимол ба девори Бузурги Чин асос гузошт, ки дарозии он беш аз 5000км мебошад.

Чин дар як муддати кӯтоҳ ба империяи муқтадире табдил дода шуд ва Рими Қадим риштаҳои савдоро бо он барқарор намуд.

Ба лашкаркашиҳои асримиёнагӣ нигоҳ накарда, Чин дар ин давра асри тиллоии худро аз сар гузаронид. Дар соҳаи санъат, техника, аз худ кардани замин муваффақиятҳои беш ба даст овард. Дар асри XIII ба хоки Чин муғулҳо зада даромаданд. Дар ин ҷо сулолаи Юань – сулолаи Минҳоро иваз намуд-пас аз он ҳокимият ба дасти сулолаи Манҷурҳо –Цин расид. Дар охири асри XVIII ҳокимиятдорони ғарб – Англия ба Чин сар дароварда хостанд онро ба бозори савдои молҳои худ табдил диҳанд. Ин боиси сар задани норозигии мардуми маҳаллӣ гардида, ба шӯришу издиҳомҳои халқӣ асос гузошт. Соли 1841 аз рӯи шартномаи Нанкин дар байни Чин ва Британияи Кабир, Англия ба ҷазираи Гонконг соҳиб гардида, он ба бандари савдои ӯ табдил дода шуд.

Дар аввали асри XXҳукмронии императорони Чин афтид, пас аз он солҳои бесару сомонӣ муборизаи коммунистон ва миллатчиён ва баровардани артиши Ҷопун авҷ гирифт. Соли 1948 коммунистон бо сарварии Мао Зэ Дун ҳудуди Чинро ба назорат гирифтанд. Баъди вафоти ӯ соли 1976 дар мамлакат гузаронидани реформаи иқтисодӣ ба тавсиб расид. Савдо алоҳида бо дигар давлатҳои хориҷӣ авҷ гирифт.

Ҳоло ҳолати сиёсии давлати Чин коммунистӣ мебошад. Сардори давлати Ҷумҳурии Халқии Чин-Раис, аз 22 вилоят (23-юм Тайван алоҳида комилҳуқуқ) мебошад. 5 ноҳияҳои автономӣ ва 3 шаҳр дар итоати марказ буда, онҳо Пекин, Шанхай ва Тяньцзинь буда, ноҳияҳои махсуси маъмурӣ-Гонконг ва Макао (Аомынь) собиқ мустамликаҳои Британияи Кабир ва Португалия ба Чин соли 1997 -1999 баргардонида шуданд.

Шумораи аҳолӣ 1,287 миллион буда, 93% хитоиҳо (хон), ки дар қисми шарқии мамлакат сокин мебошанд, боқимонда – Чужанҳо, ӯйғурҳо, муғулҳо, тибетиён, хуэй, мяо ва ғ-ҳо мебошанд.

Дар Чин беш аз 50 халқиятҳо арзи вуҷуд доранд.

Забони расмии Хитой забони англисӣ низ истифода бурда мешавад. Дар қисми Шимолии Чин мардум атеист мебошанд. Баъзе одамон дини конфутсионӣ, даосизм, буддизм, ламаизм, протестантизм ва ғайраро мепарастанд. Мансубияти динӣ ва диндорӣ бо қарори махсус дар ҳимояи қонуни давлат мебошад.

Дар солҳои 50-60-и асри XX дар зери назорати давлат саноати вазнин тараққӣ кард. Дар хоҷагии деҳқонон Коммунаҳо ташкил карда шуд. Яъне деҳқонон якҷоя кор мекарданд. С 1980 дар мамлакат бозори озод ташкил карда, моликияти хусусӣ ва инвеститсияи хориҷӣ иҷозат дода шуд. Дар соҳаи саноаткунонӣ соҳаи асосӣ мошинсозӣ, бофандагӣ, электротехника ва маҳсулоти баҳрӣ мебошад.

Дар соҳаи аграрӣ 70% замин ба истеҳсолоти пахта ва истеҳсоли масолеҳи хурокворӣ хоҷагии қишлоқ сарф карда мешавад (гандум, шолӣ, картошка ва ғайра кишт карда мешавад).ба 18 % зироатҳои техникӣ(пахта, зироати истеҳсоли қанд, тамоку, зағир, чой, канаб) кишт карда мешавад.

Ноҳияҳои махсус бо парвариши сабзавот ва меваю ангурпарварӣ вобаста шудаанд ва чорводорӣ, чорвои калони шохдор, хукпарварӣ, бузу гусфандпарварӣ равнақ меёбад. Чин аз ҳама давлати калонтарини абрешимчигӣ буда, дар ин ҷо аз алафҳои худрӯй истеҳсоли дору ба роҳ монда шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *