Фанни Таърихи чин

Ислоҳоти Ван Ман дар Чин ва шӯришҳои халқӣ.

  1. Ислоҳоти Ван Ман дар Чин.
  2. Шӯришҳои халқӣ дар Чин.

Дар ин давра аҳволи халқи меҳнаткаш сол то сол вазнинтар мешуд. Ин ҳолат иқтидори империяи Хонро суст мекард. Дун Чжун-Ши ном шахси донишманд таклиф пешниҳод намуд, ки ба амалдорон камтар замин дода шавад. Қатли ғуломон манъ гардад. Соҳиби намаку оҳан будани давлат бекор ва ӯҳдадориҳои ҳарбию меҳнатӣ кам карда шаванд.

Лоиҳаи ислоҳоти Ван Ман ном шахси дигар аз ин ҳам ҷолибтар буд. Ӯ соли 8-и милодӣ шӯриш бардошта, ба ҳокимияти империяи Хон соҳиб мешаванд. Ван Ман дар мамлакат ислоҳот гузаронд.

Дар асоси он заминҳои ашрофу амалдорон ва ғуломдорон мусодира карда шуданд. Ба деҳқонони безамин ва камзамин замин дода шуд. Фурӯхтани замин манъ ва ғуломон “нимозод” эълон карда шуданд. Ним озод эълон шудани ғуломон қадаме монда буд ба пеш, барои тамоман озод шудани онҳо. Намак, оҳан, шароб ва баъзе молҳои дигар давлатӣ эълон карда шуданд. Давлат ба онҳо нархи доимӣ муқаррар кард. Ислоҳоти Ван Мин мақоми давлатиро дар ҳаёти хоҷагии мамлакат баланд бардошт. Вале дере нагузашта он беэътибор дониста шуд. Ислоҳоти замин бекор ва хариду фурӯши ғуломон аз нав иҷозат дода шуд.

Ислоҳоти Ван Ман натиҷаи дилхоҳ надод. Аҳволи халқ аз пештара ҳам вазнинтар шуд.

Ҷангҳои ғоратгарона боиси зиёд шудани шумораи ғуломон мегардид. Чунин ҷангҳо маблағи зиёдро тақозо менамуд. Барои ҳамин шоҳҳои сулолаи Хон ба гардани халқ андозҳои нав ба навро бор мекарданд. Онҳое, ки се писар доштанд, ба онҳо андози сари касӣ бор карда шуд. Аз ин рӯ баъзе оилаҳо бачаҳои нав таваллудшудаи худро мекуштанд, то аз додани андози сарикасӣ халос шаванд. Онҳое, ки андозро пардохта наметавонистанд, ба ғулом табдил меёфтанд. Дар мамлакат тез-тез гуруснагӣ ба амал меомад. Баъзе одамон дар чунин маврид фарзандони худро фурӯхта, рӯз мегузарониданд. Ҳолати вазнини ғуломону деҳқонон ба зиддиятҳои тезутунд оварда расонида, онҳоро ба муборизаи зидди истисморгарон водор намуд. Ҳазорон нафари онҳо аз дасти соҳибонашон мегурехтанд, ба амалдорон ва ғуломдорон ҳамла карда, онҳоро мекуштанд, хонаҳояшонро месӯзониданд.

Яке аз чунин шӯришҳои калонтарин бо номи “Шӯриши Абрусурхон” ба амал омад. Роҳбари он Ван Чун буд. Шӯриш дар музофотҳои Шандун соли 18 оғоз ёфт. Ба шӯришчиён амалдороне, ки аз ислоҳоти Ван Ман норозӣ буданд, ҳамроҳ шуданд.

Ба қушӯни 10 ҳазор нафара такя карда, Ван Чун соли 23 лашкари Ван Манро торумор кард. Вале ашрофон ба тарафи Ван Ман гузашта, бо ҳамроҳии ӯ лашкари пурзӯре ташкил карда, соли 21 “Абрусурхон”-ро шикаст доданд ва дар мамлакат тартиботи ғуломдорӣ ва андозҳои вазнини деҳқонону ҳунармандонро аз нав барқарор карданд.

Шӯриши калонтарин дар Чин соли 184 бо номи “Шӯриши саллазардон” бо сардории шахси донишманди он замон Чжан Сзяо ва бародари ӯ ба амал омад.

Роҳбарони шӯриш дар байни халқ ақидаҳои баробарихоҳиро тарғиб мекарданд. Таълимоти бародарон Чжанҳо “Роҳ ба сӯи ваҳдати умум” номида мешуд. Онҳоро ҳалқ қаҳрамон эълон кард. Дар атрофи Чжанҳо ҳазорон нафар тарафдорон муттаҳид шуда буданд. “Саллазардон” лашкари 200-300 ҳазорнафара ташкил карданд. Лашкари онҳо аз қисмҳои алоҳида иборат буда, ба онҳо фармондеҳон роҳбарӣ мекарданд. Ба шӯриш низ ғуломон ҳамроҳ шуда буданд. Хоине нақшаи шӯришро ба душманон ошкор кард. Баъди ин бародарон Чжанҳо ба хулоса меоянд, ки шӯриш оғоз карда шавад. Чжан Сзяо ба гӯшаву канори мамлакат садҳо қосидонро равон мекунад, то ки мардумро ба шӯриш бархезонанд. Шӯриш бо тезӣ сар шуд. Шӯришгарон ашрофу бойҳоро қатл намуда, маҳбусу ғуломонро озод мекарданд.

Шоҳ ва ғуломдорон фарзандони ашрофро ба лашкари подшоҳ сафарбар карда, худашон ба он роҳбарӣ менамуданд. Шоҳ имконият дошт, ки лашкари хуби мусаллаҳбударо ташкил карда, ба он лашкаркашони беҳтарини худро сарвар таъин намояд.

“Саллазардон” сарфи назар аз надоштани таҷрибаи ҷангӣ ва ба таври кофӣ мусаллаҳ набуданашон қаҳрамонона меҷангиданд. Ҳатто душманонашон ҳам онро эътироф мекарданд. Шӯришгарон дастаҳои худро маттаҳид карда наметавонистанд. Ҳар кадоми онҳо алоҳида-алоҳида амал мекарданд.

Боре ғайричашмдошти шӯришгарон, лашкари подшоҳ ба урдугоҳи “саллазардон” ҳуҷум карда, онҳоро таҳти фишор ба тарафи дарё бурд. Дар он ҷо 50 ҳазор шӯришгарон ҳалок гардиданд.

Дар яке аз муҳорибаҳои дигар шӯришгарон қариб 100 ҳазор нафарро талаф доданд. Ҳамин тариқ дастаҳои шӯришгарон оҳиста-оҳиста торумор карда шуданд.

Шӯриши саллазардон баъди шикаст ҳам ба баъзе ҷойҳои мамлакат боз қариб 20-соли дигар давом кард. Шӯришҳои халқӣ натиҷаи хуб доданд. Сохти мавҷудаи давлати чинро суст гардониданд. Баъди якчанд сол Хон дар суиқасд кушта шуда, империяи Хон ба давлатҳои хурд тақсим шуд. Бо ҳамин дар Чин сохти ғуломдорӣ ба охир расид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *