Фанни Таърихи чин

Чинро муттаҳид кардани подшоҳи Цан

  1. Подшоҳии Чжоу.
  2. Ташкил ёфтани подшоҳии Цин

Давлати қадимтарини Чин Шан-Ин мебошад.

Ташкилшавии он ба асрҳои 18-12 пеш аз милод рост омадааст. Тахминан 1400 сол пеш аз милод гуфта мешавад дар сарчашмаҳои қадими Чин; пешво-Пан Ген қабилаи худро ба Анян меорад ва дар соҳили дарёи Хуанхэ бо номи Шан шаҳри калоне бунёд мекунад. Ин ном ба сулола ва давлати ташкилкардаи ӯ ҳам гузошта мешавад. Қабилаҳои Чжоус, ки дар ҳавзаи дарёи Вэй сокин буданд, дар асри XII пеш аз милод шоҳии Шанро забт ва пойтахти он шаҳри Шанро ба хок яксон мекунанд. Баъд онҳо ба ин давлат номи «Ин»-ро медиҳанд.

Ташкилёбии давлати Чжоу- ин давлат дар асрҳои XII-XI пеш аз милод ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Онро қабилаҳои маскуни шимоли Чин ва музофоти ҳозираи Шенсӣ дар ҳавзаи дарёи Вэй ташкил карда буданд. Бо мурури замон қабилаҳои дигари минтақаро ба худ тобеъ намуда, ҳудудҳои давлатии худро то ба “Ин” васеъ карданд. Дар байни ин ду давлат робита ҳам вуҷуд дошт. Шоҳи “Ин” ба қабилаҳои Чжоу муҳофизат кардани сарҳадҳои шимолу ғарбии давлати худро супорида буд.

Аз ҷиҳати забон ва маданият халқҳои ин ду давлат бо ҳам хеле наздик буданд. Оилаҳои ашрофони “Ин” духтарони худро ба пешвоёни қабилаҳои Чжоу ба занӣ медоданд. Қабилаҳои Чжоу тарзи давлатдорӣ, хат, солшуморӣ, меъморӣ ва ғайраро аз қабилаҳои “Ин” меомӯхтанд. Қабилаҳои Чжоу натанҳо пешрафтҳои давлати Инро эътироф мекарданд, балки худро ворисони он ҳам мешумориданд. Мувофиқи маълумоти адабиёти қадими Чин шоҳи давлати Чжоу мақсади забти Инро мекунад, лекин иҷрои ин мақсад ба ӯ муяссар намешавад. Баъд ин корро ба писари худ васият мекунад. Шоҳи нави Чжоу “У Ван” бар зидди Ин лашкар мекашад. “У Ван” ба дарёи Хуанхэ рафта, ба муқобилияти сахти лашкари Ин дучор шуда, ақиб мегардад ва ба ҳуҷуми нав хубтар тайёри мебинад. Ҳуҷуми дуюми “У Ван” бо ғалаба анҷом ёфт. Дар соли сездаҳуми шоҳигариихуд вай бар шоҳи “Ин” пурра ғалаба ба даст медарорад. Ҳамин тариқ “Ин” барҳам хӯрда давлати Чжоу таъсис меёбад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *