Фанни Таърихи чин

Вазъи дохилии Чин дар охири солҳои 90-уми асри XIX

Дар солҳои 90-уми асри XIX халқи Чин бар зидди император ба мубориза оғоз кард. Сиёсати таслимкоронаи хориҷииТон-Си ба мардуми мамлакат маъқул набуд.

Арбобони илму фарҳанг дар мамлакат гузаронидани ислоҳотро тақозо мекарданд. Моҳи апрели соли 1898 дар Пекин бо номи “Басъо Хуэй” (иттифоқи дифои мамлакат) иттиҳоди ҷонибдорони ислоҳот таъсис меёбад. Император ҳам маҷбур мешавад, ки дар ин масъала ба садои мардум гӯш диҳад. 11 июни соли 1898 амри нахустини император Теи Си дар бораи ислоҳот эълон мешавад. Бо ҳамин давраи “100 рӯзи ислоҳот” аз 11 июн то 21 сентябри соли 1898 фаро мерасад. Барои оғозёфтани ин ислоҳот мақоми Кан Ю-Вей ном ватандӯст калон буд. Ӯ моҳи декабри соли 1897 ба номи император маърӯзаи панҷуми худро фиристода, иброз медорад, ки ҳарчанд Чин зоҳиран мамлакати соҳибистиқлол менамояд, вале дар амал тамоми тиҷорат, роҳҳои оҳан ва банкҳо дар дасти душманони он аст. Кан Ю-Вей императорро огоҳ кард, ки агар ислоҳот амалӣ нашавад, тақдири Аннам ва Бирма Чинро ҳам интизор аст. Император фармуд, ки маърўзаи Кан Ю-Вейро амалдорони баландмартабаи мамлакат омӯзанд. Ҷонибдорони Кан Ю-Вей тан Си-Тун, Лян Тен Чао, Кан Гуан-Жен ва дигарон аз император мансабҳои масъулро гирифтанд. Худи Кан Ю-Вей мансаб нагирифта бошад ҳам, илҳомбахши ҳамаи чорабиниҳои “100 рӯзи ислоҳот” буд. Ислоҳоти мазкур дар мамлакат барҳам задани тартиботи кӯҳна ва ҷорӣ намудани тартиботи навро дар назар дошт. Ин ислоҳот моҳияти ватандӯстона дошта, татбиқи он бояд Чинро бо роҳи сармоядорӣ мебурд. Муқобилони ислоҳот дар атрофи малика Теи-Си муттаҳид шуда буданд. Ислоҳотхоҳон бошанд, ба ёрии генерал Юан Ши-Кай умед мебастанд. Вале Юан Ши-Кай ислоҳотхоҳонро дастгирӣ накард, чунки қувваҳои онҳо кам буданд.

21 сентябри соли 1898 дар Чин табаддулоти иртиҷоӣ ба амал омад. Он рӯз мувофиқи фармони малика Тси Си шавҳари ӯ император Гуансюй ҳабс карда шуд. Роҳбарони ислоҳот Кан Ю-Вей ва Лян Тси – Гао фирор карданд.

Як қисми онҳо зиндонӣ ва як қисмашон қатл карда шуданд. Иттиҳоди ислоҳотхоҳон – “Иттифоқи дифои мамлакат” барҳам хӯрд.

Дар охири солҳои 90-ум дар Чин “Ихэтуан”-ҳо, яъне “Мушти барои сулҳ ва адоват бардошташуда” сар мебардоранд. Соли 1899 ҳаракати “Ихэтуан”-ҳо ба шӯриш табдил ёфта ба лашкари император тез-тез зарба мезаданд. Моҳи июни соли 1900 ихэгуанҳо ба Пекин лашкар кашида дар муҳорибаи наздикии Лэйшуяни ҷанубу ғарбтари Пекин сипоҳиёни императорро торумор намуда 13-14 июн ба Пекин даромада, онро ишғол карданд. Мамлакатҳои империалистӣ шӯриши “ихэтуанҳо”-ро барои таҷовуз ба Чин ҳамчун баҳона истифода бурданӣ шуданд. 17 июн лашкари онҳо истеҳкоми Дагуро забт кард. Дар ин ҳолат “Ихэтуан”-ҳо аз император талаб карданд, ки бар зидди мамлакатҳои хориҷӣ ҷанг эълон кунад.21 июни соли 1900 Тси Си маҷбур мешавад, ки ба фармони эълони ҷанги зидди давлатҳои хориҷӣ имзо гузорад. Шаҳри Пекин дар дасти “Ихэтуан”-ҳо буд. Онҳо кӯчаеро, ки дар он дипломатҳои хориҷӣ зиндагӣ мекарданд, муҳосира карда, сафири германиявӣ Кеттелер ва мушовири сафоратхонаи Ҷупон Сучиямаро қатл карданд. Баъди ин давлатҳои империалистӣ иброз доштанд, ки дипломатҳои дар Пекин муҳосирабударо озод карданианд. Дар таҷовузи зидди Чин Германия, Ҷупон, Италия, Англия, ИМА, Фаронса, Русия ва Австро-Венгрия иштирок карданд. Таҷовузи муштараки давлатҳои империалистӣ ба Чин дар миёнаҳои соли 1900 оғоз ёфт. 14 июл онҳо қисмати чиноии Тянсзин ва 14-15 август Пекинро ҳам ишғол карданд. Ҳукумати Чин ба Сиан фирор кард. Шӯриши “Ихэтуан”-ҳо шикаст хӯрд ва 7 сентябри соли 1901 дар байни мамлакатҳои хориҷӣ ва Чин “Протоколи хотимавӣ” ба имзо расонида шуд. Мувофиқи он дар мамлакат фаъолияти созмонҳои зидди хориҷӣ манъ карда мешавад. Аз рӯи протоколи мазкур Чин то соли 1940 бояд 450 млн. Лян товони ҷанг медод. “Протоколи хотимавӣ” дар зери асорати давлатҳои империалистӣ гирифтор шудани Чин марҳилаи нав гардид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *