Фанни Таърихи чин

Маданияти Чини Қадим дар ҳазорсолаи I пеш аз милод

  1. Хат ва илм дар Чини Қадим.
  2. Илми таърих дар Чини Қадим.

Дар Чин дар ҳазорсолаи I пеш аз милод, давлати марказиятнок ташкил ёфт. Барои ҳамин дар ин мамлакат ба хат эҳтиёҷ пайдо мешавад. Барои идора кардани давлат чӣ дар марказ ва чӣ дар маҳалҳо одамони соҳибмаълумот лозим буданд. Чиниҳо хати худ-иероглифҳоро ба вуҷуд оварданд. Шумораи умумии иероглифҳои чинӣ чандин ҳазор буд. Бинобар ин ҳар кас онҳоро аз худ карда наметавонист. Иероглифҳоро дар мактабҳо меомӯзониданд. Ин кор вақти зиёдеро тақозо менамуд.

Чиниҳо аввал дар тахтачаҳои тунуки бамбукӣ менавиштанд. Дар охирҳои ҳазораи I пеш аз милод қоғаз ихтироъ шуд, дар қоғаз навиштанро омӯхтанд.

Дар Чини қадим аввалин соҳаҳои гуногуни илм пайдо мешавад. Аз ҷиҳати равнақи илм Чини Қадим хеле пеш рафта буд.

Зарурияти ҳисоби вақт ва сол илми қадимтарин-ситорашиносиро ба вуҷуд овард. Ситорашиносӣ дар Чин ҳанӯз дар замони Шан Ин оғоз ёфта буд. Ситорашиносони чинӣ ҳаракати офтобу моҳтоб ва замину ситораҳоро ҳисоб карда, гирифтани офтобу моҳтобро пешгӯи мекарданд. Онҳо харитаи галаситораҳои дар назди ситораи Қутб вокеъбударо тартиб доданд. Тақвими моҳтоб хеле аниқ барои 60-сол тартиб дода шуда буд. Ташкилёбии давлати марказиятнок, ҷангҳои истилогарона, донистани сарҳаду маҳаллаҳои мамлакат ва мамлакатҳои дигари хориҷӣ барои ба вуҷуд омадани илми ҷуғрофия замина гузошт. Ҳанӯз дар замони ҳукмронии ҳукумати Чжоу амалдорон дар бораи ҳолати музофотҳои мамлакат ба ҳукумати марказӣ ҳисобот тайёр мекарданд.

Дар яке аз ҳамин гуна ҳисобот шарҳи 9 музофоти он давраи Чин дода шудааст. Натиҷаи тараққии илми ҷуғрофия буд, ки дар Чин қутбнамо (компас) ихтироъ карда шуд. Машғулшавӣ ба чорводорӣ, зироатпарварӣ, боғу токдорӣ ва кандани ҷӯйҳо ба пайдо шудани илми заминшиносӣ (кишоварзӣ) сабаб гардид.

Дар Чин илми таърих ҳам ба вуҷуд омад. Таърихи Чинро Сима Сян ном муаррих дар охири асри II аввали асри I пеш аз милод зиндагӣ кардааст, омӯхта, бо номи “Қайдҳои таърихӣ” китобе навишт. Ӯ худ саросари мамлакатро тай намуда, ҳикоятҳоро аз забони иштирокчиёни воқеаҳои таърихӣ ва ривоятҳои гуногунро ҷамъ оварда, ба китобаш ворид намудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *