Фанни Таърихи чин

Чин дар оғози марҳилаи муосир (1917-1919)

  1. Чин дар оғози марҳилаи муосир.
  2. Ҳаракати “4 май”-и соли 1919.

Дар оғози давраи муосири таърихи ҷаҳон Чин мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмонда ва аз ҷиҳати сиёсӣ феодалию ниммустамлика буд. Мамлакатҳои империалистӣ Чинро воқеан ба мамлакати ниммустамлика табдил доданд. Дар бандарҳои чиниён маҳаллаҳои хориҷиён ва муассисаҳои аз тарафи империалистон идорашаванда ба вуҷуд омаданд, ки як қисми қаламрави Чинро ҳамчун “заминҳои иҷорагирифта” аз худ карда буданд. Мамлакатҳои империалистӣ дар Чин артиш, флот, пулис ва муассисаҳои разведкаи (кашф) худро доштанд. Дар қаламрави Чин шаҳрвандони хориҷӣ ба молҳои воридотӣ боҷи гумрукии аз 5 фоиз зиёдтарро муқаррар карда наметавонистанд. Қарзи хориҷии Чин ниҳоят гарон буд. Корхонаю муассисаҳои инҳисории хориҷӣ дар иқтисоди Чин нуфузи калон доштанд.

Давлатҳои империалистӣ дар Чин ғайр аз истифодаи нерӯҳои худӣ ба ҳарбиёни ифротии чиноӣ низ такя мекарданд. Бо дастгирии сиёсӣ, молиявӣ, ҳарбию техникӣ ва ғайраи давлатҳои империалистӣ, ҳарбиёни чиноӣ дар музофотҳо ҳокимияти шаҳрвандиро ба даст медароварданд. Бо чунин роҳу воситаҳо пули гумрукии дохилӣ ва вазифаи ҷамъоварии андозро аз худ мекарданд, ба ҳукумати марказӣ итоат накарда, пул сикка мезаданд.

2.Ҳаракати “4 маи соли 1919”. Моҳи маи соли 1919 дар Чин ҳаракати меҳанпарастон оғоз ёфт, ки сабаби он қарори Конференсияи сулҳи Париж дар бораи Шандун буд. Германия ин музофоти Чинро ҳанӯз охирҳои асри XIX ба мустамликаи худ табдил дода буд. Вале дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Шандун империализми Ҷопон мавқеи худро мустаҳкам кард. Баробари хотима ёфтани ҷанги якуми ҷаҳонӣ мардуми Чин умед дошт, ки соҳибихтиёрии Чин бар Шандун аз нав барқарор карда мешавад. Барои ин асоси боэътимод ҳам вуҷуд дошт. Дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ Чин бар зидди Германия меҷангид. Вале ғайри чашмдошт давлатҳои империалистии ИМА, Англия ва Фаронса Шандунро ба Ҷопон гузашт карданд.

Қарори Конференсияи сулҳи Париж дар бораи Шандун қаҳру ғазаби бепоёни мардуми Чинро ба вуҷуд овард. 4 майи соли 1919 якумин шуда донишҷӯёни Пекин дар зери шиори “Мубориза баҳри соҳибихтиёрии миллӣ” гирдиҳамоӣ ва намоиши эътирозӣ доир гардониданд. Ҷавонон тақозо карданд: хоинони миллат, ки шандунро ба Ҷопон доданд, ҷазо дода шаванд. Ба намоишчиён табақаҳои дигари аҳолӣ низ ҳамроҳ шуданд. Ба муқобили иштирокчиёни намоиш пулис истифода бурда шуд. Ҷавобан ба ин 5 май донишҷӯёни Пекин дарспартоӣ карданд. Ба онҳо донишҷӯёни Тянсзин, Шанхай ва шаҳрҳои дигар пайравӣ намуданд. Бо даъвати донишҷӯён мардуми Чин аз харидани молҳои ҷопонӣ даст кашиданд.

Моҳи июн ҳаракати зиёиён ва донишҷӯён боз ҳам вусъат ёфт. Ин вақт маркази ҳаракати зиддиимпериалистӣ ба шаҳри Шанхай кӯчид. Дар натиҷаи муборизаи оммавӣ ҳукумати Чин маҷбур шуд, ки ба халқ гузашт кунад. Баъзе мансабдорони ҷопонимаобро аз кор сабукдӯш кард, ба вакилони Чин фармуд, ки ба қарори Конференсияи сулҳи Париж дар бораи ба Ҷопон додани Шандун имзо нагузоранд ва иштирокчиёни намоишҳои зиддиимпериалистии моҳи май ба зиндон партофтаро озод кард.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *