Фанни Таърих

Адабиёти империяи рим дар асрҳои iv- v

Ин замон дар таърихи адабиёти Рим ноаён нагузаштааст. Асарҳои оламшумули адабӣ офарида шудаанд, ки аз ёдгориҳои адабии замони классикӣ монданӣ надоштанд. Барои асри IV милодӣ хос аст, ки ҷомеаи олӣ ҳанӯз ҳам ба анъанаҳои бутпарастӣ содиқ монда буд. Дар адабиёти ин давра мавзӯҳои бутпарастӣ боқӣ монда ва овозҳое низ баланд садо медоданд, ки бар зидди масеҳият эътирозро ифода менамуданд. Саҳнаю образҳои (сюжаҳои) асотирӣ барои шоирон ҳамчун яке аз воситаҳои дӯстдошта арзи вуҷуд дошта, аз онҳо истифода мебурданд. Вале ин гуна асарҳо танҳо доираи маҳдуди одамонро қонеъ карда метавонистанд.

ДЕТСИМ МАГН АВСОНИЙ (солҳои 310 – 400). Детсим Магн Авсоний («Desimus Magnus Ausonius») дар шаҳри Бурдигал (Бордо)-и Галлия ба дунё омадааст. Авсоний аввал дар ватани худ омӯзгор шуда кор карда, баъд император Валентиниан ӯро мураббии писари худ – Гратсиан таъйин мекунад. Дар аҳди Гратсиан бошад, Авсоний дар вазифаи консул буд. Вале баъд аз вафоти Гратсиан, ки ӯ дар сӯиқасд соли 383 ба қатл раонида мешавад, Авсоний ба ватанаш баргашта, ҳамчун шоир фаъолият мекунад. Авсоний дар байни шоирони охирини антиқӣ бо асарҳои баландмазмани худ фарқ мекард.

Сципион Старший Децим Магн Авсоний 4

Стсипиони Калонӣ Детсим Магн Авсоний Пзиний Поллион

Авсоний асарҳои лирикӣ ва достонҳои начандон калон навиштааст. Махсусан бояд достони «Мозелла» («Mosella»)-ро қайд кард, ки дар он Авсоний тасаввуроти худро аз сафар ба минтақаи дарёи Мозел тасвир намудааст. Дар эҷод кардани достони худ шоир кушиш ба харҷ додааст, ки дар назди хонандагон зебогиҳои дарёи Мозел, соҳилҳо ва чакалаку алафзорҳои онро ошкор намояд. Тасвири табиати ин диёр аз тарафи шоир хеле рангоранг мебошад, вале дар натиҷаи ба баъзе ҷойҳои он бо сабаби аз ҳад зиёд натуралистӣ ба қалам додан он то дарафае зарар дидааст, масалан, тасвир ва тавзеҳи моҳиҳо на онқадар дилкаш баромадааст. Ба достон образҳои мифологӣ дохил карда шудаанд, вале муаллиф аз онҳо танҳо ҳамчун офаридаи тахайюлоти халқӣ завқ мебарад. Ин ҷо бояд зикр кард, ки дар ин давра мифология (тахаюлоти асотирӣ) дар санъати антиқӣ аллакай асоси бунёдӣ ба ҳисоб намерафт.

Аз “Мозелла” порчаеро дар тарҷумаи мазмунӣ мисол меорем:

Гузаштам аз дарёи ҷараёнаш пуртуғёни тумандори Нав,

(Галлия замоне ба Каннаи лотинӣ монанд карда мешуд).

Ва, ҳайрон аз он шудам, ки дар назди Банги Қадим,

Ҳар ҷо хобидаанд оммаи камбағал бе ашкрезии касе.

Баъд ба воситаи биёбон ба ҷангали бероҳ пеш рафтам,

Ва дар ҳеҷ ҷо надидам изи меҳнати ягон инсонро.

Ба воситаи хушкӣ равам, ҳамаи пайраҳаҳо беобанд,

Дар Думнаю Тавернаи дар муҳосираи об ва майдон.

Ба сад муҳоҷири сармат замин чен карда шуд қаблан,

Ва, ниҳоят, Нивомагро дар сарҳади белгҳо мебинам ман:

Урдугоҳи ин ҷоро Константин машҳур кард буд, медонам.

Тавре дида мешавад, Авсоний дар ҷараёни сафари худ ба Галлия чизеро, ки мебинад ва дар бораи онҳо тасаввурот пайдо менамояд, ҳамонро дар достон тасвир мекунад. Достони «Мозелла» дар шакли шеъри юнонию римии қадим эҷод карда шуда, он хеле содда баён ёфта, барои хонанда фаҳмою таъсирбахш баромадааст. Дар бораи асарҳои дигари Авсоний маълумоти дақиқ пайдо карда нашуд.

Дар асрҳои IV — V Клавдий Клавдиан ва Клавдий Рутилий Наматсиан аз ҷумлаи шоирони нисбатан маълуми индавраинаи Империяи Рим ба шумор мераванд.

КЛАВДИЙ КЛАВДИАН (солҳои 370 — 404) шоири охирҳои замони антиқии зодаи Искандаприя, аз рӯи пайдоиши қавмӣ юнонии аз оилаи дузабона (забони қадими юнонӣ ва забони лотинӣ) буд. Клавдий Клавдиан дар ватанаш – Искандария маълумот гирифта, дар оғози солҳои 390-ум онро тарк мекунад ва баъди сарсонию саргардониҳои зиёд, ки дар бораи онҳо метавон тахмин кард, ба Рим меояд ва худро ҳамчун муаллифи шеъри панегирикаи лотинии консулҳои соли 395 — бародарон Пробин ва Олибрий эълон мекунад. Баъди ин кори бобарор Клавдиан эҳтимол бо шарофати аз пуштибонҳои олимартаба бошад, баъди вафоти падараш Феодосияи Бузург консулгариро бори нахуст аз императори ҳанӯз хурдсоли Ғарб Гонорий қабул меунад. Клавдиан аз иҷрои ин вазифа бо муваффақият баромада, дар панегирика даъвоҳои Флавий Стилихонро нисбати пуштибонӣ ба ҳарду император – Гонорий ва Аркадийро таҷассум менамояд.

Аз ҳамин вақт сар карда, то марги худ шоир Клавдиан ба вазифаи хеле баланд ва боизтироби дарборӣ соҳиб шуда, ҳамчун таблиғотчии сиёсати Стилихон бомуваффақият баромад мекардагӣ мешавад. Ҳамин тариқ, ӯ панегирикҳоро ба консулии III, IV ва VI Гонорий таълиф менамояд. Панегирик ба консулии аввали Стилихон (дар се китоб) асари аз ҳама баландҳаҷми шоир мебошад. Панегирик ба Малий Феодор, файласуфи навафлотунӣ, консули соли 399, инчунин ду инвектив ба душманон дар Шарқ, префекти преторий Руфин ва «Бар зидди Руфин» (дар ду китоб) ва патритсий Евтропий («Бар зидди Евтропий», дар ду китоб)-ро таълиф менамояд. Ғайр аз ин, ба қалами Клавдиан ду матни шеърӣ – «Ҷанги Гилдон» (дар бораи маъракаи ҷангии зидди комити Африқо – Гилдон, ки аз зери ҳокимияти Рим баромадааст) ва «Ҷанги Поллент ё ҷанги Гент» (ҷанги Стилихон бар зидди Аларих, ки солҳои 402 – 403 ба Италия зада даромада буд) тааллуқ доранд.

«Эпиталамҳо ба ақди никоҳи Гонорий ва Мария» жанри анъанавиро барои замони Эҳё ва давраи Нав ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, «шърҳои хурд» (аз лотинӣ: «carmina minora»-и сершумор эҷод намудааст. Асари асосии Клавдиан, ки дар байни омма маҳур гардида буд, достони ба охирнорасидаи «Дуздидани Прозерпина» буда, он дар адабиёти Рим жанри адабии эпоси дар замони Флавийҳо хомӯшгаштаро аз нав эҳё кард.

Ба Клавдиан ҳикмати баландпояи дар панигирика «Дар бораи консулгарии Стилихон» инъикосёфта «Аз чизи навро ҷустуҷу кардан, беҳтар он аст, ки чизи маълум нигоҳ дошта шавад» (Plus est servasse repertum, quam quam quaesisse novum)-ро нисбат медиҳанд.

КЛАВДИЙ РУТИЛИЙ НАМАТСИАН (таваллуд асри IV- вафот асри V ). Наматсиан дидакт, шоир ва арбоби давлатии оғози асри V, зодаи Галлия (аз қавми галлҳо) ва бутпараст буд. Дар баъзе сарчашмаҳо номи Наматсиан бо номи Нумитсиан («Numantianus») низ омадааст.

Наматсиан аслан аз Галлияи Ҷанубӣ буд. Аз рӯи баъзе тахминҳо дар он ҷо авлоди ӯ мулкҳои хеле васеею паҳновар доштааст. Соли 412 дар Рими аҳди Гонорий дар вазифаи магистри дафтар «оффитсий» (аз лотинӣ: «magister offisiorum») буда, дар ин вазифа ба зери салоҳияти ӯ пешбурди корҳои хориҷӣ, хизмати почтавӣ ва устохонаҳои силоҳбарорӣ дохил буданд. Соли 414 префекти шаҳри Рим (аз лотинӣ: praefektus urbi) буд. Соли 416 (аз рӯи маълумоти соли 417) баъди шаш соли Римро талаю тороҷ кардани Аларихи I ӯ бо роҳи баҳрӣ ба ватанаш бармегардад, то ки дар Галлияи ба харобазор табдилдодаи вестготҳо аз варварҳо амвол ва бисоти худро наҷот диҳад. Наматсиан дао бораи сафари худ олҳт баҳрӣ аз Рим то ба Галлия дар достони худ бо номи «Дар бораи баргаштани ман ба ватан» тасвир намудаст.

Достони Наматсиан бо номи «Дар бораи баргаштани ман ба ватан» дар ду китоб таълиф карда, он бо забони лотинӣ бо номи «De reditu suo» маълум аст. Ин номро ба достон муаллиф надодааст. Достон баъдтар «Саёҳат» (аз лотинӣ» «Itinerarium») ном мегирад .Аз матни достон қисмати зиёди китоби якум (баъзе шеърҳояш нестанд) ва нимаи аввали китоби дуюм (иборат аз 68 шеър) боқӣ мондааст. Вале матни боқимонда дар рӯйхати ягонаи дар асри ХVI таҳия ва ба чопрасидаи «Дар бораи баргаштани ман ба ватан» то ба мо омада расидаст.

Достон бо дистихҳои элепӣ (аз лотинӣ: «δίστιχον έλεγειακόν», яъне «думисрагии элеги»-ро дар назар дошта, он аз строфа, яъне аз ду мисраи шеъри рифмнашуда — аз лотинӣ «ῥυθμός» «ҳамоҳангӣ, суръат», ки дар айни замон маънои дар охири ду ва ё якчанд калима мавҷуд набудани ҳамоҳангиро дорад, иборат мебошад: якумаш гекзаметр, дуюмаш пантаметр) навишта шуда, ба жанри тинерарҳо (тасвири саёҳат) тааллуқ дошта, дар адабиёти бадеии Рим мавриди истифода қарор дошт, аз он ҷумла дар эҷодиёти чунин классикҳо аз қабили Горатсий ва Овидий.

m.jpg Emperor Claudius Tiberius Claudius Caesar Augustus Germanicus

Клавдий Рутилий Наматсиан Клавдий Клавдиан

ovidiy.gif Quintus Horatius Flaccus.jpg

Публий Овидий Квинт Горатсий Флакк

VI. МЕРОСИ АДАБИИ ТАМАДДУНИ РИМ.

Империяи Ғарбии Рим меафтад ва мувофиқи андешаи баъзе муҳаққиқон, бо ҳамроҳии он қариб ҳамаи он чӣ ки Рим бунёд карда буд, фано шудааст ва рушди минбаъдаи Рим гӯё, ки қариб дар ҷои холӣ ба миён омада бошад. Вале агар ҳатто дар замони таърихи «королигариҳои варварҳо»-и ғарбӣ дастовардҳои зиёди моддӣ ва фарҳангии антиқӣ ба хотири фаромӯшӣ дода шуда бошад ҳам, арзишмандиҳои зиёде, ки Рим ба вуҷуд оварда буд, ҳаёти худро дар Ғарб ҳам идома медоданд. Дар Шарқ бошад, дар Византия анъанаҳои антиқӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гардида, дар амал рушди онҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида буд. Чӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва чӣ дар Аврупои Шарқӣ дини масеҳӣ ҳукмрон шуда, он арзишҳои антиқиро ба худ ҷабида мегирифт. Бо шарофати асарҳои «падарони калисо» одамони бомаърифат бо баъзе нишондодҳои фалсафа, ба таърих ва асотирҳо шинос шуда метавонистанд.

Анъанаҳои адабиёти Рим, жанрҳои адабӣ, мавзую мазмун ва симоҳои адабии Рими Қадим ба адабиёти минбаъдаи Аврупо таъсири калон расониданд. Дар асарҳои адабиёти асрҳои минаъда низ чунин роҳу усулҳои таълифи асарро шоирону нависандагони Рим истифода мебурданд. Аз ин рӯ, адабиёти Рими Қадим имруз ҳам мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққон, шоиру нависандагон ва дӯстдорони адабиёт қарор дорад.

Мо дар ин ҷо шумораи хеле ками адибони Рими қадимро номбар ва мероси адабии онҳоро ба ба таври хеле мухтасар таҳлил кардем. Вале онҳо хеле зиёданд ва ҳар кадоми онҳо дар ташаккули адабиёти Рими Қадим саҳмгузор мебошанд. Дар байни онҳо адибони зерин ҳастанд: Авиан Авл Литсиний Архий, Авл Постумий Альбин, Авл Фурий Антсиат, Албий Тибулл, Ансер, Аратор, Ахиллей Сполетан, Бабрий, Валерий Эдитуй, Волкатсий Седигит, Гай Веттий Аквилин Ювенк, Гай Корнелий Галл, Гай Лициний Калв, Гай Рабирий, Германик, Домитсий Марс, Калпурний, Киприан Галлский, Корнелий Север, Лутсий Афраний, Лутсий Юлий Калид, Марк Атилий, Марк Фурий Бибакул, Павлини Пеллӣ, Педон Албинован, Петроний Арбитр, Полени Перигӣ, Секст Пропертсий, Прудентсий, Публий Бебий Италик, Руф Фест Авиен, Статсий, Сулпитсия Руфа, Терентсиан Мавр, Тит Квинктсий Атта, Фалтония Проба, Федр, Флавий Феликс, Эмилий Макр, Юлий Монтан, Юлий Сереал ва шоиру нависандагони дигар

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *