Фанни Таърих

Ҷангҳои Шоҳаншоҳии Сосониён ва Империяи Рим

Ҷангҳо дар байни Империяи Рим ва Шоҳаншоҳии Сосониён аз солҳои 230-232 оғоз меёбанд. Бо сабаби хеле зиёд будани ин ҷангҳо ва ҳаҷми мақолаи мазкур мо онҳоро ба таври зерини мухтасар нишон медиҳем [15 ва сарчашмаҳои дигар]:

Sassanian Empire 621 A.D.jpg

Харитаи шоҳаншоҳии Сосониён дар марҳалаи масоҳати васеи он

Солҳои 230-232. Ардашер ин ҷангро баҳри баргардонидани Осиёи Хурд оғоз карда, барои бархурдан бо қӯшунҳои Рим, артиши худро ба Байнаннаҳрайн, Сурия ва Каппадокия бурд. Александр Север ба ин ҷанг тайёр набуд. Бинобар ин, ягон тадбири ҷиддии ҳарбии зидди Портро амалӣ карда наметавонад.

Натиҷаҳои ниҳоӣ. Лашкаркашии Ардашер бо шикасти Империяи Рим анҷом меёбад. Дар байни Риму Порт сулҳ баста мешавад, вале он боқӣ намондааст. Бинобар ин, дар натиҷаи ин ҷанг тағйироти ҳудудии Риму Сосониён маълум нест [15: бештар ба ин манбаъ такя карда шуд]..

Ҷанги солҳои 237-240. Ба Рим Ардашер ва баъд Шопур лашкар мекашад. Ошӯбҳо дар Империяи Рим, ки баъди ба қатл расонида шудани Александр Север ба миён омаданд, иқтидори мудофиавии Римро паст карданд. Ин аст, ки лашкаркашии Ардашер бо шикасти Империяи Рим анҷом меёбад ва дар байни онҳо созишномаи сулҳ ба имзо мерасад, вале он боқӣ намондааст. Бинобар ин, тағйироти ҳудудӣ маъдум нест. Вазъияти бамиёномада Аррдашерро водор карданд, ки ба ҳудудҳои Рим дар Шарқ зада дарояд. Ҳамин тариқ, ӯ Байнаннаҳрайни Рим ва шаҳрҳои Нисибис ва Ҳарон (Карра) ва Хатраро забт мекунад.

Натиҷаҳои ниҳоӣ. Сарфи назар аз ҷангҳои Риму Порт Дураевропос, Палмира ва шаҳрҳои дигари корвонгузар нашъунамо ёфтанд. Сосониён ҷидду ҷаҳд карданд, ки роҳҳои тиҷоратиро дар дасти худ нигоҳ доранд ва ин кор ба онҳо муяссар гардид.

Ҷанги солҳои 243-244. Дар Империяи Рим Гордиани III (238-244) ба сари қудрат омад ва баъди тайёрии қариб чорсола ба Шоҳаншоҳии Сосониён танҳо соли 242 лашкар мекашад, ҳол он ки барои ин як сол кифоя буд. Дар бораи хронологияи ҷанги мазкур маълумот хеле кам боқӣ мондааст. Он асосан дар «Таърихи Август» каме ишора шудааст. Артиши Гордиан ба воситаи Осиёи Хурд гузашта, ба Антиохия меояд, ба Сурия ба воситаи Антиохия ва ба Форс ворид мешавад. Бащори соли 243 артиш аз Фурот гузашта, ба шаҳрҳои Ҳарон (карра), Нисибис ва Сингар меравад. Дар ҳамин ҷо Гордиани III дар муҳориба ҳалок мешавад.

Картинки по запросу Цари Сасанидской державы

Шопури I ва императори Рим Валериани I дар асоратбуда

Натиҷаҳои ниҳоӣ. Оё шикаст ва ҳалокшавии Гордиани III дар натиҷаи хиёнати меросхури оянда Филиппи Араб ба амал омадааст ва ё фурсати ба Рим баргаштан сабаб шудааст, сарчашмаҳо дар ин бора маълумоти саҳеҳ намедиҳанд. Сарфи назар аз ин, баъзе футуҳоти римиҳо баён ёфтааст. вале навиштаҷоти Шопур бо номи «Каъби Зардушт» шаҳодат медиҳад, ки форсҳо дар наздикии шаҳри Массис бар римиҳо ғалабаи ҳалкунанда ба даст овардаанд.

Ҷанги солҳои 252-253. Лашкаркашии якуми Шопури I ба Сурия сурат мегирад. Вале сарчашмаҳо вақти ба Сурия зада даромадани Шопури I-ро баҳснок меҳисобанд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ (Муҳаммад-ат-Табарӣ) дар соли ёздаҳуми шоҳигарии Шопури I ӯ Нисибисро ишғол кардааст. Ин сарчашма номҳои 37 шаҳри минтақаи ишғолкардаи Шопурро баён месозад. Баъд аз он, ки артиши форсҳо дар наздикии Барбалисс ба артиши римиҳо шикаст медиҳад, шояд воридшавии қӯшунҳои шоҳи Сосониён дар ду самт – шимол ва ҷануб сурат гирифта бошад.

Натиҷаҳои асосӣ. Баъди забти Антиохия форсҳо дар нимаи дуюми соли 253 марҳалаи дуюми ҷангро оғоз мекунанд. Баъди он ки дар форсҳо аз Урания Антонин (ё ҳокими Палмира Оденат) шикаст мехурад, Шопур ҷангро қатъ мекунад.

Ҷанги солҳои 254-270. Амали солҳои 254-260 ва лашкаркашии Валериан бар зидди давлати Сосониён. Тахминан соли 253 сурат мегирад. Шоҳаншоҳи Сосониён Шоҳпур диққати худро бештар ба Арманистон ҷалб кард. Шоҳи Арманистон Хусрав ба қатл расонида мешавад ва писари ӯ Тодат ба Рим фирор мекунад. Тахминан соли 254 маркази муҳимми тиҷоратӣ Дура-Европос ишғол ва ба хок яксон карда мешавад. Римиҳо бошанд, ҳамон вақт Антиохияро ишғол мекунанд. Солҳои 254–260 мушкилоти асосии Империяи Рим ба баргардонидани зада даромадани готҳо ба қаламрави Рим ва ҳимояи сарҳадҳои шарқии мамлкат нигаронида шуда буд. Баъди ба асирӣ гирифтани Валериан Шопур ҷангро дар Килликия идома медиҳад, вале наонқадар муваффақона. Аз ин истифода бурда, ғосибон баромадҳои худро пурзур мекунанд, ки яке аз онҳо Макриани Калонӣ буд. Макриан бо ҳамроҳии Оденат муборизаро бар зидди форсҳо давом медиҳад. Муваффақияти амали онҳо ба писари Макриан, Макриани Хурдӣ имконият дод, ки ба тахту тоҷи Рим довталаб бошад. Ба ин Галлиен наметавонист халал расонад. Соли 260 баъд аз марги падари император Галлиен маҷбур мешавад, ки аз кӯмаки Оденат истифода барад.

Натиҷаҳои асосӣ. Дар солҳои 262-264 Оденат бар зидди форсҳо тадбирҳои фавқулодда меандешад ва онҳоро ба мавқеи дувоздаҳ сол қабл аз ин бармегардонад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки Нисибасро озод кунад ва ҳатто то ба Тайсафун расида гирад. Мувофиқи сарчашмаҳои асримиёнагии яҳудиҳо Оденат маркази калони яҳудӣ Нехардеяро дар Бобули форсӣ ғорат мекунад ва аз он ҷо шумораи зиёди асиронро берун мебарорад. Баъди ин ҳама муваффақиятҳояш унвони «Шоҳи шоҳон»-ро қабул мекунад, Гадлиен бошад, ба худ унвони Imperator ва corrector totius Orientis («Танзимгари тамоми Шарқ»)-ро мегирад. Императори Рим унвони Parthicus Maximus-ро қабул мекунад. Солноманавис Зосим дар бораи боз як лашкаркашии дигари зидди форсии Оденат хабар медиҳад.

Ҷанги солҳои 272-296. Баъд аз марги Шопури I дар соли 272 идораи кӯтоҳмуддати писари калонии ӯ Ҳурмузи I ва мушкилоти дохилии ҳукумати Баҳром, барои ниқоргирии Империяи Рим шароити мусоид фароҳам оварда, то анҷоми салтанати Аврелиан аксарияти мушкилоти худро ҳал кард. Аз Иллария ва Фракия қӯшун ҷамъ карда, ба лашкаркашии нави шарқӣ тайёрии пухта дида, бар зидди Форс ҷанг эълон мекунад, вале дар натиҷаи сӯиқасд дар Фракия ба қатл расонида мешавад.

Император Проб (276-282) тавре ки «Таърихи Август» шаҳодат медиҳад, бо Форс созишномаи сулҳро ба имзо мерасонад. Соли 279 ӯ борои нахуст ҳамчун Persicus Maximus ёдовар шудааст, вале дар бораи амалиётҳои ҳарбии зидди форсҳо дар аҳди ӯ чизе гуфта нашудааст. Чун Аврелиан ӯ низ дар назар дошт, ки бар зидди форсҳо лашкакашии фотеҳона ташкил мекунад, вале аз тарафи аскарони шӯришбардошта ба қатл расонида мешавад.

Натиҷаҳои асосӣ. Ҷойгири Проба Кар (282-283) Марк Аврелий Карин (283-285) мақсади асосии худ несту нобуд сохтани шоҳаншоҳии Сосониёнро эълон дошт ва дере нагузашта бо қӯшунҳояш ба ҳудудҳои давлаи Сосониён зада медарояд. Бетартибиҳои дохилии идораи Баҳроми II ҳалли ин масъаларо осонтар кард, зеро ин вақт диққати ӯро пахши исёни хеши худ Ҳурмуз ҷалб карда буд. Баҳри муқаррар кардани ҳокимияти худ дар шарқи мамлакат аз сакҳо ва кушонҳо кӯмак мепурсад. Вале бо вуҷуди ин ӯ бар зидди римиҳо муқовимат ташкил карда натавонист. Баҳром дар Шарқ ба пахши исён банду баст шуда, маҷбур мешавад, ки ба сулҳ бо рим муваффақ шавад, барои ин ба назди Диоклетиан сафорат фиристонид. Шартҳои сулҳи соли 288 бо Рим ба мустаҳкам кардани сарҳадҳои шарқии Империяи Рим ва бошишгоҳҳо дар Арманистон нигаронида шуда буданд. Соли 290 ӯ дар тахту тоҷи Арманистони Ғарбӣ ҳокимияти Тридатаи III-ро барқарор кард, дар Арманистони Шарқӣ бошад, писари Шопури I, Нарсе ҳукмронии худро давом медод.

Ҷанги солҳои 296-298 Нарсеи соли 293 ба сари қудрат омада ҷидду ҷаҳди зиёде ба харҷ дод, то ки ҳукумати марказиро ба эътидол оварад. Дар баробари ин, дастгирии писари хурдии пиронсоли Шопури I як чизи оддӣ набуд, бинобар ин, сиёсати динии ӯ дар нисбати пешгузаштагонаш, ки ба маслиҳатҳои зардушти гузарои Картира пайравӣ мекарданд, тоқатпазиртар буд. Дар аҳди ӯ аҳволи манахейҳо беҳтар шуд, ки ин омили сиёсати хориҷӣ мешавад, дар ҳоле, ки соли 297 Диоклетиан «Эдикт ба муқобили манихейҳо»-ро ба имзо мерасонад. Тетрархияи тахминан дар ҳамин вақт дар Империяи Рим ташаккулёфта имконият фароҳам овард, ки дар сарҳадҳои Империя тадбирҳои самаранок ташкил карда шаванд, то ки бо ҳамин роҳ оқибатҳоии бӯҳрони асри III бартараф карда шаванд. Соли 296 Нарсе ба Арманистон зада медарояд ва Тридатро аз вазифааш маҳрум месозад. Ин вақт Максимиан дар музофотҳои Рейн Константин Хлорро, ки барои экспедитсияи ҳарби ба Британия бар зидди Караузия машғул буд, иваз мекунад.

Натиҷаҳои асосӣ. Ин вақт Диоклетиан ба корҳои аврупоии Империя машғул буд, Галлерий бошад, шӯриши Ахиллейро дар Миср пахш мекард. Дар натиҷа ба муқобили Нарсе Галлерий фиристонида шуд. Вале ӯ дар наздикии Ҳарон (Карра) торумор карда мешавад. Эҳтимол Диоклетиан дар ин шикаст Галлерияро шахсан гунаҳгор шуморида бошад. Бинобар ин, лашкаркашро маҷбур кард, ки дар тан либоси рангаш арғувонӣ ҳазор қадам пешопеши аробаи дучархаи Августи ба хашмомада қадам занад.Дар ин ҷанг то як дараҷа бартарият дар ҷониби Рим буд. Соли 298 дар Несибис қарордоди сулҳ ба имзо мерасад, ки мувофиқи он як қисми Осиёи Хурд ба Рим дода мешавад, Тридат дар тахту тоҷ аз нав барқарор карда мешавад. Инчунин сарҳадҳо дар байни Рим ва Сосониён ба таври дақиқ муқаррар карда шуданд, инчунин қоидаҳои тиҷорат тарзе муайян карда шуданд, ки ба Империяи Рим нафъовҷар буданд. Акнун тамоми тиҷорат бояд ба воситаи шаҳри Нисибис сурат мегирифт, ки он дар ихтиёри Рим қарор дошт.

Ҷанги солҳои 298-330: Чил соли осоишта (сулҳ). Дар бораи Ҳурмузди II (302-309) ва меросхурони ӯ ва нақши онҳо дар муносибатҳои Риму Сосониён наонқадар маълумоти саҳеҳ вуҷуд дорад. Сарфи назар аз ин, ба он монанд аст, ки Ҳурмузди II сиёсати на онқадар бобарорро оғоз карда буд, шояд бо он сабаб бошад, ки мехост қассоси шикасти шармандавори падарашро аз Рим бигирад. Дар ин бора дар сарчашмаҳои несторианӣ–солномаи Арбелаи суриягии асрҳои VI – VII ёдрас карда мешавад. Солномаи Арбела бар он аст, ки Ҳурмузд лашкакаркаширо барои таъқиботи Рим аз болои масеҳиён, ки дар аҳди Диоклетиан ва Галерия ҷой дошт, ташкил карда, аз онҳо ҳимоят карда будааст. Ҳурмузди II нисбати пайравони дини масеҳӣ воқеан тоқатпазир будааст. Сарфи назар аз ин, ҳарду тараф ҳам қарордоди сулҳи соли 298 дар байни Рим ва Сосониён ба имзорасидаро вайрон накарданд.

Натиҷаҳои асосӣ. Сарфи назар аз ҳамаи ин воқеаҳо ва воқеаҳои дигар дар тули қариб чил сол баъди баста шудани созишномаи сулҳи соли 298 муносибатҳо дар байни Рим ва Форс осоишта буданд гарчанде, ки шартҳои ин қарордод барои форсҳо на онқадар нофеъ буданд. Вале меросхурони Нерсе аз рӯирост вайрон кардани он худдорӣ мекарданд. Тавре ки баъдтар дар ин бора таърихнигори римӣ Либаний мефармояд, он чи ки форсҳо мепиндоштанд, ин созишнома сулҳ не, балки мавқуф гузоштани ҷанг буд. сулҳ ба форсҳо барои он лозим буд, ки ба ҷанги ғалабаовар тайёрӣ бинанд.

Дар охирҳои солҳои 30-юми асри IV муносибатҳо дар байни Рим ва Сосониён тезутунд мешаванд. Аз счарчашмаҳои сершумор (асосан римию арманӣ) маълум мегардад, ки то марги худ 22 майи соли 337 Константин дар айни ҷӯшу хуруши тайёрии лашкаркашӣ ба Форс қарор дошт. Наздики соли 235 Константин ҷияни худ Ганнибалианро «Шоҳи шоҳон» ва ҳокими қабилаҳои понтӣ таъйин мекунад. Сезар Констансий бошад фармондеҳи қӯшун дар сарҳади шарқӣ таъёин карда мешавад. Тахминан ба ҳамин давра рост меояд бебарор зада даромадани форсҳо ба Байнаннаҳрайн ва муҳосираи Амида. Соли 336 Шопур барои сулҳ бастан ба Рим сафир мефиристад, вале Константин ӯро қабул накард. Марги Константин имкон надод, ки нақшаҳои Рим нисбати лашкаркашӣ ба шоҳаншоҳии сосониён амалӣ шавад. Баъди худи ҳамон сол ба қатл расидани Ганнибалиан исёни чанд вақт боз дар Арманистон идомадошта қатъ мегардад ва Хусрав бо кӯмаки Рим ҳокимияти худро аз нав барқарор мекунад.

Ҷанги солҳои 337-361. Бенизомии баъди марги Константин дар Рим баамаломадаро роҳбарияти дар Шоҳаншоҳии Сосониён хуб эҳсос мекарданд, вале танҳо соли 338 муяссар шуд, ки форсҳо ҳамлаи худро бар зидди Рим оғоз намоянд, дар ҳоле ки Констансийи II дар ғарб бо бародарони худ дар ҳолати музокирот қарор дошт. Дар Арманистон нерӯҳои ба Рим дар ҳолати ихтилоф қарордошта Хусравро сарнагун карданд ва ба тохтутози зидди римиҳо дар наздикиҳои сарҳад оғоз карданд. Шопури II ба Байнаннаҳрайн зада даромада, шаҳри Насибисро муҳосира мекунад. Ҷанг дар байни Рим ва Сосониён гоҳ ба ҷониби як тараф ва гоҳ ба ҷониби тарафи дигар майл мекард. Дар ҳар сурат муваффақият ба Сосониён насиб мегардад.

Натиҷаҳои асосӣ. Ҳамин тариқ, соли 361 Констансий дар вазъияти мураккаб қаролр дошт: Сезар Юлиан, ки соли 360 дар Париж аз тарафи артиши худаш август эълон карда мешавад, ба Империя аз ғарб таҳдид мекард, Шопур II бошад, бори навбати бо убур аз дарёи даҷла таҳдид мекард. Барои дар навбати аввал бартараф кардани мушкилоти дохилӣ Констансий ба ҷониби ғарб меравад, вале дар роҳз бемор шуда,3 ноябри соли 361 дар Киликия вафот мекунад ва бо ҳамин нақшаҳои ӯ нисбати лашкаркашӣ бар зидди Сосониён ба иҷро намерасад.

Ҷангҳои Империяи Риму Шоҳаншоҳии Сосониён дар солҳои минбаъдаи мавҷудияти Империяи Рим низ давом доштанд. Баъди дар соли 395 ба ду империя тақсимшавии Империяи Рим рақобат дар байни Шоҳаншоҳии Сосониёну Империяи Шарқии Рим, ки он баъдтар Империяи Византия ном мегирад оғоз меёбад. Аз тарафи дигар, Империяи Ғарбии Рим акнун дар муқобили тохтутозҳои қабилаҳои варварӣ меистод ва худро аз онҳо базур ҳимоя мекард. Дар ин вазъият вазифаи рақобат бо давлати Сосониён аз Рими аслӣ ба “ӯҳдаи” Империяи Византия меафтад. Ҳамин тариқ, ҷангҳои Сосониён бо Византия то соли 661 аз тарафи арабҳо забт карда шудани Шоҳаншоҳии Сосониён мунтазам рух медоданд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *